Иҷрочиёни Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Суди Олии
иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Музоядаи оммавии такрори №11 оид ба фурӯши молу мулки ғайриманқули мансуб ба қарздор, ки барои таъмин намудани иҷроиши истеҳсолоти иҷрои №02/2 аз 13-уми январи соли 2025, аз рӯи ҳуҷҷати иҷро-варақаи иҷрои Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон №1-120/24 аз 4-уми декабри соли 2024, дар бораи рӯёнидани боқимонда маблағи қарз ба андозаи 68184,58 сомонӣ ва хароҷоти судӣ ба андозаи 1484,49 сомонӣ ҷамъ ба андозаи 69 669,07 сомонӣ аз ҳисоби Сайфуллоев Нусрат Исматуллоевич ва Сайфуллоев Суҳроб Исматуллоевич ба фоидаи ҶСК “Бонки Эсхата”, руёниши маблағи қарз аз ҳисоби фурӯши молу мулки ғайриманқули ба гарав гузошташуда мағоза воқеъ дар шаҳри Душанбе ноҳияи Сино, кучаи Мехкалон №50, арзиши мағозаи мазкур дар асоси шартномаи гарав аз 25-уми ноябри соли 2021, таҳти №1315030, ба маблағи 806 144,34 сомонӣ, муайян гардида, ба ҳабс гирифта шудааст:
|
Рақами лот |
Намуди моликият |
Сурощаи молу мулк |
Арзиши ибтидои барои ҳамаи молу мулк |
Кафолатпулии иштирокчии музояда
|
|
1. |
Мағоза |
воқеъ дар шаҳри Душанбе ноҳияи Сино, кучаи Мехкалон №50 |
685 222,68 сомонӣ |
5% фоизи молу мулки фурухташаванда |
Музоядаи оммавии такрори №11 рӯзи 14-уми майи соли 2025, соати 11:00 дақиқа, ҳангоми пайдо гардидани харидорон музояда дар маҳали ҷойгиршавии молу мулки эълонгардида, бо тартиби пешбининамудаи моддаи 79 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи истеҳсолоти иҷро” барпо мегардад.
Иштирокчиёни музояда аз рӯзи нашри эълон оиди барпошавии музояда то соати 11:00 рӯзи 14-уми майи соли 2025, дар бинои Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷрочиёни Хадамоти иҷро дар Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо суроғаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Ф.Ниёзи-37, бақайд гирифта мешаванд.
Маълумотҳои иловагиро метавонед аз иҷрочиёни Хадамоти иҷро дар Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо телефони 2-27-93-23, 2-27-93-24, дастрас намоед.