Дар чорабинӣ сардори Хадамот муҳтарам Абдуллозода Аҳтам Рустам, роҳбарият ва кормандони масъули Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи И. Сомонии шаҳри Душанбе, инчунин кормандони Хадамот иштирок намуданд.
Чорабинӣ бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, сипас, роҷеъ ба хизматҳои шабонарӯзӣ ва хастанопазири Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, нақши ин ҳизби мардумӣ дар рушди ҷомеаи демократии кишвар, таҳкими сулҳу субот, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, талқини худшиносии миллӣ дар замири аҳолии мамлакат ва дигар масъалаҳои мубраму муҳимми ҷойдошта сардори Хадамот Аҳтам Абдуллозода суханронӣ намуданд.
Ҳамзамон изҳор доштанд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон имрӯз ба ҳайси ҳизби пешсафу ҳукмрони кишвар шинохта шуда, мақсаду мароми он дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ ва дигар санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ муайян гардида, фаъолиятҳои ҳизб ба таҳкими пояҳои истиқлолият, ваҳдати миллӣ ва рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ равона шудаанд.
Аъзогӣ ба ҲХДТ на танҳо як аломати мансубият ба ҳизб, балки як ифтихороти бузург, масъулияти инсонӣ ва имконият барои саҳмгузорӣ дар рушди давлатдорӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва пешрафти соҳаҳои мухталифи кишвари азизамон мебошад.
Дар идома мувофиқи баррасии масъалаи якуми рӯзномаи маҷлис ба кормандони Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки мавқеи сиёсиашонро муайян намуда, ба Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аъзо гардиданд шаҳодатномаи аъзогӣ супорида шуд.
Сипас мувофиқи баррасии масъалаи дуюми рӯзнома мувофиқи талаботи боби 4 банди 30 Оинномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, бо ҷонибдории аъзои ҳизб дар Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ бо номи "Вафодор" таъсис дода шуд.
Вобаста ба масъалаи сеюми рӯзнома тибқи талаботи Оинномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо пешниҳод ва дастгирии аъзои ҳизб Абдуллозода Аҳтам Рустам ба ҳайси раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Вафодор” интихоб карда шуд.
Инчунин, мувофиқи масъалаи чоруми рӯзномаи маҷлис Ҷабборзода Динора Зуҳал ва Сафарзода Абдураҳим Қурбоналӣ муовинони раиси ташкилоти ибтидоии “Вафодор” ва Назарзода Саёҳат Лутфулло котиби ташкилоти мазкур интихоб гардиданд.
Дар идома Қурбонзода Убайдулло суханронӣ намуда, қайд намуд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳизби мардумӣ буда, дар асоси ормонҳои халқи шарифи кишварамон таъсис ёфтааст. Мардуми шарифи кишвар низ тамоми ибтикорот, барномаҳо ва иқдомҳои ин ҳизби созандаро пайваста дастгирӣ менамоянд, зеро фаъолияти ҳизб комилан ба беҳбуд бахшидан ба вазъи иҷтимоии аҳолӣ, таъмину сулҳу субот ва пешрафти иқтисодии кишвар равона гардидааст.














