Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ишғоли 196 мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд:
Дастгоҳи марказӣ
1. Сардори раёсати рақамикунонии истеҳсолоти иҷро, маоши мансаби – 5296 сомонӣ;
2. Муовини сардори раёсати рақамикунонии истеҳсолоти иҷро, маоши мансаби – 4354 сомонӣ;
3. Муовини сардори раёсати феҳристи қарздорон ва татбиқи маҳдудиятҳо, маоши мансабӣ – 4354 сомонӣ;
4. Сармутахассиси раёсати кадрҳо ва таъминоти ҳуқуқӣ (2 воҳид), маоши мансабӣ – 2641 сомонӣ;
5. Сармутахассиси раёсати рақамикунонии истеҳсолоти иҷро, маоши мансаби – 2641 сомонӣ;
6. Сармутахассиси шуъбаи коргузорӣ ва назорат, маоши мансабӣ – 2641 сомонӣ;
7. Мутахассиси пешбари раёсати кадрҳо ва таъминоти ҳуқуқӣ, маоши мансабӣ – 2154 сомонӣ;
8. Мутахассиси пешбари раёсати рақамикунонии истеҳсолоти иҷро, маоши мансаби – 2154 сомонӣ;
9. Мутахассиси пешбари шуъбаи молия ва иқтисод, маоши мансабӣ – 2154 сомонӣ;
10. Мутахассиси раёсати таъмини иҷрои маҷбурӣ, маоши мансабӣ - 1779 сомонӣ;
11. Мутахассиси раёсати рақамикунонии истеҳсолоти иҷро, маоши мансаби – 1779 сомонӣ.
Раёсати Хадамоти иҷро дар шаҳри Душанбе
12. Сардори раёсати Хадамоти иҷро дар шаҳри Душанбе, маоши мансабӣ – 5045 сомонӣ;
13. Муовини сардори раёсати Хадамоти иҷро дар шаҳри Душабе, маоши мансабӣ – 4141 сомонӣ;
14. Мудири бахши молия ва иқтисоди раёсати Хадамоти иҷро дар шаҳри Душанбе, маоши мансабӣ – 2786 сомонӣ;
15. Сармутахассиси раёсати Хадамоти иҷро дар шаҳри Душабе (2 воҳид), маоши мансабӣ – 2516 сомонӣ;
16. Мутахассиси пешбари бахши молия ва иқтисоди раёсати Хадамоти иҷро дар шаҳри Душанбе, маоши мансабӣ – 2057 сомонӣ;
17. Мутахассиси раёсати Хадамоти иҷро дар шаҳри Душабе, маоши мансабӣ – 1695 сомонӣ;
Шуъбаи Хадамоти иҷро дар судҳои иқтисодӣ дар шаҳри Душанбе
18. Сардори шуъбаи Хадамоти иҷро дар судҳои иқтисодӣ дар шаҳри Душанбе, маоши мансабӣ –3388 сомонӣ;
19. Сармутахассис – иҷрочии калони шуъбаи Хадамоти иҷро дар судҳои иқтисодӣ дар шаҳри Душанбе (3 воҳид), маоши мансабӣ – 2515 сомонӣ;
20. Мутахассиси пешбар – иҷрочии шуъбаи Хадамоти иҷро дар судҳои иқтисодӣ дар шаҳри Душанбе, маоши мансабӣ – 5057 сомонӣ.
Шуъбаи Хадамоти иҷро дар суди ҳарбии гарнизони Душанбе
21. Сардори шуъбаи Хадамоти иҷро дар суди ҳарибии гарнизони Душанбе, маоши мансабӣ – 3388 сомонӣ;
22. Сармутахассис – иҷрочии калони шуъбаи Хадамоти иҷро дар суди ҳарибии гарнизони Душанбе , маоши мансабӣ – 2515 сомонӣ.
Шуъба ва бахшҳои Хадамоти иҷро дар ноҳияҳои шаҳри Душанбе ва ШНТҶ
23. Сардори шуъбаи Хадамоти иҷро дар ноҳияи И.Сомонӣ, маоши мансабӣ –3252 сомонӣ;
24. Сармутахассис – иҷрочии калони шуъбаи Хадамоти иҷро дар ноҳияи И.Сомонӣ (4 воҳид), маоши мансабӣ – 2390 сомонӣ;
25. Сардори шуъбаи Хадамоти иҷро дар ноҳияи Шоҳмансур, маоши мансабӣ – 3225 сомонӣ;
26. Сармутахассис – иҷрочии калони шуъбаи Хадамоти иҷро дар ноҳияи Шоҳмансур (4 воҳид), маоши мансабӣ – 2390 сомонӣ;
27. Мутахассиси пешбар – иҷрочии шуъбаи Хадамоти иҷро дар ноҳияи Шоҳмансур, маоши мансабӣ – 1960 сомонӣ;
28. Сардори шуъбаи Хадамоти иҷро дар ноҳияи Фирдавсӣ, маоши мансабӣ –3225 сомонӣ;
29. Сармутахассис – иҷрочии калони шуъбаи Хадамоти иҷро дар ноҳияи Фирдавсӣ (4 воҳид), маоши мансабӣ –2390 сомонӣ;
30. Сардори шуъбаи Хадамоти иҷро дар ноҳияи Сино, маоши мансабӣ –3225 сомонӣ;
31. Сармутахассис – иҷрочии калони шуъбаи Хадамоти иҷро дар ноҳияи Сино (5 воҳид), маоши мансабӣ –2393 сомонӣ;
32. Сардори шуъбаи Хадамоти иҷро дар шаҳри Ваҳдат, маоши мансабӣ –3075 сомонӣ;
33. Сармутахассис – иҷрочии калони шуъбаи Хадамоти иҷро дар шаҳри Ваҳдат (3 воҳид), маоши мансабӣ –2279 сомонӣ;
34. Сардори шуъбаи Хадамоти иҷро дар шаҳри Ҳисор, маоши мансабӣ –3075 сомонӣ;
35. Сармутахассис – иҷрочии калони шуъбаи Хадамоти иҷро дар шаҳри Ҳисор (3 воҳид), маоши мансабӣ –2279 сомонӣ;
36. Сардори шуъбаи Хадамоти иҷро дар шаҳри Турсунзода, маоши мансабӣ –3075 сомонӣ;
37. Сармутахассис – иҷрочии калони шуъбаи Хадамоти иҷро дар шаҳри Турсунзода (3 воҳид), маоши мансабӣ –2279 сомонӣ;
38. Мудири бахши Хадамоти иҷро дар шаҳри Роғун, маоши мансабӣ – 2522 сомонӣ;
39. Сармутахассис – иҷрочии калони бахши Хадамоти иҷро дар шаҳри Роғун, маоши мансабӣ – 2279 сомонӣ;
40. Сардори шуъбаи Хадамоти иҷро дар ноҳияи Рӯдакӣ, маоши мансабӣ –2924 сомонӣ;
41. Сармутахассис – иҷрочии калони шуъбаи Хадамоти иҷро дар ноҳияи Рӯдакӣ (3 воҳид), маоши мансабӣ –2168 сомонӣ;
42. Мудири бахши Хадамоти иҷро дар ноҳияи Файзобод, маоши мансабӣ – 2397 сомонӣ;
43. Сармутахассис – иҷрочии калони бахши Хадамоти иҷро дар ноҳияи Файзобод, маоши мансабӣ –2168 сомонӣ;
44. Сардори шуъбаи Хадамоти иҷро дар ноҳияи Шаҳринав, маоши мансабӣ –2924 сомонӣ;
45. Сармутахассис – иҷрочии калони шуъбаи Хадамоти иҷро дар ноҳияи Шаҳринав, маоши мансабӣ –2168 сомонӣ;
46. Мудири бахши Хадамоти иҷро дар ноҳияи Варзоб, маоши мансабӣ – 2397 сомонӣ;
47. Сармутахассис – иҷрочии калони бахши Хадамоти иҷро дар ноҳияи Варзоб, маоши мансабӣ –2168 сомонӣ;
48. Сардори шуъбаи Хадамоти иҷро дар ноҳияи Рашт, маоши мансабӣ –2924 сомонӣ;
49. Сармутахассис – иҷрочии калони шуъбаи Хадамоти иҷро дар ноҳияи Рашт, маоши мансабӣ –2168 сомонӣ;
50. Мудири бахши Хадамоти иҷро дар ноҳияи Тоҷикобод, маоши мансабӣ – 2397 сомонӣ;
51. Сармутахассис – иҷрочии калони шуъбаи Хадамоти иҷро дар ноҳияи Тоҷикобод, маоши мансабӣ – 2168 сомонӣ;
52. Мудири бахши Хадамоти иҷро дар ноҳияи Лахш, маоши мансабӣ – 2397 сомонӣ;
53. Сармутахассис – иҷрочии калони бахши Хадамоти иҷро дар ноҳияи Лахш, маоши мансабӣ –2168 сомонӣ;
54. Мудири бахши Хадамоти иҷро дар ноҳияи Нуробод, маоши мансабӣ – 2397 сомонӣ;
55. Мудири бахши Хадамоти иҷро дар ноҳияи Сангвор, маоши мансабӣ –2397 сомонӣ.
Раёсати Хадамоти иҷро дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон
56. Сармутахассис - сармуҳосиби раёсати Хадамоти иҷро дар ВМКБ, маоши мансабӣ – 2438 сомонӣ;
57. Мутахассиси пешбари раёсати Хадамоти иҷро дар ВМКБ, маоши мансабӣ- 2007 сомонӣ;
58. Мудири бахши Хадамоти иҷро дар суди иқтисодии ВМКБ, маоши мансбӣ – 2695 сомонӣ;
59. Мудири бахши Хадамоти иҷро дар суди ҳарбии гарнизони Хоруғ, маоши мансбӣ – 2695 сомонӣ;
60. Мудири бахши Хадамоти иҷро дар шаҳри Хоруғ, маоши мансбӣ – 2570 сомонӣ;
61. Мутахассиси пешбар - иҷрочии бахши Хадамоти иҷро дар шаҳри Хоруғ, маоши мансбӣ – 1910 сомонӣ;
62. Мудири бахши Хадамоти иҷро дар ноҳияи Шуғнон, маоши мансбӣ – 2444 сомонӣ;
63. Мутахассиси пешбар - иҷрочии бахши Хадамоти иҷро дар ноҳияи Шуғнон, маоши мансбӣ – 1827 сомонӣ;
64. Мудири бахши Хадамоти иҷро дар ноҳияи Рушон, маоши мансбӣ – 2444 сомонӣ;
65. Мудири бахши Хадамоти иҷро дар ноҳияи Ванҷ, маоши мансбӣ – 2444 сомонӣ;
66. Мудири бахши Хадамоти иҷро дар ноҳияи Мурғоб, маоши мансбӣ – 3595 сомонӣ;
67. Мутахассиси пешбар - иҷрочии бахши Хадамоти иҷро дар ноҳияи Мурғоб, маоши мансбӣ – 2669 сомонӣ;
68. Мудири бахши Хадамоти иҷро дар ноҳияи Дарвоз, маоши мансбӣ – 2444 сомонӣ;
69. Мудири бахши Хадамоти иҷро дар ноҳияи Ишкошим, маоши мансбӣ – 2444 сомонӣ;
70. Мудири бахши Хадамоти иҷро дар ноҳияи Роштқалъа, маоши мансбӣ – 2444 сомонӣ;
71. Мутахассиси пешбар - иҷрочии бахши Хадамоти иҷро дар ноҳияи Роштқалъа, маоши мансбӣ – 1827 сомонӣ.
Раёсати Хадамоти иҷро дар вилояти Суғд
72. Мудири бахши молия ва иқтисоди раёсати Хадамоти иҷро дар вилояти Суғд, маоши мансабӣ – 2648 сомонӣ;
73. Сармутахассиси раёсати Хадамоти иҷро дар вилояти Суғд, маоши мансабӣ – 2391 сомонӣ;
74. Мутахассиси пешбари раёсати Хадамоти иҷро дар вилояти Суғд (2 воҳид), маоши мансабӣ –1960 сомонӣ;
75. Мутахассиси раёсати Хадамоти иҷро дар вилояти Суғд, маоши мансабӣ – 1612 сомонӣ;
76. Сардори шуъбаи Хадамоти иҷро дар суди иқтисодии вилояти Суғд, маоши мансабӣ – 3074 сомонӣ;
77. Сармутахассис – иҷрочии калони шуъбаи Хадамоти иҷро дар суди иқтисодии вилояти Суғд (3 воҳид), маоши мансабӣ - 2280 сомонӣ;
78. Мутахассиси пешбар – иҷрочии шуъбаи Хадамоти иҷро дар суди иқтисодии вилояти Суғд, маоши мансабӣ - 1862 сомонӣ;
79. Мудири бахши Хадамоти иҷро дар суди ҳарбии гарнизони Суғд, маоши мансабӣ –2522 сомонӣ;
80. Сардори шуъбаи Хадамоти иҷро дар шаҳри Хуҷанд, маоши мансабӣ – 3074 сомонӣ;
81. Сармутахассис – иҷрочии калони шуъбаи Хадамоти иҷро дар шаҳри Хуҷанд (4 воҳид), маоши мансабӣ – 2280 сомонӣ;
82. Мутахассиси пешбар – иҷрочии шуъбаи Хадамоти иҷро дар шаҳри Хуҷанд, маоши мансабӣ – 1862 сомонӣ;
83. Сардори шуъбаи Хадамоти иҷро дар шаҳри Исфара, маоши мансабӣ – 3074 сомонӣ;
84. Сармутахассис – иҷрочии калони шуъбаи Хадамоти иҷро дар шаҳри Исфара маоши мансабӣ – 2280 сомонӣ;
85. Мудири бахши Хадамоти иҷро дар шаҳри Гулистон, маоши мансабӣ – 2522 сомонӣ;
86. Сардори шуъбаи Хадамоти иҷро дар шаҳри Конибодом, маоши мансабӣ – 3074 сомонӣ;
87. Сармутахассис – иҷрочии калони шуъбаи Хадамоти иҷро дар шаҳри Конибодом маоши мансабӣ – 2280 сомонӣ;
88. Мудири бахши Хадамоти иҷро дар шаҳри Бӯстон, маоши мансабӣ – 2522 сомонӣ;
89. Мудири бахши Хадамоти иҷро дар шаҳри Истиқлол, маоши мансабӣ – 2522 сомонӣ;
90. Мутахассиси пешбар – иҷрочии бахши Хадамоти иҷро дар шаҳри Истиқлол, маоши мансабӣ – 1862 сомонӣ;
91. Сардори шуъбаи Хадамоти иҷро дар шаҳри Панҷакент, маоши мансабӣ – 3074 сомонӣ;
92. Сармутахассис – иҷрочии калони шуъбаи Хадамоти иҷро дар шаҳри Панҷакент (2 воҳид), маоши мансабӣ – 2280 сомонӣ;
93. Сардори шуъбаи Хадамоти иҷро дар шаҳри Истаравшан, маоши мансабӣ – 3074 сомонӣ;
94. Сармутахассис – иҷрочии калони шуъбаи Хадамоти иҷро дар шаҳри Истаравшан (2 воҳид), маоши мансабӣ – 2280 сомонӣ;
95. Сардори шуъбаи Хадамоти иҷро дар ноҳияи Б.Ғафуров, маоши мансабӣ – 2924 сомонӣ;
96. Сармутахассис – иҷрочии калони шуъбаи Хадамоти иҷро дар ноҳияи Б.Ғафуров (4 воҳид), маоши мансабӣ- 2168 сомонӣ;
97. Мутахассиси пешбар – иҷрочии шуъбаи Хадамоти иҷро дар ноҳияи Б.Ғафуров, маоши мансабӣ – 1779 сомонӣ;
98. Сардори шуъбаи Хадамоти иҷро дар ноҳияи Ҷ.Расулов, маоши мансабӣ – 2924 сомонӣ;
99. Сармутахассис – иҷрочии калони шуъбаи Хадамоти иҷро дар ноҳияи Ҷ.Расулов, маоши мансабӣ – 2168 сомонӣ;
100. Мудири бахши Хадамоти иҷро дар ноҳияи Айнӣ, маоши мансабӣ – 2397 сомонӣ;
101. Сардори шуъбаи Хадамоти иҷро дар ноҳияи Ашт, маоши мансабӣ – 2924 сомонӣ;
102. Сармутахассис – иҷрочии калони шуъбаи Хадамоти иҷро дар ноҳияи Ашт, маоши мансабӣ - 2168 сомонӣ;
103. Мудири бахши Хадамоти иҷро дар ноҳияи Деваштич, маоши мансабӣ – 2397 сомонӣ;
104. Мудири бахши Хадамоти иҷро дар ноҳияи Зафаробод, маоши мансабӣ – 2397 сомонӣ;
105. Мудири бахши Хадамоти иҷро дар ноҳияи Мастчоҳ, маоши мансабӣ – 2397 сомонӣ;
106. Сардори шуъбаи Хадамоти иҷро дар ноҳияи Спитамен, маоши мансабӣ – 2924 сомонӣ;
107. Сармутахассис – иҷрочии калони шуъбаи Хадамоти иҷро дар ноҳияи Спитамен, маоши мансабӣ – 2168 сомонӣ;
108. Мудири бахши Хадамоти иҷро дар ноҳияи Куҳистони Мастчоҳ, маоши мансабӣ – 2397 сомонӣ;
109. Мудири бахши Хадамоти иҷро дар ноҳияи Шаҳристон, маоши мансабӣ – 2397 сомонӣ.
Раёсати Хадамоти иҷро дар вилояти Хатлон
110. Сардори раёсати Хадамоти иҷро дар вилояти Хатлон, маоши мансабӣ – 4806 сомонӣ;
111. Сардори шуъбаи Хадамоти иҷро дар суди иқтисодии вилояти Хатлон, маоши мансабӣ – 3074 сомонӣ;
112. Сармутахассис – иҷрочии калони шуъбаи Хадамоти иҷро дар суди иқтисодии вилояти Хатлон (2 воҳид), маоши мансабӣ - 2280 сомонӣ;
113. Мудири бахши Хадамоти иҷро дар суди ҳарбии гарнизони Хатлон, маоши мансабӣ – 2522 сомонӣ;
114. Сармутахассис – иҷрочии калони шуъбаи Хадамоти иҷро дар суди ҳарбии гарнизони Хатлон, маоши мансабӣ - 2280 сомонӣ;
115. Сардори шуъбаи Хадамоти иҷро дар шаҳри Бохтар, маоши мансабӣ –
116. Сармутахассис – иҷрочии калони шуъбаи Хадамоти иҷро дар шаҳри Бохтар (3 воҳид), маоши мансабӣ – 2280 сомонӣ;
117. Сардори шуъбаи Хадамоти иҷро дар шаҳри Кӯлоб, маоши мансабӣ – 3074 сомонӣ;
118. Сармутахассис – иҷрочии калони шуъбаи Хадамоти иҷро дар шаҳри Кӯлоб (3 воҳид), маоши мансабӣ – 2280 сомонӣ;
119. Мудири бахши Хадамоти иҷро дар шаҳри Норак, маоши мансабӣ – 2522 сомонӣ;
120. Мудири бахши Хадамоти иҷро дар шаҳри Левакант, маоши мансабӣ – 2522 сомонӣ;
121. Мутахассиси пешбар – иҷрочии бахши Хадамоти иҷро дар шаҳри Левакант, маоши мансабӣ – 1862 сомонӣ;
122. Сардори шуъбаи Хадамоти иҷро дар ноҳияи Данғара, маоши мансабӣ – 2924 сомонӣ;
123. Сармутахассис – иҷрочии калони шуъбаи Хадамоти иҷро дар ноҳияи Данғара, маоши мансабӣ – 2168 сомонӣ;
124. Мутахассиси пешбар – иҷрочии шуъбаи Хадамоти иҷро дар ноҳияи Данғара, маоши мансабӣ – 1779 сомонӣ;
125. Мудири бахши Хадамоти иҷро дар ноҳияи Кӯшониён, маоши мансабӣ – 2397 сомонӣ;
126. Сармутахассис – иҷрочии калони бахши Хадамоти иҷро дар ноҳияи Кӯшониён, маоши мансабӣ – 2168 сомонӣ;
127. Сардори шуъбаи Хадамоти иҷро дар ноҳияи Вахш, маоши мансабӣ – 2224 сомонӣ;
128. Сармутахассис – иҷрочии калони шуъбаи Хадамоти иҷро дар ноҳияи Вахш, маоши мансабӣ – 2168 сомонӣ;
129. Мудири бахши Хадамоти иҷро дар ноҳияи Ҷ. Балхӣ, маоши мансабӣ – 2397 сомонӣ;
130. Сармутахассис – иҷрочии калони бахши Хадамоти иҷро дар ноҳияи Ҷ. Балхӣ, маоши мансабӣ – 2168 сомонӣ;
131. Сардори шуъбаи Хадамоти иҷро дар ноҳияи Ёвон, маоши мансабӣ – 2924 сомонӣ;
132. Сармутахассис – иҷрочии калони шуъбаи Хадамоти иҷро дар ноҳияи Ёвон (2 воҳид), маоши мансабӣ – 2168 сомонӣ;
133. Сардори шуъбаи Хадамоти иҷро дар ноҳияи Восеъ, маоши мансабӣ – 2924 сомонӣ;
134. Сармутахассис – иҷрочии калони шуъбаи Хадамоти иҷро дар ноҳияи Восеъ, маоши мансабӣ – 2168 сомонӣ;
135. Сардори шуъбаи Хадамоти иҷро дар ноҳияи Мир Сайид Ҳамадонӣ, маоши мансабӣ – 2924 сомонӣ;
136. Сармутахассис – иҷрочии калони шуъбаи Хадамоти иҷро дар ноҳияи Мир Сайид Ҳамадонӣ, маоши мансабӣ – 2168 сомонӣ;
137. Мутахассиси пешбар – иҷрочии шуъбаи Хадамоти иҷро дар ноҳияи Мир Сайид Ҳамадонӣ, маоши мансабӣ – 1779 сомонӣ;
138. Сардори шуъбаи Хадамоти иҷро дар ноҳияи Фархор, маоши мансабӣ – 2924 сомонӣ;
139. Сармутахассис – иҷрочии калони шуъбаи Хадамоти иҷро дар ноҳияи Фархор, маоши мансабӣ – 2168 сомонӣ;
140. Мутахассиси пешбар – иҷрочии шуъбаи Хадамоти иҷро дар ноҳияи Фархор, маоши мансабӣ – 1779 сомонӣ;
141. Мудири бахши Хадамоти иҷро дар ноҳияи Панҷ, маоши мансабӣ – 2397 сомонӣ;
142. Мудири бахши Хадамоти иҷро дар ноҳияи А.Ҷомӣ, маоши мансабӣ – 2397 сомонӣ;
143. Мудири бахши Хадамоти иҷро дар ноҳияи Шаҳритӯс, маоши мансабӣ – 2397 сомонӣ;
144. Мудири бахши Хадамоти иҷро дар ноҳияи Ҷайҳун, маоши мансабӣ – 2397 сомонӣ;
145. Мудири бахши Хадамоти иҷро дар ноҳияи Дӯстӣ, маоши мансабӣ – 2397 сомонӣ;
146. Мудири бахши Хадамоти иҷро дар ноҳияи Қубодиён, маоши мансабӣ – 2397 сомонӣ;
147. Мудири бахши Хадамоти иҷро дар ноҳияи Муъминобод, маоши мансабӣ – 2397 сомонӣ;
148. Мудири бахши Хадамоти иҷро дар ноҳияи Ш.Шоҳин, маоши мансабӣ – 2397 сомонӣ;
149. Мудири бахши Хадамоти иҷро дар ноҳияи Балҷувон, маоши мансабӣ –2397 сомонӣ;
150. Мудири бахши Хадамоти иҷро дар ноҳияи Ховалинг, маоши мансабӣ – 2397 сомонӣ;
151. Мудири бахши Хадамоти иҷро дар ноҳияи Темурмалик, маоши мансабӣ –2397 сомонӣ;
152. Мудири бахши Хадамоти иҷро дар ноҳияи Н.Хисрав, маоши мансабӣ – 2397 сомонӣ;
153. Мутахассиси пешбар – иҷрочии шуъбаи Хадамоти иҷро дар ноҳияи Н.Хисрав, маоши мансабӣ – 1779 сомонӣ;
154. Мудири бахши Хадамоти иҷро дар ноҳияи Хуросон, маоши мансабӣ – 2397 сомонӣ.
Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо:
Ҳуҷҷатҳо аз тарафи комиссияи қабул дар нишонии шаҳри Душанбе, кўчаи И.Сомонї 8 (бинои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, ошёнаи 3-юм) дар давоми 21 рӯз аз рӯзи нашри эълон дар бораи гузаронидани озмун қабул карда мешаванд.
Телефон барои тамос: 228-98-29; 228-98-36.
Эзоҳ: Иловапулӣ ба маоши мансабӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ ҳар моҳ ба андозаи муқарраргардида пардохт карда мешавад.
Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:
- ариза ба номи роҳбари мақомот;- варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона расми андозаи 4х6);
- тарҷумаи ҳол;
- нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;
- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи меҳнатӣ надорад);
- маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ дар шакли 038 УЕ;
- нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда;
- эъломия оид ба вазъи молумулкӣ ва маълумот дар бораи супоридани эъломия оид ба андоз аз даромад;
- нусхаи шиноснома;
- маълумотнома оид ба надоштани таъқиби ҷиноятӣ (доғи судӣ, суд шудан, рад ё қатъ кардани парвандаи ҷиноятӣ);
- нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд).
Довталабон метавонанд маълумот дар бораи номгӯйи ҳуҷҷатҳои ба озмун пешниҳодшуда ва талаботи тахассусӣ барои ишғоли мансабҳои холии болозикрро дар сомонаҳои расмии Агентии хизматии давлати назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (www.аhd.tj) ва Хадамоти иҷро (www.ijro.tj) дастрас намоянд.
Дастурамали
мансабии сардори раёсати рақамикунонии истеҳсолоти иҷрои Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Муқаррароти умумӣ
1. Номи мансаб - сардори раёсати рақамикунонии истеҳсолоти иҷрои Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
2. Мансаби мазкур тибқи Феҳристи мансабҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мансабҳои категорияи якум мансуб аст.
3. Сардори раёсати рақамикунонии истеҳсолоти иҷрои Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд-сардори раёсат) аз тарафи сардори Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд-сардори Хадамоти иҷро) мувофиқи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мансаб таъин ва аз мансаб озод карда мешавад.
4. Ишғолкунандаи мансаби мазкур ба сардори Хадамоти иҷро ва муовинони ў тибқи тақсими вазифаҳо тобеъ ва ҳисоботдиҳанда мебошад.
5. Ба сардори раёсат муовини сардори раёсат, сармутахассисон, мутахассисони пешбар ва мутахассисон (минбаъд-кормандон), тобеъ ва ҳисоботдиҳанда мебошанд.
6. Дар давраи муваққатан ҳозир набудани сардори раёсати рақамикунонӣ уҳдадориҳои мансабии ў ба муовини сардори раёсат ва ҳангоми муваққатан ҳозир набудани муовини сардори раёсат иҷрои уҳдадориҳои мансабии ў ба сардори раёсат вогузор карда мешаванд.
7. Сардори раёсат бо воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказӣ ва сохторҳои ҳудудии Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд-Хадамоти иҷро), мақомоти марказӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ва ташкилотҳо (минбаъд-мақомоти давлатӣ) дар доираи уҳдадориҳои мансабии худ тибқи тартиби муқарраргардида ҳамкорӣ менамояд.
2. Талаботи тахассусӣ
8. Барои ишғолкунандаи мансаби сардори раёсат талаботи тахассусии зерин муқаррар карда мешавад:
-таҳсилоти олии касбии ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ, техникӣ, барномасозӣ, технологияҳои иттилоотӣ, ҳифзи маълумот, информатик, логистик;
-3 сол собиқаи хизмати давлатӣ дар мансабҳои категорияи дуюм ё 7 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 8 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
-донистани Конститутсия, қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии сардори раёсатро ба танзим медароранд;
-донистани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
-донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ;
-малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон;
-малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
-малакаи кор бо компютер ва дигар технологияҳои иттилоотӣ, истифодабарии техника ва технологияҳои муосир аз ҷумла барномаҳои компютерӣ;
-на камтар аз 1 маротиба дар 3 сол баланд бардоштани тахассуси касбӣ.
3. Уҳдадориҳои мансабии сардори раёсат
9. Роҳбарии умумии раёсат ва назорати фаъолияти кормандони раёсатро анҷом медиҳад, иҷрои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, консепсияҳо, стратегияҳо, барномаҳо ва нақшаҳои кории ба фаъолияти раёсат дахлдоштаро ташкил, таъмин ва назорат менамояд.
10. Ба лоиҳаи нақшаҳои кори Хадамоти иҷро дар доираи ваколатҳои худ таклиф пешниҳод менамояд.
11. Нақшаҳои кори раёсатро таҳия мекунад ва барои тасдиқ ба сардори Хадамоти иҷро пешниҳод менамояд.
12. Коргузориро дар раёсат тибқи тартиби муқарраргардида ташкил намуда, маводҳои воридотиро барои баррасӣ ва корбарии минбаъда ба кормандони раёсат манзурӣ менамояд, иҷрои онҳоро назорат ва таъмин менамояд.
13. Риояи интизоми иҷроия, меҳнат ва қоидаҳои тартиботи дохилиро дар раёсат ташкил ва назорат менамояд.
14. Дастурамалҳои мансабии кормандони раёсатро тибқи тартиби муқарраршуда таҳия ва барои тасдиқ пешниҳод менамояд.
15. Лоиҳаи фармоишҳо, санадҳои меъёрии ҳуқуқии ба фаъолияти раёсат дахлдоштаро таҳия ва пешниҳод, лоиҳаи фармоишҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии аз тарафи воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказӣ ва сохторҳои ҳудудии Хадамоти иҷро, мақомоти давлатӣ барои мувофиқа пешниҳодкардашударо мустақилона ё дар якҷоягӣ бо дигар кормандони раёсат баррасӣ намуда, хулосаи раёсат ё Хадамоти иҷроро омода менамояд.
16. Лоиҳаи тавсияҳои методии татбиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии ба фаъолияти раёсат дахлдоштаро мустақилона ё дар якҷоягӣ бо дигар кормандони раёсат таҳия ва пешниҳод, лоиҳаи тавсияҳои методии омоданамудаи дигар воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказӣ ва сохторҳои ҳудудиро мустақилона ё дар якҷоягӣ бо кормандони раёсат баррасӣ намуда, хулосаи раёсатро омода менамояд.
17. Ба сохторҳои ҳудудии Хадамоти иҷро дар татбиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи истеҳсолоти иҷро дар самти рақамикунонӣ тибқи тартиби муқарраргардида дар доираи масъалаҳои фаъолияти раёсат кумаки методӣ мерасонад.
18. Муроҷиаткунандагонро тибқи тартиби муқарраргардида шахсан қабул намуда, муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро баррасӣ намуда, ҷавоб омода менамояд.
19. Ҷиҳати қабули қарор дар хусуси бекор кардан, таҷдиди назар намудан ё махдуд сохтани муҳлати амали ҳуҷҷатҳои меъёрии техникӣ, ки хилофи талаботи санандҳои ҳуқуқӣ ва стандартҳои давлатӣ мебошанд таклиф пешниҳод менамояд.
20. Дар санҷиши фаъолияти сохторҳои ҳудудии Хадамоти иҷро оид ба риояи санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи истеҳсолоти иҷро дар самти рақамикунонӣ тибқи тартиби муқарраргардида иштирок ва аз натиҷаи санҷишҳо барои бартараф намудани камбудиҳои фаъолияти сохторҳои ҳудудӣ санад (гузориш) пешниҳод менамояд.
21. Дар мувофиқа бо сардори Хадамоти иҷро ва муовинони ӯ Хадамотро дар дигар мақомоту ташкилотҳои давлатӣ муаррифӣ менамояд.
22. Ба кормандони раёсат дар доираи уҳдадориҳои мансабиашон супоришҳо медиҳад ва иҷрои саривақтии онҳоро назорат менамояд.
23. Ҷиҳати пешгирии омилҳои коррупсионӣ дар раёсат тадбирҳои зерин меандешад:
-ба фаъолияти кормандони раёсат барои пешгирӣ ва содир накардани амалҳои коррупсионӣ назорат менамояд;
-татбиқи меъёрҳои рафтори хизматчиёни давлатиро, ки бо Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар гардидааст, таъмин менамояд;
-дар ҳолати ошкор гардидани амали коррупсионӣ дар доираи салоҳияти худ ба роҳбарияти Хадамоти иҷро ва ё мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба тариқи хаттӣ хабар медиҳад ва ҳамкорӣ менамояд.
24. Тибқи тартиби муқарраргардида дар кори комиссияҳо, гурўҳҳои корӣ, ҷаласаҳо, машваратҳо, семинарҳо ва дигар чорабиниҳои Хадамоти иҷро ва мақомоти давлатии дахлдор иштирок ва уҳдадориҳои вогузоршударо иҷро менамояд.
25. Тибқи тартиб ва дар муҳлатҳои муқарраркардашуда баҳодиҳии фаъолияти хизматчиёни давлатии раёсатро гузаронида, варақаи баҳодиҳиро хонапурӣ ва пешниҳод менамояд.
26. Дар тарғиби соҳаи истеҳсолоти иҷро, аз ҷумла тариқи воситаҳои ахбори омма иштирок мекунад.
