Иҷрочиёни Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Музоядаи оммавии такрори №13 оид ба фурӯши молу мулки ғайриманқули мансуб ба қарздор, ки барои таъмин намудани иҷроиши истеҳсолоти иҷрои №№08/2 аз 11-уми феврали соли 2025, аз рӯи ҳуҷҷати иҷро-варақаи иҷрои Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон №1-443/24 аз 10-уми феврали соли 2025, дар бораи рӯёнидани маблағи қарзи асосӣ ба андозаи 340 923,96 сомонӣ, фоизҳои ҳисобшуда ба андозаи 12305,24 сомонӣ, ҷарима ба андозаи 71,66 сомонӣ ва боҷи давлатӣ ба андозаи 7076 сомонӣ аз ҳисоби соҳибкори инфиродӣ Шосафарова Зулайхо Саидаҳмадовна ва Сабринаи Эраҷ бо тариқи муштарак ба фоидаи ФҶСП “Арванд”, рӯёниши маблағи қарз аз ҳисоби фурӯши молу мулки ғайриманқули ба гарав гузошташуда манзили истиқомати воқеъ дар шаҳри Ваҳдат, Ҷамоати деҳоти Баҳор, шаҳраки Хишт, бинои 4, ҳуҷраи 13, ки ба Шосафарова Зулайхо Саидаҳмадовна таалуқ дорад, бо арзиши ибтидои ба андозаи 210 000 сомонӣ, манзили истиқомати воқеъ дар шаҳри Ваҳдат, Ҷамоати деҳоти Баҳор, шаҳраки Хишт, бинои 4, ҳуҷраи 22, ки ба Сабринаи Эраҷ таалуқ дорад, бо арзиши ибтидои ба андозаи 119 000 сомонӣ ва манзили истиқомати воқеъ дар шаҳри Ваҳдат, Ҷамоати деҳоти Баҳор, шаҳраки Хишт, ки ба Сабринаи Эраҷ таалуқ дорад, бо арзиши ибтидои ба андозаи 175 000 сомонӣ, ба ҳабс гирифта шудааст:
|
Рақами лот |
Намуди моликият |
Сурощаи молу мулк |
Арзиши ибтидои барои ҳамаи молу мулк |
Кафолатпулии иштирокчии музояда |
|
1. |
манзили истиқоматӣ |
воқеъ дар шаҳри Ваҳдат, Ҷамоати деҳоти Баҳор, шаҳраки Хишт, бинои 4, ҳуҷраи 13 |
178 500 сомонӣ |
5% фоизи молу мулки фурухташаванда |
|
2. |
манзили истиқоматӣ |
воқеъ дар шаҳри Ваҳдат, Ҷамоати деҳоти Баҳор, шаҳраки Хишт, бинои 4, ҳуҷраи 22 |
101 150 сомонӣ |
5% фоизи молу мулки фурухташаванда |
|
3. |
манзили истиқоматӣ |
воқеъ дар шаҳри Ваҳдат, Ҷамоати деҳоти Баҳор, шаҳраки Хишт |
148 750 сомонӣ |
5% фоизи молу мулки фурухташаванда |
Музоядаи оммавии такрори №13 рӯзи 16-уми июни соли 2025, соати 10:00 дақиқа, ҳангоми пайдо гардидани харидорон музояда дар маҳали ҷойгиршавии молу мулки эълонгардида, бо тартиби пешбининамудаи моддаи 79 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи истеҳсолоти иҷро” барпо мегардад.
Иштирокчиёни музояда аз рӯзи нашри эълон оиди барпошавии музояда то соати 10:00 16-уми июни соли 2025, дар бинои Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷрочиёни Хадамоти иҷро дар Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо суроғаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Ф.Ниёзи-37, бақайд гирифта мешаванд.
Маълумотҳои иловагиро метавонед аз иҷрочиёни Хадамоти иҷро дар Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо телефони 2-27-93-23, 2-27-93-24, дастрас намоед.