16 июли соли 2025 дар шаҳри Пекин вохӯрии дуҷониба миёни сардори Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода ва узви доимии Кумитаи Суди Олии Халқии Ҷумҳурии Мардумии Чин Лю Гусян баргузор гардид.
Дар рафти мулоқот ҷонибҳо оид ба вазъ ва дурнамои таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба дар самти истеҳсолоти иҷро ва татбиқи санадҳои ҳуқуқӣ, мубодилаи таҷриба, таҳкими иқтидори институтсионалӣ, инчунин тақвияти пояҳои моддию техникии сохторҳои марбут табодули назар намуданд.
Зимни мулоқот сардори Хадамот Аҳтам Абдуллозода ба ҷониби Чин ҷиҳати даъват изҳори сипос намуда, бо изҳори қаноатмандӣ аз муносибатҳои дӯстона ва ҳамҷавори Тоҷикистону Чин дар самти татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи истеҳсолоти иҷро маълумот доданд.
Қайд гардид, ки Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ байни Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Суди Олии Халқии Ҷумҳурии Мардумии Чин, ки 5 июли соли 2023 дар шаҳри Душанбе ба имзо расидааст, барои таҳкими ҳамкориҳои ҷонибҳо шароитҳои навро фароҳам оварда, имкон медиҳад, ки таҷрибаи пешрафтаи ҳар ду давлат мавриди омӯзиш қарор гирифта, омодасозии кадрҳо, мубодилаи маълумоти соҳавӣ, таъминоти техникию методӣ роҳандозӣ гардад.
Ҳамзамон, таҷрибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати аз ҷониби мақомоти алоҳида амалӣ шудани сиёсати давлатӣ дар соҳаи истеҳсолоти иҷро, инчунин санадҳои ҳуқуқии дар ин самт амалкунанда қобили таваҷҷуҳ шуморида шуд.
Лю Гусян зимни суханронии худ нақши Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар таҳкими муносибатҳои дӯстонаи байни ду кишвари дӯсту ҳамҷавор баланд арзёбӣ намуда, аз сатҳи кунунии муносиботи судӣ изҳори қаноатмандӣ намуд.
Ҷонибҳо ба масъалаҳои омӯзиш ва бозомӯзии кадрҳои мақомоти иҷро, такмили ихтисоси мутахассисон, рақамикунонии ҷараёни истеҳсолоти иҷро, беҳсозии низоми мониторинг ва ҳисоботдиҳӣ, инчунин таҳияи роҳу механизмҳои нав ҷиҳати баланд бардоштани самаранокии фаъолияти мақомоти иҷро таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд.
Дар ҷараёни мулоқот, намояндагони ҷониби Чин оид ба таҷрибаи пешқадами кишварашон дар самти иҷрои санадҳои судӣ маълумоти муфассал пешниҳод намуда, қайд карданд, ки дар низоми судии Ҷумҳурии Мардумии Чин зиёда аз 100 ҳазор нафар, аз ҷумла судяҳо, ёрдамчиёни судяҳо ва иҷрочиёни суд фаъолият доранд. Солона зиёда аз 10 миллион парванда баррасӣ ва санадҳои дахлдор қабул мегарданд, ки 50 то 52 фоизи онҳо ба таври ихтиёрӣ иҷро мешаванд. Санадҳои боқимонда ба иҷрои маҷбурӣ пешниҳод гардида, дар натиҷа, солона беш аз 2 триллион юан ба манфиати давлат, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ рӯёнида мешавад.
Ҳамзамон, иттилоъ дода шуд, ки дар Ҷумҳурии Мардумии Чин низоми ҳамгироии мақомоти марбута, платформаҳои савдои электронии молу мулки мусодирашуда ва системаи муттаҳидаи назорат аз раванди иҷрои санадҳо мавриди амал қарор доранд.
Дар рафти мулоқот ҷонибҳо бо мақсади омодасозии кадрҳо ва такмили ихтисоси онҳо, мубодилаи маводҳои омӯзишию методӣ ва мусоидат дар таъминоти техникӣ ҷиҳати рушди рақамикунонии соха ба мувофиқа расиданд.
Дар анҷоми мулоқот, ҷониби Чин пешниҳод намуд, ки масъалаи ба сатҳи созишномаи байниҳукуматӣ баровардани муносибатҳои ҷонибҳо дар самти истеҳсолоти иҷро ва ё тасдиқи нақшаи мушаххаси чорабиниҳо ҷиҳати татбиқи ёддошти тафоҳуми бамзорасида баррасӣ карда шавад.
Мулоқот дар фазои дӯстона ба анҷом расида, натиҷаҳои он барои рушди муносибатҳои Хадамоти ичро ва Суди Олии Халқӣ муфид арзёбӣ гардид.