27. Ҷаласаҳои ҷамъбасти семоҳа, нимсола, нуҳмоҳа ва солонаи фаъолияти раёсат, дигар ҷаласаҳои машваратӣ ва чорабиниҳои ба фаъолияти раёсат дахлдоштаро ташкил мекунад ва мегузаронад.
28.Оид ба натиҷаҳои фаъолияти семоҳа, нимсола, нуҳмоҳа ва солонаи раёсат ва ҳангоми баҳогузории фаъолияти худ дар муҳлатҳои муқарраргардида ҳисобот пешниҳод менамояд.
29. Дар ҳамкорӣ бо сохторҳои ҳудудии Хадамот масъалаҳои мақсаднок васеъгардонӣ ва навсозӣ (инноватсионӣ)-и техникию технологияҳои муосири сохторҳои ҳудудиро мавриди баррасӣ қарор медиҳад.
30. Дигар супоришҳои роҳбарияти Хадамоти иҷроро тибқи тартиби муқарраргардида иҷро менамояд.
31. Сардори раёсат ба дастурҳо, ки ба кормандони раёсат медиҳад, ҳуҷҷатҳо, ҳисоботҳо, гузоришҳо, пешниҳодҳо, хулосаҳо, санадҳо, лоиҳаи фармоишҳо, қарорҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии омоданамудаи худ ва кормандони раёсат, ки ба роҳбарияти Хадамоти иҷро ва воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказии Хадамоти иҷро пешниҳод карда мешаванд, имзо мекунад.
32. Дар якчоягӣ бо кормандони раёсат ҷиҳати такмил, бартараф намудани мушкилиҳои мавҷудаи Хадамот ва сохторҳои ҳудудии он дар самти рақамикунонии соҳа пешниҳодҳо манзур менамояд.
33. Сардори раёсат дорои дигар уҳдадориҳое мебошад, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудаанд.
4. Ҳуқуқҳои сардори раёсат
34. Сардори раёсат ҳуқуқ дорад:
-самтҳои фаъолияти раёсатро таҳлил, оид ба такмили санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, фаъолияти раёсат, Хадамоти иҷро, соҳаи рақамикунонии истеҳсолоти иҷро ва бартараф намудани камбудиҳо таклиф пешниҳод намояд;
-дар бораи ворид намудан ба захираи кадрҳо, ҳавасмандгардонӣ ва ба ҷавобгарии интизомӣ кашидани кормандони раёсат ба сардори Хадамоти иҷро таклиф пешниҳод намояд;
-дар ҷаласаҳо, машваратҳо ва дигар чорабиниҳо, ки ба фаъолияти раёсат ва сардори раёсат дахл доранд ва қабули қарор аз рўйи онҳо, иштирок намояд;
-оид ба пешгирӣ ва бартараф намудани омилҳои коррупсионӣ дар раёсат, Хадамоти иҷро ва соҳаи истеҳсолоти иҷро таклиф пешниҳод намояд;
-маводҳои дахлдори дар ихтиёри Хадамоти иҷро қарордоштаро омўзад;
-аз воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказӣ, сохторҳои ҳудудии Хадамоти иҷро, мақомоти давлатии дахлдор маълумот ва маводи барои иҷрои уҳдадориҳои мансабӣ ва вазифаҳои раёсат заруриро бо тартиби муқарраргардида дархост карда гирад;
-аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ ба такмили ихтисос фаро гирифта шавад;
-ба роҳбарияти Хадамот барои дар ҷаласаҳои мушовара муҳокима намудани масъалаҳои муҳими фаъолияти раёсат пешниҳод манзур намояд;
-дар ҳолати ошкор намудани қонунвайронкунӣ ва камбудиҳо дар фаъолияти иҷрочиёни калон ва иҷрочиён ҷиҳати андешидани чораҳои интизомӣ, ба сардори Хадамоти иҷро таклиф пешниҳод менамояд;
-аз иҷрочиён маводҳои истеҳсолотҳои иҷро ва дигар ҳуҷҷатҳоро барои омӯзиш, санҷиш ва ҳалли масъалаҳое, ки ба самти рақамикунонии соҳа алоқамандӣ доранд, бе расонидани халал ба рафти истеҳсолоти иҷро талаб намояд;
-оид ба такмили дастурамали мансабии худ ва кормандони раёсат таклиф пешниҳод намояд.
35. Сардори раёсат дорои дигар ҳуқуқҳое мебошад, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудаанд.
5. Масъулияти сардори раёсат
36. Сардори раёсат дорои чунин масъулиятҳо мебошад:
-барои пешниҳод накардани маълумоти дуруст ҳангоми қабул ба хизмати давлатӣ, тартиб додан ва пешбурди парвандаи шахсии худ;
-барои риоя накардани маҳдудиятҳо ва дигар талаботе, ки қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ», «Дар бораи муқовимат ба коррупсия», «Дар бораи сирри давлатӣ», Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудаанд;
-барои риоя накардани муқаррароти қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак», «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ»;
-барои пешниҳод накардан ё пешниҳоди нодурусти эъломияҳо оид ба андоз аз даромад ва оид ба вазъи молумулкӣ дар муҳлатҳои муқарраргардида;
-барои ошкор намудани сирри хизматӣ, давлатӣ ва дигар сирре, ки бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифз карда мешаванд;
-барои риоя накардани интизоми меҳнат, қоидаҳои тартиботи дохилӣ ва талаботи шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ;
-барои ғайримақсаднок истифода бурдан, нобуд сохтан ё вайрон кардани моликияти давлатии вобастакардашуда;
-дигар масъулияте, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудаанд.
37. Сардори раёсат барои иҷро накардан ва ё ба таври дахлдор иҷро накардани муқаррароти Дастурамали мансабии мазкур тибқи тартиби муқарраргардидаи қонунгузорӣ ба ҷавобгарии интизомӣ кашида мешавад.
6. Муқаррароти хотимавӣ
38. Дастурамали мансабии мазкур дар ду нусха тартиб дода шуда, нусхаи якум дар шуъбаи коргузорӣ ва назорат нигоҳ дошта шуда, нусхаи дуюми он аз тарафи шуъбаи мазкур баъди бақайдгирӣ дар китоби бақайдгирии дастурамалҳои мансабӣ бо гирифтани имзо ба сардори раёсат супорида мешавад.
39. Ҳангоми тағйир ёфтани уҳдадориҳои мансабӣ ва ҳуқуқҳои хизматчии давлатии маъмурӣ аз рўйи натиҷаи баҳодиҳии фаъолияти солона, ҳангоми азнавташкилдиҳии раёсат ва ё Хадамоти иҷро ва дигар ҳолатҳое, ки боиси тағйир ёфтани Дастурамали мансабии сардори раёсат мегарданд, Дастурамали мансабии мазкур аз нав таҳия ва тасдиқ карда мешавад.
Дастурамали
мансабии муовини сардори раёсати рақамикунонии истеҳсолоти иҷрои Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
1.Муқаррароти умумӣ
1.Номи мансаб - муовини сардори раёсати раёсати рақамикунонии истеҳсолоти иҷрои Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
2.Мансаби мазкур тибқи Феҳристи мансабҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мансабҳои категорияи дуюм мансуб аст.
3.Муовини сардори раёсати рақамикунонии истеҳсолоти иҷрои Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд-муовини сардори раёсат) аз тарафи сардори Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд-сардори Хадамоти иҷро) мувофиқи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мансаб таъин ва аз мансаб озод карда мешавад.
4.Ишғолкунандаи мансаби мазкур ба сардори Хадамоти иҷро, муовинони ў тибқи тақсими вазифаҳо ва сардори раёсат тобеъ ва ҳисоботдиҳанда мебошад.
5.Дар давраи муваққатан ҳозир набудани муовини сардори раёсат иҷрои уҳдадориҳои мансабии ў ба сардори раёсат ва ҳангоми муваққатан ҳозир набудани сардори раёсат иҷрои уҳдадориҳои мансабии ў ба муовини сардори раёсат вогузор карда мешаванд.
6.Муовини сардори раёсат бо воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказӣ ва сохторҳои ҳудудии Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд-Хадамоти иҷро), мақомоти марказӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ва ташкилотҳо (минбаъд-мақомоти давлатӣ) дар доираи уҳдадориҳои мансабии худ тибқи тартиби муқарраргардида ҳамкорӣ менамояд.
2. Талаботи тахассусӣ
7.Барои ишғолкунандаи мансаби муовини сардори раёсат талаботи тахассусии зерин муқаррар карда мешавад:
-таҳсилоти олии касбии ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ, техникӣ, барномасозӣ, технологияҳои иттилоотӣ, ҳифзи маълумот, информатик, логистик;
-2 сол собиқаи хизмати давлатӣ дар мансабҳои категорияи сеюм ё 6 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 7 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
-донистани Конститутсия, қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии муовини сардори раёсатро ба танзим медароранд;
-донистани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
-донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ;
-малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон;
-малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
-малакаи кор бо компютер ва дигар технологияҳои иттилоотӣ, аз ҷумла кор карда тавонистан бо барномаҳои офисии Мicrosoft Word, Exсel, Power point;
-на камтар аз 1 маротиба дар 3 сол баланд бардоштани тахассуси касбӣ.
3. Уҳдадориҳои мансабии муовини сардори раёсат
8.Вобаста ба нақшаҳои кори раёсат ва Хадамоти иҷро ба сардори раёсат таклиф пешниҳод менамояд.
9.Масъули интизоми иҷроия ва маводи назоратӣ дар раёсат буда, маводҳои назоратиро баррасӣ менамояд ё дар мавриди зарурӣ барои баррасӣ ва корбарии минбаъда ба кормандони раёсат манзурӣ менамояд ва иҷрои онҳоро таъмин мекунад.
10.Лоиҳаи фармоишҳо, санадҳои меъёрии ҳуқуқии ба фаъолияти раёсат дахлдоштаро таҳия ва пешниҳод, лоиҳаи фармоишҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии аз тарафи дигар воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказӣ ва сохторҳои ҳудудии Хадамоти иҷро, мақомоти давлатӣ барои мувофиқа пешниҳодкардашударо мустақилона ё дар якҷоягӣ бо дигар кормандони раёсат баррасӣ намуда, хулосаи раёсат ё Хадамоти иҷроро омода менамояд.
11.Лоиҳаи тавсияҳои методии татбиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии ба фаъолияти раёсат дахлдоштаро мустақилона ё дар якҷоягӣ бо дигар кормандони раёсат таҳия ва пешниҳод, лоиҳаи тавсияҳои методии омоданамудаи дигар воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказӣ ва сохторҳои ҳудудиро мустақилона ё дар якҷоягӣ бо кормандони раёсат баррасӣ намуда, хулосаи раёсатро омода менамояд.
12.Ба сохторҳои ҳудудии Хадамоти иҷро дар татбиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи истеҳсолоти иҷро тибқи тартиби муқарраргардида дар доираи масъалаҳои фаъолияти раёсат кумаки методӣ мерасонад.
13.Муроҷиаткунандагонро тибқи тартиби муқарраргардида шахсан қабул намуда, муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро баррасӣ намуда, ҷавоб омода менамояд.
14.Ҳисоботи оморӣ оид ба натиҷаҳои фаъолияти шуъбаҳо ва бахшҳои Хадамоти иҷро дар ҷумҳурӣ, судҳои иқтисодӣ ва ҳарбиро дар самти рақамикунонии истеҳсолоти иҷро ҳар моҳ таҳлил намуда, ба сардори раёсат пешниҳод менамояд.
15.Дар санҷиши фаъолияти сохторҳои ҳудудии Хадамоти иҷро оид ба риояи санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи истеҳсолоти иҷро тибқи тартиби муқарраргардида иштирок ва аз натиҷаи санҷишҳо барои бартараф намудани камбудиҳои фаъолияти сохторҳои ҳудудӣ оид ба иҷрои талаботи ҳуҷҷатҳои иҷро санад (гузориш) пешниҳод менамояд.
16.Дар мувофиқа бо сардори Хадамоти иҷро, муовинони ӯ ва сардори раёсат Хадамотро дар дигар мақомоту ташкилотҳои давлатӣ муаррифӣ менамояд.
17.Ба кормандони раёсат дар доираи уҳдадориҳои мансабиашон супоришҳо медиҳад ва иҷрои саривақтии онҳоро назорат менамояд.
18.Ҷиҳати пешгирии омилҳои коррупсионӣ дар раёсат тадбирҳои зерин меандешад:
-ба фаъолияти кормандони раёсат барои пешгирӣ ва содир накардани амалҳои коррупсионӣ назорат менамояд;
-татбиқи меъёрҳои рафтори хизматчиёни давлатиро, ки бо Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар гардидааст, таъмин менамояд;
-дар ҳолати ошкор гардидани амали коррупсионӣ дар доираи салоҳияти худ ба роҳбарияти Хадамоти иҷро, сардори раёсат ва ё мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба тариқи хаттӣ хабар медиҳад ва ҳамкорӣ менамояд.
19.Тибқи тартиби муқарраргардида дар кори комиссияҳо, гурўҳҳои корӣ, ҷаласаҳо, машваратҳо, семинарҳо ва дигар чорабиниҳои Хадамоти иҷро ва мақомоти давлатии дахлдор иштирок ва уҳдадориҳои вогузоршударо иҷро менамояд.
20.Дар тарғиби соҳаи истеҳсолоти иҷро, аз ҷумла тариқи воситаҳои ахбори омма дар мувофиқа бо роҳбарияти Хадамоти иҷро ва сардори раёсат иштирок мекунад.
21.Оид ба натиҷаҳои фаъолияти семоҳа, нимсола, нуҳмоҳа ва солонаи раёсат ва ҳангоми баҳогузории фаъолияти худ дар муҳлатҳои муқарраргардида ҳисобот пешниҳод менамояд.
22.Фаъолияти шуъбаҳо ва бахшҳои Хадамоти иҷро дар ҷумҳурӣ, судҳои иқтисодӣ ва ҳарбиро дар самти рақамикунонии истеҳсолоти иҷро назорат, таҳлил ва ҷамъбаст намуда, ба онҳо дар доираи ваколатҳои худ ёрӣ ва кумакҳои методӣ мерасонад.
23.Дигар супоришҳои роҳбарияти Хадамоти иҷроро тибқи тартиби муқарраргардида иҷро менамояд.
24.Муовини сардори раёсат дорои дигар уҳдадориҳое мебошад, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудаанд.
4. Ҳуқуқҳои муовини сардори раёсат
25.Муовини сардори раёсат ҳуқуқ дорад:
-самтҳои фаъолияти раёсатро таҳлил, оид ба такмили санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, фаъолияти раёсат, Хадамоти иҷро, соҳаи истеҳсолоти иҷро ва бартараф намудани камбудиҳо таклиф пешниҳод намояд;
-дар бораи ворид намудан ба захираи кадрҳо, ҳавасмандгардонӣ ва ба ҷавобгарии интизомӣ кашидани кормандони раёсат ба сардори раёсат таклиф пешниҳод намояд;
-дар ҷаласаҳо, машваратҳо ва дигар чорабиниҳо, ки ба фаъолияти раёсат ва муовини сардори раёсат дахл доранд ва қабули қарор аз рўи онҳо, иштирок намояд;
-оид ба пешгирӣ ва бартараф намудани омилҳои коррупсионӣ дар раёсат, Хадамоти иҷро ва соҳаи истеҳсолоти иҷро таклиф пешниҳод намояд;
-маводҳои дахлдори дар ихтиёри Хадамоти иҷро қарордоштаро омўзад;
-аз воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказӣ, сохторҳои ҳудудии Хадамоти иҷро, мақомоти давлатии дахлдор маълумот ва маводи барои иҷрои уҳдадориҳои мансабӣ ва вазифаҳои раёсат заруриро бо тартиби муқарраргардида дархост карда гирад;
-аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ ба такмили ихтисос фаро гирифта шавад;
-ба роҳбарияти Хадамот барои дар ҷаласаҳои мушовара муҳокима намудани масъалаҳои муҳими фаъолияти раёсат пешниҳод манзур намояд;
-дар ҳолати ошкор намудани қонунвайронкунӣ ва камбудиҳо дар фаъолияти сардорони шуъба, мудирои бахш, иҷрочиёни калон ва иҷрочиён дар самти рақамикунонии истеҳсолоти иҷро ҷиҳати андешидани чораҳои интизомӣ, ба сардори Хадамоти иҷро ва сардори раёсат таклиф пешниҳод менамояд;
-аз иҷрочиён маводҳои истеҳсолотҳои иҷро ва дигар ҳуҷҷатҳоро барои омӯзиш, санҷиш ва ҳалли масъалаҳое, ки ба иҷрои ҳуҷҷатҳои иҷро алоқамандӣ доранд, бе расонидани халал ба рафти истеҳсолоти иҷро талаб намояд;
-дар таҳия ва такмили лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи истеҳсолоти иҷро иштирок намояд;
-оид ба такмили дастурамали мансабии худ ва кормандони раёсат таклиф пешниҳод намояд.
26.Муовини сардори раёсат дорои дигар ҳуқуқҳое мебошад, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудаанд.
5. Масъулияти муовини сардори раёсат
27.Муовини сардори раёсат дорои чунин масъулиятҳо мебошад:
-барои пешниҳод накардани маълумоти дуруст ҳангоми қабул ба хизмати давлатӣ, тартиб додан ва пешбурди парвандаи шахсии худ;
-барои риоя накардани маҳдудиятҳо ва дигар талаботе, ки қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ», «Дар бораи муқовимат ба коррупсия», Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудаанд;
-барои риоя накардани муқаррароти қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак», «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ»;
-барои пешниҳод накардан ё пешниҳоди нодурусти эъломияҳо оид ба андоз аз даромад ва оид ба вазъи молумулкӣ дар муҳлатҳои муқарраргардида;
-барои ошкор намудани сирри хизматӣ, давлатӣ ва дигар сирре, ки бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифз карда мешаванд;
-барои риоя накардани интизоми меҳнат, қоидаҳои тартиботи дохилӣ ва талаботи шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ;
-барои ғайримақсаднок истифода бурдан, нобуд сохтан ё вайрон кардани моликияти давлатии вобастакардашуда;
-дигар масъулияте, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудаанд.
28.Муовини сардори раёсат барои иҷро накардан ва ё ба таври дахлдор иҷро накардани муқаррароти Дастурамали мансабии мазкур тибқи тартиби муқарраргардидаи қонунгузорӣ ба ҷавобгарии интизомӣ кашида мешавад.
6. Муқаррароти хотимавӣ
29.Дастурамали мансабии мазкур дар ду нусха тартиб дода шуда, нусхаи якум дар шуъбаи коргузорӣ ва назорат нигоҳ дошта шуда, нусхаи дуюми он аз тарафи шуъбаи мазкур баъди бақайдгирӣ дар китоби бақайдгирии дастурамалҳои мансабӣ бо гирифтани имзо ба муовини сардори раёсат супорида мешавад.
30.Ҳангоми тағйир ёфтани уҳдадориҳои мансабӣ ва ҳуқуқҳои хизматчии давлатии маъмурӣ аз рўи натиҷаи баҳодиҳии фаъолияти солона, ҳангоми азнавташкилдиҳии раёсат ва ё Хадамоти иҷро ва дигар ҳолатҳое, ки боиси тағйир ёфтани Дастурамали мансабии муовини сардори раёсат мегарданд, Дастурамали мансабии мазкур аз нав таҳия ва тасдиқ карда мешавад.
Дастурамали
мансабии муовини сардори раёсати феҳристи қарздорон ва татбиқи маҳдудиятҳои Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Муқаррароти умумӣ
1.Номи мансаб - муовини сардори раёсати феҳристи қарздорон ва татбиқи маҳдудиятҳои Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикисон.
2.Мансаби мазкур тибқи Феҳристи мансабҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мансабҳои категорияи дуюм мансуб аст.
3.Муовини сардори раёсати феҳристи қарздорон ва татбиқи маҳдудиятҳои Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикисон (минбаъд-муовини сардори раёсат) аз тарафи сардори Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд-сардори Хадамоти иҷро) мувофиқи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мансаб таъин ва аз мансаб озод карда мешавад.
4.Ишғолкунандаи мансаби мазкур ба сардори Хадамоти иҷро, муовинону ӯ тибқи тақсими вазифаҳо ва сардори раёсат тобеъ ва ҳисоботдиҳанда мебошад.
5.Дар давраи муваққатан ҳозир набудани муовини сардори раёсат иҷрои уҳдадориҳои мансабии ӯ ба зиммаи сардори раёсат ва ҳангоми муваққатан ҳозир набудани сардори раёсат иҷрои уҳдадориҳои мансабии ӯ ба зиммаи муовини сардори раёсат вогузор карда мешавад.
6.Муовини сардори раёсат бо воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказӣ ва сохторҳои ҳудудии Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд-Хадамоти иҷро), мақомоти марказӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ва ташкилотҳо (минбаъд-мақомоти давлатӣ) дар доираи уҳдадориҳои мансабии худ тибқи тартиби муқарраргардида ҳамкорӣ менамояд.
2. Талаботи тахассусӣ
7.Барои ишғолкунандаи мансаби муовини сардори раёсат талаботи тахассусии зерин муқаррар карда мешавад:
-таҳсилоти олии касбии ҳуқуқшиносӣ, таърих ва ҳуқуқ, идораи давлат ва ҳуқуқ ва дигар ихтисосҳои мувофиқ;
-2 сол собиқаи хизмати давлатӣ дар мансабҳои категорияи сеюм ё 6 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 7 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
-донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ;
-донистани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
-донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии муовини сардори раёсатро ба танзим медароранд;
-малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон;
-малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
-малакаи кор бо компютер ва дигар технологияҳои иттилоотӣ, аз ҷумла кор карда тавонистан бо барномаҳои офисии Мicrosoft Word, Exсel, Power point;
-на камтар аз 1 маротиба дар 3 сол баланд бардоштани тахасуси касбӣ.
3. Уҳдадориҳои мансабии муовини сардори раёсат
8.Муовини сардори раёсат ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ дорои уҳдадориҳои зерини мансабӣ мебошад:
-вобаста ба нақшаҳои кори раёсат ва Хадамоти иҷро ба сардори раёсат таклиф пешниҳод менамояд;
-масъули интизоми иҷроия ва маводи назоратӣ дар раёсат буда, маводҳои назоратиро баррасӣ менамояд ё дар мавриди зарурӣ барои баррасӣ ва корбарии минбаъда ба кормандони раёсат манзурӣ менамояд ва иҷрои онҳоро таъмин мекунад.
-лоиҳаи фармоишҳо, санадҳои меъёрии ҳуқуқии ба фаъолияти раёсат дахлдоштаро таҳия ва пешниҳод, лоиҳаи фармоишҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии аз тарафи дигар воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказӣ ва сохторҳои ҳудудии Хадамоти иҷро, мақомоти давлатӣ барои мувофиқа пешниҳодкардашударо мустақилона ё дар якҷоягӣ бо дигар кормандони раёсат баррасӣ намуда, хулосаи раёсат ё Хадамоти иҷроро омода менамояд.
-лоиҳаи тавсияҳои методии татбиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии ба фаъолияти раёсат дахлдоштаро мустақилона ё дар якҷоягӣ бо дигар кормандони раёсат таҳия ва пешниҳод, лоиҳаи тавсияҳои методии омоданамудаи дигар воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказӣ ва сохторҳои ҳудудиро мустақилона ё дар якҷоягӣ бо кормандони раёсат баррасӣ намуда, хулосаи раёсатро омода менамояд.
-ба сохторҳои ҳудудии Хадамоти иҷро дар татбиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи истеҳсолоти иҷро тибқи тартиби муқарраргардида дар доираи масъалаҳои фаъолияти раёсат кумаки методӣ мерасонад.
-феҳристи ягонаи давлатии қарздоронро дар шакли қоғазӣ ва электронӣ пеш мебарад;
-муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро баррасӣ намуда, ҷавоб омода менамояд.
-ҳуҷҷатҳо дар самти муваққатан маҳдуд намудани баромада рафтани қарздор аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба феҳристи ягонаи давлатии қарздорон ворид намудани маълумот нисбат ба қарздор ва ҳуҷҷатҳои хориҷкунӣ дар ин самтҳо, инчунин дигар ҳуҷҷатҳои ба раёсат воридгардидаро баррасӣ ва иҷро намояд.
-фаъолияти сохторҳои ҳудудии Хадамоти иҷро оид ба риояи санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи истеҳсолоти иҷро хусусан дар самти феҳристи ягонаи давлатии қарздорон ва муваққатан маҳдуд намудани баромада равфтани қарздорон аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон санҷида, аз натиҷаи санҷиш барои бартараф намудани камбудиҳои фаъолияти сохторҳои ҳудудӣ санад (гузориш) пешниҳод менамояд.
-дар мувофиқа бо сардори Хадамоти иҷро, муовинони ӯ ва сардори раёсат Хадамотро дар дигар мақомоту ташкилотҳои давлатӣ муаррифӣ менамояд.
-ба кормандони раёсат дар доираи уҳдадориҳои мансабиашон супоришҳо медиҳад ва иҷрои саривақтии онҳоро назорат менамояд.
9.Ҷиҳати пешгирии омилҳои коррупсионӣ дар раёсат тадбирҳои зерин меандешад:
-ба фаъолияти кормандони раёсат барои пешгирӣ ва содир накардани амалҳои коррупсионӣ назорат менамояд;
-татбиқи меъёрҳои рафтори хизматчиёни давлатиро, ки бо Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар гардидааст, таъмин менамояд;
-дар ҳолати ошкор гардидани амали коррупсионӣ дар доираи салоҳияти худ ба роҳбарияти Хадамоти иҷро, сардори раёсат ва ё мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба тариқи хаттӣ хабар медиҳад ва ҳамкорӣ менамояд.
9.Тибқи тартиби муқарраргардида дар кори комиссияҳо, гурўҳҳои корӣ, ҷаласаҳо, машваратҳо, семинарҳо ва дигар чорабиниҳои Хадамоти иҷро ва мақомоти давлатии дахлдор иштирок ва уҳдадориҳои вогузоршударо иҷро менамояд.
10.Дар тарғиби соҳаи истеҳсолоти иҷро, аз ҷумла тариқи воситаҳои ахбори омма дар мувофиқа бо роҳбарияти Хадамоти иҷро ва сардори раёсат иштирок мекунад.
11.Оид ба натиҷаҳои фаъолияти семоҳа, нимсола, нуҳмоҳа ва солонаи раёсат ва ҳангоми баҳогузории фаъолияти худ дар муҳлатҳои муқарраргардида ҳисобот пешниҳод менамояд.
12.Фаъолияти кории шуъбаҳо ва бахшҳои Хадамоти иҷро дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, судҳои иқтисодӣ ва ҳарбиро дар самти феҳристи ягонаи давлатии қарздорон ва муваққатан маҳдуд намудани баромада рафтани қарздорон аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон назорат, таҳлил ва ҷамъбаст намуда, ба онҳо дар доираи ваколатҳои худ ёрӣ ва кумакҳои методӣ мерасонад.
13.Дигар супоришҳои роҳбарияти Хадамоти иҷроро тибқи тартиби муқарраргардида иҷро менамояд.
14.Муовини сардори раёсат дорои дигар уҳдадориҳое мебошад, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудаанд.
4. Ҳуқуқҳои муовини сардори раёсат
15.Муовини сардори раёсат ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ дорои ҳуқуқҳои зерин мебошад:
-самтҳои фаъолияти раёсатро таҳлил, оид ба такмили санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, фаъолияти раёсат, Хадамоти иҷро, соҳаи истеҳсолоти иҷро ва бартараф намудани камбудиҳо таклиф пешниҳод намояд;
-дар бораи ворид намудан ба захираи кадрҳо, ҳавасмандгардонӣ ва ба ҷавобгарии интизомӣ кашидани кормандони раёсат ба сардори раёсат таклиф пешниҳод намояд;
-дар ҷаласаҳо, машваратҳо ва дигар чорабиниҳо, ки ба фаъолияти раёсат ва муовини сардори раёсат дахл доранд ва қабули қарор аз рўи онҳо, иштирок намояд;
-оид ба пешгирӣ ва бартараф намудани омилҳои коррупсионӣ дар раёсат, Хадамоти иҷро ва соҳаи истеҳсолоти иҷро таклиф пешниҳод намояд;
-маводи дар ихтиёри раёсат қарордоштаро омўзад;
-аз воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказӣ, сохторҳои ҳудудии Хадамоти иҷро, мақомоти давлатии дахлдор маълумот ва маводи барои иҷрои уҳдадориҳои мансабӣ ва вазифаҳои раёсат заруриро бо тартиби муқарраргардида дархост карда гирад;
-аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ ба такмили ихтисос фаро гирифта шавад;
-ба роҳбарияти Хадамот барои дар ҷаласаҳои мушовара муҳокима намудани масъалаҳои муҳими фаъолияти раёсат пешниҳод манзур намояд;
-дар ҳолати ошкор намудани қонунвайронкунӣ ва камбудиҳо дар фаъолияти сардорони шуъбаҳо, бахшҳо, иҷрочиёни калон ва иҷрочиён ҷиҳати андешидани чораҳои интизомӣ, ба сардори Хадамоти иҷро ва сардори раёсат таклиф пешниҳод менамояд;
-аз иҷрочиёни Хадамоти иҷро маводҳои истеҳсолотҳои иҷро ва дигар ҳуҷҷатҳоро барои омӯзиш, санҷиш ва ҳалли масъалаҳое, ки ба иҷрои ҳуҷҷатҳои иҷро алоқамандӣ доранд, бе расонидани халал ба рафти истеҳсолоти иҷро талаб намояд;
-дар таҳия ва такмили лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи истеҳсолоти иҷро иштирок намояд;
-оид ба такмили дастурамали мансабии худ ва кормандони раёсат таклиф пешниҳод намояд.
16.Муовини сардори раёсат дорои дигар ҳуқуқҳое мебошад, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудаанд.
5. Масъулияти муовини сардори раёсат
17.Муовини сардори раёсат дорои чунин масъулиятҳо мебошад:
-пешниҳод накардани маълумоти дуруст ҳангоми қабул ба хизмати давлатӣ, тартиб додан ва пешбурди парванаи шахсии худ;
-барои риоя накардани маҳдудиятҳо ва дигар талаботе, ки қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ», «Дар бораи муқовимат ба коррупсия», Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудаанд;
-барои риоя накардани муқаррароти қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кўдак», «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ»;
-барои пешниҳод накардан ё пешниҳоди нодурусти эъломияҳо оид ба андоз аз даромад ва оид ба вазъи молумулкӣ дар муҳлатҳои муқарраргардида;
-барои ошкор намудани сирри хизматӣ, давлатӣ ва дигар сирре, ки бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифз карда мешаванд;
-барои риоя накардани интизоми меҳнат, қоидаҳои тартиботи дохилӣ ва талаботи шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ;
-барои ғайримақсаднок истифода бурдан, нобуд сохтан ё вайрон кардани моликияти давлатии вобастакардашуда;
-дигар масъулияте, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудаанд.
18.Муовини сардори раёсат барои иҷро накардан ва ё ба таври дахлдор иҷро накардани муқаррароти Дастурамали мансабии мазкур тибқи тартиби муқарраргардидаи қонунгузорӣ ба ҷавобгарии интизомӣ кашида мешавад.
6. Муқаррароти хотимавӣ
19.Дастурамали мансабии мазкур дар ду нусха тартиб дода шуда, нусхаи якум дар шуъбаи коргузорӣ ва назорат нигоҳ дошта шуда, нусхаи дуюми он аз тарафи шуъбаи мазкур баъди бақайдгирӣ дар китоби бақайдгирии дастурамалҳои мансабӣ бо гирифтани имзо ба муовини сардори раёсат супорида мешавад.
20. Ҳангоми тағйир ёфтани уҳдадориҳои мансабӣ ва ҳуқуқи хизматчии давлатии маъмурӣ аз рўи натиҷаи аттестатсия ё баҳодиҳии фаъолияти солона, инчунин ҳангоми азнавташкилдиҳии раёсат ва ё Хадамоти иҷро ва дигар ҳолатҳое, ки боиси тағйир ёфтани Дастурамали мансабии муовини сардори раёсат мегарданд, Дастурамали мансабии мазкур аз нав таҳия ва тасдиқ карда мешавад.
Дастурамали
мансабии сармутахассиси раёсати рақамикунонии истеҳсолоти иҷрои Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Муқаррароти умумӣ
1. Номи мансаб, сармутахассиси раёсати рақамикунонии истеҳсолоти иҷрои Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
2. Мансаби мазкур тибқи Феҳристи мансабҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мансабҳои категорияи панҷум мансуб буда, аз тарафи Сардори Хадамот бо риояи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мансаб таъин ва озод мегардад.
3.Сармутахассиси раёсати рақамикунонии истеҳсолоти иҷрои Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд-сармутахассиси раёсат-1) аз тарафи сардори Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд-сардори Хадамоти иҷро) мувофиқи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мансаб таъин ва аз мансаб озод карда мешавад.
4.Ишғолкунандаи мансаби мазкур ба сардори раёсат тобеъ ва ҳисоботдиҳанда мебошад.
5.Дар давраи муваққатан ҳозир набудани сармутахассиси раёсат-1 иҷрои уҳдадориҳои мансабии ў ба сармутахассиси раёсат-2 ва ҳангоми муваққатан ҳозир набудани сармутахассиси раёсат-2 иҷрои уҳдадориҳои мансабии ў ба сармутахассиси раёсат-1 вогузор карда мешаванд.
6.Сармутахассиси раёсат-1 бо воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказӣ ва сохторҳои ҳудудии Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд-Хадамоти иҷро), мақомоти марказӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ва ташкилотҳо (минбаъд-мақомоти давлатӣ) дар доираи уҳдадориҳои мансабии худ тибқи тартиби муқарраргардида ҳамкорӣ менамояд.
