Иҷрочиёни Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе
Музояда оид ба савдои оммавии молу мулки манқул, ки барои таъмин намудани иҷроиши истеҳсолотҳои иҷрои таҳти №33\6 аз санаи 18.02.2025 сол аз руи ҳуҷҷати иҷро-варақаи иҷрои суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе таҳти №1-245/24 аз санаи 20.09.2024 сол оиди аз ҳисоби қарздор Ниязов Акмал Анварович ба фоидаи Раҳматзода Самариддин Маҳмадаюб руёнидани маблағи зарар бо ҳукми суд ба андозаи 1 265 604 (як миллиону дусаду шасту панҷ ҳазору шашсаду чор) сомонӣ ва дар асоси таъиноти суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе 20 (бист)% ҳиссаи Ниязов Акмал Анварович ҳамчун муассис дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “ТНТ-2014” ба ҳабс гирифта шудааст, ба фуруш гузошта мешавад.
|
Рақами лот |
Намуди моликият |
Суроғаи молу мулк |
Арзиши молу мулк |
Кафолатпулии иштирокчии музояда |
|
1. |
20 (бист)% ҳиссаи Ниязов Акмал Анварович ҳамчун муассис дар ҶДММ “ТНТ-2014” |
шаҳри Душанбе, ноҳияи Сино, кӯчаи Абдулобеков 43. |
124 785,48 сомонӣ |
5 % арзиши молу мулки фурухташаванда |
Музоядаи рӯзи 17 июни 2025 сол соати 10:00 дар суроғаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Валаматзода №15, дар утоқи кории №20 (бинои суди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе, иҷрочиёни Хадамоти иҷро дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе) бо тартиби пешбининамудаи моддаҳои 78 ва 80-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи истеҳсолоти иҷро” барпо мегардад.
Иштирокчиёни музояда аз рузи нашри эълон оиди барпошавии музояда то соати 10:00 рузи 17 июни 2025 сол дар суроғаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Валаматзода №15 дар утоқи кории №20 (бинои суди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе, иҷрочиёни Хадамоти иҷро дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе) бақайд гирифта мешаванд.
Маълумотҳои иловагиро метавонед аз иҷрочиёни Хадамоти иҷро дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе бо рақамҳои телефони 227-56-21, 887-12-05-00 дастрас намоед.