Баргузории чунин семинарҳо ва машваратҳои омӯзишӣ дар таҳкими донишҳои соҳавии кормандон аҳаммияти калон дошта, онҳо дар таҳкими малакаҳои касбии кормандон ва баланд бардоштани самаранокии фаъолияти хизматӣ нақши муҳим мебозанд.
Дар шароити кунунии ташаккули давлати ҳуқуқбунёд ва ислоҳоти иқтисодию иҷтимоии кишвар, риояи қатъии қонунгузории амалкунанда ва дарки дурусти меъёрҳои он аз ҷониби ҳамаи субъектони раванди иҷро, аз ҷумла иҷрочиён, амри зарурӣ мебошад.
Ҳадафҳои асосии семинар- машварат ин омӯзиши амиқи талаботи қонунгузории амалкунанда дар соҳаи иҷрои маҷбурии ҳуҷҷатҳои иҷро маҳсуб рафта, дар ин замина мушкилоти дар фаъолияти кории кормандон ҷойдошта мавриди баррасӣ қарор дода шуда, роҳҳои ҳалли онҳо муайян гардиданд.
Дар рафти семинар, мутахассисони соҳа таҳлили амиқи масъалаҳои мавриди назарро анҷом дода, ба саволҳои иштирокчиён посухҳои мушаххас ва роҳнамоиҳои амалӣ пешниҳод намуданд. Ин гуна чорабиниҳо на танҳо барои такмили дониш, балки барои таҳкими ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкорӣ дар байни кормандони мақомоти иҷро низ мусоидат мекунанд.