2. Талаботи тахассусӣ
7. Сармутахассиси раёсат-1 аз тарафи Сардори Хадамот бо риояи талаботҳои тахассусии зерин ба мансаб таъин карда мешавад:
-донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки иҷрои ўҳдадориҳои мансабии хизматчии давлатиро ба танзим медароранд;
-донистани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
-малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
- таҳсилоти олии касбии ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ, техникӣ, барномасозӣ, технологияҳои иттилоотӣ, ҳифзи маълумот, информатик, логистик (ба таҳсилоти олии дараҷаи магистр бартарӣ дода мешавад);
-2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи кории умумии меҳнат;
-на камтар аз 1 маротиба дар 3 сол баланд бардоштани тахассуси касбӣ;
-малакаи кор бо компютер ва дигар технологияҳои иттилоотӣ, истифодабарии техника ва технологияҳои муосир аз ҷумла барномаҳои компютерӣ.
- Сармутахассиси раёсат-1 бояд ба талаботи махсус, яъне мавҷудияти дониш ва малака барои истифодабарии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ ҷавобгў бошад.
3. Уҳдадориҳои мансабии сармутахассиси раёсат-1
8.Иҷрои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, консепсияҳо, стратегияҳо, барномаҳо ва нақшаҳои кории ба фаъолияти раёсат дахлдоштаро ташкил, таъмин ва назорат менамояд.
9.Ба Лоиҳаи нақшаҳои кори Хадамоти иҷро дар доираи ваколатҳои худ таклиф пешниҳод менамояд.
10.Риояи интизоми иҷроия, меҳнатӣ ва қоидаҳои тартиботи дохилиро дар раёсат ташкил ва назорат менамояд.
11.Лоиҳаи фармоишҳо, санадҳои меъёрии ҳуқуқии ба фаъолияти раёсат дахлдоштаро таҳия ва пешниҳод, лоиҳаи фармоишҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии аз тарафи воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказӣ ва сохторҳои ҳудудии Хадамоти иҷро, мақомоти давлатӣ барои мувофиқа пешниҳодкардашударо мустақилона ё дар якҷоягӣ бо дигар кормандони раёсат баррасӣ намуда, хулосаи раёсат ё Хадамоти иҷроро омода менамояд.
12.Лоиҳаи тавсияҳои методии татбиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии ба фаъолияти раёсат дахлдоштаро мустақилона ё дар якҷоягӣ бо дигар кормандони раёсат таҳия ва пешниҳод, лоиҳаи тавсияҳои методии омоданамудаи дигар воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказӣ ва сохторҳои ҳудудиро мустақилона ё дар якҷоягӣ бо кормандони раёсат баррасӣ намуда, хулосаи раёсатро омода менамояд.
13.Ба сохторҳои ҳудудии Хадамоти иҷро дар татбиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи истеҳсолоти иҷро дар самти рақамикунонӣ тибқи тартиби муқарраргардида дар доираи масъалаҳои фаъолияти раёсат кумаки методӣ мерасонад.
14.Муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро баррасӣ намуда, ҷавоб омода менамояд.
15. Ҷиҳати қабули қарор дар хусуси бекор кардан, таҷдиди назар намудан ё махдуд сохтани муҳлати амали ҳуҷҷатҳои меъёрии техникӣ, ки хилофи талаботи санандҳои ҳуқуқӣ ва стандартҳои давлатӣ мебошанд таклиф пешниҳод менамояд.
16.Дар санҷиши фаъолияти сохторҳои ҳудудии Хадамоти иҷро оид ба риояи санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи истеҳсолоти иҷро дар самти рақамикунонӣ тибқи тартиби муқарраргардида иштирок ва аз натиҷаи санҷишҳо барои бартараф намудани камбудиҳои фаъолияти сохторҳои ҳудудӣ санад (гузориш) пешниҳод менамояд.
17.Дар мувофиқа бо сардори Хадамоти иҷро, муовинони ӯ, сардори раёсат Хадамотро дар дигар мақомоту ташкилотҳои давлатӣ муаррифӣ менамояд.
18.Тибқи тартиби муқарраргардида дар кори комиссияҳо, гурўҳҳои корӣ, ҷаласаҳо, машваратҳо, семинарҳо ва дигар чорабиниҳои Хадамоти иҷро ва мақомоти давлатии дахлдор иштирок ва уҳдадориҳои вогузоршударо иҷро менамояд.
19.Дар тарғиби соҳаи истеҳсолоти иҷро, аз ҷумла тариқи воситаҳои ахбори омма иштирок мекунад.
20.Оид ба натиҷаҳои фаъолияти семоҳа, нимсола, нуҳмоҳа ва солонаи раёсат ва ҳангоми баҳогузории фаъолияти худ дар муҳлатҳои муқарраргардида ҳисобот пешниҳод менамояд.
21.Дар ҳамкорӣ бо сохторҳои ҳудудии Хадамот масъалаҳои мақсаднок васеъгардонӣ ва навсозии (инноватсионии) техникию технологияҳои муосири сохторҳои ҳудудиро мавриди баррасӣ қарор медиҳад.
22.Дигар супоришҳои роҳбарияти Хадамоти иҷроро тибқи тартиби муқарраргардида иҷро менамояд.
23. Дар якчоягӣ бо кормандони раёсат ҷиҳати такмил, бартараф намудани мушкилиҳои мавҷудаи Хадамот ва сохторҳои ҳудудии он дар самти рақамикунонии соҳа пешниҳодҳо манзур менамояд.
24. Сармутахассиси раёсат-1 дорои дигар уҳдадориҳое мебошад, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудаанд.
4. Ҳуқуқҳои сармутахассиси раёсат
25. Сармутахассиси раёсат-1 ҳуқуқҳои зерин дорад:
-самтҳои фаъолияти раёсатро таҳлил, оид ба такмили санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, фаъолияти раёсат, Хадамоти иҷро, соҳаи рақамикунонии истеҳсолоти иҷро ва бартараф намудани камбудиҳо таклиф пешниҳод намояд;
-дар ҷаласаҳо, машваратҳо ва дигар чорабиниҳо, ки ба фаъолияти раёсат ва сармутахассиси раёсат дахл доранд ва қабули қарор аз рўи онҳо, иштирок намояд;
-оид ба пешгирӣ ва бартараф намудани омилҳои коррупсионӣ дар раёсат, Хадамоти иҷро ва соҳаи истеҳсолоти иҷро таклиф пешниҳод намояд;
-маводҳои дахлдори дар ихтиёри Хадамоти иҷро қарордоштаро омўзад;
-аз воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказӣ, сохторҳои ҳудудии Хадамоти иҷро, мақомоти давлатии дахлдор маълумот ва маводи барои иҷрои уҳдадориҳои мансабӣ ва вазифаҳои раёсат заруриро бо тартиби муқарраргардида дархост карда гирад;
-аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ ба такмили ихтисос фаро гирифта шавад;
-аз иҷрочиён маводҳои истеҳсолотҳои иҷро ва дигар ҳуҷҷатҳоро барои омӯзиш, санҷиш ва ҳалли масъалаҳое, ки ба самти рақамикунонии соҳа алоқамандӣ доранд, бе расонидани халал ба рафти истеҳсолоти иҷро талаб намояд;
-оид ба такмили дастурамали мансабии худ таклиф пешниҳод намояд.
26. Сармутахассиси раёсат-1 дорои дигар ҳуқуқҳое мебошад, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудаанд.
5.Масъулияти сармутахассиси раёсат-1
27.Сармутахассиси раёсат-1 дорои чунин масъулиятҳо мебошад:
-барои пешниҳод накардани маълумоти дуруст ҳангоми қабул ба хизмати давлатӣ, тартиб додан ва пешбурди парвандаи шахсии худ;
-барои риоя накардани маҳдудиятҳо ва дигар талаботе, ки қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ», «Дар бораи муқовимат ба коррупсия», Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудаанд;
-барои риоя накардани муқаррароти қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак», «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ»;
-барои пешниҳод накардан ё пешниҳоди нодурусти эъломияҳо оид ба андоз аз даромад ва оид ба вазъи молумулкӣ дар муҳлатҳои муқарраргардида;
-барои ошкор намудани сирри хизматӣ, давлатӣ ва дигар сирре, ки бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифз карда мешаванд;
-барои риоя накардани интизоми меҳнат, қоидаҳои тартиботи дохилӣ ва талаботи шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ;
-барои ғайримақсаднок истифода бурдан, нобуд сохтан ё вайрон кардани моликияти давлатии вобастакардашуда;
-дигар масъулияте, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудаанд.
28. сармутахассиси раёсат-1 барои иҷро накардан ва ё ба таври дахлдор иҷро накардани муқаррароти Дастурамали мансабии мазкур тибқи тартиби муқарраргардидаи қонунгузорӣ ба ҷавобгарии интизомӣ кашида мешавад.
6.Муқаррароти хотимавӣ
29.Дастурамали мансабии мазкур дар ду нусха тартиб дода шуда, нусхаи якум дар шуъбаи коргузорӣ ва назорат нигоҳ дошта шуда, нусхаи дуюми он аз тарафи шуъбаи мазкур баъди бақайдгирӣ дар китоби бақайдгирии дастурамалҳои мансабӣ бо гирифтани имзо ба сармутахассиси раёсат-1 супорида мешавад.
30.Ҳангоми тағйир ёфтани уҳдадориҳои мансабӣ ва ҳуқуқҳои хизматчии давлатии маъмурӣ аз рўи натиҷаи баҳодиҳии фаъолияти солона, ҳангоми азнавташкилдиҳии раёсат, раёсат ва ё Хадамоти иҷро ва дигар ҳолатҳое, ки боиси тағйир ёфтани Дастурамали мансабии сармутахассиси раёсат-1 мегарданд, Дастурамали мансабии мазкур аз нав таҳия ва тасдиқ карда мешавад.
Дастурамали
мансабии мутахассиси пешбари раёсати рақамикунонии истеҳсолоти иҷрои Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Муқаррароти умумӣ
1. Номи мансаб, мутахассиси пешбари раёсати рақамикунонии истеҳсолоти иҷро.
2. Мансаби мазкур тибқи Феҳристи мансабҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мансабҳои категорияи шашум мансуб буда, мутахассиси пешбари раёсати рақамикунонии истеҳсолоти иҷрои Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд-мутахассиси пешбари раёсат-1) аз тарафи сардори Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд-сардори Хадамоти иҷро) мувофиқи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мансаб таъин ва аз мансаб озод карда мешавад.
3. Ишғолкунандаи мансаби мазкур ба сардори раёсат тобеъ ва ҳисоботдиҳанда мебошад.
4. Дар давраи муваққатан ҳозир набудани мутахассиси пешбари раёсат-1 иҷрои уҳдадориҳои мансабиаш ба зиммаи мутахассиси пешбари раёсат-2 ва дар давраи муваққатан ҳозир набудани мутахассис пешбари раёсат-2 иҷрои уҳдадориҳои мансабиаш ба зиммаи мутахассиси пешбари раёсат-1 вогузор карда мешавад.
5. Мутахассиси пешбари раёсат-1 бо роҳбарони воҳидҳои сохтории Хадамот, сохторҳои ҳудудии он, воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии маҳаллӣ ҳамкорӣ менамояд.
2. Талаботи тахассусӣ
6. Барои мансаби мутахассиси пешбари раёсат-1 талаботи тахассусии зерин муқаррар карда мешавад:
- таҳсилоти олии касбии ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ, техникӣ, барномасозӣ, технологияҳои иттилоотӣ, ҳифзи маълумот, информатик, логистик;
-1 сол собиқаи кории умумии меҳнат;
-донистани таърих, фарҳанг, муқадасоти миллӣ, забони давлатӣ, як забони хориҷӣ;
-донистани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
-донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии мутахассиси пешбари раёсатро ба танзим медароранд;
-мавҷудияти малакаи хуби муошират аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
-на камтар аз 1 маротиба дар 3 сол баланд бардоштани тахассуси касбӣ;
-малакаи кор бо компютер ва дигар технологияҳои иттилоотӣ, истифодабарии техника ва технологияҳои муосир аз ҷумла барномаҳои компютерӣ;
7. Мутахассиси пешбари раёсат-1 бояд ба талаботи махсус, яъне мавҷудияти дониш ва малака барои истифодабарии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ ҷавобгў бошад.
3. Уҳдадориҳои мансабии мутахассиси пешбари раёсат
7.Иҷрои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, консепсияҳо, стратегияҳо, барномаҳо ва нақшаҳои кории ба фаъолияти раёсат дахлдоштаро ташкил, таъмин ва назорат менамояд.
8.Ба лоиҳаи нақшаҳои кори Хадамоти иҷро дар доираи ваколатҳои худ таклиф пешниҳод менамояд.
9.Лоиҳаи фармоишҳо, санадҳои меъёрии ҳуқуқии ба фаъолияти раёсат дахлдоштаро таҳия ва пешниҳод, лоиҳаи фармоишҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии аз тарафи воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказӣ ва сохторҳои ҳудудии Хадамоти иҷро, мақомоти давлатӣ барои мувофиқа пешниҳодкардашударо мустақилона ё дар якҷоягӣ бо дигар кормандони раёсат баррасӣ намуда, хулосаи раёсат ё Хадамоти иҷроро омода менамояд.
10.Лоиҳаи тавсияҳои методии татбиқи санадҳои меъёрии ёҳуқуқии ба фаъолияти раёсат дахлдоштаро мустақилона ё дар якҷоягӣ бо дигар кормандони раёсат таҳия ва пешниҳод, лоиҳаи тавсияҳои методии омоданамудаи дигар воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказӣ ва сохторҳои ҳудудиро мустақилона ё дар якҷоягӣ бо кормандони раёсат баррасӣ намуда, хулосаи раёсатро омода менамояд.
11.Ба сохторҳои ҳудудии Хадамоти иҷро дар татбиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи истеҳсолоти иҷро дар самти рақамикунонӣ тибқи тартиби муқарраргардида дар доираи масъалаҳои фаъолияти раёсат кумаки методӣ мерасонад.
12.Муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро баррасӣ намуда, ҷавоб омода менамояд.
13. Ҷиҳати қабули қарор дар хусуси бекор кардан, таҷдиди назар намудан ё махдуд сохтани муҳлати амали ҳуҷҷатҳои меъёрии техникӣ, ки хилофи талаботи санандҳои ҳуқуқӣ ва стандартҳои давлатӣ мебошанд таклиф пешниҳод менамояд.
14.Дар санҷиши фаъолияти сохторҳои ҳудудии Хадамоти иҷро оид ба риояи санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи истеҳсолоти иҷро дар самти рақамикунонӣ тибқи тартиби муқарраргардида иштирок ва аз натиҷаи санҷишҳо барои бартараф намудани камбудиҳои фаъолияти сохторҳои ҳудудӣ санад (гузориш) пешниҳод менамояд.
15.Дар мувофиқа бо сардори Хадамоти иҷро, муовинони ӯ, сардори раёсат ва сардори раёсат Хадамотро дар дигар мақомоту ташкилотҳои давлатӣ муаррифӣ менамояд.
16.Тибқи тартиби муқарраргардида дар кори комиссияҳо, гурўҳҳои корӣ, ҷаласаҳо, машваратҳо, семинарҳо ва дигар чорабиниҳои Хадамоти иҷро ва мақомоти давлатии дахлдор иштирок ва уҳдадориҳои вогузоршударо иҷро менамояд.
17.Дар тарғиби соҳаи истеҳсолоти иҷро, аз ҷумла тариқи воситаҳои ахбори омма иштирок мекунад.
18.Оид ба натиҷаҳои фаъолияти семоҳа, нимсола, нуҳмоҳа ва солонаи раёсат ва ҳангоми баҳогузории фаъолияти худ дар муҳлатҳои муқарраргардида ҳисобот пешниҳод менамояд.
19.Дар ҳамкорӣ бо сохторҳои ҳудудии Хадамот масъалаҳои мақсаднок васеъгардонӣ ва навсозии (инноватсионии) техникию технологияҳои муосири сохторҳои ҳудудиро мавриди баррасӣ қарор медиҳад.
20.Дигар супоришҳои роҳбарияти Хадамоти иҷроро тибқи тартиби муқарраргардида иҷро менамояд.
21. Дар якчоягӣ бо кормандони раёсат ҷиҳати такмил, бартараф намудани мушкилиҳои мавҷудаи Хадамот ва сохторҳои ҳудудии он дар самти рақамикунонии соҳа пешниҳодҳо манзур менамояд.
22.Мутахассиси пешбари раёсат-1 дорои дигар уҳдадориҳое мебошад, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудаанд.
4. Ҳуқуқҳои мутахассиси пешбари раёсат
23.Мутахассиси пешбари раёсат-1 ҳуқуқ дорад:
-самтҳои фаъолияти раёсатро таҳлил, оид ба такмили санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, фаъолияти раёсат, Хадамоти иҷро, соҳаи рақамикунонии истеҳсолоти иҷро ва бартараф намудани камбудиҳо таклиф пешниҳод намояд;
-дар ҷаласаҳо, машваратҳо ва дигар чорабиниҳо, ки ба фаъолияти раёсат ва мутахассиси пешбари раёсат дахл доранд ва қабули қарор аз рўи онҳо, иштирок намояд;
-оид ба пешгирӣ ва бартараф намудани омилҳои коррупсионӣ дар раёсат, Хадамоти иҷро ва соҳаи истеҳсолоти иҷро таклиф пешниҳод намояд;
-маводҳои дахлдори дар ихтиёри Хадамоти иҷро қарордоштаро омўзад;
-аз воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказӣ, сохторҳои ҳудудии Хадамоти иҷро, мақомоти давлатии дахлдор маълумот ва маводи барои иҷрои уҳдадориҳои мансабӣ ва вазифаҳои раёсат заруриро бо тартиби муқарраргардида дархост карда гирад;
-аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ ба такмили ихтисос фаро гирифта шавад;
-аз иҷрочиён маводҳои истеҳсолотҳои иҷро ва дигар ҳуҷҷатҳоро барои омӯзиш, санҷиш ва ҳалли масъалаҳое, ки ба самти рақамикунонии соҳа алоқамандӣ доранд, бе расонидани халал ба рафти истеҳсолоти иҷро талаб намояд;
-оид ба такмили дастурамали мансабии худ таклиф пешниҳод намояд.
24. Мутахассиси пешбари раёсат-1 дорои дигар ҳуқуқҳое мебошад, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудаанд.
5. Масъулияти мутахассиси пешбари раёсат-1
25.Мутахассиси пешбари раёсат-1 дорои чунин масъулиятҳо мебошад:
-барои пешниҳод накардани маълумоти дуруст ҳангоми қабул ба хизмати давлатӣ, тартиб додан ва пешбурди парвандаи шахсии худ;
-барои риоя накардани маҳдудиятҳо ва дигар талаботе, ки қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ», «Дар бораи муқовимат ба коррупсия», Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудаанд;
-барои риоя накардани муқаррароти қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак», «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ»;
-барои пешниҳод накардан ё пешниҳоди нодурусти эъломияҳо оид ба андоз аз даромад ва оид ба вазъи молумулкӣ дар муҳлатҳои муқарраргардида;
-барои ошкор намудани сирри хизматӣ, давлатӣ ва дигар сирре, ки бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифз карда мешаванд;
-барои риоя накардани интизоми меҳнат, қоидаҳои тартиботи дохилӣ ва талаботи шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ;
-барои ғайримақсаднок истифода бурдан, нобуд сохтан ё вайрон кардани моликияти давлатии вобастакардашуда;
-дигар масъулияте, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудаанд.
26.Мутахассиси пешбари раёсат барои иҷро накардан ва ё ба таври дахлдор иҷро накардани муқаррароти Дастурамали мансабии мазкур тибқи тартиби муқарраргардидаи қонунгузорӣ ба ҷавобгарии интизомӣ кашида мешавад.
6. Муқаррароти хотимавӣ
27.Дастурамали мансабии мазкур дар ду нусха тартиб дода шуда, нусхаи якум дар шуъбаи коргузорӣ ва назорат нигоҳ дошта шуда, нусхаи дуюми он аз тарафи шуъбаи мазкур баъди бақайдгирӣ дар китоби бақайдгирии дастурамалҳои мансабӣ бо гирифтани имзо ба мутахассиси пешбари раёсат супорида мешавад.
28.Ҳангоми тағйир ёфтани уҳдадориҳои мансабӣ ва ҳуқуқҳои хизматчии давлатии маъмурӣ аз рўи натиҷаи баҳодиҳии фаъолияти солона, ҳангоми азнавташкилдиҳии раёсат ё Хадамоти иҷро ва дигар ҳолатҳое, ки боиси тағйир ёфтани Дастурамали мансабии мутахассиси пешбари раёсат мегарданд, Дастурамали мансабии мазкур аз нав таҳия ва тасдиқ карда мешавад.
Дастурамали
мансабии мутахассиси раёсати рақамикунонии истеҳсолоти иҷрои Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
1.Муқаррароти умумӣ
1.Номи мансаб - мутахассиси раёсати рақамикунонии истеҳсолоти иҷрои Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
2.Мансаби мазкур тибқи Феҳристи мансабҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мансабҳои категорияи ҳафтум мансуб буда, аз тарафи Сардори Хадамот ба мансаб таъин ва озод мегардад.
3.Ишғолкунандаи мансаби мазкур ба сардори раёсат тобеъ ва ҳисоботдиҳанда мебошад.
4.Дар давраи муваққатан ҳозир набудани мутахассиси раёсат иҷрои уҳдадориҳои мансабии ў ба мутахассиси пешбар ва ҳангоми муваққатан ҳозир набудани мутахассиси пешбар иҷрои уҳдадориҳои мансабии ў ба мутахассиси раёсат вогузор карда мешаванд.
5.Мутахассиси раёсат бо воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказӣ ва сохторҳои ҳудудии Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд-Хадамоти иҷро), мақомоти марказӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ва ташкилотҳо (минбаъд-мақомоти давлатӣ) дар доираи уҳдадориҳои мансабии худ тибқи тартиби муқарраргардида ҳамкорӣ менамояд.
2. Талаботи тахассусӣ
6.Барои ишғолкунандаи мансаби мутахассиси раёсат талаботи тахассусии зерин муқаррар карда мешавад:
-таҳсилоти олии ё миёнаи касбии ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ, техникӣ, барномасозӣ, технологияҳои иттилоотӣ, ҳифзи маълумот, информатик, логистик (ба таҳсилоти олии дараҷаи магистр бартарӣ дода мешавад);
-донистани Конститутсия, қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии мутахассисро ба танзим медароранд;
-донистани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
-донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ;
-малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
-малакаи кор бо компютер ва дигар технологияҳои иттилоотӣ, истифодабарии техника ва технологияҳои муосир аз ҷумла барномаҳои компютерӣ.
-на камтар аз 1 маротиба дар 3 сол баланд бардоштани тахассуси касбӣ.
3. Уҳдадориҳои мансабии мутахассиси раёсат
7.Вобаста ба нақшаҳои кори раёсат, раёсат ва Хадамоти иҷро ба сардори раёсат таклиф пешниҳод менамояд.
8.Риояи интизоми иҷроия, меҳнатӣ ва қоидаҳои тартиботи дохилиро дар раёсат ташкил ва назорат менамояд.
9.Лоиҳаи фармоишҳо, санадҳои меъёрии ҳуқуқии ба фаъолияти раёсат дахлдоштаро таҳия ва пешниҳод, лоиҳаи фармоишҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии аз тарафи воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказӣ ва сохторҳои ҳудудии Хадамоти иҷро, мақомоти давлатӣ барои мувофиқа пешниҳод кардашударо мустақилона ё дар якҷоягӣ бо дигар кормандони раёсат баррасӣ намуда, хулосаи раёсат ё Хадамоти иҷроро омода менамояд.
10.Лоиҳаи тавсияҳои методии татбиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии ба фаъолияти раёсат дахлдоштаро мустақилона ё дар якҷоягӣ бо дигар кормандони раёсат таҳия ва пешниҳод, лоиҳаи тавсияҳои методии омоданамудаи дигар воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказӣ ва сохторҳои ҳудудиро мустақилона ё дар якҷоягӣ бо кормандони раёсат баррасӣ намуда, хулосаи раёсатро омода менамояд.
11.Ба сохторҳои ҳудудии Хадамоти иҷро дар татбиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи истеҳсолоти иҷро дар самти рақамикунонӣ тибқи тартиби муқарраргардида дар доираи масъалаҳои фаъолияти раёсат кумаки методӣ мерасонад.
12.Муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро баррасӣ намуда, ҷавоб омода менамояд.
13. Ҷиҳати қабули қарор дар хусуси бекор кардан, таҷдиди назар намудан ё махдуд сохтани муҳлати амали ҳуҷҷатҳои меъёрии техникӣ, ки хилофи талаботи санандҳои ҳуқуқӣ ва стандартҳои давлатӣ мебошанд таклиф пешниҳод менамояд.
14.Дар санҷиши фаъолияти сохторҳои ҳудудии Хадамоти иҷро оид ба риояи санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи истеҳсолоти иҷро дар самти рақамикунонӣ тибқи тартиби муқарраргардида иштирок ва аз натиҷаи санҷишҳо барои бартараф намудани камбудиҳои фаъолияти сохторҳои ҳудудӣ санад (гузориш) пешниҳод менамояд.
15.Тибқи тартиби муқарраргардида дар кори комиссияҳо, гурўҳҳои корӣ, ҷаласаҳо, машваратҳо, семинарҳо ва дигар чорабиниҳои Хадамоти иҷро ва мақомоти давлатии дахлдор иштирок ва уҳдадориҳои вогузоршударо иҷро менамояд.
16.Дар тарғиби рақамикунонии соҳаи истеҳсолоти иҷро, аз ҷумла тариқи воситаҳои ахбори омма иштирок мекунад.
17.Оид ба натиҷаҳои фаъолияти семоҳа, нимсола, нуҳмоҳа ва солонаи раёсат ва ҳангоми баҳогузории фаъолияти худ дар муҳлатҳои муқарраргардида ҳисобот пешниҳод менамояд.
18.Дар ҳамкорӣ бо сохторҳои ҳудудии Хадамот масъалаҳои мақсаднок васеъгардонӣ ва навсозии (инноватсионии) техникию технологияҳои муосири сохторҳои ҳудудиро мавриди баррасӣ қарор медиҳад.
19.Дигар супоришҳои роҳбарияти Хадамоти иҷроро тибқи тартиби муқарраргардида иҷро менамояд.
20. Дар якчоягӣ бо кормандони раёсат ҷиҳати такмил, бартараф намудани мушкилиҳои мавҷудаи Хадамот ва сохторҳои ҳудудии он дар самти рақамикунонии соҳа пешниҳодҳо манзур менамояд.
21.Мутахассиси раёсат дорои дигар уҳдадориҳое мебошад, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудаанд.
4. Ҳуқуқҳои мутахассиси раёсат
22.Мутахассиси раёсат ҳуқуқҳои зерин дорад:
-самтҳои фаъолияти раёсатро таҳлил, оид ба такмили санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, фаъолияти раёсат, Хадамоти иҷро, соҳаи рақамикунонии истеҳсолоти иҷро ва бартараф намудани камбудиҳо таклиф пешниҳод намояд;
-дар ҷаласаҳо, машваратҳо ва дигар чорабиниҳо, ки ба фаъолияти раёсат ва мутахассиси раёсат дахл доранд ва қабули қарор аз рўи онҳо, иштирок намояд;
-оид ба пешгирӣ ва бартараф намудани омилҳои коррупсионӣ дар раёсат, Хадамоти иҷро ва соҳаи истеҳсолоти иҷро таклиф пешниҳод намояд;
-маводҳои дахлдори дар ихтиёри Хадамоти иҷро қарордоштаро омўзад;
-аз воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказӣ, сохторҳои ҳудудии Хадамоти иҷро, мақомоти давлатии дахлдор маълумот ва маводи барои иҷрои уҳдадориҳои мансабӣ ва вазифаҳои раёсат заруриро бо тартиби муқарраргардида дархост карда гирад;
-аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ ба такмили ихтисос фаро гирифта шавад;
-аз иҷрочиён маводҳои истеҳсолотҳои иҷро ва дигар ҳуҷҷатҳоро барои омӯзиш, санҷиш ва ҳалли масъалаҳое, ки ба самти рақамикунонии соҳа алоқамандӣ доранд, бе расонидани халал ба рафти истеҳсолоти иҷро талаб намояд;
-оид ба такмили дастурамали мансабии худ таклиф пешниҳод намояд.
23.Мутахассиси раёсат дорои дигар ҳуқуқҳое мебошад, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудаанд.
5.Масъулияти мутахассиси раёсат
24.Мутахассиси раёсат дорои чунин масъулиятҳо мебошад:
-барои пешниҳод накардани маълумоти дуруст ҳангоми қабул ба хизмати давлатӣ, тартиб додан ва пешбурди парвандаи шахсии худ;
-барои риоя накардани маҳдудиятҳо ва дигар талаботе, ки қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ», «Дар бораи муқовимат ба коррупсия», Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудаанд;
-барои риоя накардани муқаррароти қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак», «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ»;
-барои пешниҳод накардан ё пешниҳоди нодурусти эъломияҳо оид ба андоз аз даромад ва оид ба вазъи молумулкӣ дар муҳлатҳои муқарраргардида;
-барои ошкор намудани сирри хизматӣ, давлатӣ ва дигар сирре, ки бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифз карда мешаванд;
-барои риоя накардани интизоми меҳнат, қоидаҳои тартиботи дохилӣ ва талаботи шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ;
-барои ғайримақсаднок истифода бурдан, нобуд сохтан ё вайрон кардани моликияти давлатии вобастакардашуда;
-дигар масъулияте, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудаанд.
25.Мутахассиси раёсат барои иҷро накардан ва ё ба таври дахлдор иҷро накардани муқаррароти Дастурамали мансабии мазкур тибқи тартиби муқарраргардидаи қонунгузорӣ ба ҷавобгарии интизомӣ кашида мешавад.
6.Муқаррароти хотимавӣ
26.Дастурамали мансабии мазкур дар ду нусха тартиб дода шуда, нусхаи якум дар шуъбаи коргузорӣ ва назорат нигоҳ дошта шуда, нусхаи дуюми он аз тарафи шуъбаи мазкур баъди бақайдгирӣ дар китоби бақайдгирии дастурамалҳои мансабӣ бо гирифтани имзо ба мутахассиси раёсат супорида мешавад.
27.Ҳангоми тағйир ёфтани уҳдадориҳои мансабӣ ва ҳуқуқҳои хизматчии давлатии маъмурӣ аз рўи натиҷаи баҳодиҳии фаъолияти солона, ҳангоми азнавташкилдиҳии раёсат ва ё Хадамоти иҷро ва дигар ҳолатҳое, ки боиси тағйир ёфтани Дастурамали мансабии мутахассиси раёсат мегарданд, Дастурамали мансабии мазкур аз нав таҳия ва тасдиқ карда мешавад.
ДАСТУРАМАЛИ
мансабии сармутахассиси раёсати кадрҳо ва таъминоти ҳуқуқии
Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
1. Номи мансаб – сармутахассиси раёсати кадрҳо ва таъминоти ҳуқуқии Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
2. Мансаби мазкур тибқи Феҳристи мансабҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мансабҳои категорияи панҷум мансуб аст.
3. Сармутахассиси раёсати кадрҳо ва таъминоти ҳуқуқии Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд –сармутахассиси раёсат) аз тарафи сардори Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – сардори Хадамот) мувофиқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мансаб таъин ва озод карда мешавад.
4. Ишғолкунандаи мансаби мазкур ба сардори раёсат тобеъ ва ҳисоботдиҳанда мебошад.
5. Сармутахассиси 2-и раёсат оид ба фаъолияти семоҳа, нимсола, нуҳмоҳа ва солонаи худ ва ҳангоми баҳогузории фаъолият дар муҳлатҳои муқарраргардидаи ҳисобот пешниҳод менамояд.
6. Дар давраи муваққатан ҳозир набудани сармутахассиси 2-и раёсат иҷрои уҳдадориҳои мансабии ӯ ба сармутахассиси 1-и раёсат ва дар давраи муваққатан ҳозир набудани сармутахассиси 1-и раёсат иҷрои уҳдадориҳои мансабии ӯ ба сармутахассиси 2-и раёсат вогузор карда мешавад.
7. Сармутахассиси 2-и раёсат бо воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказӣ ва сохторҳои ҳудудии Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Хадамоти иҷро), мақомоти марказӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ва ташкилотҳо (минбаъд – мақомоти давлатӣ) дар доираи уҳдадориҳои мансабии худ тибқи тартиби муқарраргадида ҳамкорӣ менамояд.
2. ТАЛАБОТИ ТАХАССУСӢ
8. Барои ишғолкунандаи мансаби сармутахассиси раёсат талаботи тахассусии зерин муқаррар карда мешавад:
- таҳсилоти олии ҳуқуқшиносӣ, идораи давлатӣ ва ҳуқуқ, гуманитарӣ ва ё таҳсилоти олии касбии ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
- 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
- донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ;
- донистани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ, инчунин санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии сармутахассиси 2-и раёсатро ба танзим медароранд;
- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
- на камтар аз 1 маротиба дар 3 сол баланд бардоштани тахассуси касбӣ;
- малакаи кор бо компютер ва дигар технологияҳои иттилоотӣ.
