19 марти соли 2024 Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ботантана ва дар сатҳи баланди хештаншиносӣ ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд. Сардори Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Барно Саидвализода ва Раиси Иттифоқи нависандагон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Шоири халқии Тоҷикистон, Низом Қосим қайд намуданд, ки боиси хушнудӣ ва сарфарозист, ки бо ибтикори Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола дар тамоми ҷаҳон бо шукӯҳу шаҳомати хоса 21 март ҳамчун Рӯзи байналмилалии Наврӯз таҷлил мегардад, ки барои мардуми кӯҳанбунёди тоҷик ифтихори бузург мебошад. Наврӯз ҷашни баробаршавии шабу рӯз, айёми киштукори баҳорӣ ва ташаббусҳои созанда мебошад.
Наврӯз, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шарофати истиқлолияти давлатӣ бо тамоми ғановату рангорангии он эҳё гардид, ҳоло ба ҷашни милливу давлатии мо – тоҷикон ва рамзи худшиносиву ифтихори миллӣ, ваҳдату ҳамдилии мардум ва пайванди наслҳо табдил ёфтааст.
Таҷлили Наврӯз аз қадимтарин замонҳо то ба имрӯз ҷузъи таркибии ҳастиву ҳувияти қавмҳои ориёӣ, аз ҷумла тоҷикон ба ҳисоб меравад.
Далели асосии умри тӯлонӣ доштани Наврӯз табиӣ будани он аст. Зеро маҳз дар арафаи Наврӯз табиат эҳё шуда, замин қабои сабз ба бар менамояд, марди деҳқон ба кишти баҳорӣ оғоз мекунад ва бо умеду нияти ба даст овардани ҳосили фаровон ба замин дона кишт мекунад.
Дигар ин, ки Наврӯз айёми тавозуни байни табиат ва инсон буда, баробари дигаргунии куллӣ дар табиат рӯҳи инсонро низ ба куллӣ тағйир медиҳад ва ӯро ба рӯзи неку рӯзгори обод умедвор месозад.
Наврӯз бо ҳама ҳусни табииву заминиаш намунаи як фарҳангу тамаддуни олӣ ба ҳисоб рафта, аз давраҳои дерин барои муҳаббату самимият ва ҳамдигарфаҳмиву ваҳдати байни инсонҳо заминаи беҳтарини маънавӣ фароҳам овардааст.
Сардори Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Барно Саидвализода ва барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Шоири халқии Тоҷикистон, Низом Ќосим иштирокчиёни чорабиниро ба ифтихори ҷашни Наврӯзи бостонӣ самимона муборакбод намуда, ба хонадони ҳар яки онҳо бахту саодат ва ба Тоҷикистони маҳбубамон сулҳу субот, ваҳдати миллии ҷовидона ва дастовардҳои бузург орзу намуданд.
Зимни чорабинӣ ба Шоири халқии Тоҷикистон Гулрухсор Сафиева ҷоизаи байналмилалии “Қонди порсӣ” супурда шуд.
Иштирокчиён дар оростани дастрахони Наврӯзии ҳафтсину ҳафтшин, пухтани суманак, хони Наврӯзӣ маҳорати худро нишон доданд.
Ҳамзамон, маҳфили шеъру суруд бо иштироки шоирону нависандагон ва ҳофизон, аз ҷумла Сангалӣ Мирзоев, Файзалӣ Њасан ва Ибодат Раҷабова барпо гардида, хотири иштирокчиёнро шод намуданд.