Дар маҳфили навбатӣ кормандони Хадамот аз осори гаронбаҳои Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ пораҳои назмиву насрӣ мутолиа намуда, базми шоҳномахонӣ ташкил карданд.
Маврид ба тазаккур аст, ки «Шоҳнома» яке аз осори гаронбаҳотарин ва арзишмандтарини фарҳангиву адабиву таърихиест, ки чун китоби халқ дар канори ишқу ихлос ва оғӯши завқу андешаи мардумон аз осеби забонаҳои дуду оташи ҳаводиси рӯзгорон ва дандонаҳои арраи бедоди замонҳо то имрӯз маҳфуз мондааст.
Дар ин асно, бо ибтикори навбатии Пешвои муаззами миллат ба ҳар як хонадони Тоҷикистон ҷилдҳои якум ва дуюми «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ ҳамчун рамзи таърихӣ дар таҳрири нав чоп ва дастрас карда шуд, ки ин нишона аз соҳибфарҳангӣ ва соҳибтамаддунии миллати тоҷик маҳсуб меёбад.
«Шоҳнома»-и безавол асрҳост, ки миёни мардумон шуҳрат ва маҳбубияти хосе дошта, ҳамвора мавриди таваҷҷуҳи на танҳо бошандагони Ховарзамин, балки халқҳои тараққихоҳи дигар мамолики ҷаҳон гардидааст.
Лозим ба зикр аст, ки маҳфили мазкур ҳафтае як маротиба роҳандозӣ гардида, дар он кормандон китобҳои мутолиакардаи худро нақл мекунанд.