3. УҲДАДОРИҲОИ МАНСАБИИ САРМУТАХАССИСИ 2-и РАЁСАТ
9. Сармутахассиси 2-и раёсат ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ дорои уҳдадориҳои зерини мансабӣ мебошад:
- нақшаи кории худро таҳия ва барои тасдиқ ба сардори раёсат пешниҳод, ба нақшаҳои кории Хадамот ва раёсат таклиф пешниҳод менамояд;
- нақшаи машғулиятҳои идоравии кормандони дастгоҳи марказии Хадамотро таҳия ва барои тасдиқ ба сардори Хадамот пешниҳод намуда, масъули гузаронидани машғулиятҳои идоравӣ мебошад;
- баррасии муроҷиатҳои ба Хадамот воридшудаи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ оид ба масъалаҳои кор бо кадрҳо ва таъминоти ҳуқуқӣ;
- дар самти кор бо кадрҳо ба кормандони дигари воҳидҳои сохтории Хадамот расонидани ёрии амалию методӣ ва додани маслиҳатҳо;
- пешбурди ҳуҷҷатгузорӣ вобаста ба комиссияи ҷамъиятӣ оид ба танзими ҷашну маросим дар Хадамот;
- пешбурди ҳуҷҷатгузорӣ вобаста ба комиссияи одоби хизматчии давлатӣ;
- интизоми иҷроия ва хизматиро дар дастгоҳи марказии Хадамот ва сохторҳои ҳудудии он назорат менамояд;
- омода намудани лоиҳаҳои фармоишҳои сардори Хадамот ва ҳуҷҷатҳо вобаста ба сафарҳои хориҷии кормандони Хадамот, омода намудани ахборотҳои дахлдорро дар ин самт ба уҳда дорад;
- меъёрҳои рафтори хизматчиёни давлатиро, ки бо Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар гардидааст, таъмин менамояд;
- дар тарғиби сиёсати давлатӣ ва соҳаи истеҳсолоти иҷро тариқи воситаҳои ахбори омма иштирок менамояд;
- таъмини кормандони воҳидҳои сохтории Хадамот бо шаҳодатномаҳои хизматии намунаи тасдиқшуда, таъмини иҷрои талаботи Низомнома «Дар бораи шаҳодатномаҳои хизматии кормандони Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон»;
- огоҳсозӣ ва пешгирӣ намудани омилҳои ба коррупсия мусоидаткунанда;
- бо мақсади пешгирӣ, муайян ва ошкор намудани ҳуқуқвайронкуниҳо ва пешгирӣ аз омилҳои коррупсионӣ бо розигии сардори Хадамот гузаронидани санҷишҳои ногаҳонӣ;
- бо мақсади муайян намудани ҳолатҳои иҷро накардан ё ба таври дахлдор иҷро накардани уҳдадориҳои мансабӣ гузаронидани санҷиш бо розигии сардори Хадамот;
- дар мавриди ворид шудани ахборот оид ба таҳдид ҷиҳати суйиқасд, моҷароҷӯйӣ, харобкорӣ ва дигар ҳаракатҳои душманона нисбати ҳаёт ва саломатии кормандони Хадамот чораҳои дахлдор меандешад;
- маълумотҳоро нисбати иҷрочиён ҷамъоварӣ намуда, ҷамъбасту таҳлил менамояд ва дар асоси онҳо, ҷиҳати чораандешӣ ба роҳбарияти Хадамот таклифу тавсияҳо пешниҳод менамояд;
- пешниҳод намудани хулосаи санҷишӣ ба сардори Хадамот дар ҳолати муайян кардани ҳуқуқвайронкуниҳо бо мақсади татбиқи муҷозоти интизомӣ;
- дигар супоришҳои роҳбарияти Хадамотро иҷро менамояд.
4. ҲУҚУҚҲОИ САРМУТАХАССИСИ 2-и РАЁСАТ
10. Сармутахассиси 2-и раёсат ҳуқуқҳои зерин дорад:
- дар баррасии масъалаҳои ба фаъолияти раёсат дахлдошта ва қабули қарор аз рӯйи онҳо иштирок намояд;
- самтҳои фаъолияти раёсатро таҳлил намуда, оид ба такмили фаъолияти раёсат ва бартараф намудани камбудиҳо таклиф пешниҳод намояд;
- мавод ва маълумоти дар ихтиёри Хадамот қарордоштаро омӯзад ва тибқи тартиби муқарраргардида истифода намояд;
- иҷрои масъалаҳои таҳти назорати Хадамот ва раёсат қарордоштаро бо тартиби муқарраргардида аз дастгоҳи марказӣ ва зерсохторҳои Хадамот талаб намояд;
- аз дастгоҳи марказӣ ва зерсохторҳои Хадамот маълумот ва маводи барои иҷрои уҳдадориҳои мансабӣ заруриро бо тартиби муқарраргардида дархост карда гирад;
- аз кормандони сохторҳои ҳудудии Хадамот маводи истеҳсолоти иҷро ва дигар ҳуҷҷатҳоро барои омӯзиш, санҷиш ва ҳалли мушкилоти бавуҷудомада алоқаманд, бе расонидани халал ба ҷараёни иҷрои ҳуҷҷати иҷро талаб намояд;
- оид ба такмили дастурамали мансабии худ ба сардори раёсат таклиф пешниҳод намояд;
- аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ ба такмили ихтисос ва таҷрибаомӯзӣ фаро гирифта шавад.
11. Сармутахассиси 2-и раёсат дорои дигар ҳуқуқҳое мебошад, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудаанд.
5. МАСЪУЛИЯТИ САРМУТАХАССИСИ 2-и РАЁСАТ
12. Сармутахассиси 2-и раёсат дорои чунин масъулиятҳо мебошад:
- иҷро намудани уҳдадориҳои мансабӣ, ки дар дастурамали мансабии мазкур пешбинӣ шудаанд;
- барои пешниҳод накардани маълумоти дуруст ҳангоми қабул ба хизмати давлатӣ,;
- риоя накардани маҳдудиятҳо ва дигар талаботҳое, ки қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ», «Дар бораи муқовимат ба коррупсия» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудаанд;
- риоя накардани муқаррароти қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» ва «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ»;
- риоя накардани талаботи Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- барои пешнињод накардан ё пешнињоди нодурусти эъломияҳо оид ба андоз аз даромад ва оид ба вазъи молумулкӣ дар муҳлатҳои муқарраргардида;
- ошкор намудани сирри хизматӣ, давлатӣ ва дигар сирре, ки бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифз карда мешаванд;
- риоя накардани интизоми меҳнат ва қоидаҳои тартиботи дохилӣ;
- дигар масъулияте, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудаанд.
13. Сармутахассиси раёсат барои иҷро накардан ва/ё ба таври дахлдор иҷро накардани уҳдадориҳои мансабӣ, интизоми меҳнат, қоидаҳои тартиботи дохилӣ, истифодаи ғайримақсаднок ва нобуд сохтани моликияти барои иҷрои уҳдадориҳои мансабӣ вобастакардашуда ва дигар ҳолатҳои дар дастурамали мансабии мазкур нишондодашуда тибқи тартиби муқарраргардидаи қонунгузорӣ ба ҷавобгарии интизомӣ кашида мешавад.
6. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
14. Дастурамали мансабии мазкур дар ду нусха тартиб дода шуда, нусхаи якум дар шуъбаи умумӣ ва корҳои махсус нигоҳ дошта шуда, нусхаи дуюми он аз тарафи шуъбаи умумӣ ва корҳои махсус баъди бақайдгирӣ дар китоби бақайдгирии дастурамалҳои мансабӣ бо гирифтани имзо ба сармутахассиси раёсат супорида мешавад.
15. Ҳангоми тағйир ёфтани уҳдадориҳои мансабӣ ва ҳуқуқҳои хизматчии давлатии маъмурӣ аз рӯйи натиҷаи баҳодиҳии фаъолияти солона, ҳангоми азнавташкилдиҳии раёсат, Хадамот ва дигар ҳолатҳое, ки боиси тағйир ёфтани дастурамали мансабии сармутахассиси раёсат мегарданд, дастурамали мансабии мазкур аз нав таҳия ва тасдиқ карда мешавад.
ДАСТУРАМАЛИ
мансабии мутахассиси пешбари раёсати кадрҳо ва таъминоти ҳуқуқии
Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
1. Номи мансаб – мутахассиси пешбари раёсати кадрҳо ва таъминоти ҳуқуқии Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
2. Мансаби мазкур тибқи Феҳристи мансабҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мансабҳои категорияи шашум мансуб аст.
3. Мутахассиси пешбари раёсати кадрҳо ва таъминоти ҳуқуқии Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд –мутахассиси пешбари раёсат) аз тарафи Сардори Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Сардори Хадамот) мувофиқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мансаб таъин ва озод карда мешавад.
4. Ишғолкунандаи мансаби мазкур ба сардори раёсат тобеъ ва ҳисоботдиҳанда мебошад.
5. Мутахассиси пешбари 1-и раёсат оид ба фаъолияти семоҳа, нимсола, нуҳмоҳа ва солонаи худ, инчунин ҳангоми баҳогузории фаъолият дар муҳлатҳои муқарраргардидаи ҳисобот пешниҳод менамояд.
6. Дар давраи муваққатан ҳозир набудани мутахассиси пешбари раёсат иҷрои уҳдадориҳои мансабии ӯ ба мутахассиси пешбари 2-и раёсат ва дар давраи муваққатан ҳозир набудани мутахассиси пешбари 2 раёсат иҷрои уҳдадориҳои мансабии ӯ ба мутахассиси пешбари 1 раёсат вогузор карда мешавад.
7. Мутахассиси пешбари раёсат бо воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказӣ ва сохторҳои ҳудудии Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Хадамоти иҷро), мақомоти марказӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ва ташкилотҳо (минбаъд – мақомоти давлатӣ) дар доираи уҳдадориҳои мансабии худ тибқи тартиби муқарраргадида ҳамкорӣ менамояд.
2. ТАЛАБОТИ ТАХАССУСӢ
8. Барои ишғолкунандаи мансаби мутахассиси пешбари раёсат талаботи тахассусии зерин муқаррар карда мешавад:
- таҳсилоти олии ҳуқуқшиносӣ, идораи давлатӣ ва ҳуқуқӣ, гуманитарӣ ва ё таҳсилоти олии касбии ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
- 1 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
- донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ;
- донистани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ, инчунин санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии мутахассиси пешбари 1-и раёсатро ба танзим медароранд;
- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
- на камтар аз 1 маротиба дар 3 сол баланд бардоштани тахассуси касбӣ;
- малакаи кор бо компютер ва дигар технологияҳои иттилоотӣ.
3. УҲДАДОРИҲОИ МАНСАБИИ МУТАХАССИСИ ПЕШБАРИ РАЁСАТ
8. Мутахассиси пешбари 1-и раёсат ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ дорои уҳдадориҳои зерини мансабӣ мебошад:
- нақшаи кории худро таҳия ва барои тасдиқ ба сардори раёсат пешниҳод, ба нақшаҳои кории Хадамот ва раёсат таклиф пешниҳод менамояд;
- баррасии муроҷиатҳои ба раёсат воридшудаи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ оид ба масъалаҳои гуногун, аз ҷумла, бо супориши сардори Хадамот нисбати кормандони Хадамот;
- тартиб додани ҷадвали ба рухсатии меҳнатӣ баромадани кормандони воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказӣ ва сохторҳои ҳудудии Хадамот;
- омода намудани лоиҳаҳои фармоишҳои сардори Хадамот оид ба рухсатиҳои меҳнатии кормандони дастгоҳи марказии Хадамот;
- омода намудани лоиҳаҳои фармоишҳои сардори Хадамот дар хусуси рухсатиҳои таҳсилии кормандони Хадамот;
- омода ва пешбурди парвандаҳои шахсии кормандони Хадамот;
- омода намудани лоиҳаҳои фармоишҳои сардори Хадамот дар хусуси рухсатиҳои иҷтимоии кормандони Хадамот;
- пешбурди дафтарчаҳои меҳнатии кормандони Хадамот;
- назорати иҷрои чорабиниҳои нақшавӣ ва супоришҳои протоколии сардори Хадамотро дар раёсат ба ӯҳда дорад;
- махфӣ нигоҳ доштани мазмуну моҳияти ҳуҷҷату маводи шиносгардида ва омодагардида;
- ҷиҳати баланд бардоштани касбияти кормандони Хадамот ва раёсат чораҳои дахлдор андешида, иштироки онҳоро дар машғулиятҳои идоравӣ таъмин менамояд;
- кор бо барномаи ягонаи автоматикунонидашудаи Феҳристи хизматчиёни давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- ташкил намудани тайёрии ибтидоӣ, хизматӣ, такмили ихтисос ва коромӯзии кормандон, омода намудани нақшаҳо ва барномаҳои таълимию тайёрии касбии ҳайати шахсӣ дар Хадамот;
- интизоми иҷроия ва хизматиро дар дастгоҳи марказии Хадамот ва сохторҳои ҳудудии он назорат менамояд;
- дар тарғиби сиёсати давлатӣ ва соҳаи истеҳсолоти иҷро тариқи воситаҳои ахбори омма иштирок менамояд;
- дигар вазифаҳоеро, ки аз талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва низомномаи раёсат бармеоянд, иҷро менамояд.
4. ҲУҚУҚҲОИ МУТАХАССИСИ ПЕШБАРИ РАЁСАТ
9. Мутахассиси пешбари раёсат ҳуқуқҳои зерин дорад:
- дар баррасии масъалаҳои ба фаъолияти раёсат дахлдошта ва қабули қарор аз рӯйи онҳо иштирок намояд;
- самтҳои фаъолияти раёсатро таҳлил намуда, оид ба такмили фаъолияти раёсат ва бартараф намудани камбудиҳо таклиф пешниҳод намояд;
- мавод ва маълумоти дар ихтиёри Хадамот қарордоштаро омӯзад ва тибқи тартиби муқарраргардида истифода намояд;
- иҷрои масъалаҳои таҳти назорати Хадамот ва раёсат қарордоштаро бо тартиби муқарраргардида аз дастгоҳи марказӣ ва зерсохторҳои Хадамот талаб намояд;
- аз дастгоҳи марказӣ ва зерсохторҳои Хадамот маълумот ва маводи барои иҷрои уҳдадориҳои мансабӣ заруриро бо тартиби муқарраргардида дархост карда гирад;
- аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ ба такмили ихтисос ва таҷрибаомӯзӣ фаро гирифта шавад.
10. Мутахассиси пешбари раёсат дорои дигар ҳуқуқҳое мебошад, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудаанд.
5. МАСЪУЛИЯТИ МУТАХАССИСИ ПЕШБАРИ РАЁСАТ
11. Мутахассиси пешбари раёсат дорои чунин масъулиятҳо мебошад:
- иҷро намудани уҳдадориҳои мансабӣ, ки дар дастурамали мансабии мазкур пешбинӣ шудаанд;
- барои пешниҳод накардани маълумоти дуруст ҳангоми қабул ба хизмати давлатӣ,;
- риоя накардани маҳдудиятҳо ва дигар талаботҳое, ки қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ», «Дар бораи муқовимат ба коррупсия» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудаанд;
- риоя накардани муқаррароти қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» ва «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ».
- барои пешнињод накардан ё пешнињоди нодурусти эъломияҳо оид ба андоз аз даромад ва оид ба вазъи молумулкӣ дар муҳлатҳои муқарраргардида;
- риоя накардани талаботи Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- ошкор намудани сирри хизматӣ, давлатӣ ва дигар сирре, ки бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифз карда мешаванд;
- риоя накардани интизоми меҳнат ва қоидаҳои тартиботи дохилӣ;
- дигар масъулияте, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудаанд.
12. Мутахассиси пешбари раёсат барои иҷро накардан ва/ё ба таври дахлдор иҷро накардани уҳдадориҳои мансабӣ, интизоми меҳнат, қоидаҳои тартиботи дохилӣ, истифодаи ғайримақсаднок ва нобуд сохтани моликияти барои иҷрои уҳдадориҳои мансабӣ вобастакардашуда ва дигар ҳолатҳои дар Дастурамали мансабии мазкур нишондодашуда тибқи тартиби муқарраргардидаи қонунгузорӣ ба ҷавобгарии интизомӣ кашида мешавад.
6. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
13. Дастурамали мансабии мазкур дар ду нусха тартиб дода шуда, нусхаи якум дар шуъбаи коргузорь ва назорат нигоҳ дошта шуда, нусхаи дуюми он аз тарафи шуъбаи умумӣ ва корҳои махсус баъди бақайдгирӣ дар китоби бақайдгирии дастурамалҳои мансабӣ бо гирифтани имзо ба мутахассиси пешбари раёсат супорида мешавад.
14. Ҳангоми тағйир ёфтани уҳдадориҳои мансабӣ ва ҳуқуқҳои хизматчии давлатии маъмурӣ аз рӯйи натиҷаи баҳодиҳии фаъолияти солона, ҳангоми азнавташкилдиҳии раёсат, Хадамот ва дигар ҳолатҳое, ки боиси тағйир ёфтани дастурамали мансабии мутахассиси пешбари раёсат мегарданд, дастурамали мансабии мазкур аз нав таҳия ва тасдиқ карда мешавад.
Дастурамали
мансабии сармутахассиси 1 шуъбаи коргузорӣ ва назорати Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
1.Муқаррароти умумӣ
1. Номи мансаб – сармутахассиси 1 шуъбаи коргузорӣ ва назорат Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
2. Мансаби мазкур тибқи Феҳристи мансабҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мансабҳои категорияи панҷум мансуб аст.
3. Сармутахассиси 1 шуъбаи коргузорӣ ва назорат Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд-сармутахассис) аз тарафи сардори Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд- сардори Хадамоти иҷро) мувофиқи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мансаб таъин ва аз мансаб озод карда мешавад.
4. Ишғолкунандаи мансаби мазкур ба сардори шуъба тобеъ ва ҳисоботдиҳанда мебошад.
5. Дар давраи муваққатан ҳозир набудани сармутахассис иҷрои уҳдадориҳои мансабии ў ба мутахассиси пешбар ва ҳангоми муваққатан ҳозир набудани мутахассиси пешбар иҷрои уҳдадориҳои мансабии ў ба сармутахассис вогузор карда мешаванд.
6. Сармутахассиси 1 бо воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказӣ ва сохторҳои ҳудудии Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд-Хадамоти иҷро), мақомоти марказӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ва ташкилотҳо (минбаъд-мақомоти давлатӣ) дар доираи уҳдадориҳои мансабии худ тибқи тартиби муқарраргардида ҳамкорӣ менамояд.
2.Талаботи тахассусӣ
7. Барои ишғолкунандаи мансаби сармутахассиси 1 талаботи тахассусии зерин муқаррар карда мешавад:
-таҳсилоти олии касбии ҳуқуқшиносӣ, таърих ва ҳуқуқ, идораи давлат ва ҳуқуқ ва инчунин дигар ихтисосҳои мувофиқ (ба таҳсилоти олии дараҷаи магистр бартарӣ дода мешавад);
-2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
-донистани Конститутсия, қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии сармутахассис-ро ба танзим медароранд;
-донистани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
-донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ;
-малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
-малакаи кор бо компютер ва дигар технологияҳои иттилоотӣ, аз ҷумла кор карда тавонистан бо барномаҳои офисии Мicrosoft Word, Exсel, Power point;
-на камтар аз 1 маротиба дар 3 сол баланд бардоштани тахассуси касбӣ.
3.Уҳдадориҳои мансабии сармутахассиси 1
8. Вобаста ба нақшаҳои кори шуъба ва Хадамоти иҷро ба сардори шуъба таклиф пешниҳод менамояд.
9. Лоиҳаи фармоишҳо, санадҳои меъёрии ҳуқуқии ба фаъолияти шуъба дахлдоштаро таҳия ва пешниҳод, лоиҳаи фармоишҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии аз тарафи дигар воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказӣ ва сохторҳои ҳудудии Хадамоти иҷро, мақомоти давлатӣ барои мувофиқа пешниҳодкардашударо мустақилона ё дар якҷоягӣ бо дигар кормандони шуъба баррасӣ намуда, хулосаи шуъбаро омода менамояд.
10.Лоиҳаи тавсияҳои методии татбиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии ба фаъолияти шуъба дахлдоштаро мустақилона ё дар якҷоягӣ бо дигар кормандони шуъба таҳия ва пешниҳод, лоиҳаи тавсияҳои методии омоданамудаи дигар воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказӣ ва сохторҳои ҳудудиро мустақилона ё дар якҷоягӣ бо кормандони шуъба баррасӣ намуда, хулосаи шуъбаро омода менамояд.
11.Ба сохторҳои ҳудудии Хадамоти иҷро дар татбиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи истеҳсолоти иҷро тибқи тартиби муқарраргардида дар доираи масъалаҳои фаъолияти шуъба кумаки методӣ мерасонад.
12.Муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро тибқи тартиби муқарраргардида баррасӣ намуда, ҷавоб омода менамояд.
13. Дар санҷиши фаъолияти сохторҳои ҳудудии Хадамоти иҷро оид ба риояи раванди коргузорӣ тибқи тартиби муқарраргардида иштирок ва аз натиҷаи санҷишҳо барои бартараф намудани камбудиҳои фаъолияти сохторҳои ҳудудӣ оид ба иҷрои талаботи ҳуҷҷатҳои иҷро санад (гузориш) пешниҳод менамояд.
14.Дар мувофиқа бо роҳбарияти Хадамоти иҷро ва сардори шуъба Хадамотро дар дигар мақомоту ташкилотҳои давлатӣ муаррифӣ менамояд.
15.Дар ҳолати ошкор гардидани амали коррупсионӣ дар доираи салоҳияти худ ба роҳбарияти Хадамоти иҷро, сардори шуъба ва ё мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба тариқи хаттӣ хабар медиҳад ва ҳамкорӣ менамояд.
16.Тибқи тартиби муқарраргардида дар кори комиссияҳо, гурўҳҳои корӣ, ҷаласаҳо, машваратҳо, семинарҳо ва дигар чорабиниҳои Хадамоти иҷро ва мақомоти давлатии дахлдор иштирок ва уҳдадориҳои вогузоршударо иҷро менамояд.
17. Пешбурди дурусти ҷадвалҳои самти коргузорӣ ва назоратро дар Хадамот ва воҳидҳои сохтории он назорат ва фаъолияти якхеларо дар ин ҷода таъмин менамояд.
18. Тартиби дуруст омода гардидани ҳуҷҷатҳои содиротиро назорат карда, бобати мутобиқ ба талаботи коргузорӣ пешниҳод кардани ҳуҷҷатҳо ба унвони воҳидҳои сохторӣ роҳнамоии дахлдор ирсол менамояд.
19. Коркарди ибтидоии муросилоти воридотӣ аз санҷиши дурустии ирсол ва мавҷудияти ҳуҷҷатҳо, омода намудани муросилот барои фиристоданро тибқи таъинот амалӣ менамояд.
20. Пешбурди дафтарҳои воридотию содиротӣ, дуруст ба роҳ мондани бақайдгирии ҳуҷҷатҳо дар воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказӣ ва сохторҳои ҳудудии Хадамотро амалӣ менамояд.
21. Маводи дахлдори ҷаласаҳои ҳайати мушовараи Хадамоти иҷро ва протоколҳои маҷлиси назоратии назди сардори Хадамоти иҷроро омода ва дар муҳлатҳои муқарраргардида пешниҳод, таъмини иҷрои қарорҳои ҳайати мушовараро назорат ва натиҷаи иҷрои онҳоро ба сардори шуъба пешниҳод менамояд.
22. Маводҳои назоратии Хадамотро таҳлил, ҷамъбаст ва оид ба ҷараёни иҷрои онҳо дар муҳлатҳои муқарраргардида гузориш омода менамояд.
23.Оид ба натиҷаҳои фаъолияти семоҳа, нимсола, нуҳмоҳа ва солонаи шуъба ва ҳангоми баҳогузории фаъолияти худ дар муҳлатҳои муқарраргардида ҳисобот пешниҳод менамояд.
24. Дигар супоришҳои роҳбарияти Хадамоти иҷро ва сардори шуъбаро тибқи тартиби муқарраргардида иҷро менамояд.
25. Сармутахассиси 1 дорои дигар уҳдадориҳое мебошад, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудаанд.
4.Ҳуқуқҳои сармутахассиси 1
26.Сармутахассиси 1 ҳуқуқҳои зерин дорад:
-самтҳои фаъолияти шуъбаро таҳлил, оид ба такмили санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, фаъолияти шуъба, Хадамоти иҷро, соҳаи истеҳсолоти иҷро ва бартараф намудани камбудиҳо таклиф пешниҳод намояд;
-дар ҷаласаҳо, машваратҳо ва дигар чорабиниҳо, ки ба фаъолияти шуъба ва сармутахассис дахл доранд ва қабули қарор аз рўи онҳо, иштирок намояд;
-оид ба пешгирӣ ва бартараф намудани омилҳои коррупсионӣ дар шуъба, Хадамоти иҷро ва соҳаи истеҳсолоти иҷро таклиф пешниҳод намояд;
-маводҳои дахлдори дар ихтиёри Хадамоти иҷро қарордоштаро омўзад;
-аз воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказӣ, сохторҳои ҳудудии Хадамоти иҷро, мақомоти давлатии дахлдор маълумот ва маводи барои иҷрои уҳдадориҳои мансабӣ ва вазифаҳои шуъба заруриро бо тартиби муқарраргардида дархост карда гирад;
-аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ ба такмили ихтисос фаро гирифта шавад;
-ба сардори шуъба барои дар ҷаласаҳои мушовара муҳокима намудани масъалаҳои муҳими фаъолияти шуъба пешниҳод манзур намояд;
-дар ҳолати ошкор намудани қонунвайронкунӣ ва камбудиҳо дар фаъолияти иҷрочиёни калон ва иҷрочиён ҷиҳати андешидани чораҳои интизомӣ, ба сардори шуъба таклиф пешниҳод менамояд;
-дар таҳия ва такмили лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар самти коргузорӣ иштирок намояд;
-оид ба такмили дастурамали мансабии худ таклиф пешниҳод намояд.
27.Сармутахассиси 1 дорои дигар ҳуқуқҳое мебошад, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудаанд.
5.Масъулияти сармутахассиси 1
28.Сармутахассиси 1 дорои чунин масъулиятҳо мебошад:
-барои пешниҳод накардани маълумоти дуруст ҳангоми қабул ба хизмати давлатӣ, тартиб додан ва пешбурди парвандаи шахсии худ;
-барои риоя накардани маҳдудиятҳо ва дигар талаботе, ки қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ», «Дар бораи муқовимат ба коррупсия», Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудаанд;
-барои риоя накардани муқаррароти қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ»;
-барои пешниҳод накардан ё пешниҳоди нодурусти эъломияҳо оид ба андоз аз даромад ва оид ба вазъи молумулкӣ дар муҳлатҳои муқарраргардида;
-барои ошкор намудани сирри хизматӣ, давлатӣ ва дигар сирре, ки бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифз карда мешаванд;
-барои риоя накардани интизоми меҳнат, қоидаҳои тартиботи дохилӣ ва талаботи шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ;
-барои ғайримақсаднок истифода бурдан, нобуд сохтан ё вайрон кардани моликияти давлатии вобастакардашуда;
-дигар масъулияте, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудаанд.
29.Сармутахассиси 1 барои иҷро накардан ва ё ба таври дахлдор иҷро накардани муқаррароти Дастурамали мансабии мазкур тибқи тартиби муқарраргардидаи қонунгузорӣ ба ҷавобгарии интизомӣ кашида мешавад.
6.Муқаррароти хотимавӣ
30. Дастурамали мансабии мазкур дар ду нусха тартиб дода шуда, нусхаи якум дар шуъбаи коргузорӣ ва назорат нигоҳ дошта шуда, нусхаи дуюми он аз тарафи шуъбаи мазкур баъди бақайдгирӣ дар китоби бақайдгирии дастурамалҳои мансабӣ бо гирифтани имзо ба сармутахассис супорида мешавад.
31. Ҳангоми тағйир ёфтани уҳдадориҳои мансабӣ ва ҳуқуқҳои хизматчии давлатии маъмурӣ аз рўи натиҷаи баҳодиҳии фаъолияти солона, ҳангоми азнавташкилдиҳии шуъба ва ё Хадамоти иҷро ва дигар ҳолатҳое, ки боиси тағйир ёфтани Дастурамали мансабии сармутахассис мегарданд, Дастурамали мансабии мазкур аз нав таҳия ва тасдиқ карда мешавад.
Дастурамали
мансабии мутахассиси пешбари – 2 шуъбаи молия ва иқтисод Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
I. Муқаррароти умумӣ
1. Номи мансаб- мутахассиси пешбари шуъбаи молия ва иқтисоди Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
2. Мансаби мазкур тибқи Феҳристи мансабҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мансабҳои категорияи шашум мансуб аст.
3. Мутахассиси пешбари шуъбаи молия ва иқтисоди Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – мутахассиси пешбари – 2) аз тарафи сардори Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – сардори Хадамоти иҷро) мувофиқи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мансаб таъин ва аз мансаб озод карда мешавад.
4. Ишғолкунандаи мансаби мазкур ба сардори шуъба тобеъ ва ҳисоботдиҳанда мебошад.
5. Дар давраи муваққатан ҳозир набудани мутахассиси пешбари – 2 иҷрои уҳдадориҳои мансабии ў ба мутахассиси пешбари 1 вогузор карда мешаванд.
6.Мутахассиси пешбари – 2 бо воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказӣ ва сохторҳои ҳудудии Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд-Хадамоти иҷро), мақомоти марказӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ва ташкилотҳо (минбаъд-мақомоти давлатӣ) дар доираи уҳдадориҳои мансабии худ тибқи тартиби муқарраргардида ҳамкорӣ менамояд.
II. Талаботи тахассусӣ
7. Барои ишғолкунандаи мансаби мутахассиси пешбари – 2талаботи тахассусии зерин муқаррар карда мешавад:
- таҳсилоти олии касбии иқтисодӣ;
- 1 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
- донистани Конститутсия, қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии мутахассиси пешбарро ба танзим медароранд;
- донистани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ;
- малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
- малакаи кор бо компютер ва дигар технологияҳои иттилоотӣ, аз ҷумла кор карда тавонистан бо барномаҳои офисии Мicrosoft Word, Exсel, Power point;
-на камтар аз 1 маротиба дар 3 сол баланд бардоштани тахассуси касбӣ.
III. Уҳдадориҳои мансабии мутахассиси пешбари – 2
8. Қабули ҳисоботҳои хоҷагидорӣ, ҳисоботҳои шахсони ҳисоботдеҳ ва гуруҳбандии онҳо.
9. Таҳияи ҳисоботҳои суғуртаи иҷтимоӣ (1%) дар мувофиқа бо сардори шуъба ва тасдиқи сардори Хадамот, пешниҳод ба АДСИН.
10.Муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро тибқи тартиби муқарраргардида баррасӣ намуда, ҷавоб омода менамояд.
11. Гуруҳбандии ҳисоботҳои бонкӣ.
12.Дар ҳолати ошкор гардидани амали коррупсионӣ дар доираи салоҳияти худ ба роҳбарияти Хадамоти иҷро, сардори шуъба ва ё мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба тариқи хаттӣ хабар медиҳад ва ҳамкорӣ менамояд.
13.Оид ба натиҷаҳои фаъолияти семоҳа, нимсола, нуҳмоҳа ва солонаи шуъба ва ҳангоми баҳогузории фаъолияти худ дар муҳлатҳои муқарраргардида ҳисобот пешниҳод менамояд.
14.Дигар супоришҳои роҳбарияти Хадамоти иҷро ва сардори шуъбаро тибқи тартиби муқарраргардида иҷро менамояд.
15.Мутахассиси пешбари – 2 дорои дигар уҳдадориҳое мебошад, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудаанд.
IV. Ҳуқуқҳои мутахассиси пешбари – 2
16. Мутахассиси пешбари – 2 ҳуқуқҳои зерин дорад:
- дар ҷаласаҳо, машваратҳо ва дигар чорабиниҳо, ки ба фаъолияти шуъба ва мутахассиси пешбари – 2 дахл доранд ва қабули қарор аз рўи онҳо, иштирок намояд;
- оид ба пешгирӣ ва бартараф намудани омилҳои коррупсионӣ дар шуъба, Хадамоти иҷро ва соҳаи молия таклиф пешниҳод намояд;
- маводҳои дахлдори дар ихтиёри Хадамоти иҷро қарордоштаро омўзад;
- аз воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказӣ, сохторҳои ҳудудии Хадамоти иҷро, мақомоти давлатии дахлдор маълумот ва маводи барои иҷрои уҳдадориҳои мансабӣ ва вазифаҳои шуъба заруриро бо тартиби муқарраргардида дархост карда гирад;
- аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ ба такмили ихтисос фаро гирифта шавад;
- ба сардори шуъба барои дар ҷаласаҳои мушовара муҳокима намудани масъалаҳои муҳими фаъолияти шуъба пешниҳод манзур намояд;
- дар ҳолати ошкор намудани қонунвайронкунӣ ва камбудиҳо дар фаъолияти иҷрочиёни калон ва иҷрочиён ҷиҳати андешидани чораҳои интизомӣ, ба сардори шуъба таклиф пешниҳод менамояд;
- дар таҳия ва такмили лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи буҷет иштирок намояд;
- оид ба такмили дастурамали мансабии худ таклиф пешниҳод намояд.
17. Мутахассиси пешбари шуъба – 2 дорои дигар ҳуқуқҳое мебошад, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудаанд.
