Бо дастгирии бевоситаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хосатан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо мақсади таҳкими фаъолияти мақомоти давлатӣ дар самти таъмини иҷрои санадҳои судӣ, санадҳои мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдор, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори худ аз 27 сентябри соли 2025, №508 таҳрири нави Низомнома, сохтори дастгоҳи марказӣ ва нақшаи идоракунии Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро қабул намуд.
Қабули ин санади муҳими ҳуқуқӣ ба самаранок гардонидани фаъолияти мақомоти иҷро, такмили заминаҳои ҳуқуқӣ ва ташкилии соҳа, баланд бардоштани сатҳи ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ нигаронида шудааст.
Тибқи Низомнома (таҳрири нав) самтҳои асосии фаъолияти Хадамоти иҷро боз ҳам равшантар муайян гардида, ваколатҳо ва масъулиятҳои кормандони он мукаммал карда шуданд. Дар низомнома таҳкими сохтор ва идоракунии мақомоти иҷро, ворид намудани унсурҳои рақамикунонӣ ва истифодаи технологияҳои иттилоотӣ, баланд бардоштани сатҳи касбияти кадрҳо ва масъулияти шахсӣ, беҳтарсозии ҳамкорӣ бо сохторҳои давлатӣ ва шарикони байналмилалӣ, инчунин таъмини иҷрои босифат ва саривақтии санадҳои судӣ, санадҳои мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдор таъкид мегарданд.
Бо дарназардошти ҳаҷми афзояндаи истеҳсолоти иҷро, зарурати таъмини ҳамоҳангсозии фаъолият дар асоси қарори болозикр Раёсати Хадамоти иҷро дар шаҳри Душанбе, дар сохтори дастгоҳи марказӣ Раёсати рақамикунонии истеҳсолоти иҷро ва дар 68 шаҳру ноҳияҳои кишвар шуъба ва бахшҳои Хадамот таъсис дода шуданд.
Қабули таҳрири нави Низомнома, ки бо дастгирӣ ва роҳнамоии бевоситаи Пешвои муаззами миллат амалӣ гардид, имкон фароҳам меорад, ки фаъолияти Хадамоти иҷро мутобиқи талаботи замон рушд намуда, дар ҳалли масъалаҳои муҳимми давлатӣ ва ҷомеа саҳми назаррас гузорад.
Итминони комил дорем, ки татбиқи Низомномаи мазкур қадамҳои устувор дар роҳи таҳкими волоияти қонун, адолати судӣ ва ҳифзи манфиатҳои шаҳрвандон хоҳад гузошт.