Рӯзи 17 июли соли 2025, дар доираи сафари корӣ ба Ҷумҳурии Мардумии Чин, ҳайати Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Суди молиявии шаҳри Пекин боздид ба амал оварданд.
Зимни боздид ҳайат бо сохтор, самтҳои фаъолияти суд, таҷрибаҳои навин дар ҳалли баҳсҳои молиявӣ ва татбиқи технологияҳои рақамӣ дар баррасии парвандаҳои иқтисодӣ ва молиявӣ шинос гардид.
Таъкид гардид, ки дар як сол зиёда аз 1500 парванда баррасӣ мегардад, ки 98 фоизи онро баҳсҳои байни мақомоти давлатӣ ташкил медиҳад. Дар баробари ин, 465 парвандаҳои маъмурии хусусияти молиявидошта мавриди иҷро қарор дода мешавад. Дар маҷмуъ фоизи иҷро оид ба парвандаҳои иқтисодӣ ва молиявӣ 40 фоизро дарбар мегирад.
Ҳадафи сафари мазкур муаррифии таҷрибаҳои судии муосир дар самти ҳалли баҳсҳои молиявӣ, таҳкими ҳамкориҳо миёни мақомоти дахлдори ду кишвар ва омӯзиши имкониятҳои татбиқи моделҳои муваффақи Чин дар Тоҷикистон мебошад.
Дар ҷараёни вохӯрӣ, ҷонибҳо масоили ҳамкории судӣ, мубодилаи иттилоот ва гузаронидани омӯзишҳо барои баланд бардоштани иқтидори касбии кормандонро баррасӣ намуданд. Ҷонибҳо таъкид карданд, ки табодули таҷриба ва густариши равобит метавонад ба таҳкими низоми истеҳсолоти иҷро ва самаранокии баррасии парвандаҳо мусоидат намояд.
Боздиди мазкур ҳамчун қадами муҳим дар рушди ҳамкориҳои дуҷониба ва таҳкими робитаҳои касбӣ байни Тоҷикистон ва Чин арзёбӣ гардида, барои боз ҳам мустаҳкам шудани ҳамгироӣ дар соҳаи истеҳсолоти иҷро ва ҳифзи ҳуқуқи молиявӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.
Дар фарҷоми боздид аз ҷониби сардори Хадамот Аҳтам Абдуллозода дар китоби фахрии суди молиявии Пекин тасаввурот аз натиҷаи боздид гузошта шуд.


