Мақсад аз баргузории озмуни мазкур баланд бардоштани сифатнокии фаъолияти хизматӣ, такмили маҳорати касбии иҷрочиён, густариши донишҳои ҳуқуқӣ ва соҳавӣ, инчунин муайян ва ҳавасмандгардонии кормандоне, ки фаъолияти муваффақу босамарро амалӣ менамоянд, ба шумор меравад.
Дар даври якуми озмун, ки аз се марҳила иборат мебошад, комиссияи минтақавӣ сатҳи дониши касбии иҷрочиёнро тавассути иҷрои саволномаи тестии соҳавӣ, ки дар асоси қонунгузории амалкунандаи соҳаи истеҳсолоти иҷро таҳия шудааст, мавриди санҷиш қарор медиҳанд.
Дар даври дуюми озмун, дар якҷоягӣ бо санҷиши донишҳои назариявии иҷрочиёни ғолиби даври якум, параметрҳои зерин низ мавриди баҳогузорӣ қарор хоҳанд гирифт:
- фоизи иҷрои ҳуҷҷатҳои иҷро (бо диққати махсус ба парвандаҳои вобаста ба алимент);
- фоизи маблағҳои ситонидашуда (аз ҷумла, ба манфиати давлат);
- андозаи пардохтҳои иҷро, дараҷаи риояи интизоми меҳнат ва дигар масъалаҳо.
Ғолибони озмун аз ҷониби Хадамоти иҷро мутобиқи тартиби муқарраршуда бо ҷоизаҳо, аз ҷумла ҷоми ифтихорӣ, сипоснома, ифтихорнома, мукофотҳои пулӣ ва молӣ, ҳамчунин дигар туҳфаҳои арзишманд қадрдонӣ карда мешаванд.






