16 июли соли 2025, дар доираи сафари корӣ ба Ҷумҳурии Мардумии Чин, ҳайати Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Озмоишгоҳи судии рақамии Суди Олии Халқии Чин боздид ба амал оварданд.
Мақсади асосии ин боздид шиносоӣ бо таҷриба ва дастовардҳои пешрафтаи Чин дар самти рақамикунонии раванди иҷрои ҳуҷҷатҳои судӣ, васеъ истифода бурдани технологияҳои муосири рақамӣ ва зеҳни сунъӣ (AI) дар низоми истеҳсолоти иҷро мебошад.
Зимни боздид ҳайати Тоҷикистон бо низоми рақамии мониторинги иҷрои ҳуҷҷатҳои судӣ, истифодаи зеҳни сунъӣ дар таҳлили парвандаҳо, раванди рақамикунонии истеҳсолоти иҷро, ҳамгироии платформаҳои иттилоотӣ ва дигар навовариҳои технологӣ дар фаъолияти мақомоти судии Ҷумҳурии Мардумии Чин шинос гардид.
Дар рафти мулоқот, ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкорӣ дар самти табодули таҷриба, таҳкими иқтидорҳои рақамӣ, мубодилаи иттилоот ва имкониятҳои татбиқи таҷрибаи муваффақи Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро баррасӣ намуданд. Ҳамзамон, тавофуқ ба амал омад, ки ҳамкориҳо дар самти рақамикунонии фаъолияти мақомоти иҷрои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тақвият дода шаванд.
Ҷонибҳо изҳори омодагӣ карданд, ки дар оянда боздидҳои мутақобила, курсҳои омӯзишӣ ва лоиҳаҳои муштарак дар самти рақамикунонии низоми иҷро ташкил ва амалӣ гарданд.
Сафари мазкур як қадами муҳим ва амалӣ дар таҳкими муносибатҳои дӯстона ва касбӣ байни мақомоти иҷрои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти судии Ҷумҳурии Мардумии Чин арзёбӣ гардида, ба рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои адлия, иҷрои қарорҳои судӣ ва тақвияти низоми ҳокимияти қонун такони ҷиддӣ мебахшад.







