Имрӯз, 10 июли соли 2025 ҷаласаи навбатии ҳайати мушовараи Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти фаъолияти Хадамот дар нимсолаи якуми соли 2025 ва муайян намудани вазифаҳо барои фаъолияти минбаъда баргузор гардид.
Дар кори ҷаласа сардори Хадамот муҳтарам Абдуллозода Аҳтам Рустам, намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Холиқзода Ҷонибек, муовинон, роҳбарону кормандони воҳидҳои сохторӣ ва сохторҳои ҳудудии Хадамот иштирок намуданд.
Сардори Хадамот муҳтарам Аҳтам Абдуллозода ҷаласаро ифтитоҳ ва рўзномаи онро баррасӣ намуд.
Доир ба натиҷаҳои фаъолияти Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2025, муайян намудани мушкилоту камбудиҳои ҷойдошта дар самти истеҳсолоти иҷро, татбиқи талаботи моддаҳои 47 ва 48 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи исиеҳсолоти иҷро” дар самти гузоштани маҳдудият ҷмшати баромада нарафтани қарздорон аз ҳудуди ҷумҳурӣ, ҳолати иҷрои Нақшаи чорабиниҳои эълон намудани соли 2025 ҳамчун “Соли тақвияти фаъолияти хизматӣ ва баланд бардоштани нишондиҳандаҳои корӣ дар Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва дигар нақшаҳои корӣ, инчунин оид ба натиҷаҳои фаъолияти сохторҳои ҳудудӣ гузоришҳои дахлдор шунида шуд.
Зимни ҷаласаи ҳайати мушовара сардори Хадамот камбудию норасоиҳои ҷойдоштаро дар фаъолияти кормандони мақомот мавриди муҳокима қарор дода, ба кормандони мақомот ҷиҳати иҷрои саривақтӣ ва босифати дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи ташкил ва танзими давлатии истеҳсолоти иҷро, пурзӯр намудани фаъолият оид ба ситониши маблағҳо ба манфиати давлат, шахсони вақеӣ ва ҳуқуқӣ, риояи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истеҳсолоти иҷро», «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ», рақамикунонии низоми истеҳсолоти иҷро, бо мақсади ба низом даровардани қарздорӣ ва пешгирӣ аз оқибатҳои номатлуби он тибқи моддаҳои 47 ва 48 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истеҳсолоти иҷро» дар муҳлати муқарраргардида пешниҳод намудани рӯйхати қарздорон ба феҳристи ягонаи давлатии қарздорон ва гузоштани маҳдудият ҷиҳати баромада нарафтани қарздорон аз ҳудуди кишвар, вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ дастуру супоришҳои қатъӣ доданд.
Ҳамзамон зикр гардид, ки соли 2025 ҳамчун “Соли тақвияти фаъолияти хизматӣ ва баланд бардоштани нишондиҳандаҳои корӣ дар Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон” эълон гардида, дар ин замина як зумра чораҳои амалӣ роҳандозӣ гардиданд.
Амалигардонии нақшаи чорабиниҳои мазкур ба тамоми самтҳои корӣ, шуруъ аз низоми коргузорӣ то таҳияи ҳисоботҳои соҳавӣ таъсири мусбӣ расонида, боиси баланд гардидани нишондиҳандаҳо ва беҳтар шудани сифатнокии кор гардид.
Дар доираи нақшаи чорабиниҳои “Соли тақвияти фаъолияти хизматӣ ва баланд бардоштани нишондиҳандаҳои корӣ” муҳимтарин самтҳои фаъолияти корӣ тақвият дода шуда, ба ин васила низоми корбарӣ мукаммал карда шуд.
Инчунин қайд карда шуд, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади таҳкими тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва дар ин ҷода вусъат бахшидан ба ҷараёни рақамикунонии иқтисоди миллӣ ва рушди равандҳои инноватсионии кишвар солҳои 2025-2030 «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» эълон гардид.
Дар ин замина, бо мақсади таъмини иҷрои муқаррароти санадҳои меъёрии ҳуқуқии зикргардида бо фармоиши сардори Хадамот гурӯҳи корӣ вобаста ба рақамикунонии низоми истеҳсолоти иҷро таъсис дода шудааст.
Дар иртибот ба ин, оид ба раванди рақамикунонии низоми истесолоти иҷро дар сохторҳои ҳудудии Хадамоти иҷро аз ҷониби сардори Хадамот ба масъулини соҳа баҳри бартараф кардани мушкилоти ҷойдошта ҷиҳати ҳарчи зудтар гузаштан ба ин низом супоришҳои мушаххас дода шуданд.
Дар қисмати охири ҷаласа намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ҷонибек Холиқзода баромад намуда, фаъолияти Хадамотро дар нимсолаи якуми соли 2025 мавриди таҳлил қарор доданд. Ҳамзамон, ба ҳайати шахсии Хадамот таъкид гардид, ки ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дастгоҳи иҷроияи Президенти мамлакат, махсусан дар самти гузариши пурра ба низоми рақамикунонии истеҳсолоти иҷро, татбиқи ҳукумати электронӣ, омӯзиши забонҳои хориҷӣ, баррасии саривақтии муроҷиатҳои шахсони воқеиву ҳуқуқӣ боз ҳам ҷаҳду талош намоянд.