V. Масъулияти мутахассиси пешбари – 2
18. Мутахассиси пешбари – 2 дорои чунин масъулиятҳо мебошад:
-барои пешниҳод накардани маълумоти дуруст ҳангоми қабул ба хизмати давлатӣ, тартиб додан ва пешбурди парвандаи шахсии худ;
-барои риоя накардани маҳдудиятҳо ва дигар талаботе, ки қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ», «Дар бораи муқовимат ба коррупсия», Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудаанд;
-барои риоя накардани муқаррароти қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ»;
-барои пешниҳод накардан ё пешниҳоди нодурусти эъломияҳо оид ба андоз аз даромад ва оид ба вазъи молумулкӣ дар муҳлатҳои муқарраргардида;
-барои ошкор намудани сирри хизматӣ, давлатӣ ва дигар сирре, ки бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифз карда мешаванд;
-барои риоя накардани интизоми меҳнат, қоидаҳои тартиботи дохилӣ ва талаботи шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ;
-барои ғайримақсаднок истифода бурдан, нобуд сохтан ё вайрон кардани моликияти давлатии вобастакардашуда;
-дигар масъулияте, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудаанд.
19. Мутахассиси пешбари – 2 барои иҷро накардан ва ё ба таври дахлдор иҷро накардани муқаррароти Дастурамали мансабии мазкур тибқи тартиби муқарраргардидаи қонунгузорӣ ба ҷавобгарии интизомӣ кашида мешавад.
VI.Муқаррароти хотимавӣ
20. Дастурамали мансабии мазкур дар ду нусха тартиб дода шуда, нусхаи якум дар шуъбаи коргузорӣ ва назорат нигоҳ дошта шуда, нусхаи дуюми он аз тарафи шуъбаи мазкур баъди бақайдгирӣ дар китоби бақайдгирии дастурамалҳои мансабӣ бо гирифтани имзо ба мутахассиси пешбари – 2 супорида мешавад.
21. Ҳангоми тағйир ёфтани уҳдадориҳои мансабӣ ва ҳуқуқҳои хизматчии давлатии маъмурӣ аз рўи натиҷаи баҳодиҳии фаъолияти солона, ҳангоми азнавташкилдиҳии раёсат ва ё Хадамоти иҷро ва дигар ҳолатҳое, ки боиси тағйир ёфтани Дастурамали мансабии мутахассиси пешбари – 2 мегарданд, Дастурамали мансабии мазкур аз нав таҳия ва тасдиқ карда мешавад.
Дастурамали
мансабии мутахассиси раёсати рақамикунонии истеҳсолоти иҷрои Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
1.Муқаррароти умумӣ
1.Номи мансаб - мутахассиси раёсати рақамикунонии истеҳсолоти иҷрои Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
2.Мансаби мазкур тибқи Феҳристи мансабҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мансабҳои категорияи ҳафтум мансуб буда, аз тарафи Сардори Хадамот ба мансаб таъин ва озод мегардад.
3.Ишғолкунандаи мансаби мазкур ба сардори раёсат тобеъ ва ҳисоботдиҳанда мебошад.
4.Дар давраи муваққатан ҳозир набудани мутахассиси раёсат иҷрои уҳдадориҳои мансабии ў ба мутахассиси пешбар ва ҳангоми муваққатан ҳозир набудани мутахассиси пешбар иҷрои уҳдадориҳои мансабии ў ба мутахассиси раёсат вогузор карда мешаванд.
5.Мутахассиси раёсат бо воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказӣ ва сохторҳои ҳудудии Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд-Хадамоти иҷро), мақомоти марказӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ва ташкилотҳо (минбаъд-мақомоти давлатӣ) дар доираи уҳдадориҳои мансабии худ тибқи тартиби муқарраргардида ҳамкорӣ менамояд.
2. Талаботи тахассусӣ
6.Барои ишғолкунандаи мансаби мутахассиси раёсат талаботи тахассусии зерин муқаррар карда мешавад:
-таҳсилоти олии ё миёнаи касбии ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ, техникӣ, барномасозӣ, технологияҳои иттилоотӣ, ҳифзи маълумот, информатик, логистик (ба таҳсилоти олии дараҷаи магистр бартарӣ дода мешавад);
-донистани Конститутсия, қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии мутахассисро ба танзим медароранд;
-донистани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
-донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ;
-малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
-малакаи кор бо компютер ва дигар технологияҳои иттилоотӣ, истифодабарии техника ва технологияҳои муосир аз ҷумла барномаҳои компютерӣ.
-на камтар аз 1 маротиба дар 3 сол баланд бардоштани тахассуси касбӣ.
3. Уҳдадориҳои мансабии мутахассиси раёсат
7.Вобаста ба нақшаҳои кори раёсат, раёсат ва Хадамоти иҷро ба сардори раёсат таклиф пешниҳод менамояд.
8.Риояи интизоми иҷроия, меҳнатӣ ва қоидаҳои тартиботи дохилиро дар раёсат ташкил ва назорат менамояд.
9.Лоиҳаи фармоишҳо, санадҳои меъёрии ҳуқуқии ба фаъолияти раёсат дахлдоштаро таҳия ва пешниҳод, лоиҳаи фармоишҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии аз тарафи воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказӣ ва сохторҳои ҳудудии Хадамоти иҷро, мақомоти давлатӣ барои мувофиқа пешниҳод кардашударо мустақилона ё дар якҷоягӣ бо дигар кормандони раёсат баррасӣ намуда, хулосаи раёсат ё Хадамоти иҷроро омода менамояд.
10.Лоиҳаи тавсияҳои методии татбиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии ба фаъолияти раёсат дахлдоштаро мустақилона ё дар якҷоягӣ бо дигар кормандони раёсат таҳия ва пешниҳод, лоиҳаи тавсияҳои методии омоданамудаи дигар воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказӣ ва сохторҳои ҳудудиро мустақилона ё дар якҷоягӣ бо кормандони раёсат баррасӣ намуда, хулосаи раёсатро омода менамояд.
11.Ба сохторҳои ҳудудии Хадамоти иҷро дар татбиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи истеҳсолоти иҷро дар самти рақамикунонӣ тибқи тартиби муқарраргардида дар доираи масъалаҳои фаъолияти раёсат кумаки методӣ мерасонад.
12.Муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро баррасӣ намуда, ҷавоб омода менамояд.
13. Ҷиҳати қабули қарор дар хусуси бекор кардан, таҷдиди назар намудан ё махдуд сохтани муҳлати амали ҳуҷҷатҳои меъёрии техникӣ, ки хилофи талаботи санандҳои ҳуқуқӣ ва стандартҳои давлатӣ мебошанд таклиф пешниҳод менамояд.
14.Дар санҷиши фаъолияти сохторҳои ҳудудии Хадамоти иҷро оид ба риояи санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи истеҳсолоти иҷро дар самти рақамикунонӣ тибқи тартиби муқарраргардида иштирок ва аз натиҷаи санҷишҳо барои бартараф намудани камбудиҳои фаъолияти сохторҳои ҳудудӣ санад (гузориш) пешниҳод менамояд.
15.Тибқи тартиби муқарраргардида дар кори комиссияҳо, гурўҳҳои корӣ, ҷаласаҳо, машваратҳо, семинарҳо ва дигар чорабиниҳои Хадамоти иҷро ва мақомоти давлатии дахлдор иштирок ва уҳдадориҳои вогузоршударо иҷро менамояд.
16.Дар тарғиби рақамикунонии соҳаи истеҳсолоти иҷро, аз ҷумла тариқи воситаҳои ахбори омма иштирок мекунад.
17.Оид ба натиҷаҳои фаъолияти семоҳа, нимсола, нуҳмоҳа ва солонаи раёсат ва ҳангоми баҳогузории фаъолияти худ дар муҳлатҳои муқарраргардида ҳисобот пешниҳод менамояд.
18.Дар ҳамкорӣ бо сохторҳои ҳудудии Хадамот масъалаҳои мақсаднок васеъгардонӣ ва навсозии (инноватсионии) техникию технологияҳои муосири сохторҳои ҳудудиро мавриди баррасӣ қарор медиҳад.
19.Дигар супоришҳои роҳбарияти Хадамоти иҷроро тибқи тартиби муқарраргардида иҷро менамояд.
20. Дар якчоягӣ бо кормандони раёсат ҷиҳати такмил, бартараф намудани мушкилиҳои мавҷудаи Хадамот ва сохторҳои ҳудудии он дар самти рақамикунонии соҳа пешниҳодҳо манзур менамояд.
21.Мутахассиси раёсат дорои дигар уҳдадориҳое мебошад, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудаанд.
4. Ҳуқуқҳои мутахассиси раёсат
22.Мутахассиси раёсат ҳуқуқҳои зерин дорад:
-самтҳои фаъолияти раёсатро таҳлил, оид ба такмили санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, фаъолияти раёсат, Хадамоти иҷро, соҳаи рақамикунонии истеҳсолоти иҷро ва бартараф намудани камбудиҳо таклиф пешниҳод намояд;
-дар ҷаласаҳо, машваратҳо ва дигар чорабиниҳо, ки ба фаъолияти раёсат ва мутахассиси раёсат дахл доранд ва қабули қарор аз рўи онҳо, иштирок намояд;
-оид ба пешгирӣ ва бартараф намудани омилҳои коррупсионӣ дар раёсат, Хадамоти иҷро ва соҳаи истеҳсолоти иҷро таклиф пешниҳод намояд;
-маводҳои дахлдори дар ихтиёри Хадамоти иҷро қарордоштаро омўзад;
-аз воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказӣ, сохторҳои ҳудудии Хадамоти иҷро, мақомоти давлатии дахлдор маълумот ва маводи барои иҷрои уҳдадориҳои мансабӣ ва вазифаҳои раёсат заруриро бо тартиби муқарраргардида дархост карда гирад;
-аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ ба такмили ихтисос фаро гирифта шавад;
-аз иҷрочиён маводҳои истеҳсолотҳои иҷро ва дигар ҳуҷҷатҳоро барои омӯзиш, санҷиш ва ҳалли масъалаҳое, ки ба самти рақамикунонии соҳа алоқамандӣ доранд, бе расонидани халал ба рафти истеҳсолоти иҷро талаб намояд;
-оид ба такмили дастурамали мансабии худ таклиф пешниҳод намояд.
23.Мутахассиси раёсат дорои дигар ҳуқуқҳое мебошад, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудаанд.
5.Масъулияти мутахассиси раёсат
24.Мутахассиси раёсат дорои чунин масъулиятҳо мебошад:
-барои пешниҳод накардани маълумоти дуруст ҳангоми қабул ба хизмати давлатӣ, тартиб додан ва пешбурди парвандаи шахсии худ;
-барои риоя накардани маҳдудиятҳо ва дигар талаботе, ки қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ», «Дар бораи муқовимат ба коррупсия», Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудаанд;
-барои риоя накардани муқаррароти қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак», «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ»;
-барои пешниҳод накардан ё пешниҳоди нодурусти эъломияҳо оид ба андоз аз даромад ва оид ба вазъи молумулкӣ дар муҳлатҳои муқарраргардида;
-барои ошкор намудани сирри хизматӣ, давлатӣ ва дигар сирре, ки бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифз карда мешаванд;
-барои риоя накардани интизоми меҳнат, қоидаҳои тартиботи дохилӣ ва талаботи шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ;
-барои ғайримақсаднок истифода бурдан, нобуд сохтан ё вайрон кардани моликияти давлатии вобастакардашуда;
-дигар масъулияте, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудаанд.
25.Мутахассиси раёсат барои иҷро накардан ва ё ба таври дахлдор иҷро накардани муқаррароти Дастурамали мансабии мазкур тибқи тартиби муқарраргардидаи қонунгузорӣ ба ҷавобгарии интизомӣ кашида мешавад.
6.Муқаррароти хотимавӣ
26.Дастурамали мансабии мазкур дар ду нусха тартиб дода шуда, нусхаи якум дар шуъбаи коргузорӣ ва назорат нигоҳ дошта шуда, нусхаи дуюми он аз тарафи шуъбаи мазкур баъди бақайдгирӣ дар китоби бақайдгирии дастурамалҳои мансабӣ бо гирифтани имзо ба мутахассиси раёсат супорида мешавад.
27.Ҳангоми тағйир ёфтани уҳдадориҳои мансабӣ ва ҳуқуқҳои хизматчии давлатии маъмурӣ аз рўи натиҷаи баҳодиҳии фаъолияти солона, ҳангоми азнавташкилдиҳии раёсат ва ё Хадамоти иҷро ва дигар ҳолатҳое, ки боиси тағйир ёфтани Дастурамали мансабии мутахассиси раёсат мегарданд, Дастурамали мансабии мазкур аз нав таҳия ва тасдиқ карда мешавад.
Дастурамали
мансабии сардорони шуъбаҳои Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ, судҳои иқтисодӣ ва ҳарбӣ
1. Муқаррароти умумӣ
1. Номи мансаб - сардори шуъбаи Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
2. Мансаби мазкур тибқи Феҳристи мансабҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мансабҳои категорияи сеюм мансуб аст.
3. Сардори шуъбаи Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - сардори шуъба) аз тарафи сардори Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - сардори Хадамот) мувофиқи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мансаб таъин ва аз мансаб озод карда мешавад.
4. Ишғолкунандаи мансаби мазкур ба сардори Хадамот ва муовинони ў тибқи тақсими вазифаҳо тобеъ ва ҳисоботдиҳанда мебошад.
5. Ба сардори шуъба, сармутахассисон - иҷрочиёни калон ва мутахассисони пешбар - иҷрочиён (минбаъд - кормандон), тобеъ ва ҳисоботдиҳанда мебошанд.
6. Дар давраи муваққатан ҳозир набудани сардори шуъба иҷрои уҳдадориҳои мансабии ў ба яке аз сармутахассис - иҷрочии калони шуъба дар мувофиқа бо сардори Хадамот вогузор карда мешаванд.
7. Сардори шуъба бо воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказӣ ва сохторҳои ҳудудии Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд -Хадамот), мақомоти марказӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ва ташкилотҳо (минбаъд - мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳо) дар доираи уҳдадориҳои мансабии худ тибқи тартиби муқарраргардида ҳамкорӣ менамояд.
2. Талаботи тахассусӣ
8. Барои ишғолкунандаи мансаби сардори шуъба талаботи тахассусии зерин муқаррар карда мешавад:
- таҳсилоти олии касбии ҳуқуқшиносӣ, таърих ва ҳуқуқ, идораи давлат ва ҳуқуқ, инчунин дигар ихтисосҳои мувофиқ;
- 6 сол собиқаи умумии меҳнатӣ ё 5 сол собиқаи хизмати давлатӣ;
- донистани Конститутсия, қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии сардори шуъбаро ба танзим медароранд;
- донистани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ;
- қобилият ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, ташкилотчигӣ, ташаббускорӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон;
- малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
- малакаи кор бо компютер ва дигар технологияҳои иттилоотӣ, аз ҷумла кор карда тавонистан бо барномаҳои офисии Мicrosoft Word, Exсel, Power point;
- на камтар аз 1 маротиба дар 3 сол баланд бардоштани тахассуси касбӣ.
3. Уҳдадориҳои мансабии сардори шуъба
9. Роҳбарии умумии шуъба ва назорати фаъолияти кормандони шуъбаро анҷом медиҳад, иҷрои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, консепсияҳо, стратегияҳо, барномаҳо, нақшаҳои кории ба фаъолияти шуъба дахлдоштаро ташкил, таъмин ва назорат менамояд.
10. Нақшаҳои кории шуъбаро таҳия ва барои тасдиқ ба сардори Хадамот, сардорони раёсатҳои иҷро дар шаҳри Душанбе, ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон таклиф пешниҳод менамоянд. Нақшаҳои кории кормандони шуъбаро таҳия мекунад, ба нақшаҳои кори Хадамот, раёсатҳои Хадамоти иҷро дар шаҳри Душанбе, ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон таклиф пешниҳод менамояд.
11. Коргузориро дар шуъба тибқи тартиби муқарраргардида ташкил намуда, маводҳои воридотиро барои баррасӣ ва корбарии минбаъда ба кормандони шуъба манзур менамояд ва иҷрои онҳоро назорат ва таъмин менамояд.
12. Риояи интизоми иҷроия, меҳнатӣ ва қоидаҳои тартиботи дохилиро дар шуъба ташкил ва назорат менамояд.
13. Дастурамалҳои мансабии кормандони шуъбаро тибқи тартиби муқарраргардида дастрас ва назорат менамояд.
14. Корманде, ки бори аввал ба мансаби иҷрочии шуъба бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин мешавад, ба муҳлати се моҳ тартиби кориро меомӯзонад.
15. Лоиҳаи фармоишҳо, санадҳои меъёрии ҳуқуқии ба фаъолияти шуъба дахлдоштаро таҳия ва пешниҳод, лоиҳаи фармоишҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии аз тарафи воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказӣ ва сохторҳои ҳудудии Хадамот, мақомоти давлатӣ барои мувофиқа пешниҳод кардашударо мустақилона ё дар якҷоягӣ бо дигар кормандони шуъба баррасӣ намуда, хулосаи шуъбаро омода менамояд.
16. Лоиҳаи тавсияҳои методии татбиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии ба фаъолияти шуъба дахлдоштаро мустақилона ё дар якҷоягӣ бо дигар кормандони шуъба таҳия ва пешниҳод, лоиҳаи тавсияҳои методии омоданамудаи дигар воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказӣ ва сохторҳои ҳудудиро мустақилона ё дар якҷоягӣ бо кормандони шуъба баррасӣ намуда, хулосаи шуъбаро омода менамояд.
17. Ба сохторҳои ҳудудии Хадамот дар татбиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи истеҳсолоти иҷро тибқи тартиби муқарраргардида дар доираи масъалаҳои фаъолияти шуъба кумаки методӣ мерасонад.
18. Ҳолати супоридани эъломия оид ба андоз аз даромад ва эъломия оид ба вазъи молумулкии кормандони шуъбаро назорат ва дар муҳлатҳои муқарраргардида пешниҳод менамояд.
19. Муроҷиаткунандагонро тибқи тартиби муқарраргардида шахсан қабул менамояд ва муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро баррасӣ намуда, ҷавоб омода менамояд.
20. Сардори шуъба уҳдадор аст, ки ҳисоботи омории давраи ҳисоботиро бо замимаи ахбори худ ва дигар маълумотномаҳои дахлдори фаъолияти кории кормандони шуъба ба таври ҳомили қоғазӣ ва электронӣ бо тартиби муқаррарнамудаи фаслҳои ҳисоботи оморӣ ба раёсатҳои Хадамоти иҷро дар шаҳри Душанбе, ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон супорад.
21. Дар санҷиши фаъолияти сохторҳои ҳудудии Хадамот оид ба риояи санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи истеҳсолоти иҷро тибқи дастури роҳбарияти Хадамот иштирок ва аз натиҷаи санҷишҳо барои бартараф намудани камбудиҳои фаъолияти сохторҳои ҳудудӣ оид ба иҷрои талаботи ҳуҷҷатҳои иҷро санад (гузориш) пешниҳод менамояд.
22. Дар мувофиқа бо сардори Хадамот, муовинони ӯ, сардорони раёсатҳои Хадамоти иҷро дар шаҳри Душанбе, ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, Хадамотро дар дигар мақомоту ташкилотҳои давлатӣ муаррифӣ менамояд.
23. Ба кормандони шуъба дар доираи уҳдадориҳои мансабиашон супоришҳо медиҳад ва иҷрои саривақтии онҳоро назорат менамояд.
24. Ҷиҳати пешгирии омилҳои коррупсионӣ дар шуъба тадбирҳои зерин меандешад:
- ба фаъолияти кормандони шуъба барои пешгирӣ ва содир накардани амалҳои коррупсионӣ назорат менамояд;
- татбиқи меъёрҳои рафтори хизматчиёни давлатиро, ки бо Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар гардидааст, таъмин менамояд;
- дар ҳолати ошкор гардидани амали коррупсионӣ дар доираи салоҳияти худ ба роҳбарияти Хадамоти иҷро ва ё дар мувофиқаи онҳо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба тариқи хаттӣ хабар медиҳад ва ҳамкорӣ менамояд.
25. Тибқи тартиби муқарраргардида дар кори комиссияҳо, гурўҳҳои корӣ, ҷаласаҳо, машваратҳо, семинарҳо ва дигар чорабиниҳои Хадамот ва мақомоти давлатии дахлдор иштирок ва уҳдадориҳои вогузоршударо иҷро менамояд.
26. Тибқи тартиб ва дар муҳлатҳои муқарраркардашуда баҳодиҳии фаъолияти кормандони шуъбаро гузаронида, варақаи баҳодиҳиро хонапурӣ ва пешниҳод менамояд.
27. Дар тарғиби соҳаи истеҳсолоти иҷро, аз ҷумла тариқи воситаҳои ахбори омма иштирок мекунад.
28. Ҷаласаҳои ҷамъбасти семоҳа, нимсола, нуҳмоҳа ва солонаи фаъолияти шуъба, дигар ҷаласаҳои машваратӣ ва чорабиниҳои ба фаъолияти шуъба дахлдоштаро ташкил мекунад ва мегузаронад.
29. Оид ба натиҷаҳои фаъолияти семоҳа, нимсола, нуҳмоҳа ва солонаи шуъба ва ҳангоми баҳогузории фаъолияти худ дар муҳлатҳои муқарраргардида ҳисобот пешниҳод менамояд.
30. Фаъолияти иҷрочиёни калон ва иҷрочиёнро ташкил, назорат, таҳлил ва ҷамъбаст намуда, ба онҳо дар доираи ваколатҳои худ ёрӣ ва кумакҳои методӣ мерасонад.
31. Дар ҳолати аз рўйи тобеият ирсол кардани ҳуҷҷати иҷро ҳуҷҷати тасдиқкунандаи тобеиятро ба ҳуҷҷати иҷро замима намояд.
32. Истеҳсолотҳои иҷро, ки иҷрои онҳо таъмин ва амалҳои иҷро нисбат ба онҳо ба анҷом расидаанд, ҳар шаш моҳ баъди ҳисобот аз ҷониби кормандони шуъба бо тартиб додани рўйхат ба сардори шуъба супорида мешаванд. Сардори шуъба ҳар як истеҳсолоти иҷроро аз назар гузаронида, дар болои он дар ҷойи «ба бойгонӣ супорида шуд» имзо гузошта, онро ба бойгонӣ қабул менамояд.
33. Рўйхати истеҳсолотҳои иҷро, ки ба бойгонӣ супорида мешаванд, дар ду нусха тартиб дода шуда, як нусхаи он дар бастаи алоҳида нигоҳ дошта мешавад ва нусхаи дигараш бо истеҳсолотҳои иҷрои ба бойгонӣ супоридашуда, ҳамроҳ карда мешавад.
34. Истеҳсолоти иҷро аз бойгонии шуъба танҳо бо дархости суд, прокурор, мақомоти таҳқиқ ва тафтишоти пешакӣ талаб карда мешавад. Ҳангоми баррасӣ намудани ариза ва ҳолатҳои дигари истеҳсолоти иҷро аз тарафи роҳбарият ва мутахассисони дастгоҳи марказии Хадамот, роҳбарият ва мутахассисони раёсатҳои Хадамоти иҷро дар шаҳри Душанбе, Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон (минбаъд - ВМКБ) ва вилоятҳои Суғду Хатлон барои омўзиш талаб карда мешавад.
35. Дигар супоришҳои роҳбарияти Хадамоти иҷроро тибқи тартиби муқарраргардида иҷро менамояд.
36. Сардори шуъба ба дастурҳо, ки ба кормандони шуъба медиҳад, ҳуҷҷатҳо, ҳисоботҳо, гузоришҳо, пешниҳодҳо, хулосаҳо, санадҳо, лоиҳаи фармоишҳо, қарорҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии омоданамудаи худ ва кормандони шуъба, ки ба роҳбарияти Хадамот ва воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказии Хадамот пешниҳод карда мешаванд, имзо мекунад.
4. Ҳуқуқҳои сардори шуъба
37. Сардори шуъба ҳуқуқҳои зерин дорад:
- самтҳои фаъолияти шуъбаро таҳлил, оид ба такмили санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, фаъолияти шуъба, Хадамот, соҳаи истеҳсолоти иҷро ва бартараф намудани камбудиҳо таклиф пешниҳод намояд;
- дар бораи ҳавасмандгардонӣ ва ба ҷавобгарии интизомӣ кашидани кормандони шуъба ба сардори Хадамот, сардорони раёсатҳои Хадамоти иҷро дар шаҳри Душанбе, ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон таклиф пешниҳод намояд;
- дар ҷаласаҳо, машваратҳо ва дигар чорабиниҳо, ки ба фаъолияти шуъба ва сардори шуъба дахл доранд ва қабули қарор аз рўи онҳо, иштирок намояд;
- оид ба пешгирӣ ва бартараф намудани омилҳои коррупсионӣ дар шуъба, Хадамот ва соҳаи истеҳсолоти иҷро таклиф пешниҳод намояд;
- аз воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказӣ, сохторҳои ҳудудии Хадамот, мақомоти давлатии дахлдор маълумот ва маводи барои иҷрои уҳдадориҳои мансабӣ ва вазифаҳои раёсат заруриро бо тартиби муқарраргардида дархост карда гирад;
- аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ ба такмили ихтисос фаро гирифта шавад;
- ба роҳбарияти Хадамот барои дар ҷаласаҳои мушовара муҳокима намудани масъалаҳои муҳими фаъолияти шуъба пешниҳод манзур намояд;
- дар ҳолати ошкор намудани қонунвайронкунӣ ва камбудиҳо дар фаъолияти кормандони шуъба ҷиҳати андешидани чораҳои интизомӣ, ба сардори Хадамот таклиф пешниҳод менамояд;
- дар доираи ваколатҳои ба зиммаи ӯ вогузоршуда, дар баробари иҷрочии калон ва иҷрочӣ истеҳсолоти иҷрои маҷбурӣ оғоз намуда, ҷиҳати иҷрои он тамоми чораҳои маҷбуриро андешад;
- ҳуҷҷатҳои иҷроро байни иҷрочиёни шуъба тақсим намуда, сарбории онҳоро ба танзим дарорад;
- вобаста ба рад кардан ё худрадкунии иҷрочии калон ва иҷрочии шуъба қарор қабул намояд;
- аз иҷрочиёни калон ва иҷрочиён маводҳои истеҳсолотҳои иҷро ва дигар ҳуҷҷатҳоро барои омӯзиш, санҷиш ва ҳалли масъалаҳое, ки ба иҷрои ҳуҷҷатҳои иҷро алоқамандӣ доранд, бе расонидани халал ба рафти истеҳсолоти иҷро талаб намояд;
- нисбати шахсони воқеӣ ва шахсони мансабдор, ки ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ содир намудаанд, протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода, қарор дар бораи оғози парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмуриро қабул ва ба мақомоти судӣ барои баррасӣ ирсол намояд;
- оид ба такмили дастурамали мансабии худ ва кормандони шуъба таклиф пешниҳод намояд.
38. Сардори шуъба фаъолияти худро дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи истеҳсолоти иҷро”, Дастурамал оид ба ташкили кор, коргузорӣ ва таъминоти моддию техникии фаъолияти кормандони мақомоти иҷро ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ мемонад.
5. Масъулияти сардори шуъба
39. Сардори шуъба дорои чунин масъулиятҳо мебошад:
- барои пешниҳод накардани маълумоти дуруст ҳангоми қабул ба хизмати давлатӣ, тартиб додан ва пешбурди парвандаи шахсии худ;
- барои риоя накардани маҳдудиятҳо ва дигар талаботе, ки қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ», «Дар бораи муқовимат ба коррупсия», Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудаанд;
- барои риоя накардани муқаррароти қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак», «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ»;
- барои пешниҳод накардан ё пешниҳоди нодурусти эъломияҳо оид ба андоз аз даромад ва оид ба вазъи молумулкӣ дар муҳлатҳои муқарраргардида;
- барои ошкор намудани сирри хизматӣ, давлатӣ ва дигар сирре, ки бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифз карда мешаванд;
- барои риоя накардани интизоми меҳнат, қоидаҳои тартиботи дохилӣ ва талаботи шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ;
- барои ғайримақсаднок истифода бурдан, нобуд сохтан ё вайрон кардани моликияти давлатии вобастакардашуда;
- дигар масъулияте, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудаанд.
40. Сардори шуъба барои иҷро накардан ва ё ба таври дахлдор иҷро накардани муқаррароти Дастурамали мансабии мазкур тибқи тартиби муқарраргардидаи қонунгузорӣ ба ҷавобгарии интизомӣ кашида мешавад.
6. Муқаррароти хотимавӣ
41. Дастурамали мансабии мазкур дар ду нусха тартиб дода шуда, нусхаи якум дар шуъбаи коргузорӣ ва назорат нигоҳ дошта шуда, нусхаи дуюми он аз тарафи шуъбаи мазкур баъди бақайдгирӣ дар китоби бақайдгирии дастурамалҳои мансабӣ бо гирифтани имзо ба сардори шуъба супорида мешавад.
42. Ҳангоми тағйир ёфтани уҳдадориҳои мансабӣ ва ҳуқуқҳои хизматчии давлатии маъмурӣ аз рўи натиҷаи баҳодиҳии фаъолияти солона, ҳангоми азнавташкилдиҳии шуъба ва ё Хадамот ва дигар ҳолатҳое, ки боиси тағйир ёфтани Дастурамали мансабии сардори шуъба мегарданд, Дастурамали мансабии мазкур аз нав таҳия ва тасдиқ карда мешавад.
Дастурамали
мансабии сармутахассис - иҷрочии калони шуъба (бахш)-и Хадамоти
иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Муқаррароти умумӣ
1. Номи мансаб - иҷрочии калони шуъба (бахш)-и Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
2. Мансаби мазкур тибқи Феҳристи мансабҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мансабҳои категорияи панҷум мансуб аст.
3. Сармутахассис - иҷрочии калони шуъба (бахш)-и Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - иҷрочии калон) аз тарафи сардори Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - сардори Хадамот) мувофиқи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мансаб таъин ва аз мансаб озод карда мешавад.
4. Ишғолкунандаи мансаби мазкур ба сардори шуъба (мудири бахш) тобеъ ва ҳисоботдиҳанда мебошад.
5. Дар давраи муваққатан ҳозир набудани иҷрочии калон иҷрои уҳдадориҳои мансабии ў ба дигар иҷрочии калон ва дар ҳолати набудани мансаби дигари сармутахассис - иҷрочии калон ба мутахассиси пешбар - иҷрочӣ дар мувофиқа бо сардори шуъба (мудири бахш) вогузор карда мешаванд.
6. Иҷрочии калон бо воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказӣ ва сохторҳои ҳудудии Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Хадамот), мақомоти марказӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ва муассисаву ташкилотҳо (минбаъд - мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳо) дар доираи уҳдадориҳои мансабии худ тибқи тартиби муқарраргардида ҳамкорӣ менамояд.
2. Талаботи тахассусӣ
7. Барои ишғолкунандаи мансаби иҷрочии калон талаботи тахассусии зерин муқаррар карда мешавад:
- таҳсилоти олии касбии ҳуқуқшиносӣ, таърих ва ҳуқуқ, идораи давлат ва ҳуқуқ, инчунин дигар ихтисосҳои мувофиқ;
- 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ ё 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ;
- донистани Конститутсия, қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии иҷрочии калонро ба танзим медароранд;
- донистани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ;
- малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
- малакаи кор бо компютер ва дигар технологияҳои иттилоотӣ, аз ҷумла кор карда тавонистан бо барномаҳои офисии Мicrosoft Word, Exсel, Power point;
- на камтар аз 1 маротиба дар 3 сол баланд бардоштани тахассуси касбӣ.
3. Уҳдадориҳои мансабии иҷрочии калон
8. Вобаста ба нақшаҳои кори шуъба (бахш) ва Хадамот ба сардори шуъба (ё мудири бахш) таклиф пешниҳод менамояд.
9. Лоиҳаи фармоишҳо, санадҳои меъёрии ҳуқуқии ба фаъолияти шуъба (бахш) дахлдоштаро таҳия ва пешниҳод, лоиҳаи фармоишҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии аз тарафи дигар воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказӣ ва сохторҳои ҳудудии Хадамот барои мувофиқа пешниҳодкардашударо мустақилона ё дар якҷоягӣ бо дигар кормандони шуъба (бахш) баррасӣ намуда, ба сардори шуъба (мудири бахш) хулоса манзур менамояд.
10. Лоиҳаи тавсияҳои методии татбиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии ба фаъолияти шуъба (бахш) дахлдоштаро мустақилона ё дар якҷоягӣ бо дигар кормандони шуъба (бахш) таҳия ва пешниҳод, лоиҳаи тавсияҳои методии омоданамудаи дигар воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказӣ ва сохторҳои ҳудудиро мустақилона ё дар якҷоягӣ бо кормандони шуъба (бахш) баррасӣ намуда, хулосаи шуъбаро омода менамояд.
11. Муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро тибқи тартиби муқарраргардида баррасӣ намуда, ҷавоб омода менамояд.
12. Дар ҳолати зарурат ва дар мувофиқа бо сардори Хадамот дар санҷиши фаъолияти сохторҳои ҳудудии Хадамот оид ба риояи санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи истеҳсолоти иҷро тибқи тартиби муқарраргардида иштирок намуда, аз натиҷаи санҷишҳо барои бартараф намудани камбудиҳои фаъолияти сохторҳои ҳудудӣ оид ба иҷрои талаботи ҳуҷҷатҳои иҷро санад (гузориш) пешниҳод менамояд.
13. Дар мувофиқа бо роҳбарияти Хадамот ва сардори шуъба (мудири бахш) Хадамотро дар дигар мақомоту ташкилотҳои давлатӣ муаррифӣ менамояд.
