Дар доираи сафари корӣ ҳайати Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нимаи дуюми рӯзи 16 июли соли 2025 аз Маркази иҷрои маҷбурии Суди Олии Халқии Ҷумҳурии Мардумии Чин боздид намуданд.
Зимни боздид, ҳайат бо сохтори фаъолияти низоми иҷрои маҷбурии Ҷумҳурии Мардумии Чин, истифодаи технологияҳои рақамӣ дар назорати иҷрои ҳуҷҷатҳои иҷро, механизми ҷустуҷӯи молу мулки қарздорон ва низоми феҳристи электронии шахсони саркаш аз иҷрои уҳдадорӣ шинос гардиданд. Инчунин, оид ба низоми баргузории онлайн-ауксион, маълумот дода шуда, қайд гардид, ки яке аз хусусиятҳои хоси ауксион (музояда) дар он аст, ки шаҳрванд метавонад тариқи телефони мобилӣ аз дилхоҳ кунҷи дунё дар он иштирок намояд. Дар баробари ин маълумот дода шуд, аз ҳама ауксиони баландтарин 10 млрд 624 млн юанро дар бар гирифтааст.
Дар идомаи боздид мулоқоти судманд бо судяҳои Бюрои иҷрои Суди Олии Халқии Чин доир гардид. Ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба баланд бардоштани самаранокии иҷрои ҳуҷҷатҳои иҷро, таъмини шаффофият ва ҳисоботдиҳии равандҳои иҷро, истифодаи таҷрибаи пешрафтаи Ҷумҳурии Мардумии Чин ва имконияти татбиқи он дар низоми иҷрои Ҷумҳурии Тоҷикистонро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо ҳамчунин оид ба таҳкими ҳамкории минбаъда, ташкили ҳамоишҳои коршиносӣ ва табодули таҷрибаи муфид тавофуқ намуданд.
Боздиди мазкур ҳамчун як қадами муҳим дар таҳкими робитаҳои касбӣ ва густариши ҳамкорӣ дар соҳаи иҷрои маҷбурӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин арзёбӣ мегардад.


