Дар кори Ситод роҳбарияти Хадамот ва роҳбарони сохторҳои ҳудудии он дар вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ иштирок намуданд.
Тавре иттилоъ дода шуда буд, ҳадафи асосии таъсиси Ситод ин бо истифода аз тамоми қувва ва имкониятҳои мавҷуда баланд бардоштани нишондиҳандаҳои соҳа дар самти воридоти маблағҳои қарзу зарар ба буҷети давлат, инчунин ҳимояи манфиатҳои модар ва кӯдак ба ҳисоб меравад.
Дар доираи масъалаҳои рӯзномаи баргузории Ситод гузориши сардори раёсати ташкил ва назорати иҷрои ҳуҷҷатҳои иҷро Амонзода А.С. оид ба ҳолати баррасии мушкилот дар самти ситониши маблағҳо ба манфиати давлат ва рӯёнидани маблағи алимент шунида шуд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар фаъолияти сохторҳои ҳудудии Хадамот шумораи истеҳсолотҳои иҷро дар самти алимент зиёда аз сад ҳазор ададро ташкил медиҳанд.
Лозим ба зикр аст, ки дар доираи Ситоди мазкур 990 765 сомонӣ ҳамчун маблағи алименти пардохтшудаи солҳои гузашта муайян карда шуда, дар муҳлати даҳ шабонарӯз 891 истеҳсолоти иҷрои алимент мавриди корбарӣ ва иҷро қарор гирифта, бо чораҷӯии мутахассисони соҳа 383 370 сомонӣ тавассути таъсиррасониҳо ба манфиати модару кӯдак ситонида шуданд.
Дар ин давра нисбати 41 нафар қарздороне, ки аз супоридани алимент саркашӣ намуданд, чораҳои қонунӣ андешида шуда, ба мақомоти прокуратура пешниҳодҳо ирсол гардиданд.
Зикр бояд намуд, ки яке аз чораҳои таъсиррасонӣ ба қарздорон ин татбиқи маҳдудиятҳои қонунӣ нисбат ба онҳо дар иртибот ба талаботи моддаҳои 47-48 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи истеҳсолоти иҷро” ба ҳисоб меравад.
Дар ин раванд, нисбати 553 нафар қарздорон дар иртибот ба сари вақт пардохт накардани маблағи алимент қарор дар бораи муваққатан маҳдуд намудани баромада рафтани онҳо аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шуда, 170 нафар қарздорон ба Феҳристи ягонаи давлатии қарздорон ворид карда шуданд.
Яке сз самтҳои дигари асосии фаъолияти Хадамот ин барқарор намудани маблағ ба манфиати давлат ба шумор рафта, ин масъала зери таваҷҷуҳи бевоситаи роҳбарияти Хадамот қарор дорад.
Маълумот дода шуд, ки дар давоми 8 моҳи соли 2025 аз ҷониби иҷрочиёни мақомоти иҷро дар кишвар 52 млн 319 ҳазор сомонӣ ба манфиати давлат ситонида шудааст. Дар давоми ҳафтаи сипаригардида аз ҷониби иҷрочиёни Хадамот дар ҷумҳурӣ боз 2 473 000 сомонӣ маблағи қарз ба манфиати давлат ситонида шуд.
Тибқи масъалаи дигари рӯзномаи Ситод гузориши сардори раёсати пешбурди феҳристи қарздорон ва махзани электронӣ Каримзода О.К. дар самти татбиқи маҳдудиятҳои қонунӣ нисбати қарздорон шунида шуд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар давоми соли ҷорӣ нисбати 4867 нафар қардорон тибқи талаботи моддаи 47 Қонуни болозикр муваққатан маҳдудият барои баромада нарафтани қарздор аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ карда шуда, мутобиқи талаботи моддаи 48 Қонун маълумот дар бораи 2320 нафар қарздорон ба Феҳристи ягонаи давлатии қарздорон ворид карда шудаанд.
Дар натиҷаи татбиқи ин маҳдудиятҳо нисбати 1565 нафар қарздороне, ки маблағҳои қарзиро пардохт карданд, маҳдудиятҳои қонунӣ қатъ карда шуда, ҳаҷми маблағҳои пардохтшуда 24 146 937 сомонӣ, 108 560 доллари ИМА ва 1736 рубли Белоруссияро ташкил медиҳанд. Инчунин, бо сабабҳои бекор шудани санадҳои судӣ, қатъ гаштани истеҳсолоти иҷро ва ивази ҷарима ба дигар намуди ҷазо аз ҳисоби 166 нафар қарздорон 7 989 162 сомонӣ маблағи қарз рӯёнида шудааст.
Сардори Хадамот бо шунидани корҳои анҷомдода дар ин самт дар муҳлати 10 рӯзи фаъолияти Ситод ба иҷрочиён дастур доданд, ки то охири сол тибқи талаботи қонунгузорӣ нисбати тамоми қарздорон ин маҳдудиятҳо татбиқ карда шаванд.
Зикр менамоем, ки то охири соли 2025 ҳар 10 рӯз маҷлиси Ситод даъват карда шуда, мушкилоти ситониш ба манфиати давлат ва алимент ба пуррагӣ ҳал карда мешаванд.




