Шуъбаи Хадамоти иҷро дар суди иқтисодии вилояти Суғд
Музоядаи №04 оид ба фурӯши молу мулк, ки барои таъмин намудани иҷроиши истеҳсолоти иҷрои таҳти №42/2 аз 22.08.2025 сол аз рӯи ҳуҷҷати иҷро-варақаи иҷрои суди иқтисодии вилояти Суғд таҳти №1-136/2022 аз 09.06.2022 сол оид ба аз ҳисоби ҷавобгарон соҳибкори инфиродӣ Ҳоҷибоев Амонҷон Аминович, Зокиров Зафарҷон Рустамович ва Ҳоҷибоева Дилбар Шодибоевна ба фоидаи ЏСК “Бонки Эсхата” дар шаҳри Хуҷанд рӯёнидани маблағи қарзи асосии боқимонда ба андозаи 20 927 сомонӣ, аз ҷониби иҷрочии Шуъбаи Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар суди иқтисодии вилояти Суғд ба ҳабс гирифта шудааст:
|
Рақами лот |
Номгуи молу мулк |
Суроға |
Нархи ибтидои |
Нархи ибтидои умуми |
Кафолатпулии иштирокчии музояда |
|
1. |
Воситаи нақлиёти тамғаи «Мерседес-Бенс 200», навъи сабукрав, соли бароришаш 1996, ранг нуқрагин, рақами бақайдгирӣ WDB 2100351А070478, рақами қайди давлатӣ 6916VU02 |
ноҳияи Б.Ғафуров, ҷ/д Ёва, к.Б.Ғафуров, хонаи №27а |
40 000 Сомонӣ
|
40 000 Сомонӣ |
5 фоизи арзиши молу мулки фурухташаванда |
Музоядаи №04 рӯзи 02 феврали соли 2026 соати 10:00 дақиқа дар бинои Суди иқтисодии вилояти Суғд ҳуҷраи кории иҷрочиёни Шуъбаи Хадамоти иҷро дар суди иқтисодии вилояти Суғд бо суроғаи шаҳри Хуҷанд, кучаи К.Хуҷанди №181а ошёнаи якум, утоқи №3 бо тартиби пешбини намудаи моддаҳои 72-74 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи истеҳсолоти иҷро” барпо мегардад. Иштирокчиёни музояда аз рӯзи нашри эълон оиди барпошавии музояда то рузи 02 феврали соли 2026 соати 10:00 дақиқа дар суроғаи дар боло зикргардида ба қайд гирифта мешаванд.
Маълумотҳои иловагиро метавонед аз иҷрочиёни Шуъбаи Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар суди иқтисодии вилояти Суғд ё бо телефони (83422) 6-64-99, 6-28-91, 6-65-99, 6-66-99 дастрас намоед.