Таваҷҷуҳ: музояда Такрорӣ!
Иҷрочиёни Хадамоти иҷро дар Суди иқтисодии вилояти Хатлон оид ба фуруши молу мулки таҳти ҳабс қарордошта- молу мулки ғайриманқули ба гаравгузошташудаи манзили истиқоматии аз як ошёна иборат буда, аз 2 ҳуҷра, масоҳати зери сохтмон-52 м.кв., масоҳати умумии биноҳо-37,20 м.кв., масоҳати фоиданок-37,20 м.кв., масоҳати зист-32,20 м.кв., аз ҷумла зист-13.53 м.кв., зист-18.71 м.кв., ҳаммом -4,96 м.кв., бо истифодабарии сатҳи умумии қитъаи замин 5000,00 м.кв., ҷойгир мебошад, ки ба Қосимов Аҳлидин Шамсуддинович таалуқ дорад, бо кам кардани 15% (понздаҳ фоиз) аз арзиши ибтидоӣ ба маблағи 139 612,50 сомонӣ дар санаи 29 августи соли 2025, соати 11:00 музоядаи оммавии такрорӣ эълон менамояд.
Дар сурати ба қайд гирифта шудни харидорон музояда дар суроғаи ҷойи ҷойгиршавии молу мулк баргузор мегардад.
Шахсоне, ки дар музояда иштирок кардан мехоҳанд, уҳдадорад ба иҷрочӣ дар ҳаҷми панҷ фоиз аз арзиши нарх молу мулк пешпардохт супоранд, маблағи супоридаи шахси дар музояда ғолибомада ба ҳисоби нархи харид дохил мешавад. Молу мулк ба ҳамон шахсе фурӯхташуда ҳисоб меёбад, ки дар савдои оммавӣ аз ҳама нархи баландро пешниҳод кардааст.
Хоҳишмандон метавонанд барои азназргузаронии молу мулки зикргардида ва гирифтани маълумоти иловагӣ ба телефони (83222) 3-19-09, 903-33-37-03, ба суроғаи иҷрочиёни Хадамоти иҷро дар Суди иқтисодии вилояти Хатлон, кӯчаи Кайҳонавардон, бинои Раёсати адлияи вилояти Хатлон, утоқи кории 34 муроҷиат намоянд.