Шуъбаи Хадамоти иҷро дар суди иқтисодии вилояти Суғд
Музоядаи №23 оид ба фурўши молу мулк, ки барои таъмин намудани иҷроиши истеҳсолоти иҷрои №47/4 аз 24.09.2025 сол аз руи ҳуҷҷати иҷро-варақаи иҷрои Суди иқтисодии вилояти Суғд таҳти №2-498/2017 сол аз 25.08.2020 сол оид ба аз ҳисоби кооперативи тиҷоратии “Сафарзода”-и ноҳияи Спитамен ба фоидаи Ҷамъияти саҳҳомии пўшидаи “Деҳқон”-и ноҳияи Спитамен рўёнидани маблағи қарзи боқимонда ба маблағи 74779 сомонӣ, аз ҷониби иҷрочии шуъбаи Хадамоти иҷро дар суди иқтисодии вилояти Суғд ба ҳабс гирифта шудааст:
|
Рақами лот |
Номгуи молу мулк |
суроға |
нархи ибтидои барои 1 кг |
нархи ибтидои умуми |
Кафолатпулии иштирокчии музояда |
|
1. |
4392 кг пахтаи хоми навъи якуми ҳосили соли 2025 мансуб ба кооперативи тиҷоратии “Сафарзода”-и ноҳияи Спитамен |
ноҳияи Ҷ. Расулов, Ҷ/д Гулхона, деҳаи Баҳор” ҶДММ “Шамс-777” |
5,00 сомонӣ
|
21960 сомонӣ |
5 фоизи арзиши молу мулки фурухташаванда |
Музоядаи №23 рузи 03 ноябри соли 2025 соати 10:00 дақиқа дар бинои Суди иқтисодии вилояти Суғд ҳуҷраи кории иҷрочиёни Хадамоти иҷро дар суди иқтисодии вилояти Суғд бо суроғаи шаҳри Хуҷанд, кучаи К.Хуҷанди №181а ошёнаи якум, утоқи №3 бо тартиби пешбини намудаи моддаҳои 72-74 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи истеҳсолоти иҷро” барпо мегардад. Иштирокчиёни музояда аз рузи нашри эълон оиди барпошавии музояда то рузи 03 ноябри соли 2025 соати 10:00 дақиқа дар суроғаи дар боло зикргардида ба қайд гирифта мешаванд.
Маълумотҳои иловагиро метавонед аз иҷрочиёни шуъбаи Хадамоти иҷро дар суди иқтисодии вилояти Суғд ё бо телефони (83422) 6-64-99, 6-28-91, 6-65-99, 6-66-99 дастрас намоед.