Шуъбаи Хадамоти иҷро дар суди иқтисодии вилояти Суғд
Музоядаи №5 оид ба фурӯши молу мулк, ки барои таъмин намудани иҷроиши истеҳсолоти иҷрои №09/3 аз 27.01.2025 сол аз руи ҳуҷҷати иҷро-варақаи иҷрои Суди иқтисодии вилояти Суғд таҳти №1-404/2024 сол аз 21.01.2025 сол дар бораи аз ҳисоби хоҷагии деҳқонии “Шавкат 4”-и ноҳияи Спитамен ба фоида ҶСП “Деҳқон”-и ноҳияи Спитамен руёнидани маблағи қарз ба андозаи 1 367 813 сомонӣ ва хароҷоти судӣ ба маблағи 27 356,26 сомонӣ, аз ҷониби иҷрочии Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар суди иқтисодии вилояти Суғд ба ҳабс гирифта шудааст:
|
Рақами лот |
Номгуи молу мулк |
суроға |
нархи ибтидои барои 1 кг |
нархи ибтидои умуми |
Кафолатпулии иштирокчии музояда |
|
1. |
8 260 кг пахтаи хоми навъи якуми ҳосили соли 2025 мансуб ба Х/Д “Шавкат 4”-и ноҳияи Спитамен |
ноҳияи Ҷ,Расулов, ҷ/д Гулхона ФҶДММ “Шамс 777” |
5,00 сомонӣ
|
41 300 сомонӣ |
5 фоизи арзиши молу мулки фурухташаванда |
Музоядаи №5 рузи 11 феврали соли 2026 соати 09:00 дақиқа дар бинои Суди иқтисодии вилояти Суғд ҳуҷраи кории иҷрочиёни шуъбаи Хадамоти иҷро дар суди иқтисодии вилояти Суғд бо суроғаи шаҳри Хуҷанд, кучаи К.Хуҷанди №181а ошёнаи якум, утоқи №2 бо тартиби пешбини намудаи моддаҳои 72-74 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи истеҳсолоти иҷро” барпо мегардад. Иштирокчиёни музояда аз рузи нашри эълон оиди барпошавии музояда то рузи 11 феврали соли 2026 соати 09:00 дақиқа дар суроғаи дар боло зикргардида ба қайд гирифта мешаванд.
Маълумотҳои иловагиро метавонед аз шуъбаи Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар суди иқтисодии вилояти Суғд ё бо телефони (83422) 6-64-99, 6-28-91, 6-65-99, 6-66-99 дастрас намоед.