14. Маводҳои дахлдорро ба мақомоти судӣ, мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдор, ки барои иҷро ҳуҷҷати иҷроро пешниҳод намудаанд, вобаста ба тамдид намудани муҳлати иҷро, мавқуф гузоштан, боздоштан, батаъхиргузорӣ, ба давраҳо ҷудо намудан, тағйир додани тартиб ва тарзи иҷрои он, инчунин барои дидани дигар чораҳои қонунӣ дар мувофиқа бо сардори шуъба (мудири бахш) пешниҳод менамояд.
15. Ҳуҷҷати иҷрое, ки аз ситонанда ва дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз суд, мақомоти давлатӣ ё шахси мансабдор, бо пайнавишти сардори шуъба (мудири бахш) барои иҷро қабул карда шудааст, тибқи талаботи қонунгузорӣ корбарӣ намуда, сари вақт истеҳсолоти иҷроро оғоз менамояд.
16. Дар ҳолати ошкор гардидани даст задан ба омилҳои коррупсионӣ дар доираи салоҳияти худ ба сардори шуъба (мудири бахш) хабар медиҳад.
17. Тибқи тартиби муқарраргардида дар кори комиссияҳо, гурўҳҳои корӣ, ҷаласаҳо, машваратҳо, семинарҳо ва дигар чорабиниҳои Хадамот ва мақомоти давлатии дахлдор иштирок ва уҳдадориҳои вогузоршударо иҷро менамояд.
18. Дар тарғиби соҳаи истеҳсолоти иҷро, аз ҷумла тариқи воситаҳои ахбори омма дар мувофиқа бо роҳбарияти Хадамот ва сардори шуъба иштирок мекунад.
19. Иҷрочии калон уҳдадор аст, ки ҳисоботи омории давраи ҳисоботиро бо замимаи маълумотномаи фаъолияти кории худ ба таври ҳомили қоғазӣ ва электронӣ бо тартиби муқаррарнамудаи фаслҳои ҳисоботи оморӣ ба сардори шуъба (мудири бахш) ҳар моҳ сари вақт супорад.
20. Ҳангоми гузаронидани амалҳои иҷро, ки ба ворид шудани ў ба бино, анбор ва дигар ҷойҳое, ки молу мулки қарздор дар он ҷой нигоҳ дошта мешавад, иштироки шахсони холис ва ҳангоми зарурат ҳузури кормандони милитсияро таъмин менамояд.
21. Барои ҳалли масъалаҳое, ки дар истеҳсолоти иҷро дониши махсусро талаб менамояд, тибқи талаботи қонунгузорӣ мутахассис даъват намуда, масъалаҳои бавуҷудомадаро ҳаллу фасл менамояд.
22. Дигар супоришҳои роҳбарияти Хадамот ва сардори шуъба (мудири бахш) - ро тибқи тартиби муқарраргардида иҷро менамояд.
23. Дар ҳолати аз рўйи тобеият ирсол кардани ҳуҷҷати иҷро ҳуҷҷати тасдиқкунандаи тобеиятро ба ҳуҷҷати иҷро замима менамояд.
24. Истеҳсолотҳои иҷро, ки иҷрои онҳо таъмин ва амалҳои иҷро нисбат ба онҳо ба анҷом расидаанд, ҳар шаш моҳ баъди ҳисобот аз ҷониби иҷрочии калон бо тартиб додани рўйхат ба сардори шуъба (мудири бахш) супорида мешаванд. Сардори шуъба (мудири бахш) ҳар як истеҳсолоти иҷроро аз назар гузаронида, дар болои он дар ҷойи «ба бойгонӣ супорида шуд» имзо гузошта, онро ба бойгонӣ қабул менамояд.
25. Рўйхати истеҳсолотҳои иҷро, ки ба бойгонӣ супорида мешаванд, дар ду нусха тартиб дода шуда, як нусхаи он дар бастаи алоҳида нигоҳ дошта мешавад ва нусхаи дигараш бо истеҳсолотҳои иҷрои ба бойгонӣ супоридашуда, ҳамроҳ карда мешавад.
26. Истеҳсолоти иҷро аз бойгонии шуъба (бахш) танҳо бо дархости суд, прокурор, мақомоти таҳқиқ ва тафтишоти пешакӣ талаб карда мешавад. Ҳангоми баррасӣ намудани ариза ва ҳолатҳои дигари истеҳсолоти иҷро аз тарафи роҳбарият ва мутахассисони дастгоҳи марказии Хадамот, роҳбарият ва мутахассисони раёсатҳои Хадамоти иҷро дар шаҳри Душанбе, Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон (минбаъд - ВМКБ) ва вилоятҳои Суғду Хатлон барои омўзиш талаб карда мешавад.
4. Ҳуқуқҳои иҷрочии калон
28. Иҷрочии калон дорои ҳуқуқҳои зерин мебошад:
- самтҳои фаъолияти шуъбаро таҳлил, оид ба такмили санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, фаъолияти шуъба (бахш), Хадамот, соҳаи истеҳсолоти иҷро ва бартараф намудани камбудиҳо таклиф пешниҳод намояд;
- дар ҷаласаҳо, машваратҳо ва дигар чорабиниҳо, ки ба фаъолияти шуъба (бахш) дахл доранд ва қабули қарор аз рўи онҳо, иштирок намояд;
- оид ба пешгирӣ ва бартараф намудани омилҳои коррупсионӣ дар шуъба (бахш), Хадамот ва соҳаи истеҳсолоти иҷро таклиф пешниҳод намояд;
- маводҳои дахлдори дар ихтиёри шуъба (бахш) қарордоштаро омўзад;
- ба сардори шуъба (бахш) барои дар ҷаласаҳои мушовара ва назоратӣ муҳокима намудани масъалаҳои муҳими фаъолияти шуъба пешниҳод манзур намояд;
- дар ҳолати ошкор намудани қонунвайронкунӣ ва камбудиҳо дар фаъолияти иҷрочиён ҷиҳати андешидани чораҳои интизомӣ, ба сардори шуъба (бахш) таклиф пешниҳод намояд;
- маълумоти зарурӣ, аз ҷумла маълумотҳоеро, ки ба сирри тиҷоратӣ, бонкӣ ва сирри дигари бо қонун ҳифзшаванда, амалиёти нотариалии баҷоовардашуда мансуб мебошад, аз мақомоти дахлдор дар доираи талаботи қонунгузорӣ талаб намояд;
- дар ташкилотҳо, новобаста аз шакли моликият, ки қарздор дар он ҷо фаъолият мекунад, иҷрои санадҳои судӣ, санадҳои мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдорро нисбат ба пардохти маблағҳои пулии дахлдор санҷад;
- бо мақсади муқаррар намудани маҳалли ҷойгиршавии молу мулки қарздор баёноти ситонанда, қарздор ва шахси сеюмро гирад ва дар ин хусус протокол тартиб диҳад;
- маълумоти заруриро оид ба молу мулки қарздор, ки дар ихтиёри шахси сеюм қарор дорад, ҷамъоварӣ намояд;
- нисбати шахсони воқеӣ ва шахсони мансабдор, ки ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ содир намудаанд, протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода, қарор дар бораи оғози парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмуриро қабул ва ба мақомоти судӣ барои баррасӣ ирсол намояд;
- дар рафти гузаронидани амалҳои иҷро аз воситаҳои иттилоотӣ, сабтҳои видео ва аудио, суратгирӣ, ҳамчунин дигар воситаҳои техникӣ ва воситаҳои дигаре, ки ба ҳаёт ва саломатии шаҳрвандон зарар намерасонанд, истифода намояд;
- вақт ва рўзи амали иҷрои маҷбуриро бо дарназардошти сарбории истеҳсолоти худ ва навбати воридшавии ҳуҷҷати иҷро муқаррар намояд ва бо истеҳсолотҳое, ки иҷрояшон фаврӣ аст, чораҳои маҷбурии фавриро андешад;
- тибқи қонунгузории мурофиавии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба арзу шикоятҳое, ки амали (беамалии) уро мавриди баҳс қарор додааст, дар суд иштирок намояд, дар ҳолати ба сифати шахси сеюм ҷалб гардидан бо ваколатномаи тасдиқнамудаи Хадамот, раёсатҳои Хадамоти иҷро дар шаҳри Душанбе, ВМКБ вилоятҳои Суғду Хатлон фикру андешаи худро ба таври хаттӣ пешниҳод намуда, аз болои қарори қабулнамудаи суд дар муҳлати муқаррарнамудаи қонун ба марҳилаҳои болоии судӣ шикоят намояд;
- аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ ба такмили ихтисос фаро гирифта шавад;
- ба сардори шуъба (мудири бахш) барои дар ҷаласаҳои мушовара муҳокима намудани масъалаҳои муҳими фаъолияти шуъба (бахш) пешниҳод манзур намояд;
- дар таҳия ва такмили лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи истеҳсолоти иҷро иштирок намояд;
- оид ба такмили дастурамали мансабии худ таклиф пешниҳод намояд.
29. Сармутахассис - иҷрочии калони шуъба (бахш) фаъолияти худро дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи истеҳсолоти иҷро”, Дастурамал оид ба ташкили кор, коргузорӣ ва таъминоти моддию техникии фаъолияти кормандони мақомоти иҷро ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ мемонад.
5. Масъулияти иҷрочии калон
30. Иҷрочии калон дорои чунин масъулиятҳо мебошад:
- барои пешниҳод накардани маълумоти дуруст ҳангоми қабул ба хизмати давлатӣ, тартиб додан ва пешбурди парвандаи шахсии худ;
- барои риоя накардани маҳдудиятҳо ва дигар талаботе, ки қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ», «Дар бораи муқовимат ба коррупсия», Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудаанд;
- барои риоя накардани муқаррароти қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак», «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ»;
- барои пешниҳод накардан ё пешниҳоди нодурусти эъломияҳо оид ба андоз аз даромад ва оид ба вазъи молумулкӣ дар муҳлатҳои муқарраргардида;
- барои ошкор намудани сирри хизматӣ, давлатӣ ва дигар сирре, ки бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифз карда мешаванд;
- барои риоя накардани интизоми меҳнат, қоидаҳои тартиботи дохилӣ ва талаботи шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ;
- барои ғайримақсаднок истифода бурдан, нобуд сохтан ё вайрон кардани моликияти давлатии вобастакардашуда;
- дигар масъулияте, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудаанд.
31. Иҷрочии калон барои иҷро накардан ва ё ба таври дахлдор иҷро накардани муқаррароти Дастурамали мансабии мазкур тибқи тартиби муқарраргардидаи қонунгузорӣ ба ҷавобгарии интизомӣ кашида мешавад.
6. Муқаррароти хотимавӣ
32. Дастурамали мансабии мазкур дар ду нусха тартиб дода шуда, нусхаи якум дар шуъбаи коргузорӣ ва назорат нигоҳ дошта шуда, нусхаи дуюми он аз тарафи шуъбаи мазкур баъди бақайдгирӣ дар китоби бақайдгирии дастурамалҳои мансабӣ бо гирифтани имзо ба сардори шуъба (мудири бахш) супорида мешавад.
33. Ҳангоми тағйир ёфтани уҳдадориҳои мансабӣ ва ҳуқуқҳои хизматчии давлатии маъмурӣ аз рўи натиҷаи баҳодиҳии фаъолияти солона, ҳангоми азнавташкилдиҳии шуъба (бахш) ва ё Хадамот ва дигар ҳолатҳое, ки боиси тағйир ёфтани Дастурамали мансабии иҷрочии калон мегарданд, Дастурамали мансабии мазкур аз нав таҳия ва тасдиқ карда мешавад.
Дастурамали
мансабии мутахассиси пешбар - иҷрочии шуъба (бахш) - и Хадамоти
иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Муқаррароти умумӣ
1. Номи мансаб - иҷрочии шуъба (бахш)-и Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
2. Мансаби мазкур тибқи Феҳристи мансабҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мансабҳои категорияи шашум мансуб аст.
3. Мутахассиси пешбар - иҷрочии шуъба (бахш)-и Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - иҷрочӣ) аз тарафи сардори Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - сардори Хадамот) мувофиқи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мансаб таъин ва аз мансаб озод карда мешавад.
4. Ишғолкунандаи мансаби мазкур ба сардори шуъба (мудири бахш) тобеъ ва ҳисоботдиҳанда мебошад.
5. Дар давраи муваққатан ҳозир набудани иҷрочӣ иҷрои уҳдадориҳои мансабии ў ба дигар иҷрочӣ дар мувофиқа бо сардори шуъба вогузор карда мешаванд.
6. Иҷрочӣ бо воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказӣ ва сохторҳои ҳудудии Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Хадамот), мақомоти марказӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ва муассисаву ташкилотҳо (минбаъд - мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳо) дар доираи уҳдадориҳои мансабии худ тибқи тартиби муқарраргардида ҳамкорӣ менамояд.
2. Талаботи тахассусӣ
7. Барои ишғолкунандаи мансаби иҷрочӣ талаботи тахассусии зерин муқаррар карда мешавад:
- таҳсилоти олии касбии ҳуқуқшиносӣ, таърих ва ҳуқуқ, идораи давлат ва ҳуқуқ, инчунин дигар ихтисосҳои мувофиқ;
- 1 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
- донистани Конститутсия, қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии иҷрочиро ба танзим медароранд;
- донистани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ;
- малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
- малакаи кор бо компютер ва дигар технологияҳои иттилоотӣ, аз ҷумла кор карда тавонистан бо барномаҳои офисии Мicrosoft Word, Exсel, Power point;
- на камтар аз 1 маротиба дар 3 сол баланд бардоштани тахассуси касбӣ.
3. Уҳдадориҳои мансабии иҷрочӣ
8. Вобаста ба нақшаҳои кори шуъба (бахш) ба сардори шуъба (мудири бахш) таклиф пешниҳод менамояд.
9. Лоиҳаи фармоишҳо, санадҳои меъёрии ҳуқуқии ба фаъолияти шуъба (бахш) дахлдоштаро таҳия ва пешниҳод, лоиҳаи фармоишҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии аз тарафи воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказӣ ва сохторҳои ҳудудии Хадамот барои мувофиқа пешниҳодкардашударо мустақилона ё дар якҷоягӣ бо дигар кормандони шуъба (бахш) баррасӣ намуда, ба сардори шуъба (мудири бахш) хулоса манзур менамояд.
10. Шахсе, ки бори аввал ба мансаби иҷрочии мақомоти иҷро дар шуъба (бахш) бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин мешаванд, ба муҳлати се моҳ тартиби кориро меомӯзад.
11. Муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро тибқи тартиби муқарраргардида баррасӣ намуда, ҷавоб омода менамояд.
12. Дар ҳолати зарурат ва дар мувофиқа бо сардори Хадамот дар санҷиши фаъолияти сохторҳои ҳудудии Хадамот оид ба риояи санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи истеҳсолоти иҷро тибқи тартиби муқарраргардида иштирок намуда, аз натиҷаи санҷишҳо барои бартараф намудани камбудиҳои фаъолияти сохторҳои ҳудудӣ оид ба иҷрои талаботи ҳуҷҷатҳои иҷро санад (гузориш) пешниҳод менамояд.
13. Дар мувофиқа бо роҳбарияти Хадамот ва сардори шуъба (мудири бахш) Хадамотро дар дигар мақомоту ташкилотҳои давлатӣ муаррифӣ менамояд.
14. Маводҳои дахлдорро ба мақомоти судӣ, мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдор, ки барои иҷро ҳуҷҷати иҷроро пешниҳод намудаанд, вобаста ба тамдид намудани муҳлати иҷро, мавқуф гузоштан, боздоштан, батаъхиргузорӣ, ба давраҳо ҷудо намудан, тағйир додани тартиб ва тарзи иҷрои он, инчунин барои дидани дигар чораҳои қонунӣ дар мувофиқа бо сардори шуъба (мудири бахш) пешниҳод намояд;
15. Ҳуҷҷати иҷрое, ки аз ситонанда ва дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз суд, мақомоти давлатӣ ё шахси мансабдор, бо пайнавишти сардори шуъба (мудири бахш) барои иҷро қабул карда шудааст, тибқи талаботи қонунгузорӣ истеҳсолоти иҷроро оғоз менамояд.
16. Дар ҳолати ошкор гардидани омилҳои коррупсионӣ дар доираи салоҳияти худ ба сардори шуъба (мудири бахш) хабар медиҳад.
17. Тибқи тартиби муқарраргардида дар кори комиссияҳо, гурўҳҳои корӣ, ҷаласаҳо, машваратҳо, семинарҳо ва дигар чорабиниҳои Хадамот ва мақомоти давлатии дахлдор иштирок ва уҳдадориҳои вогузоршударо иҷро менамояд.
18. Дар тарғиби соҳаи истеҳсолоти иҷро, аз ҷумла тариқи воситаҳои ахбори омма дар мувофиқа бо роҳбарияти Хадамот ва сардори шуъба (мудири бахш) иштирок мекунад.
19. Иҷрочӣ уҳдадор аст, ки ҳисоботи омории давраи ҳисоботиро бо замимаи маълумотномаи фаъолияти кории худ ба таври ҳомили қоғазӣ ва электронӣ бо тартиби муқаррарнамудаи фаслҳои ҳисоботи оморӣ ба сардори шуъба (мудири бахш) супорад.
20. Ҳангоми гузаронидани амалҳои иҷро, ки ба ворид шудани ў ба бино, анбор ва дигар ҷойҳое, ки молу мулки қарздор дар он ҷой нигоҳ дошта мешавад, иштироки шахсони холис ва ҳангоми зарурат ҳузури кормандони милитсияро таъмин менамояд.
21. Барои ҳалли масъалаҳое, ки дар истеҳсолоти иҷро дониши махсусро талаб менамояд, тибқи талаботи қонунгузорӣ мутахассис даъват намуда, масъалаҳои бавуҷудомадаро ҳаллу фасл менамояд.
22. Дигар супоришҳои роҳбарияти Хадамоти иҷро ва сардори шуъба (мудири бахш) - ро тибқи тартиби муқарраргардида иҷро менамояд.
23. Дар ҳолати аз рўйи тобеият ирсол кардани ҳуҷҷати иҷро ҳуҷҷати тасдиқкунандаи тобеиятро ба ҳуҷҷати иҷро замима менамояд.
24. Истеҳсолотҳои иҷро, ки иҷрои онҳо таъмин ва амалҳои иҷро нисбат ба онҳо ба анҷом расидаанд, ҳар шаш моҳ баъди ҳисобот аз ҷониби иҷрочӣ бо тартиб додани рўйхат ба сардори шуъба (мудири бахш) супорида мешаванд. Сардори шуъба (мудири бахш) ҳар як истеҳсолоти иҷроро аз назар гузаронида, дар болои он дар ҷойи «ба бойгонӣ супорида шуд» имзо гузошта, онро ба бойгонӣ қабул менамояд.
25. Рўйхати истеҳсолотҳои иҷро, ки ба бойгонӣ супорида мешаванд, дар ду нусха тартиб дода шуда, як нусхаи он дар бастаи алоҳида нигоҳ дошта мешавад ва нусхаи дигараш бо истеҳсолотҳои иҷрои ба бойгонӣ супоридашуда, ҳамроҳ карда мешавад.
26. Истеҳсолоти иҷро аз бойгонии шуъба (бахш) танҳо бо дархости суд, прокурор, мақомоти таҳқиқ ва тафтишоти пешакӣ талаб карда мешавад. Ҳангоми баррасӣ намудани ариза ва ҳолатҳои дигари истеҳсолоти иҷро аз тарафи роҳбарият ва мутахассисони дастгоҳи марказии Хадамот, роҳбарият ва мутахассисони раёсатҳои Хадамоти иҷро дар шаҳри Душанбе, Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон (минбаъд - ВМКБ) ва вилоятҳои Суғду Хатлон барои омўзиш талаб карда мешавад.
4. Ҳуқуқҳои иҷрочӣ
27. Иҷрочӣ дорои ҳуқуқҳои зерин мебошад:
- самтҳои фаъолияти шуъбаро таҳлил, оид ба такмили санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, фаъолияти шуъба (бахш), Хадамот, соҳаи истеҳсолоти иҷро ва бартараф намудани камбудиҳо таклиф пешниҳод намояд;
- дар ҷаласаҳо, машваратҳо ва дигар чорабиниҳо, ки ба фаъолияти шуъба ва иҷрочии шуъба дахл доранд ва қабули қарор аз рўи онҳо, иштирок намояд;
- оид ба пешгирӣ ва бартараф намудани омилҳои коррупсионӣ дар шуъба, Хадамот ва соҳаи истеҳсолоти иҷро таклиф пешниҳод намояд;
- маводҳои дахлдори дар ихтиёри шуъба (бахш) қарордоштаро омўзад;
- ба сардори шуъба (бахш) барои дар ҷаласаҳои мушовара ва назоратӣ муҳокима намудани масъалаҳои муҳими фаъолияти шуъба (бахш) пешниҳод манзур намояд;
- маълумоти зарурӣ, аз ҷумла маълумотҳоеро, ки ба сирри тиҷоратӣ, бонкӣ ва сирри дигари бо қонун ҳифзшаванда, амалиёти нотариалии баҷоовардашуда мансуб мебошад, аз мақомоти дахлдор дар доираи талаботи қонунгузорӣ талаб намояд;
- дар ташкилотҳо, новобаста аз шакли моликият, ки қарздор дар он ҷо фаъолият мекунад, иҷрои санадҳои судӣ, санадҳои мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдорро нисбат ба пардохти маблағҳои пулии дахлдор санҷад;
- бо мақсади муқаррар намудани маҳалли ҷойгиршавии молу мулки қарздор баёноти ситонанда, қарздор ва шахси сеюмро гирад ва дар ин хусус протокол тартиб диҳад;
- маълумоти заруриро оид ба молу мулки қарздор, ки дар ихтиёри шахси сеюм қарор дорад, ҷамъоварӣ намояд;
- нисбати шахсони воқеӣ ва шахсони мансабдор, ки ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ содир намудаанд, протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода, қарор дар бораи оғози парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмуриро қабул ва ба мақомоти судӣ барои баррасӣ ирсол намояд;
- дар рафти гузарогнидани амалҳои иҷро аз воситаҳои иттилоотӣ, сабтҳои видео ва аудио, суратгирӣ, ҳамчунин дигар воситаҳои техникӣ ва воситаҳои дигаре, ки ба ҳаёт ва саломатии шаҳрвандон зарар намерасонанд, истифода намояд;
- вақт ва рўзи амали иҷрои маҷбуриро бо дарназардошти сарбории истеҳсолоти худ ва навбати воридшавии ҳуҷҷати иҷро муқаррар намояд ва бо истеҳсолотҳое, ки иҷрояшон фаврӣ аст, чораҳои маҷбурии фавриро андешад;
- тибқи қонунгузории мурофиавии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба арзу шикоятҳое, ки амали (беамалии) вайро мавриди баҳс қарор додааст, дар суд иштирок намояд, дар ҳолати ба сифати шахси сеюм ҷалб гардидан бо ваколатномаи тасдиқнамудаи Хадамот, раёсатҳои Хадамоти иҷро дар шаҳри Душанбе, ВМКБ вилоятҳои Суғду Хатлон фикру андешаи худро ба таври хаттӣ пешниҳод намуда, аз болои қарори қабулнамудаи суд дар муҳлати муқаррарнамудаи қонун ба марҳилаҳои болоии судӣ шикоят намояд;
- аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ ба такмили ихтисос фаро гирифта шавад;
- ба сардори шуъба (мудири бахш) барои дар ҷаласаҳои мушовара муҳокима намудани масъалаҳои муҳими фаъолияти шуъба (бахш) пешниҳод манзур намояд;
- дар таҳия ва такмили лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи истеҳсолоти иҷро иштирок намояд;
- оид ба такмили дастурамали мансабии худ таклиф пешниҳод намояд.
30. Иҷрочӣ фаъолияти худро дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи истеҳсолоти иҷро”, Дастурамал оид ба ташкили кор, коргузорӣ ва таъминоти моддию техникии фаъолияти кормандони мақомоти иҷро ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ мемонад.
5. Масъулияти иҷрочӣ
31. Иҷрочӣ дорои чунин масъулиятҳо мебошад:
- барои пешниҳод накардани маълумоти дуруст ҳангоми қабул ба хизмати давлатӣ, тартиб додан ва пешбурди парвандаи шахсии худ;
- барои риоя накардани маҳдудиятҳо ва дигар талаботе, ки қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ», «Дар бораи муқовимат ба коррупсия», Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудаанд;
- барои риоя накардани муқаррароти қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак», «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ»;
- барои пешниҳод накардан ё пешниҳоди нодурусти эъломияҳо оид ба андоз аз даромад ва оид ба вазъи молумулкӣ дар муҳлатҳои муқарраргардида;
- барои ошкор намудани сирри хизматӣ, давлатӣ ва дигар сирре, ки бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифз карда мешаванд;
- барои риоя накардани интизоми меҳнат, қоидаҳои тартиботи дохилӣ ва талаботи шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ;
- барои ғайримақсаднок истифода бурдан, нобуд сохтан ё вайрон кардани моликияти давлатии вобастакардашуда;
- дигар масъулияте, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудаанд.
32. Иҷрочӣ барои иҷро накардан ва ё ба таври дахлдор иҷро накардани муқаррароти Дастурамали мансабии мазкур тибқи тартиби муқарраргардидаи қонунгузорӣ ба ҷавобгарии интизомӣ кашида мешавад.
6. Муқаррароти хотимавӣ
33. Дастурамали мансабии мазкур дар ду нусха тартиб дода шуда, нусхаи якум дар шуъбаи коргузорӣ ва назорат нигоҳ дошта шуда, нусхаи дуюми он аз тарафи шуъбаи мазкур баъди бақайдгирӣ дар китоби бақайдгирии дастурамалҳои мансабӣ бо гирифтани имзо ба сардори шуъба (мудири бахш) супорида мешавад.
34. Ҳангоми тағйир ёфтани уҳдадориҳои мансабӣ ва ҳуқуқҳои хизматчии давлатии маъмурӣ аз рўи натиҷаи баҳодиҳии фаъолияти солона, ҳангоми азнавташкилдиҳии шуъба (бахш) ва ё Хадамот ва дигар ҳолатҳое, ки боиси тағйир ёфтани Дастурамали мансабии иҷрочӣ мегарданд, Дастурамали мансабии мазкур аз нав таҳия ва тасдиқ карда мешавад.
НОМГЎЙИ
САВОЛУ ҶАВОБҲО БАРОИ ИШТИРОК ДАР ОЗМУН ҶИҲАТИ ИШҒОЛИ МАНСАБҲОИ ХОЛИИ МАЪМУРИИ ХИЗМАТӢ ДАВЛАТӢ ДАР ХАДАМОТИ ИҶРОИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА ИСТИФОДА ЗИМНИ БАРГУЗОРИИ АТТЕСТАТСИЯИ КОРМАНДОН
Саволҳо дар доираи
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон кай қабул шудааст ва аз чанд бобу чанд модда иборат аст?
Ҷавоб: Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 ноябри соли 1994 тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардидааст ва аз 10 бобу 100 модда иборат мебошад. Ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замони Истиқлолият 3 маротиба таѓйиру илова ворид карда шудааст. Солҳои 1999, 2003 ва 2016
2. Моддаи 1 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро шарҳ диҳед?
Ҷавоб: Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад.
Шакли идораи Ҷумҳурии Тоҷикистон президентӣ мебошад.
Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Тоҷикистон ҳаммаъноянд.
3. Дар бораи забони тоҷикӣ дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чӣ гуфта шудааст? (Ҷавоб: моддаи 2 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон)
Забони давлатии Тоҷикистон забони тоҷикӣ аст. Забони русӣ ҳамчун забони муоширати байни миллатҳо амал мекунад.
Ҳамаи миллатҳо ва халқиятҳое, ки дар ҳудуди ҷумҳурӣ зиндагӣ мекунанд, ҳуқуқ доранд аз забони модариашон озодона истифода кунанд.
4. Рамзҳои давлатии Тоҷикистон кадомҳоянд? (Ҷавоб: моддаи 3 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон)
Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст.
5. Кадом ҳуқуқҳои инсон дахлнопазиранд? (Ҷавоб: моддаи 5 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон)
Инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ арзиши олӣ мебошанд.
Ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон дахлнопазиранд.
Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро давлат эътироф, риоя ва ҳифз менамояд.
6. Аз номи халқи Тоҷикистон кӣ ҳуқуқи сухан гуфтан дорад? (Ҷавоб: моддаи 6 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон)
Аз номи тамоми халқи Тоҷикистон фақат Президент, Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи якҷояи худ ҳуқуқи сухан гуфтан доранд.
7. Таҷзияи шохаҳои ҳокимияти давлатиро шарҳ диҳед? (Ҷавоб: моддаи 9 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон)
Ҳокимияти давлатӣ дар асоси таҷзияи он ба ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ амалӣ мегардад.
8. Низоми ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон кадомҳоянд? (Ҷавоб: моддаи 10 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон)
Конститутсияи Тоҷикистон эътибори олии ҳуқуқӣ дорад ва меъёрҳои он мустақиман амал мекунанд. Қонунҳо ва дигар санадҳои ҳуқуқие, ки хилофи Конститутсияанд, эътибори ҳуқуқӣ надоранд.
Давлат ва ҳамаи мақомоти он, шахсони мансабдор, шаҳрвандон ва иттиҳодияҳои онҳо вазифадоранд Конститутсия ва қонунҳои ҷумҳуриро риоя ва иҷро намоянд.
Санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, қисми таркибии низоми ҳуқуқии ҷумҳуриро ташкил медиҳанд. Агар қонунҳои ҷумҳурӣ ба санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофшуда мутобиқат накунанд, меъёрҳои санадҳои байналмилалӣ амал мекунанд.
Қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон эътироф кардааст, пас аз интишори расмӣ амал мекунанд.
9. Асоси иқтисодиёти Тоҷикистонро чӣ ташкил медиҳад? (Ҷавоб: моддаи 12 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон)
Асоси иқтисодиёти Тоҷикистонро шаклҳои гуногуни моликият ташкил медиҳанд.
10. Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд чӣ гуна ҳифз мешаванд? (Ҷавоб: қисми 1 моддаи 14 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон)
Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба воситаи Конститутсия, қонунҳои ҷумҳурӣ ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки аз тарафи Тоҷикистон эътироф шудаанд, ҳифз мегарданд.
11. Баробарии мардон ва занон дар куҷо муқаррар шудааст?
Ҷавоб: Баробарии мардон ва занон дар моддаи 17-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар гардидааст.
12. Эҳтимолияти бегуноҳиро шарҳ диҳед ? (Ҷавоб: қисми 1 моддаи 20 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон)
Ҳеҷ кас то эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳукми суд дар содир кардани ҷиноят гунаҳгор дониста намешавад.
13. Дар бораи дахлнопазирии манзил дар Конститутсия чӣ гуфта шудааст? (Ҷавоб: моддаи 22 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон)
Манзили шахс дахлнопазир аст.
Ба манзили шахс зӯран даромадан ва касеро аз манзил маҳрум кардан манъ аст, ба истиснои мавридҳое, ки қонун муқаррар кардааст.
14. Иштироки бевоситаи шаҳрвандонро дар ҳаёти сиёсӣ ва идораи давлатӣ шарҳ диҳед? (Ҷавоб: қисмҳои 1 - 3 моддаи 27 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон)
Шаҳрванд ҳуқуқ дорад дар ҳаёти сиёсӣ ва идораи давлатӣ бевосита ва ё ба воситаи вакилонаш иштирок намояд. Шаҳрвандон ба хидмати давлатӣ ҳуқуқи баробар доранд. Шаҳрванд аз синни 18 ҳуқуқи дар раъйпурсӣ иштирок кардан, интихоб намудан, инчунин аз синни муқаррарнамудаи Конститутсия, қонунҳои конститутсионӣ ва қонунҳо ҳуқуқи интихоб шуданро дорад.
15. Кадом шаҳрвандон ҳуқуқи дар интихобот ва раъйпурсӣ иштирок карданро надоранд? (Ҷавоб: қисми 4 моддаи 27 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон)
Шаҳрвандоне, ки аз тарафи суд ғайри қобили амал дониста шудаанд ва ё мувофиқи ҳукми суд дар ҷойҳои аз озодӣ маҳрумшудагон нигоҳ дошта мешаванд, ҳуқуқи дар интихобот ва раъйпурсӣ иштирок кардан надоранд.
16. Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот диҳед? (Ҷавоб: моддаи 48 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон)
Маҷлиси Олӣ - парламенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузори Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Маҷлиси Олӣ аз ду Маҷлис - Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон иборат аст.
Муҳлати ваколати Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон 5 сол аст. Ваколати Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон дар рӯзи оғози фаъолияти Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони даъвати нав қатъ мегардад.
Ташкил ва фаъолияти Маҷлиси Олиро қонуни конститутсионӣ танзим мекунад.
17. Тартиби интихоби вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон? (Ҷавоб: моддаи 49 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон)
Интихоботи Маҷлиси намояндагон ба таври умумӣ, баробар, мустақим ва бо овоздиҳии пинҳонӣ сурат мегирад. Маҷлиси намояндагон доимоамалкунанда ва касбӣ мебошад.
18. Кӣ вакили Маҷлиси намояндагон ва узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб ва ё таъин шуда метавонад? (Ҷавоб: қисмҳои 1 ва 5 моддаи 49 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон)
Вакили Маҷлиси намояндагон шахсе интихоб шуда метавонад, ки танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дошта бошад ва синни ӯ аз 30 кам набуда, дорои таҳсилоти олӣ бошад.
