Асари «Дочь» аввалин асари насрии шоир ва нависандаи тоҷик Акбар Абдулло мебошад, ки бо забони русӣ навишта шудааст.
Муаллиф дар ин асар дар бораи ҷавонии худ, таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ, фаъолият дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқ, муҳаббати самимии ду дилдода ба ҳамдигар, мушкилиҳои бамиёномада, тавлиди духтари нозанинаш ва пас аз 46 сол якҷо шудани падару духтар қисса намудааст.
Асари мазкур бисёр хонданибоб буда, қаҳрамонҳое, ки дар он ёдовар мешаванд, мардумони тоҷику ӯзбек мебошанд. Бинобар ин, повести мазкур барои дастрасии мутолиаи ҳар ду миллатҳо бо забони русӣ навишта шудааст.
Муаллифи асар Акбар Абдулло 9 июни соли 1950 дар деҳаи Даштиҷуми ноҳияи Шӯроободи вилояти Хатлон ба ҷаҳон омада, солҳои 1965—1969 дар Техникуми индустриалӣ-педагогии Душанбе таҳсил карда, солҳои 1969—1971 хидмати ҳарбиро адо намудааст. Солҳои 1972—1976 шунавандаи Мактаби олии Вазорати умури дохилаи Иттиҳоди Шӯравӣ (дар Тошканд) будааст. Курсҳои махсуси касбиро баъдтар дар шаҳрҳои Маскав, Ленинград ва Қоҳира анҷом додааст.
Нахустин чакидаҳои хомааш аз солҳои ҳаштодуми асри гузашта дар рӯзномаву маҷаллаҳои Туркманистон ва Русияву Қазоқистон ба табъ расидаанд. Муаллифи маҷмӯаҳои шеърии «Розҳои танҳоӣ» (1991), «Фарёди дур» (1993), «Фарёди ёри дур» (1995, ба ҳуруфи арабӣ), «Кошонаи сӯхта» (1997) «Созҳо аз розҳо»(2001), «Ниёзи дил» (2008), «Шоири дардҳо» (2011) ва ғайраҳо буда, аз соли 1993 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва аз соли 2023 узви Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон мебошад.
Лозим ба зикр аст, ки маҳфили мазкур ҳафтае як маротиба роҳандозӣ гардида, дар он кормандон китобҳои мутолиакардаи худро нақл мекунанд.

