Шуъбаи Хадамоти иҷро дар Суди иқтисодии вилояти Суғд
Музоядаи №2 ва №3 оид ба фурӯши молу мулк, ки барои таъмин намудани иҷроиши истеҳсолоти иҷрои №50/6 аз 03.10.2025 сол аз рӯи ҳуҷҷати иҷро-варақаи иҷрои Суди иқтисодии вилояти Суғд таҳти №1-29/2025 аз 01.09.2025 сол оид аз ҳисоби хоҷагии деҳқонии «Ал-Фурқон»-и ноҳияи Зафаробод ба фоидаи Филиали ҶСП ТАҚХ «Имон Интернешнел» дар ноҳияи Зафаробод рӯёнидани қарзи асосӣ ба маблағи 241702,97 сомонӣ, инчунин хароҷоти судӣ ба маблағи 6114,2 сомонӣ, рӯёнидани маблағи қарзӣ аз ҳисоби фурӯши амволҳои ба гарав гузошташуда сехи дӯзандаги воқеъ дар ноҳияи Зафаробод, шаҳраки Гулистон, кӯчаи Ф.Муҳамадиев, бинои берақам, ки айни замон ба Рамазониева Маърифат Раҳимовна ва Сафарова Меҳри Гулмирзоевна таалуқ дорад дар савдои оммавӣ ба маблағӣ 240 000 сомонӣ ва хонаи истиқомати вокеъ дар ноҳияи Зафаробод, ҷамоати деҳоти Равшан, деҳаи Гулистон, кӯчаи Ленин, хонаи 31/2, ки ба Расулов Юсуф таалуқ дорад дар савдои оммавӣ ба маблағи 140 000 сомонӣ, аз ҷониби иҷрочии калони Шуъбаи Хадамоти иҷрои дар Суди иқтисодии вилояти Суғд ба ҳабс гирифта шудааст:
Музоядаи №2
|
Рақами лот |
Намуди моликият |
Суроға |
Нархи ибтидои |
Кафолатпулии иштирокчии музояда |
|
1. |
сехи дӯзандаги |
ноҳияи Зафаробод, шаҳраки Гулистон, кӯчаи Ф.Муҳамадиев, бинои берақам |
240 000 сомонӣ |
5 фоизи арзиши моликияти фурухташаванда
|
Музоядаи №3
|
Рақами лот |
Намуди моликият |
Суроға |
Нархи ибтидои |
Кафолатпулии иштирокчии музояда |
|
1. |
хонаи истиқоматӣ |
ноҳияи Зафаробод, ҷамоати деҳоти Равшан, деҳаи Гулистон, кӯчаи Ленин, хонаи 31/2 |
140 000 сомонӣ |
5 фоизи арзиши моликияти фурухташаванда
|
Музоядаи №2 рӯзи 23 феврал соли 2026 соати 09:30 дақиқа ҳангоми пайдо гардидани харидор дар суроғаи ноҳияи Зафаробод, шаҳраки Гулистон, кӯчаи Ф.Муҳамадиев, бинои берақам ва Музоядаи №3 рӯзи 23 феврал соли 2026 соати 10:30 дақиқа ҳангоми пайдо гардидани харидор дар суроғаи ноҳияи Зафаробод, ҷамоати деҳоти Равшан, деҳаи Гулистон, кӯчаи Ленин, хонаи 31/2, бо тартиби пешбини намудаи моддаҳои 79-80 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истеҳсолоти иҷро» барпо мегардад. Иштирокчиёни музояда аз рузи нашри эълон оид ба барпошавии музояда то санаи 23.02.2026 соати 09:30 дақиқа ва соати 10:30 дақиқа дар суроғаи шаҳри Хуҷанд, кучаи К.Хуҷанди 181 «а» ба қайд гирифта мешаванд.
Маълумотҳои иловагиро метавонед аз иҷрочиёни Шуъбаи Хадамоти иҷро дар Суди иқтисодии вилояти Суғд бо телефони (83422) 6-28-91, 6-64-99, 6-66-99 дастрас намоед.