Шуъбаи Хадамоти иҷро дар суди иқтисодии вилояти Суғд
Музоядаи №24 оид ба фурўши молу мулк, ки барои таъмин намудани иҷроиши истеҳсолоти иҷрои №48/2 аз 24.09.2025 сол аз руи ҳуҷҷати иҷро-варақаи иҷрои Суди иқтисодии вилояти Суғд таҳти №2-436/2016 сол аз 13.12.2022 сол дар бораи аз ҳисоби хоҷагии деҳқонии “Ҷасур 2017”-и ноҳияи Спитамен ба фоида ҶСП “Деҳқон”-и ноҳияи Спитамен руёнидани маблағи қарз ба андозаи 370 862 сомонӣ ва аз ҳисоби хоҷагии деҳқонии “Янги Ҳаёт”-и ноҳияи Спитамен ба фоида ҶСП “Деҳқон”-и ноҳияи Спитамен руёнидани маблағи қарз ба андозаи 68 188 сомонӣ, аз ҷониби иҷрочии шуъбаи Хадамоти иҷро дар суди иқтисодии вилояти Суғд ба ҳабс гирифта шудааст:
|
Рақами лот |
Номгуи молу мулк |
Суроға |
Нархи ибтидои барои 1 кг |
Нархи ибтидои умуми |
Кафолатпулии иштирокчии музояда |
|
1. |
13 485 кг пахтаи хоми навъи якуми ҳосили соли 2025 мансуб ба Х/Д “Ҷасур 2017”-и ноҳияи Спитамен |
ноҳияи Мастчоҳ, ҷ/д Оббурдон ҶДММ “Сафедгул-786” |
5,00 сомонӣ
|
67 425 сомонӣ |
5 фоизи арзиши молу мулки фурухташаванда |
|
2. |
1368 кг пахтаи хоми навъи якуми ҳосили соли 2025 мансуб ба Х/Д “Янги Ҳаёт”-и ноҳияи Спитамен |
ноҳияи Мастчоҳ, ҷ/д Оббурдон ҶДММ “Сафедгул-786” |
5,00 сомонӣ
|
6 840 сомонӣ |
5 фоизи арзиши молу мулки фурухташаванда |
Музоядаи №24 рўзи 03 ноябри соли 2025 соати 11:00 дақиқа дар бинои Суди иқтисодии вилояти Суғд ҳуҷраи кории иҷрочиёни Хадамоти иҷро дар суди иқтисодии вилояти Суғд бо суроғаи шаҳри Хуҷанд, кучаи К.Хуҷанди №181а ошёнаи якум, утоқи №3 бо тартиби пешбини намудаи моддаҳои 72-74 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи истеҳсолоти иҷро” барпо мегардад. Иштирокчиёни музояда аз рузи нашри эълон оиди барпошавии музояда то рузи 03 ноябри соли 2025 соати 11:00 дақиқа дар суроғаи дар боло зикргардида ба қайд гирифта мешаванд.
Маълумотҳои иловагиро метавонед аз иҷрочиёни шуъбаи Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар суди иқтисодии вилояти Суғд ё бо телефони (83422) 6-64-99, 6-28-91, 6-65-99, 6-66-99 дастрас намоед.