Асари "Қаҳрамони даврони мо"-и М.Ю. Лермонтов асарест, ки на танҳо дар адабиёти рус, балки дар адабиёти ҷаҳон низ мавқеи хосаро ишғол мекунад. Ин асар дар соли 1840 нашр шуда, ҳаёти ҷавонони он замона ва ташаккули шахсияти инсонро дар он давра ба таври воқеъбинона инъикос намудааст. Яке аз нуктаҳои ҷолиби он сохтори нотакрори асар ба ҳисоб меравад. Лермонтов ба ҷои он ки романро аз аввал то ба охир ба тартиби хронологӣ баён кунад, онро аз чанд ҳикояҳои пароканда иборат кардааст. Ин усул имконият медиҳад, ки шахсияти пурасрори Печоринро ҳам аз он чӣ худаш мегӯяд ва ҳам аз он чӣ дигарон аз ӯ дидаанд – беҳтар фаҳмем. Ғайр аз ин, услуби баёни Лермонтов, ки хеле равшан, ҷоннок ва пур аз тасвирҳои бадеии таъсирбахш аст, ин асарро ба як осори ҳақиқатан фаромӯшнашаванда табдил додааст.
Лозим ба зикр аст, ки маҳфили мазкур ҳафтае як маротиба роҳандозӣ гардида, дар он кормандон китобҳои мутолиакардаи худро нақл мекунанд.





