Иҷрочиёни Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе
Музояда оид ба савдои оммавии молу мулки ғайриманқул, ки барои таъмин намудани иҷроиши истеҳсолотҳои иҷрои таҳти №47/6 аз санаи 01-уми апрели соли 2025 аз руи ҳуҷҷати иҷро-варақаи иҷрои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №1-08/25 аз санаи 05.11.2024 сол оиди аз ҳисоби қарздор Каримов Ҷалолидин Ҳаймуродович ба фоидаи Халилов Муҳаммад-Али Салимович руёнидани маблағи зарар бо ҳукми суд ба андозаи 15 532 192 (понздаҳ миллиону панҷсаду сиву ду ҳазору яксаду наваду ду) сомонию 36 дирам, инчунин далелҳои шайъӣ воситаи нақлёти тамғаи БМВ Х-6 аломати қайди давлатиаш 1001ZC01 ва як адад манзили истиқоматӣ воқеъ дар суроғаи шаҳри Душанбе, ноҳияи Шоҳмансур, кӯчаи М.Собирова, бинои 23/54 бо масоҳати 147,2 метри мураббаъ ба фоидаи давлат мусорида кардан ба ҳабс гирифта шудааст, ба фуруш гузошта мешавад.
|
Рақами лот |
Намуди моликият |
Суроғаи молу мулк |
Арзиши молу мулк |
Кафолатпулии иштирокчии музояда |
|
1. |
манзили истиқоматӣ бо масоҳати 147,2 метри мураббаъ |
воқеъ дар суроғаи шаҳри Душанбе, ноҳияи Шоҳмансур, кӯчаи М.Собирова, бинои 23/54. |
1 516 160 сомонӣ |
5 % арзиши молу мулки фурухташаванда |
Музояда рӯзи 04 июли 2025 сол соати 10:00 дар суроғаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Валаматзода №15, дар утоқи кории №20 (бинои суди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе, иҷрочиёни Хадамоти иҷро дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе) бо тартиби пешбининамудаи моддаҳои 78 ва 80-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи истеҳсолоти иҷро” барпо мегардад.
Иштирокчиёни музояда аз рузи нашри эълон оиди барпошавии музояда то соати 10:00 рузи 04 июли 2025 сол дар суроғаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Валаматзода №15 дар утоқи кории №20 (бинои суди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе, иҷрочиёни Хадамоти иҷро дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе) бақайд гирифта мешаванд.
Маълумотҳои иловагиро метавонед аз иҷрочиёни Хадамоти иҷро дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе бо рақамҳои телефони 227-56-21, 887-12-05-00 дастрас намоед.