Узви Маҷлиси миллӣ шахсе интихоб ё таъин шуда метавонад, ки танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дошта бошад ва синни ӯ аз 30 кам набуда, дорои таҳсилоти олӣ бошад.
19. Киҳо наметавонанд узви Маҷлиси миллӣ бошанд? (Ҷавоб: моддаи қисми 1 моддаи 50 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон)
Аъзои Ҳукумат, судяҳо, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хизматчиёни ҳарбӣ ва шахсони дигаре, ки қонуни конститутсионӣ муайян кардааст, наметавонанд узви Маҷлиси миллӣ бошанд.
20. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон киҳо ҳуқуқи ташаббуси қонунгузориро доранд? (Ҷавоб: моддаи 58 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон)
Аъзои Маҷлиси миллӣ, вакили Маҷлиси намояндагон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Тоҷикистон, Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳуқуқи ташаббуси қонунгузориро доранд.
21. Кадом қонунҳо аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мустақиман қабул карда мешаванд? (Ҷавоб: қисми 2 моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон)
Қонунҳо дар бораи буҷети давлатӣ ва авф танҳо аз ҷониби Маҷлиси намояндагон қабул карда мешаванд. Маҷлиси намояндагон иҷрои буҷети давлатиро назорат мекунад.
22. Санадҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон кадомҳоянд? (Ҷавоб: моддаи 70 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон)
Президент дар доираи салоҳияти худ фармон мебарорад ва амр медиҳад.
23. Вазифаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон кадомҳоянд?
- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Раиси Шӯрои амният;
- Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон;
- Раиси Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон;
- Раиси анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон «Пайванд».
- Раиси ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон.
24. Аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро номбар кунед? (Ҷавоб: қисми 1 моддаи 73 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон)
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Сарвазир, муовини якум ва муовинони ӯ, вазирон, раисони кумитаҳои давлатӣ иборат аст.
25. Санадҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кадомҳоянд? (Ҷавоб: қисми 1 моддаи 74 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон)
Ҳукумат мувофиқи Конститутсия ва қонунҳои ҷумҳурӣ қарор мебарорад ва фармоиш медиҳад, ки иҷрои онҳо дар ҳудуди Тоҷикистон ҳатмист.
26. Дар ВМКБ кадом мақомот ҳуқуқи ташаббуси қонунгузориро дорад? (Ҷавоб: моддаи 82 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон)
Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ дорад.
27. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон адолати судӣ чӣ гуна амалӣ карда мешавад? (Ҷавоб: қисмҳои 1 ва 2 моддаи 84 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон)
Ҳокимияти судӣ мустақил буда, аз номи давлат ва аз тарафи судяҳо амалӣ мегардад. Ҳокимияти судӣ ҳуқуқ, озодии инсону шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳо, қонунияту адолатро ҳифз менамояд.
Адолати судиро Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ, Суди ҳарбӣ, Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия, Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои иқтисодии вилоят ва шаҳри Душанбе амалӣ мекунанд.
28. Муҳлати ваколати судяҳо чанд сол аст? (Ҷавоб: қисми 4 моддаи 84 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон)
Муҳлати ваколати судяҳо 10 сол аст.
29. Салоҳияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кадом моддаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ гардидааст?
Ҷавоб: Салоҳияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ гардидааст.
Саволҳо дар доираи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
«Дар бораи истеҳсолоти иҷро»
30. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истеҳсолоти иҷро» кай қабул карда шудааст ва аз чанд бобу модда иборат мебошад?
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истеҳсолоти иҷро» 8 июни соли 2022, №1873 қабул гардида, аз 20 боб ва 146 модда иборат буда, аз 13 июни соли 2022 мавриди амал қарор гирифтааст.
31. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истеҳсолоти иҷро» кадом муносибатҳоро ба танзим медарорад?
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истеҳсолоти иҷро» тартиб ва шартҳои иҷрои маҷбурии санадҳои судӣ, санадҳои мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдорро муайян намуда, вазъи ҳуқуқии иҷрочии мақомоти иҷро, инчунин масъалаҳои ташкилию ҳуқуқии мақомоти иҷроро муқаррар менамояд.
32. Мафҳуми истеҳсолоти иҷроро шарҳ диҳед? (Ҷавоб: банди 1 қисми 1 моддаи 1 ҚҶТ «Дар бораи истеҳсолоти иҷро»)
Истеҳсолоти иҷро ин маҷмӯи амалҳои мурофиавӣ ва иҷроии иҷрочии мақомоти иҷро, ки барои таъмини иҷрои маҷбурии ҳуҷҷати иҷро равона гардидаанд.
33. Зери мафҳуми ҳуҷҷати иҷро чиро мефаҳмед? (Ҷавоб: банди 2 қисми 1 моддаи 1 ҚҶТ «Дар бораи истеҳсолоти иҷро»)
Санадҳои судӣ, санадҳои мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдор мебошанд, ки барои аз ҷониби иҷрочии мақомоти иҷро оғоз намудани истеҳсолоти иҷро ва гузаронидани амалҳои иҷрои маҷбурӣ асос мегарданд.
34. Иҷрочии мақомоти иҷро кист? (Ҷавоб: банди 5 қисми 1 моддаи 1 ҚҶТ «Дар бораи истеҳсолоти иҷро»)
Шахси мансабдори давлатӣ, ки ваколатҳои бо Қонуни мазкур ба зиммаи ӯ вогузоршударо ҷиҳати таъмини иҷрои маҷбурии ҳуҷҷати иҷро амалӣ менамояд.
35. Кормандони мақомоти иҷро киҳоянд? (Ҷавоб: банди 6 қисми 1 моддаи 1 ҚҶТ «Дар бораи истеҳсолоти иҷро»)
Кормандони дастгоҳи марказии Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, раёсатҳо дар вилоятҳо, шуъбаи иҷро дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, иҷрочиёни мақомоти иҷро дар шаҳру ноҳияҳои вилоятҳо, ноҳияҳои шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, дар Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои иқтисодии вилоятҳо ва шаҳри Душанбе, инчунин дар судҳои гарнизони ҳарбӣ.
36. Мафҳуми амалҳои иҷроро шарҳ диҳед? (Ҷавоб: банди 7 қисми 1 моддаи 1 ҚҶТ «Дар бораи истеҳсолоти иҷро»)
Амалҳо оид ба гузаронидани чораҳои маҷбурии иҷро, ки барои таъмини иҷрои маҷбурии ҳуҷҷати иҷро равона гардидаанд.
37. Мафҳуми пардохти иҷроро шарҳ диҳед? (Ҷавоб: банди 8 қисми 1 моддаи 1 ҚҶТ «Дар бораи истеҳсолоти иҷро»)
Маблағи пулие, ки ҳангоми иҷрои маҷбурии ҳуҷҷати иҷро бо тартиби ҳатмӣ аз қарздор ситонида мешавад.
38. Махзани маълумоти ягонаи иттилоотӣ ва бақайдгирии электронии истеҳсолоти иҷро чӣ гуна низом аст? (Ҷавоб: банди 9 қисми 1 моддаи 1 ҚҶТ «Дар бораи истеҳсолоти иҷро»)
Низоми иттилоотие, ки барои амалӣ намудани шакли электронии баҳисобгирии истеҳсолоти иҷро, амалҳои маҷбурии иҷрочии мақомоти иҷро, инчунин ба тарафҳо ва шахсони дигари дар истеҳсолоти иҷро иштироккунанда пешниҳод намудани маълумот оид ба рафти истеҳсолоти иҷро пешбинӣ шудааст.
39. Майдони ягонаи савдои электронӣ гуфта чиро мефаҳмед? (Ҷавоб: банди 11 қисми 1 моддаи 1 ҚҶТ «Дар бораи истеҳсолоти иҷро»)
Низоми иттилоотӣ, маҷмӯи иттилооти махзани маълумот, техникӣ, барномавӣ ва телекоммуникатсионие, ки имконияти ворид, нигоҳдорӣ ва коркарди иттилооти барои гузаронидани музоядаи электронӣ заруриро таъмин намуда, нуқтаи ягонаи дастрасии умумии иттилоотро ба иштирокчиёни музоядаи электронӣ пешниҳод менамояд.
40. Нигоҳдоранда кист? (Ҷавоб: банди 12 қисми 1 моддаи 1 ҚҶТ «Дар бораи истеҳсолоти иҷро»)
Шахсе, ки ба ӯ иҷрочии мақомоти иҷро молу мулки ба рӯйхат гирифта ё ҳабсшударо барои нигоҳ доштан супоридааст ва барои истифода, исроф, бегона ё пинҳон намудани ин молу мулк масъулият дорад.
41. Феҳристи ягонаи давлатии қарздорон гуфта, чиро мефаҳмед? (Ҷавоб: банди 13 қисми 1 моддаи 1 ҚҶТ «Дар бораи истеҳсолоти иҷро»)
Махзани электронии маълумоти мураттабгашта, ки дорои маълумот дар бораи қарздорон аз рӯйи истеҳсолоти иҷро мебошад.
42. Вазифаҳои истеҳсолоти иҷро аз чӣ иборат аст? (Ҷавоб: қисми 1 моддаи 4 ҚҶТ «Дар бораи истеҳсолоти иҷро»)
Вазифаҳои истеҳсолоти иҷро ин иҷрои дуруст ва саривақтии маҷбурии санадҳои судӣ оид ба парвандаҳои гражданӣ, оилавӣ, маъмурӣ ва иқтисодӣ, ҳукм ва қарорҳои вобаста ба парвандаҳои ҷиноятӣ дар қисмати даъвои гражданӣ, рӯёнидани маблағи ҷарима, ҷуброни зарар, ҷуброни зарари молу мулкӣ ва мусодираи молу мулк, инчунин дар ҳолатҳои муқаррарнамудаи Қонуни мазкур иҷро намудани санадҳои мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдор аст.
43. Истеҳсолоти иҷро дар асоси кадом принсипҳо амалӣ карда мешавад? (Ҷавоб: моддаи 5 ҚҶТ «Дар бораи истеҳсолоти иҷро»)
1) қонуният;
2) эҳтиром ба ҳаёт, қадр, номус ва шаъну шарафи шаҳрванд;
3) таъмини шаффофият ва саривақтии гузаронидани амалҳои иҷро ва татбиқи чораҳои иҷрои маҷбурӣ;
4) дахлнопазирии ҳадди ақали молу мулки барои зиндагии шаҳрванди қарздор ва аъзои оилаи ӯ зарур;
5) мувофиқати ҳаҷми талаботи ситонанда ва чораҳои иҷрои маҷбурӣ;
6) мустақилияти иҷрочии мақомоти иҷро.
44. Номгӯйи ҳуҷҷатҳои иҷроро номбар кунед? (Ҷавоб: қисми 1 моддаи 10 ҚҶТ «Дар бораи истеҳсолоти иҷро»)
Ҳуҷҷатҳои иҷро инҳо мебошанд:
1) варақаи иҷро, ки дар асоси санади судӣ дода шудааст;
2) созишномаи тариқи нотариалӣ тасдиқшуда оид ба пардохти алимент;
3) навиштаҷоти иҷроия, ки аз ҷониби нотариуси давлатӣ ва шахси мансабдори муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иҷро дода шудааст;
4) фармони судӣ;
5) қароре, ки аз ҷониби мақомоти (шахсони мансабдори) ваколатдори баррасикунандаи парвандаҳо оид ба ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ қабул гардидааст;
6) варақаи иҷро, ки суд дар асоси ҳалнома ва қарори суди ҳакамӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон додааст;
7) варақаи иҷро, ки суд дар асоси ҳалномаи суди давлати хориҷӣ ва суди ҳакамии хориҷӣ (арбитражҳо) додааст;
8) қарори прокурор ҷиҳати бо тартиби маъмурӣ кӯчонидани шаҳрвандоне, ки биноро худсарона ишғол кардаанд ё дар биноҳое истиқомат мекунанд, ки хавфи фурӯравӣ доранд;
9) қарорҳои иҷрочии мақомоти иҷро оид ба ситонидани маблағи пардохти иҷро;
10) қарорҳои мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдор дар ҳолатҳои бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда.
45. Дар ҳуҷҷати иҷро кадом маълумотҳо ба таври ҳатмӣ бояд дарҷ карда шаванд? (Ҷавоб: қисми 1 моддаи 11 ҚҶТ «Дар бораи истеҳсолоти иҷро»)
1) номи суд ё мақомоти давлатӣ, шахси мансабдор, ки ҳуҷҷати иҷроро додааст;
2) санаи қабули санади судӣ, санади мақомоти давлатӣ ё шахси мансабдор;
3) номи ситонанда-шахси ҳуқуқӣ ва қарздор-шахси ҳуқуқӣ, суроғаи онҳо, рақами мушаххаси андозсупоранда, суратҳисоби бонкӣ;
4) насаб, ном ва номи падари ситонанда-шахси воқеӣ ва қарздоршахси воқеӣ, маҳалли истиқомати онҳо, таърихи рӯз ва ҷойи таваллуди қарздор-шахси воқеӣ ва ҷойи кори ӯ, агар он маълум бошад;
5) қисми хулосавии санади судӣ, санади мақомоти давлатӣ ё шахси мансабдор;
6) санаи эътибори қонунӣ пайдо намудани санади судӣ, санади мақомоти давлатӣ ё шахси мансабдор;
7) санаи додани ҳуҷҷати иҷро.
46. Дар кадом муҳлат варақаи иҷро, ки дар асоси санади судӣ ва фармони судӣ дода шудааст, барои иҷро пешниҳод карда мешавад? (Ҷавоб: банди 1 қисми 1 моддаи 13 ҚҶТ «Дар бораи истеҳсолоти иҷро»)
Варақаи иҷро, ки дар асоси санади судӣ ва фармони судӣ дода шудааст
барои иҷрои маҷбурӣ дар давоми се сол пешниҳод карда мешавад.
47. Дар кадом ҳолатҳо муҳлати барои иҷро пешниҳод намудани ҳуҷҷати иҷро канда мешавад ва онҳоро шарҳ диҳед? (Ҷавоб: моддаи 14 ҚҶТ «Дар бораи истеҳсолоти иҷро»)
Дар ҳолатҳои зерин муҳлати барои иҷро пешниҳод намудани ҳуҷҷати иҷро канда мешавад:
1) бо пешниҳод намудани ҳуҷҷати иҷро барои иҷро;
2) аз ҷониби қарздор қисман иҷро намудани ҳуҷҷати иҷро.
Пас аз канда шудани муҳлати пешниҳоди ҳуҷҷати иҷро барои иҷро давомияти вақт аз нав оғоз мегардад. Вақти гузашта то кандашавии муҳлат ба муҳлати нав ҳисоб карда намешавад.
Дар мавриди ба ситонанда баргардонидани ҳуҷҷати иҷро бинобар пурра ё қисман ғайриимкон будани иҷрои он, муҳлати пешниҳоди ҳуҷҷати иҷро барои иҷро пас аз кандашавӣ, аз рӯзи баргардонидани ҳуҷҷати иҷро ба ситонанда ҳисоб карда мешавад.
48. Маҳалли гузаронидани амалҳои иҷроро нисбати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ шарҳ диҳед? (Ҷавоб: қисмҳои 1 ва 2 моддаи 16 ҚҶТ «Дар бораи истеҳсолоти иҷро»)
Агар қарздор шахси воқеӣ бошад, пас амалҳои иҷро аз тарафи иҷрочии мақомоти иҷро дар маҳалли истиқомат, ҷойи кор ё дар маҳалли ҷойгиршавии молу мулки вай гузаронида мешаванд.
Агар қарздор шахси ҳуқуқӣ бошад, пас амалҳои иҷро аз ҷониби иҷрочии мақомоти иҷро дар маҳалли ҷойгиршавии шахси ҳуқуқӣ ва ё маҳалли ҷойгиршавии молу мулки он гузаронида мешаванд.
49. Амалҳои иҷро дар кадом вақт тибқи талаботи қонунгузорӣ гузаронида мешаванд? (Ҷавоб: қисми 1 моддаи 17 ҚҶТ «Дар бораи истеҳсолоти иҷро»)
Амалҳои иҷро дар рӯзҳои корӣ аз соати 6 то 22 гузаронида мешаванд. Вақти аниқи гузаронидани амалҳои иҷро дар давраи рӯзи корӣ аз тарафи иҷрочии мақомоти иҷро муайян карда мешавад. Тарафҳое, ки дар истеҳсолоти иҷро иштирок мекунанд ҳуқуқ доранд вақти барои онҳо мувофиқро ҷиҳати гузаронидани амалҳои иҷро пешниҳод намоянд.
50. Дар кадом муҳлат амалҳои иҷро гузаронида мешаванд? (Ҷавоб: қисми 1 моддаи 18 ҚҶТ «Дар бораи истеҳсолоти иҷро»)
Амалҳои иҷро, ки бо фурӯши молу мулки ғайриманқул алоқаманд мебошанд, дар муҳлати на зиёда аз чор моҳ ва дар дигар ҳолатҳо дар муҳлати на зиёда аз ду моҳ аз рӯзи аз ҷониби иҷрочии мақомоти иҷро қабул кардани ҳуҷҷати иҷро бо тартиби навбати воридшавии онҳо анҷом дода мешаванд.
51. Иҷрои талаботи кадом ҳуҷҷати иҷро фаврӣ мебошад? (Ҷавоб: қисми 3 моддаи 18 ҚҶТ «Дар бораи истеҳсолоти иҷро»)
Ба иҷрои фаврӣ талаботи чунин ҳуҷҷати иҷро мансубанд:
1) оид ба ситонидани маблағҳои давравӣ;
2) дар бораи ба кор ё мансаби пештара барқарор кардани корманди ғайриқонунӣ озодшуда ё ба кори дигар гузаронидашуда;
3) санадҳои судӣ оид ба парвандаҳо дар бораи мавриди баҳс қарор додани санадҳои ғайримеъёрӣ, қарорҳо ва амали (беамалии) мақомоти ҳокимияти давлатӣ, дигар мақомот ва шахсони мансабдор;
4) оид ба ҷуброни расонидани зарари ҷисмонӣ ё зарар ба саломатӣ;
5) оид ба татбиқи чораҳои таъминотӣ;
6) оид ба ҷуброни зараре, ки вобаста ба фавти саробон расонида шудааст;
7) оид ба ворид кардани шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рӯйхати интихобкунандагон ва иштирокчиёни райъпурсӣ;
8) оид ба парвандаҳои дигар, агар иҷрои фаврии талабот дар қонун ва ё ҳуҷҷати иҷро пешбинӣ гардида бошад.
52. Тарафҳои истеҳсолоти иҷро киҳо ба ҳисоб мераванд? (Ҷавоб: қисми 1 моддаи 20 ҚҶТ «Дар бораи истеҳсолоти иҷро»)
Тарафҳо дар истеҳсолоти иҷро ситонанда ва қарздор мебошанд.
53. Ситонанда кист? (Ҷавоб: банди 3 қисми 1 моддаи 1 ҚҶТ «Дар бораи истеҳсолоти иҷро»)
Шахси воқеӣ ё ҳуқуқӣ, аз ҷумла шахси воқеӣ ё ҳуқуқии давлатҳои хориҷӣ, кредитори таъминшуда, ки ба фоида ё манфиати онҳо ҳуҷҷати иҷро дода шудааст.
54. Қарздор кист? (Ҷавоб: банди 4 қисми 1 моддаи 1 ҚҶТ «Дар бораи истеҳсолоти иҷро»)
Шахси воқеӣ ё ҳуқуқӣ, аз ҷумла шахси воқеӣ ё ҳуқуқии давлати хориҷӣ, ки уҳдадор аст талаботи муайянкардаи ҳуҷҷати иҷроро иҷро намояд ва ё аз содир намудани амалҳои муайян худдорӣ кунад.
55. Тартиби оғоз намудани истеҳсолоти иҷро чӣ гуна аст? (Ҷавоб: қисми 1 моддаи 39 ҚҶТ «Дар бораи истеҳсолоти иҷро»)
Иҷрочии мақомоти иҷро уҳдадор аст ҳуҷҷати иҷроро дар нусхаи асл аз ситонанда дар асоси аризаи ӯ ва дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз суд, мақомоти давлатӣ ё шахси мансабдоре, ки онро додааст, барои иҷро қабул карда, на дертар аз рӯзи дигари пас аз рӯзи қабул истеҳсолоти иҷроро оғоз намояд, агар ҳуҷҷати иҷро ба талаботи пешбининамудаи моддаи 11 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истеҳсолоти иҷро» мутобиқ бошад ва муҳлати пешниҳоди ҳуҷҷати иҷро барои иҷро ба охир нарасида бошад.
56. Дар қарор оид ба оғоз намудани истеҳсолоти иҷро кадом маълумотҳо бояд дарҷ карда шаванд? (Ҷавоб: қисми 2 моддаи 39 ҚҶТ «Дар бораи истеҳсолоти иҷро»)
- сана ва ҷойи қабули қарор, насаб, ном ва номи падари иҷрочии мақомоти иҷро;
- ба кӣ ва ба кадом мақомот ирсол кардани нусхаи қарор;
- асосҳои қарори қабулшаванда бо истинод ба қонунҳо ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки иҷрочии мақомоти иҷро онҳоро ба роҳбарӣ гирифтааст.
57. Асосҳо барои татбиқ намудани чораҳои иҷрои маҷбурӣ нисбати қарздор кадомҳоянд? (Ҷавоб: моддаи 43 ҚҶТ «Дар бораи истеҳсолоти иҷро»)
Асосҳои татбиқи чораҳои иҷрои маҷбурӣ ба таври ихтиёрӣ иҷро накардани санадҳои судӣ, санадҳои мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдор, инчунин мавҷуд будани ҳуҷҷати иҷро мебошанд.
58. Чораҳои иҷрои маҷбурӣ дар истеҳсолоти иҷро оид ба талаботи пулӣ кадомҳоянд? (Ҷавоб: қисми 1 моддаи 44 ҚҶТ «Дар бораи истеҳсолоти иҷро»)
Чораҳои иҷрои маҷбурӣ дар истеҳсолоти иҷро оид ба талаботи пулӣ инҳо мебошанд:
- нигаронидани ситониш ба воситаҳои пулии қарздор;
- нигаронидани ситониш ба молу мулки манқули қарздор;
- нигаронидани ситониш ба молу мулки ғайриманқули қарздор;
- нигаронидани ситониш ба ҳуқуқи талабот ва дигар ҳуқуқҳои бегонашавандаи молу мулкии қарздор;
- муваққатан маҳдуд намудани баромада рафтани қарздор аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон.
59. Чораҳои иҷрои маҷбурӣ дар истеҳсолоти иҷро оид ба талаботи дигар кадомҳоянд? (Ҷавоб: қисми 2 моддаи 44 ҚҶТ «Дар бораи истеҳсолоти иҷро»)
Чораҳои иҷрои маҷбурӣ дар истеҳсолоти иҷро оид ба талаботи дигар:
- иҷрои санади судӣ, ки қарздорро ба содир намудани амалҳои муайян уҳдадор менамояд;
- иҷрои санади судие, ки қарздорро ба худдорӣ аз содир намудани амалҳои муайян уҳдадор менамояд;
- иҷрои санади судӣ оид ба кашида гирифтан аз қарздор ва ба ситонанда супоридани ашёи муайян;
- иҷрои санади судӣ оид ба гирифта додани кӯдак;
- иҷрои санади судӣ ё қарори шахси мансабдор оид ба кӯчонидани қарздор;
- иҷрои санади судӣ оид ба маскун намудани ситонанда;
- иҷрои санади судӣ оид ба барқарор намудан ба кор.
60. Муайян намудани вазъи молумулкии қарздор чӣ тавр сурат мегирад? (Ҷавоб: қисми 1 моддаи 45 ҚҶТ «Дар бораи истеҳсолоти иҷро»)
Барои муайян намудани вазъи молумулкии қарздор иҷрочии мақомоти иҷро аз мақомоту ташкилотҳо, новобаста аз шакли моликияташон ҷиҳати мавҷуд будани суратҳисобҳои бонкӣ, молу мулки манқул ва ғайриманқули ба расмият даровардашуда ва ё се соли охир бегонакарда, инчунин дигар ҳуқуқҳои молумулкии ӯро дархост карда, маълумот мегирад. Иҷрочии мақомоти иҷро қарздорро ҷиҳати тартиб додани номгӯи молу мулкаш уҳдадор менамояд, агар дар рафти амали иҷро муайян карда нашавад, ки қарздор дорои дигар молу мулк мебошад.
61. Дар бораи муваққатан маҳдуд намудани баромада рафтани қарздор аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот диҳед? (Ҷавоб: моддаи 47 ҚҶТ «Дар бораи истеҳсолоти иҷро»)
Иҷрочии мақомоти иҷро ҳуқуқ дорад дар асоси аризаи ситонанда ва ё бо ташаббуси худ дар хусуси муваққатан маҳдуд намудани баромада рафтани қарздор аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми аз ҷониби қарздор ба иҷро нарасонидани талаботи ҳуҷҷати иҷрои зерин қарор қабул намояд:
1) оид ба ситонидани алимент, рӯёнидани ҷуброни зараре, ки дар натиҷаи расонидани зарари ҷисмонӣ ё зарари дигар ба саломатӣ ё ин ки вобаста ба фавти саробон расидааст;
2) оид ба талаботи хусусияти молумулкӣ надошта;
3) дигар талабот, ки маблағи қарздорӣ аз рӯйи ҳуҷҷати иҷро зиёда аз даҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳоро ташкил медиҳад.
62. Феҳристи ягонаи давлатии қарздорон бо кадом мақсад роҳандозӣ гардидааст? (Ҷавоб: моддаи 48 ҚҶТ «Дар бораи истеҳсолоти иҷро»)
Феҳристи ягонаи давлатии қарздорон аз ҷониби мақомоти иҷро бо мақсади ба низом даровардани қарздорӣ ва пешгирӣ намудани оқибатҳои номатлуби он пеш роҳандозӣ гардида, пеш бурда мешавад.
63. Дар баробари қабули қарори оғози истеҳсолоти иҷро ба Феҳрист кадом маълумотҳо ворид карда мешаванд? (Ҷавоб: моддаи 48 ҚҶТ «Дар бораи истеҳсолоти иҷро»)
Маълумот дар бораи қарздор (ба истиснои маълумот дар бораи қарздороне, ки мақомоти давлатӣ, мақомоти маҳалии ҳокимияти давлатӣ мебошанд, инчунин қарздороне, ки тибқи ҳуҷҷатҳои иҷро оид ба ситонидани пардохтҳои давравӣ зиёда аз се моҳ қарздор нестанд ва қарздорон оид ба ҳуҷҷатҳои иҷрои хусусияти ғайри молу мулкидошта) ба Феҳрист дар баробари қабули қарори оғози истеҳсолоти иҷро ворид карда мешаванд.
64. Асосҳо барои бардоштани маҳдудиятҳо нисбати шахсоне, ки ба Феҳрист ворид карда шудаанд, кадомҳоянд? (Ҷавоб: қисми 2 моддаи 50 ҚҶТ «Дар бораи истеҳсолоти иҷро»)
Маҳдудиятҳо нисбати шахсоне, ки ба Феҳрист ворид карда шудаанд, бо хориҷ намудани онҳо аз феҳрист бардошта мешаванд.
Асосҳо барои хориҷ намудан аз феҳрист инҳоянд:
1) иҷрои пурраи талаботи ҳуҷҷати иҷро;
2) ивази ҷаримаи таъингардида ба дигар намуди ҷазо;
3) дар ҳолати қатъ гардидани истеҳсолоти иҷро.
65. Дар кадом мавридҳо иҷрочии мақомоти иҷро ҳуқуқ дорад истеҳсолоти иҷроро боз дорад? (Ҷавоб: моддаи 123 ҚҶТ «Дар бораи истеҳсолоти иҷро»)
Иҷрочии мақомоти иҷро ҳуқуқ дорад дар мавридҳои зерин истеҳсолоти иҷроро боз дорад:
1) ба суде, ки ҳуҷҷати иҷроро додааст, бо ариза ҷиҳати тавзеҳи санадҳои судӣ, ки бояд иҷро карда шаванд, муроҷиат намудани иҷрочии мақомоти иҷро;
2) дар ҳайати Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қӯшун ва воҳидҳои ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфтаанд, хизмати ҳарбиро мутобиқи даъват адо намудани қарздор;
3) ба вуқуъ омадани ҳолатҳои фавқулода ё рафънопазир (неруи бартарафнашаванда), ки ба иродаи тарафҳои истеҳсолоти иҷро вобастагӣ надорад.
Дар бораи боз доштани истеҳсолоти иҷро иҷрочии мақомоти иҷро қарор қабул менамояд, ки нусхаи он ба тарафҳои истеҳсолоти иҷро супорида ё фиристода мешавад.
66. Дар кадом ҳолат истеҳсолоти иҷро қатъ мегардад? (Ҷавоб: моддаи 126 ҚҶТ «Дар бораи истеҳсолоти иҷро»)
Истеҳсолоти иҷро пас аз иҷро қатъ мегардад. Дар ин ҳолат иҷрочии мақомоти иҷро қарор қабул менамояд.
67. Вобаста ба иҷрои ҳуҷҷати иҷро кадом ҳуқуқҳои иҷрочии мақомоти иҷроро медонед? (Ҷавоби пурра дар қисми 1 моддаи 131 ҚҶТ «Дар бораи истеҳсолоти иҷро»)
Иҷрочии мақомоти иҷро вобаста ба иҷрои ҳуҷҷати иҷро чунин ҳуқуқҳо дорад:
- маълумоти заруриро аз мақомоти андоз, бонк ва нотариати давлатӣ талаб карда мегирад;
- дар ташкилотҳо, новобаста аз шакли моликият, ки қарздор дар он ҷо фаъолият мекунад, иҷрои санадҳои судӣ, санадҳои мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдорро нисбат ба пардохти маблағҳои пулии дахлдор месанҷад;
- бо нишон додани шаҳодатномаи хизматӣ ба бинои мақомоти давлатӣ, ташкилотҳо, маҳалли истиқоматии қарздор ё дигар маҳалли ҷойгиршавии ӯ ворид мегардад, инчунин молу мулки ӯро аз назар мегузаронад;
- нисбати шахсони воқеӣ ва шахсони мансабдор, ки ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ содир намудаанд, протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб медиҳад;
- дар рафти гузаронидани амалҳои иҷро аз системаҳои иттилоотӣ, сабтҳои видео ва аудио, суратгирӣ, ҳамчунин дигар воситаҳои техникӣ ва воситаҳои дигаре, ки ба ҳаёт ва саломатии шаҳрвандон зарар намерасонанд, истифода менамояд;
- ҳуқуқҳои дигареро, ки дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд, амалӣ менамояд ва ғайра.
68. Уҳдадориҳои иҷрочии мақомоти иҷро кадомҳоянд? (Ҷавоб: қисми 2 моддаи 131 ҚҶТ «Дар бораи истеҳсолоти иҷро»)
Уҳдадориҳои иҷрочии мақомоти иҷро:
- пешниҳоди мавод вобаста ба тамдид намудани муҳлати иҷро, мавқуф гузоштан, боздоштан, батаъхиргузорӣ, ба давраҳо ҷудо намудан, тағйир додани тартиб ва тарзи иҷрои он, инчунин барои дидани дигар чораҳои қонунӣ;
- оғози фаврии истеҳсолоти иҷро ҳангоми қабули ҳуҷҷати иҷро аз ситонанда ва дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз суд, мақомоти давлатӣ ё шахси мансабдор, ки онро додааст;
- пешниҳоди маълумот ва (ё) ҳисоботи оморӣ оид ба ҳуҷҷатҳои иҷро тибқи тартиби муқарраргардида ба Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- иҷро намудани уҳдадориҳои дигаре, ки дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ гардидаанд.
69. Иҷрочии калони мақомоти иҷро ба ғайр аз ҳуқуқ ва уҳдадориҳои дар баробари иҷрочиёндошта боз чӣ гуна уҳдадорӣ дорад? (Ҷавоб: қисми 3 моддаи 131 ҚҶТ «Дар бораи истеҳсолоти иҷро»)
Иҷрочии калони мақомоти иҷро инчунин уҳдадор аст:
1) фаъолияти иҷрочиёни мақомоти иҷроро ташкил намояд;
2) ҳуҷҷатҳои иҷроро байни иҷрочиёни мақомоти иҷро тақсим намуда, сарбории онҳоро ба танзим дарорад;
3) суратҳисоби депозитии мақомоти иҷроро пеш барад;
4) ба иҷрочиёни мақомоти иҷро вобаста ба истеҳсолоти иҷро супориш диҳад;
5) фаъолияти иҷрочиёни мақомоти иҷроро вобаста ба қабули шаҳрвандон, баррасии арзу шикоят ва муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ташкил намояд;
6) вобаста ба рад кардан ё худрадкунии иҷрочии мақомоти иҷро қарор қабул намояд;
7) пешбурди китоби истеҳсолоти иҷрочиёни мақомоти иҷроро назорат барад;
8) ҳангоми ошкор намудани камбудӣ ва вайрон намудани талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи иҷрочиёни мақомоти иҷро дар рафти истеҳсолоти иҷро мақоми болоиро огоҳ намояд;
9) дигар супоришҳоро дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал барорад.
70. Қарздорӣ оид ба ҳамаи уҳдадориҳои алиментӣ чӣ тавр рӯёнида мешавад? (Ҷавоб: қисми 2 моддаи 95 ҚҶТ «Дар бораи истеҳсолоти иҷро»)
Қарздорӣ оид ба ҳамаи уҳдадориҳои алиментӣ аз молу мулки қарздор ба ғайр аз молу мулке, ки тибқи Қонуни мазкур ба он нигаронидани ситониш манъ аст, рӯёнида мешавад.
