Шуъбаи Хадамоти иҷро дар суди иқтисодии вилояти Суғд
Музоядаи оммавии №21 оид ба савдои оммавии молу мулки ба гарав гузошташуда барои таъмин намудани иҷроиши варақаи иҷрои Суди иқтисодии вилояти Суғд таҳти №1-35/2024 сол аз 17.03.2025 сол оид ба аз ҳисоби ҷавобгарон соҳибкори инфиродӣ Хайруллоев Далерҷон Абдувалиевич ва Хайруллоев Наим Абдувалиевич рўёнидани маблағи қарзи асосӣ ба миқдори 92585,97 сомонӣ, фоизи хизматрасонии қарз 3202,26 сомонӣ ва ноустуворона ба маблағи 1961,50 сомонӣ ҷамъ ба маблағи 97749,73 сомонӣ ва боҷи давлатии пардохтгардида ба миқдори 1955 сомонӣ ба фоидаи ҶСК “Бонки Эсхата” дар шаҳри Хуҷанд, аз ҳисоби ба фурўши оммавӣ баровардани амволи ба гарав гузошташуда манзили истиқоматӣ воқеъ дар суроғаи ноҳияи Б.Ғафуров, Ҷамоати Хистеварз, кўчаи М.Охунов, хонаи 4 бо арзиши ибтидоии 615112,95 сомонӣ, маблағи қарзи боқимонда 37704,73 сомонӣ, аз ҷониби иҷрочиёни шуъбаи Хадамоти иҷро дар суди иқтисодии вилояти Суғд ба ҳабс гирифта шудааст:
Музоядаи оммавии №21
|
Рақами лот |
Намуди моликият |
Суроға |
Нархи ибтидои
|
Кафолатпулии иштирокчии музояда |
|
1. |
Манзили истиқоматӣ |
ноҳияи Б.Ғафуров, Ҷамоати Хистеварз, кўчаи М.Охунов, хонаи 4 |
615112,95 сомони |
5 фоизи арзиши молу мулки фурухташа-ванда
|
Музоядаи оммавии №21 рузи 24 ноябри соли 2025 соати 09:00 дақиқа ҳангоми пайдо гардидани харидор дар маҳалли ҷойгиршавии молу мулки ба гарав гузошташуда, яъне дар ноҳияи Б.Ғафуров, Ҷамоати Хистеварз, кўчаи М.Охунов, хонаи 4, бо тартиби пешбининамудаи моддахои 78-80-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи истеҳсолоти иҷро” барпо мегардад. Иштирокчиёни музояда аз рузи нашри эълон оиди барпошавии музояда то оғози музоядаи оммави санаи 24.11.2025 сол соати 09:00 дақиқа дар бинои Суди иқтисодии вилояти Суғд хуҷраи кории иҷрочиёни шуъбаи Хадамоти иҷро дар суди иқтисодии вилояти Суғд ба суроғаи шаҳри Хуҷанд, кучаи К.Хуҷанди №181а ошёнаи якум хуҷраи №3 бақайд гирифта мешаванд.
Маълумотҳои иловагиро метавонед аз иҷрочиёни шуъбаи Хадамоти иҷро дар суди иқтисодии вилояти Суғд бо телефони (83422) 6-65-99 дастрас намоед.