«Марги Судхӯр» яке аз асарҳои пурмӯҳтаво ва ҷолиби устод Садриддин Айнӣ буда, соли 1939 эҷод шудааст. Ба ин нависандаи маъруф мушоҳида ва кунҷковӣ имкон додаст, ки симои ашхоси хасису пулпарастро дар мисоли Қоришкамба бо тамоми ҷузъиёташ ошкор намояд, то ояндагон аз он сабақ бигиранд. Қиссаи «Марги Судхӯр» қуллаи баландтарини фаъолияти ҳаҷвнигории устод Айнӣ буда, мазмуни қисса чунин инъикос шудааст:
Талабаи мадрасаро, ки ҳуҷраи иҷоравӣ меҷуст, рафиқаш маслиҳат медиҳад, ки Қоришкамбаро пайдо кунад, зеро ӯ дорои ду-се ҳуҷраи зархарид будааст. Таваҷҷӯҳи талабаро номи «Қоришкамба» ба худ мекашад ва ба ҷустуҷӯи соҳиби ин лақаб мебарояд. Дар ҳақиқат, симои бадҳайбати ӯ ба лақаби Қоришкамба мувофиқ буд, аз ин хотир, мардум ӯро на бо номи аслияш Қори Исмат, балки бо лақабаш беҳтар мешинохтанд.
Лозим ба зикр аст, ки маҳфили мазкур ҳафтае як маротиба роҳандозӣ гардида, дар он кормандон китобҳои мутолиакардаи худро нақл мекунанд.



