Шуъбаи Хадамоти иҷро дар суди иқтисодии вилояти Суғд
Музоядаи №22 оид ба фурўши молу мулк, ки барои таъмин намудани иҷроиши истеҳсолоти иҷрои №46/4 аз 24.09.2025 сол аз руи ҳуҷҷати иҷро-варақаи иҷрои Суди иқтисодии вилояти Суғд таҳти №2-432/2016 сол аз 31.07.2023 сол оид ба аз ҳисоби хоҷагии деҳқонии “Бобои Рустам”-и ноҳияи Спитамен мувофиқи қитъаи замини обӣ 10,6 га, рўёнидани 50743 сомонӣ ба фоидаи Ҷамъияти саҳҳомии пўшидаи “Деҳқон”-и ноҳияи Спитамен, аз ҷониби иҷрочии шуъбаи Хадамоти иҷро дар суди иқтисодии вилояти Суғд ба ҳабс гирифта шудааст:
|
Рақами лот |
Номгуи молу мулк |
суроға |
нархи ибтидои барои 1 кг |
нархи ибтидои умуми |
Кафолатпулии иштирокчии музояда |
|
1. |
1500 кг пахтаи хоми навъи якуми ҳосили соли 2025 мансуб ба хоҷагии деҳқонии “Бобои Рустам”-и ноҳияи Спитамен |
ноҳияи Спитамен, ҶДММ “25 солагии истиқлолият” |
5,00 сомонӣ
|
7500 сомонӣ |
5 фоизи арзиши молу мулки фурухташаванда |
Музоядаи №22 рузи 03 ноябри соли 2025 соати 09:30 дақиқа дар бинои Суди иқтисодии вилояти Суғд ҳуҷраи кории иҷрочиёни Хадамоти иҷро дар суди иқтисодии вилояти Суғд бо суроғаи шаҳри Хуҷанд, кучаи К.Хуҷанди №181а ошёнаи якум, утоқи №3 бо тартиби пешбини намудаи моддаҳои 72-74 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи истеҳсолоти иҷро” барпо мегардад. Иштирокчиёни музояда аз рузи нашри эълон оиди барпошавии музояда то рузи 03 ноябри соли 2025 соати 09:30 дақиқа дар суроғаи дар боло зикргардида ба қайд гирифта мешаванд.
Маълумотҳои иловагиро метавонед аз иҷрочиёни шуъбаи Хадамоти иҷро дар суди иқтисодии вилояти Суғд ё бо телефони (83422) 6-64-99, 6-28-91, 6-65-99, 6-66-99 дастрас намоед.