Шуъбаи Хадамоти иҷро дар судҳои иқтисодӣ дар шаҳри Душанбе музоядаи оммавиро оид ба фурўши молу мулки ғайриманқули гаравгузошташуда - манзили истиқоматӣ воқеъ дар суроғаи ноҳияи Рӯдакӣ, Ҷамоати деҳоти чоряккорон, деҳаи Меҳробод бо арзиши ибтидоии 1 437 067 сомонӣ эълон менамояд. Музояда рўзи 17-уми марти соли 2026, соати 10:00 дақиқа барпо мегардад.
Иштирокчиёни музояда аз рўзи нашри эълон оиди барпошавии музояда то соати 10:00 рўзи 17-уми марти соли 2026, дар бинои Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шуъбаи Хадамоти иҷро дар судҳои иқтисодӣ дар шаҳри Душанбе бо суроғаи шаҳри Душанбе, кўчаи Ф.Ниёзи-37, бақайд гирифта мешаванд.
Маълумотҳои иловагиро метавонед аз шуъбаи Хадамоти иҷро дар судҳои иқтисодӣ дар шаҳри Душанбе бо телефони 2-27-93-23, 2-27-93-24, дастрас намоед.
Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҷумҳурии Тоҷикистон