71. Хадамоти иҷро бо кадом мақсад ҳамкории байналмилалии ҳуқуқиро бо мақомоти салоҳиятноки давлатҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ амалӣ мегардонад? (Ҷавоб: қисми 1 моддаи 141 ҚҶТ «Дар бораи истеҳсолоти иҷро»)
1) таъмини иҷрои санадҳои судӣ;
2) мубодилаи таҷриба дар соҳаи истеҳсолоти иҷро;
3) мубодилаи иттилоот ва ҳуҷҷатҳо дар самти қонунгузорӣ ва дар амал татбиқ намудани таҷриба дар соҳаи истеҳсолоти иҷро;
4) ҷорӣ намудани технологияҳои муосири иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ дар самти истеҳсолоти иҷро.
Саволҳо дар доираи кодексҳои ҷиноятӣ ва
ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон
72. Барои иҷро накардани талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи истеҳсолоти иҷро вобаста ба иҷрои санадҳои мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдор чӣ гуна ҷазо муқаррар карда шудааст? (Ҷавоб: моддаи 527(5) Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ)
Мутобиқи моддаи 527(5) Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз панҷ то даҳ, ба шахсони мансабдор аз даҳ то бист ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз бист то сӣ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад.
Барои дар давоми як соли баъди таъини ҷазои маъмурӣ такроран содир намудани кирдори пешбининамудаи қисми 1 ҳамин модда, ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз даҳ то бист, ба шахсони мансабдор аз бист то сӣ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима ё ҳабси маъмурӣ ба муҳлати аз даҳ то понздаҳ шабонарӯз ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз сӣ то чил нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад.
73. Барои иҷро накардани қарори суд чӣ гуна ҷавобгарӣ муқаррар гардидааст? (Ҷавоб: моддаи 530 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ)
Барои иҷро накардани қарори суд ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз се то даҳ, ба шахсони мансабдор аз чил то панҷоҳ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз дусад то сесад нишондиҳанда барои ҳисобҳо тибқи талаботи моддаи 530 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷарима таъин карда мешавад.
74. Ҷазои маъмурӣ барои иҷро накардани талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи истеҳсолоти иҷро вобаста ба иҷрои санадҳои судӣ чӣ гуна аст? (Ҷавоб: моддаи 530(1) Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ)
Мутобиқи талаботи моддаи 530(1) Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ барои иҷро накардани талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи истеҳсолоти иҷро вобаста ба иҷрои санадҳои судӣ ҷавобгарӣ пешбинӣ карда шудааст.
75. Оё барои монеъ шудан ба фаъолияти қонунии иҷрочии мақомоти иҷро ҷавобгарӣ пешбинӣ шудааст? (Ҷавоб: моддаи 533 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ)
Бале, барои монеъ шудан ба фаъолияти қонунии пристави судӣ ва иҷрочии мақомоти иҷро ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматии онҳо мутобиқи талаботи моддаи 533 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз се то ҳафт ва ба шахсони мансабдор аз даҳ то бист нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад.
76 Ҷавобгарии ҷиноятиро барои бадқасдона саркашӣ намудани падару модар аз таъминоти фарзандон шарҳ диҳед? (Ҷавоб: моддаи 177 КҶ ҶТ)
Бадқасдона, яъне бидуни сабабҳои узрнок саркашӣ намудани падару модар аз иҷрои қарори суд оид ба пардохти маблағ барои таъминоти фарзандони ноболиғ, ҳамчунин фарзандони ғайри қобили меҳнат, ки синнашон ба ҳаждаҳсолагӣ расидааст, бо корҳои ҳатмӣ ба муҳлати аз яксаду бист то яксаду ҳаштод соат ё бо корҳои ислоҳӣ ба муҳлати то ду сол ё бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба ҳамин муҳлат ҷазо дода мешавад.
Ҳамин кирдор, агар такроран содир шуда бошад, бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати то се сол ҷазо дода мешавад.
77. Маблағи қарздорӣ дар кадом ҳаҷм ва чанд моҳро бояд ташкил диҳад, ки асос барои ҷавобгарии ҷиноятӣ гардад? (Ҷавоб: эзоҳи моддаи 178 Кодекси ҷиноятии ҶТ)
Дар моддаҳои 177 ва 178 Кодекси ҷиноятии ҶТ бадқасдона саркашӣ намудани падару модар аз таъминоти фарзандон ва фарзандони болиғу қобили меҳнат аз таъминоти падару модари ғайри қобили меҳнат, ҳамаи кирдорҳои қарздор, ки ба иҷро нагардидани ҳуҷҷати иҷро (напардохтан, рӯйпӯш намудани даромад, тағйири ҷойи истиқомат ё ин ки ҷойи кор бидуни огоҳонидани иҷрочии суд ва ғайра) равона гардидааст ва он боиси ба вуҷуд омадани қарздорӣ, новобаста аз давраи пардохт, дар ҳаҷме, ки он дар маҷмуъ маблағи муқарраргардидаи пардохтро барои се моҳ ташкил медиҳад, фаҳмида мешавад.
78. Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кай таъсис ёфтааст?
Ҷавоб: Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 апрели соли 2018, №1043 Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудааст.
79. Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба коррупсия» кӯтоҳ маълумот диҳед?
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба коррупсия» 7 августи соли 2020, №1714 қабул карда шуда, асосҳои ҳуқуқию ташкилии муқовимат ба коррупсияро муайян намуда, ба ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиатҳои давлату ҷомеа, таъмини амнияти миллӣ, фаъолияти муътадили мақомоти давлатӣ ва беғаразӣ дар хизмати давлатӣ равона гардидааст.
80. Коррупсия чист? (Ҷавоб: сархати 1 моддаи 1 ҚҶТ «Дар бораи муқовимат ба коррупсия»)
Коррупсия - кирдоре (ҳаракат ё беҳаракатие), ки аз ҷониби шахси барои иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор ё шахсони ба он баробаркардашуда бо истифода аз мақоми хизматии худ ва имкониятҳои он барои ба манфиати худ ё шахси дигар ғайриқонунӣ ба даст овардани неъматҳои моддию ғайримоддӣ, бартарӣ ё имтиёзҳои дигар содир карда мешавад, инчунин ба ин шахс бевосита ё бавосита додани неъматҳои моддию ғайримоддӣ, бартарӣ ё имтиёзҳои дигар ба субъектҳои ҳуқуқвайронкуниҳои ба коррупсия алоқаманд бо мақсади моил кардан ё мукофотонидани онҳо барои содир намудани чунин ҳаракатҳо ба манфиати шахси воқеӣ ё ҳуқуқӣ.
81. Субъектҳои бевосита ба коррупсия муқовиматкунанда? (Ҷавоб: моддаи 8 ҚҶТ «Дар бораи муқовимат ба коррупсия»)
Субъектҳои бевосита ба коррупсия муқовиматкунанда инҳо мебошанд:
1) Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
2) Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
3) Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
4) Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
5) Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
6) Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
7) Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
8) Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
9) Судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон.
82. Пешгирии коррупсия ва роҳҳои амалигардонии он чӣ тавр амалӣ карда мешавад? (Ҷавоб: моддаи 14 ҚҶТ «Дар бораи муқовимат ба коррупсия»)
Пешгирии коррупсия яке аз чораҳои муқовимат ба коррупсия буда, бо роҳҳои зерин амалӣ карда мешавад:
1) тарғибу ташвиқи зиддикоррупсионӣ;
2) таълиму тарбияи зиддикоррупсионӣ;
3) таҳлили хавфҳои коррупсионӣ;
4) мониторинги зиддикоррупсионӣ;
5) экспертизаи зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ;
6) чораҳои назорати давлатии молиявӣ;
7) талаботи махсус нисбати довталабони вазифаҳои давлатӣ ва шахсони барои иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор;
8) мамониат барои таъин ё интихоб шудан ба мансабҳои давлатӣ ва мансабҳои ба онҳо баробаркардашуда;
9) ҷорӣ намудани маҳдудиятҳо вобаста ба иҷрои вазифаҳои мансаби давлатӣ ва мансаби ба он баробаркардашуда.
Саволҳо дар доираи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
«Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ»
83. Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» кўтоҳ маълумот диҳед?
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» 23 июли соли 2016, №1339 қабул карда шуда, муносибатҳоро вобаста ба тартиби пешниҳод ва баррасии муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки ҷиҳати ҳимояи ҳукуқу озодиҳо ва манфиати қонунии онҳо ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ташкилотҳо, муассисаҳо, корхонаҳо, сарфи назар аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ, ирсол гардидаанд, танзим менамояд.
84. Намудҳои муроҷиатро номбар кунед? (Ҷавоб: моддаи 1 ҚҶТ «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ»)
Ариза, дархост, таклиф ва шикояти шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки ба мақомоту ташкилоти дахлдор пешниҳод шудаанд, муроҷиат мебошанд.
85. Шаклҳои муроҷиатро номбар кунед? (Ҷавоб: моддаи 1 ҚҶТ «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ»)
Хаттӣ, электронӣ ё шифоҳӣ, тавассути воситаҳои ахбори омма ва муроҷиати дастҷамъона
86. Баррасии муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба кадом принсипҳо асос меёбад? (Ҷавоб: моддаи 2 ҚҶТ «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ»)
Баррасии муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба принсипҳои зерин асос меёбад:
- қонуният;
- адолат;
- баробарӣ дар назди қонун;
- инсондӯстӣ;
- ошкорбаёнӣ;
- илмият;
- талаботи ягона ба муроҷиатҳо;
- таъмин ва риояи ҳуқуқу озодиҳо ва манфиатҳои шахсони муроҷиаткунанда;
- пурра, ҳамаҷониба, холисона ва дар муҳлати муқарраргардида баррасӣ кардани муроҷиатҳо;
- шаффофияти фаъолият ҳангоми баррасии муроҷиатҳо.
87. Муҳлати баррасии муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ чанд рӯз аст? (Ҷавоб: моддаи 18 ҚҶТ «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ»)
Муроҷиатҳои ба мақомоту ташкилоти дахлдор пешниҳодшуда дар давоми си рӯз ва муроҷиатҳое, ки омӯзишу таҳқиқи иловагиро талаб намекунанд, дар муҳлати понздаҳ рӯз аз рӯзи ба қайд гирифта шуданашон баррасӣ карда мешаванд.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ»
88. Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» мухтасар маълумот диҳед ?
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» аз 5 марти соли 2007, №233 қабул шуда, асосҳои ташкилию ҳуқуқии хизмати давлатӣ, вазъи ҳуқуқӣ ва кафолатҳои иҷтимоии хизматчиёни давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро муайян менамояд.
89. Хизмати давлатӣ чист? (Ҷавоб: моддаи 1 ҚҶТ «Дар бораи хизмати давлатӣ»)
Фаъолияти касбии хизматчиёни давлатӣ, ки барои таъмини иҷрои ваколатҳои шахсони мансабдори давлатии ҳокимияти давлатӣ ва амалӣ намудани салоҳияти мақомоти давлатӣ муқаррар карда шудааст.
90. Хизматчии давлатӣ кист? (Ҷавоб: моддаи 1 ҚҶТ «Дар бораи хизмати давлатӣ»)
Шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки мансаби давлатии хизмати давлатии музднокро дар асоси касбӣ бо мақсади таъмини иҷрои ваколатҳои шахсони мансабдори давлатии ҳокимияти давлатӣ ва амалӣ намудани салоҳияти мақомоти давлатӣ ишғол намудааст
91. Низоми хизмати давлатиро номбар кунед? (Ҷавоб: қисми 1 моддаи 5 ҚҶТ «Дар бораи хизмати давлатӣ»)
Ба низоми хизмати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил мешаванд:
- хизмати давлатии шаҳрвандӣ;
- хизмати давлатии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ;
- хизмати давлатии ҳарбӣ.
92. Принсипҳои хизмати давлатӣ кадомҳоянд? (Ҷавоб: қисми 1 моддаи 7 ҚҶТ «Дар бораи хизмати давлатӣ»)
Хизмати давлатӣ ба принсипҳои зерин асос меёбад:
- волоияти Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- афзалияти ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд;
- ягонагии низоми хизмати давлатӣ, новобаста аз таҷзияи ҳокимияти давлатӣ ба ҳомимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ;
- садоқат ба Ватан ва ба халқи Тоҷикистон;
- инсондӯстӣ ва адолати иҷтимоӣ;
- хусусияти дунявӣ доштани хизмати давлатӣ;
- ғайриҳизбӣ будани хизматчиёни давлатии мақомоти дахлдори давлатӣ, ки тибқи Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян гардидаанд;
- шаффофият дар хизмати давлатӣ, ба ҷуз фаъолияте, ки сирри давлатӣ ва дигар сирри бо қонун ҳифзшазандаро ташкил медиҳад;
- касбият ва салоҳиятнокии хизматчии давлатӣ;
- ихтиёрӣ ва дастрас будани хизмати давлатӣ;
- ҳисоботдиҳанда будани хизматчии давлатӣ;
- устувории ҳайати шахсии мақоми давлатӣ;
- баландравии мансабии хизматчии давлатӣ дар асоси қобилият, истеъдод, тайёрии касбӣ ва талаботи тахассусӣ;
- баҳодиҳӣ ба фаъолияти хизматчии давлатӣ дар асоси дастовардҳои хизматӣ.
93. Категорияҳои мансабҳои хизмати давлатиро барои хизматчиёни давлатии маъмурӣ номбар намоед? (Ҷавоб: қисми 3 моддаи 10 ҚҶТ «Дар бораи хизмати давлатӣ»)
Барои хизматчиёни давлатии маъмурӣ категорияи мансабҳои давлатии зерин муқаррар карда мешавад:
- категорияи олӣ;
- категорияи якум;
- категорияи дуюм;
- категорияи сеюм;
- категорияи чорум;
- категорияи панҷум;
- категорияи шашум;
- категорияи ҳафтум.
94. Уҳдадориҳои асосии хизматчии давлатӣ шарҳ дода шаванд? (Ҷавоб: моддаи 28 ҚҶТ «Дар бораи хизмати давлатӣ»)
Хизматчии давлатӣ уҳдадор аст:
- Конститутсия, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро риоя намояд;
- ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, инчунин ҳуқуқ ва манфиатҳои шахсони ҳуқуқиро риоя, ҳифз ва эҳтиром намояд;
- муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ баррасӣ намуда, аз рӯи онҳо чораҳои дахлдор андешад;
- интизоми давлатӣ ва хизматиро риоя намояд;
- меъёрҳои муқаррарнамудаи Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дастури фаъолияти худ қарор дода, ҳолатҳои бархӯрди манфиатҳоро ҳангоми иҷрои уҳдадориҳои мансабӣ истисно намояд;
- фармон, фармоиш ва амрҳои роҳбарон, қарор ва дастури мақомоти болоӣ ва шахсони мансабдорро, ки дар доираи ваколати онҳо дода шудаанд, иҷро намояд;
- сирри давлатӣ ва сирри дигари бо қонунҳо ҳифзшавандаро, аз ҷумла баъди қатъи хизмати давлатӣ, дар давоми муҳлати муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ нигоҳ дорад;
- ҳангоми иҷрои уҳдадориҳои мансабӣ маълумотро дар бораи ҳаёти шахсӣ, шаъну шарафи шаҳрвандон махфӣ нигоҳ дорад, аз онҳо пешниҳод намудани чунин маълумотро талаб накунад (ба истиснои мавридҳои муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон);
- ҳифзи моликияти давлатиро таъмин намояд;
- агар манфиати шахсии хизматчии давлатӣ барои иҷрои уҳдадориҳои мансабӣ монеа гардад, ё ба манфиати давлатӣ мухолифат кунад ва ё боиси дигар ҳолатҳои бархӯрди манфиатҳо гардад, бояд ба роҳбари мақоми давлатӣ, ки барои таъин ва озод намудани ӯ аз мансаб салоҳият дорад, хабар диҳад;
- аз рӯзи гирифтани иттилооти расмӣ дар бораи қатъ намудани шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё соҳиб шудан ба шаҳрвандии давлати дигар ба роҳбари мақоми давлатӣ, ки ҳуқуқи ба мансаб таъин ва аз мансаб озод намуданро дорад, хабар диҳад;
- сатҳи касбӣ ва тахассусии худро барои иҷрои самараноки уҳдадориҳои мансабӣ баланд бардорад;
- мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи Қонуни мазкур савганд ёд кунад.
95. Маҳдудиятҳо вобаста ба хизмати давлатиро номбар кунед? (Ҷавоб: моддаи 30 ҚҶТ «Дар бораи хизмати давлатӣ»)
Хизматчии давлатӣ ҳуқуқ надорад:
- бе иҷозати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мукофот, унвонҳои фахрӣ ва махсуси давлатҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои байналмилалиро қабул намояд;
- ҳангоми иҷрои ваколатҳои мансабӣ аз хизматрасониҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба манфиати шахсӣ истифода намояд;
- дар дигар амалҳо, аз ҷумла корпартоиҳо, ки фаъолияти мақомоти давлатӣ ва иҷрои уҳдадориҳои мансабиро халалдор месозанд, иштирок намояд;
- ба ҳайати мақомоти идоракунӣ, шӯроҳои нозирон ё парасторон, мақомоти дигари ташкилотҳои ғайритиҷоратии хориҷӣ ва воҳидҳои сохтории онҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон шомил гардад, агар қонунгузорӣ ё шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигарро пешбинӣ накарда бошанд;
- дар идораи фаъолияти ҷамъияти хоҷагидор ё дигар ташкилоти тиҷоратӣ иштирок кунад, аз ҷумла ба ҳайати мақомоти идоракуни ташкилоти тиҷоратӣ, ки узвият дар онҳо бе изҳори иродаи махсуси фардӣ ғайриимкон аст, ба истиснои ҳолатҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ кардааст;
- дар бонкҳои хориҷие, ки берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгир шудаанд, суратҳисобҳо кушояд ва пасандозҳо дошта бошад, пули нақд ва ашёи қиматнокро нигоҳ дорад, дигар воситаҳои молиявӣ ва моликият дар хориҷа дошта бошад ва (ё) аз онҳо истифода барад;
- ба фаъолияти мақомоти дигари давлатӣ, ки ба доираи ваколати мансабиаш дохил нест, дахолат намояд;
- дигар маҳдудиятҳои пешбининамудаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро вайрон намояд.
96. Намудҳои ҷавобгарии интизомии хизматчии давлатиро номбар кунед? (Ҷавоб: қисми 1 моддаи 32 ҚҶТ «Дар бораи хизмати давлатӣ»)
Роҳбари мақоми давлатӣ, ки ҳуқуқи ба мансаб таъин ва аз мансаб озод намуданро дорад, ба хизматчии давлатӣ барои кирдори интизомии содирнамудааш, ки дорои аломатҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ё ҷиноят намебошанд муҷозоти зерини интизомиро татбиқ менамояд:
- сарзаниш;
- танбеҳ;
- танбеҳи қатъӣ
- то як сол мавқуф гузоштани додани рутбаи тахассусии навбатӣ;
- ба мансаби паст гузаронидан;
- аз мансаб озод кардан.
Саволҳо доир ба муқовимат бо экстремизм ва терроризм
97. Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба терроризм» маълумот пешниҳод карда шавад?
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба терроризм» 23 декабри соли 2021, №1808 қабул гардида, принсипҳои асосии муқовимат ба терроризм, асосҳои ҳуқуқӣ ва ташкилии пешгирии терроризм ва мубориза бо он, роҳу усулҳои бартараф намудани оқибатҳои амали террористиро бо мақсади таъмини бехатарии шахс, ҷамъият ва давлат, ҳифзи соҳибихтиёрӣ, тамомияти арзӣ ва амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.
98. Мафҳуми терроризмро шарҳ диҳед? (Ҷавоб: моддаи 1 ҚҶТ «Дар бораи муқовимат ба терроризм»)
Терроризм - мафкураи зўроварӣ ва таъсиррасонӣ ба қабули қарори мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ё созмонҳои байналмилалӣ, ки бо тарсонидани аҳолӣ ва ё дигар шаклҳои зўроварии ҷайриқонунӣ алоқаманд мебошад.
99. Мафҳуми амали террористӣ шарҳ дода шавад? (Ҷавоб: моддаи 1 ҚҶТ «Дар бораи муқовимат ба терроризм»)
Амали террористӣ - бевосита содир намудани ҷиноятҳои дорои хусусияти террористӣ дар шакли ба гаравгон гирифтан ва ё боздошт намудани гаравгонҳо, рабудани одамон, суиқасд ба ҳаёти арбоби давлатӣ ва ҷамъиятӣ, намояндагони гурўҳҳои миллӣ, динӣ, мазҳабӣ, нажодӣ, дигар гурўҳҳои аҳолӣ, намояндагони давлатҳои хориҷӣ, созмонҳои байналмилалӣ, ҷасб намудан, зарар расонидан ва нобуд кардани иншооти давлатӣ ва ё ҷамъиятӣ, амалӣ кардани таркиш, сўхтор, тирпарронӣ, истифода намудан ва ё таҳдиди истифодаи таҷҳизоти тарканда, моддаҳои радиоактивӣ, биологӣ, тарканда, кимиёвӣ ва дигар маводи заҳролудкунанда, ҷасб намудан, ҳай карда бурдани воситаҳои нақлиёти заминӣ, обӣ ва ҳавоӣ, ташкили бетартибӣ ва иҷвои он дар ҷойҳои серодам ва ҷамъиятӣ, ҷойҳои маҳрум ва маҳдуд кардан аз озодӣ, ҷойҳои гузаронидани чорабиниҳои оммавӣ, расонидани зарар ба ҳаёт ё саломатии аҳолӣ, молу мулки шахсони воқеӣ ва ё ҳуқуқӣ бо роҳи содир кардани садамаҳо, фоҷиаҳои техногенӣ, паҳн кардани таҳдид бо дилхоҳ восита ва тарзу усулҳо, инчунин кирдорҳои дигари террористӣ, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, муқаррар шудаанд.
100. Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба экстремизм» маълумот пешниҳод намоед?
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба экстремизм» 2 январи соли 2020, №1655 қабул гардида, асосҳои ташкилӣ ва ҳуқуқии муқовимат ба экстремизмро бо мақсади ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, асосҳои сохтори конститутсионӣ, таъмини соҳибихтиёрӣ, тамомияти арзӣ ва амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.
101. Мафҳуми экстремизм шарҳ дода шавад? (Ҷавоб: моддаи 1 ҚҶТ «Дар бораи муқовимат ба экстремизм»)
Экстремизм - ифодаи мафкура ва фаъолияти экстремистие, ки барои бо роҳи зўроварӣ ва амалҳои дигари зиддиқонунӣ ҳал намудани масъалаҳои сиёсӣ, ҷамъиятӣ, иҷтимоӣ, миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва динӣ (мазҳабӣ) равона карда шудааст.
102. Субъектҳои ба экстремизм бевосита муқовиматкунанда номбар карда шаванд? (Ҷавоб: моддаи 10 ҚҶТ «Дар бораи муқовимат ба экстремизм»)
Субъектҳои ба экстремизм бевосита муқовиматкунанда инҳо мебошанд:
- Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Бонки миллии Тоҷикистон.
103. Низоми санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро номбар кунед? (Ҷавоб: моддаи 10 ҚҶТ «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ»)
Ба низоми санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил мешаванд:
- Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- қонунҳои бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабулгардида;
- санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст;
- қонунҳои конститутсионӣ;
- кодексҳо, қонунҳо;
- қарорҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- қарорҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- фармоишҳои вазоратҳо, мақомоти назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, инчунин қарорҳои кумитаҳои давлатӣ, Бонки миллии Тоҷикистон ва Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- қарорҳои Маҷлисҳои вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе;
- қарорҳои раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе;
- қарорҳои Маҷлисҳои вакилони халқи шаҳрҳо ва ноҳияҳо;
- қарорҳои раисони шаҳрҳо ва ноҳияҳо;
- қарорҳои мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот.
Саволҳои дигари умумӣ
104. Муҳлати фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чӣ қадар аст? (Ҷавоб: моддаи 9 ҚКҶТ «Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон»)
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муҳлати ваколати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мекунад.
105. Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешавои миллат»-ро шарҳ диҳед?
Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешавои миллат» аз 14 ноябри соли 2016, №1356 қабул гардида, вазъи сиёсӣ ва ҳуқуқии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллатро ҳамчун бунёдгузори давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон, сулҳ ва ваҳдати миллӣ, бо мақсади тақвияти асосҳои сохтори конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, истиқлолияти давлатӣ ва тамомияти арзӣ, якпорчагии Ватан, суботу пойдории давлати Тоҷикистон, таҳкими демократия, таъмини рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, ҳифзи арзишҳои таърихии давлатдории миллӣ, фароҳам овардани шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодона барои ҳар як инсон, муқаррар мекунад.
106. Салоҳияти умумии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро номбар кунед? (Ҷавоб: моддаи 13 ҚКҶТ «Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон»).
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- дар татбиқи сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок мекунад;
- роҳбарии самараноки иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангиро таъмин мекунад;
- ба системаи мақомоти ҳокимияти иҷроия роҳбарӣ мекунад;
- барномаҳои мақсадноки давлатиро таҳия менамояд ва татбиқи онҳоро таъмин мекунад;
- ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ дорад.
- Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми зарурат ҳалли баъзе масъалаҳои идоракунии давлатиро, ки ба салоҳияти вай дохил мешаванд, ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, вазоратҳо ва кумитаҳои давлатии ҷудогонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар мақомоти идоракунии давлатӣ дода метавонад, агар ҳалли ин масъалаҳо мутобиқи Конститутсия, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба салоҳияти истисноии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мансуб набошанд.
107. Мафҳуми «ҳукумати электронӣ» шарҳ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи соҳа номбар карда шаванд?
Ҳукумати электронӣ - шакли нави ташкил намудани фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, ки аз ҳисоби истифодаи васеи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ сатҳи нави фаврият ва муносиби аз ҷониби шаҳрвандон ва муассисаҳо дарёфт намудани хизматҳои иҷтимоӣ ва иттилоот дар бораи натиҷаҳои фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ таъмин мекунад, фаҳмида мешавад.
Санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ:
- Консепсияи ташаккули ҳукумати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2011, № 643 тасдиқ шудааст;
- Стратегияи давлатии «Технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ барои рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 ноябри соли 2003, №1174 тасдиқ шудааст;
- Барномаи давлатии рушд ва татбиқи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 2004, №468 тасдиқ шудааст;
- Консепсияи сиёсати давлатии иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2008, №451 тасдиқ шудааст;
- Стратегияи ислоҳоти системаи идораи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 марти соли 2006, №1713 тасдиқ шудааст.
108. Сохтори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро номбар кунед ?
Сохтори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз вазоратҳо ва кумитаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат аст, ки онҳоро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ва барҳам медиҳад.
109. Ҷиноят чист? (Ҷавоб: моддаи 17 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон)
Кирдор (ҳаракат ё беҳаракатӣ)-и содиршудаи гунаҳгоронаи барои ҷамъият хавфноке, ки Кодекси ҷиноятӣ бо таҳдиди татбиқи ҷазо манъ кардааст, ҷиноят эътироф мешавад.
110. Рӯзномаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро номбар кунед?
Рӯзномаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон инҳоянд:
- Ҷумҳурият;
- Садои Мардум;
- Бонувони Тоҷикистон;
- Народная газета;
- Халқ овози;
- Адабиёт ва санъат;
- Ҷавонони Тоҷикистон;
- Ваҳдат;
- Пайванд;
- Садои шарқ;
- Памир.
111. Ҳадафҳои стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистонро номбар кунед?
Ҳадафҳои стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- таъмини истиқлолияти энергетикӣ;
- раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ;
- таъмини амнияти озуқаворӣ;
- саноатикунонии босуръати кишвар.
112. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон чанд ҳизбҳои сиёсӣ амал мекунанд ва онҳоро номбар кунед?
Айни замон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 7 ҳизби сиёсӣ мавҷуд аст, ки онҳо дар ҳаёти сиёсии мамлакат ширкат меварзанд:
- Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон;
- Ҳизби коммунистии Тоҷикистон;
- Ҳизби аграрии Тоҷикистон;
- Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон;
- Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон;
- Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон;
- Ҳизби демократии Тоҷикистон.
113. Ҳукумати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ба кадом мақсад ноил шудан равона гардидааст?
Асоси ташаккули ҳукумати электрониро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ноил шудан ба мақсадҳои зерин ташкил медиҳад:
- баланд бардоштани самаранокии фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва идоракунӣ бо истифодаи васеи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ;
- баланд бардоштани сатҳи сифат ва дастрас будани хизматҳои иҷтимоие, ки ба шаҳрвандон ва ташкилотҳо расонида мешаванд;
- содда гардонидани қоидаҳо ва кам кардани муҳлатҳои расонидани хизматҳои иҷтимоӣ, инчунин кам кардани (коҳиш додани) хароҷоти маъмурӣ, ки ба расонидани ин хизматҳо вобастагӣ доранд;
- баланд бардоштани сатҳи дастрасӣ ба иттилоот дар бораи фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ;
- ташаккули системаи ягонаи табодули иттилоотӣ бо истифода аз захираҳои иттилоотии электронӣ ва пайвастшавии доимӣ ба система ва шабакаҳои маҳдуди баҳисобгирии алоқаи ҳамаи истифодабарандагон;
- ҳавасмандкунии иқтисодии истифода аз Интернет ва технологияҳои муосири технологӣ.
114. Дар бораи аҳамияти Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, кай ва дар куҷо баргузор гардидани он мухтасар маълумот диҳед?
Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олӣ барои барқарорсозии сохти конститутсионии кишвар ва давлати демократӣ, ҳуқуқбунёду дунявии Тоҷикистон оғози устувор бахшид ва заминаи нахустини ҳамдигарфаҳмиву ризоияти миллӣ ва сулҳи тоҷиконро фароҳам овард.
Иҷлосияи мазкур аз 16 ноябр то 2 декабри соли 1992 дар шаҳри Хуҷанд дар Қасри Арбоб баргузор гардида, он сохти конститутсиониро дар ҷумҳурӣ барқарор намуд.
115. Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон баъди чанд даври гуфтушунидҳо кай ва дар куҷо ба имзо расидааст?
Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон баъди 9 даври гуфтушунидҳо 27 июни соли 1997 дар шаҳри Москва байни мухолифин ва Раиси Шӯрои Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба имзо расидааст.
116. Қаҳрамонҳои халқи тоҷикро номбар кунед?
Қаҳрамонҳои халқи тоҷик инҳо мебошанд:
- Исмоили Сомонӣ;
- Деваштич;
- Восеъ;
- Темурмалик;
- Шерак;
- Спитамен;
- Муқаннаъ.
117. Қаҳрамонҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро номбар кунед?
Қаҳрамонҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон инҳо мебошанд:
- Садриддин Айнӣ бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз 8 сентябри соли 1997 ба асосгузори адабиёти муосири тоҷик Садриддин Айнӣ унвони олии «Қаҳрамони Тоҷикистон» дода шуд.
- Бобоҷон Ғафуров бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз 8 сентябри соли 1997 ба таърихшинос ва шарқшиноси шинохтаи тоҷик, академик, муаллифи китоби «Тоҷикон» Бобоҷон Ғафуров унвони олии «Қаҳрамони Тоҷикистон» дода шуд.
- Мирзо Турсунзода - бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз 7 майи соли 2001 ба шоири халқии Тоҷикистон, ходими намоёни ҷамъиятӣ Мирзо Турсунзода унвони олии «Қаҳрамони Тоҷикистон» дода шуд.
- Эмомалӣ Раҳмон - бо қарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 декабри соли 1999 барои мустаҳкам намудани давлатдории соҳибистиқлол ва пойдории сулҳ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо унвони олии «Қаҳрамони Тоҷикистон» мукофотонида шудааст.
- Нусратулло Махсум бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 июни соли 2006 ба фарзанди барӯманди халқи тоҷик Нусратулло Махсум унвони олии «Қаҳрамони Тоҷикистон» дода шудааст.
- Шириншоҳ Шоҳтемур бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 июни соли 2006 ба фарзанди барӯманди халқи тоҷик Шириншоҳ Шоҳтемур, унвони олии «Қаҳрамони Тоҷикистон» дода шудааст.
118. Дар хусуси Низомнома дар бораи тартиби гузаронидани озмун барои ишѓоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ маълумот диҳед?
Низомнома дар бораи тартиби гузаронидани озмун барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 марти соли 2016, №647 тасдиқ шудааст, бо мақсади татбиқи моддаи 18 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» таҳия гардида, қоидаҳои гузаронидани озмун барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатиро танзим менамояд.
119. Аттестатсияи хизматчиёни давлатиро шарҳ диҳед?
Низомномаи тартиб ва шартҳои гузаронидани аттестатсияи хизматчиёни давлатии маъмурӣ бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 майи соли 2008, №468 тасдиқ шудааст, тартиб ва шартҳои гузаронидани аттестатсияи хизматчиёни давлатии маъмурии мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳоти Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки кормандони онҳо ба хизматчиёни давлатӣ баробар карда шудаанд, танзим менамояд.
120. Мафҳуми аттестатсияро шарҳ диҳед?
Аттестатсия - ин тартиби муайян намудани мувофиқати хизматчии давлатии маъмурӣ ба мансаби ишғолнамуда мебошад, ки он бо роҳи баҳодиҳӣ ба натиҷаи иҷрои ӯхдадориҳои мансабӣ, сатҳи дониш, малака ва тайёрии касбии ӯ муайян карда мешавад.
Раёсати кадрҳо
ва таъминоти ҳуқуқӣ