Дар ҷаласаи ҳайати мушовара сардори Хадамот, мушовири давлатии адлияи дараҷаи 3 муҳтарам Абдуллозода Аҳтам Рустам ва аъзои ҳайати мушовара пурра ширкат намуда, кворум таъмин гардид.
Ҷаласаро сардори Хадамот ифтитоҳ намуда, рӯзномаи онро муайян ва тибқи он масъалаҳои марбут ба фаъолияти соҳаи истеҳсолоти иҷроро мавриди баррасӣ ва таҳлили ҳамаҷониба қарор доданд.
Тибқи рӯзномаи баргузории ҷаласа масъалаҳои муҳимми соҳавӣ, аз ҷумла натиҷаи фаъолияти Хадамот дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ: дастовард, мушкилот ва роҳҳои бартарафсозии онҳо мавриди таҳлили ҳамаҷониба қарор гирифта, маълумоти таҳлилӣ оид ба фаъолияти Хадамот дар самти истеҳсолоти иҷро, ҷараёни татбиқи талаботи моддаҳои 47 ва 48 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи истеҳсолоти иҷро” дар самти пешбурди Феҳристи ягонаи давлатии қарздорон ва муваққатан маҳдуд намудани баромада рафтани қарздор аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳолати таъмини иҷрои бандҳои қарори ҳайати мушовара, нақшаи корӣ ва дигар нақшаҳои дахлдор, таҳлили вазъи муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар Хадамот, татбиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 сентябри соли 2025, №508, баррасии масъалаҳо вобаста ба рақамикунонии низоми истеҳсолоти иҷро дар Хадамот пешниҳод гардида, гузоришҳои роҳбарони воҳидҳои сохторӣ ва сохторҳои ҳудудӣ доир ба самтҳои фаъолият шунида шуданд.
Дар иртибот ба масъалаи якуми рӯзнома гузориши сардори раёсати таъмини иҷрои маҷбурӣ Амонзода А. С. шунида шуда, зикр гардид, ки фаъолияти Хадамот нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта дар соҳаи истеҳсолоти иҷро назаррас буда, дар ин давра иҷрочиёни Хадамоти иҷро салоҳияти иҷрои амалҳои маҷбуриро нисбати 29 944 истеҳсолотҳои иҷро истифода бурда, аз ин бо татбиқи чораҳои маҷбурӣ, иҷрои 26 556 ҳуҷҷатҳои иҷро ё 88,6% ба маблағи 132 миллиону 52 ҳазор сомонӣ, 508 582 доллари ИМА, 14 миллиону 40 ҳазор тенгеи Ҷумҳурии Қазоқистон, 1 миллиону 345 ҳазор рубли Федератсияи Россия, 5 122 соми Ҷумҳурии Қирғизистон, 20 415 рубли Ҷумҳурии Белорус ва 4 000 евро, ба манфиати давлат, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ таъмин намудаанд, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта аз рӯйи маблағҳои рӯёнидашуда 52 миллиону 498 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.
Маврид ба зикри хос аст, ки яке аз самтҳои асосии фаъолияти Хадамот барқарор намудани маблағ ба манфиати давлат ба шумор рафта, дар давраи ҳисоботӣ 88,5% ҳуҷҷатҳои иҷро ба маблағи 57 миллиону 463 ҳазор сомонӣ таъмин карда шудааст, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта, аз рӯйи шумора 2,5% ва аз рӯйи маблағ бошад 28 миллиону сомонӣ зиёд ситонида шудааст.
Инчунин, иттилоъ дода шуд, ки 98 889 адад истеҳсолотҳои иҷро дар самти ситони алимент мавриди иҷрои давравӣ қарор дошта, дар ин давра бо истеҳсолотҳои иҷрои болозикр, тамоми чораҳои иҷрои маҷбурӣ гузаронида шуда, ба манфиати модару кӯдак 149 820 621 (2024 - 23 251 948) сомонӣ ситонида шудааст, ки назар ба ҳамин давраи соли сипаришуда 126 568 673 сомонӣ зиёд мебошад.
Вобаста ба ҷараёни татбиқи талаботи моддаҳои 47 ва 48 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи истеҳсолдоти иҷро” дар самти пешбурди Феҳристи ягонаи давлатии қарздорон ва муваққатан маҳдуд намудани баромада рафтани қарздор аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон гузориши сардори раёсати феҳристи қарздорон ва татбиқи маҳдудиятҳо Каримзода О.К. шунида шуд. Қайд гардид, ки ба Феҳристи ягонаи давлатии қарздорон маълумот дар бораи 2 350 нафар шахсони воқеӣ ва 13 нафар шахсони ҳуқуқӣ, дар маҷмуъ 2 363 нафар ворид карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1062 нафар зиёд мебошад.
Ҳамзамон, бо дастрасии моддаи 47 Қонун нисбати 5075 нафар қарздорон маҳдудият гузошта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2 123 нафар зиёд мебошанд.
Дар умум аз солҳои гузашта то ин давра нисбати зиёда 21 000 нафар қарздорон маҳдудият татбиқ гардидааст.
Боиси қайд аст, ки амали мазкур натиҷаҳои мусбӣ дода, дар ҳамин давра вобаста ба доштани қарздорӣ тибқи ҳуҷҷати иҷро, дар маҷмуъ 1600 нафар қарздорон сарҳади кишварро убур карда натавониста, маблағҳои қарзиро ба андозаи 24 миллиону 748 ҳазору 6 сомонӣ, 108 ҳазору 560 доллари ИМА ва 1 736 рубли белорус пардохт намуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта аз ҳисоби шумора 260 нафар зиёд ва аз ҳисоби маблағ 9 миллиону 651 ҳазору 168 сомонӣ, 91 ҳазору 868 доллари ИМА ва 1 736 рубли белорус зиёд мебошад.
Дар иртибот ба таъмини иҷрои бандҳои қарори ҳайати мушовара, нақшаи корӣ ва дигар нақшаҳои Хадамот, инчунин вазъи баррасии муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ гузориши сардори шуъбаи коргузорӣ ва назорат Муҳаммадҷонзода М.М. шунида шуда, аз ҷониби сардори Хадамот ба кормандон ҷиҳати иҷрои саривақтии асноди назорвтӣ ва бо таваҷҷуҳи хос баррасӣ намудани муроҷиатҳои шаҳрвандон дастурҳои махсус дода шуданд.
Ҳамзамон, сардорони раёсатҳои Хадамоти иҷро дар ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон ва дигар роҳбарони сохторҳои ҳудудӣ дар шаҳру ноҳияҳо гузориш пешниҳод намуданд.
Дар идома сардори Хадамот камбудиву норасоиҳои ҷойдоштаро дар фаъолияти кормандони мақомот мавриди муҳокима қарор дода, ба кормандон ҷиҳати иҷрои саривақтӣ ва босифати дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, пуштибонӣ ва татбиқи сиёсати сиёсати давлатӣ дар соҳаи ташкил ва танзими давлатии истеҳсолоти иҷро, пурзӯр намудани фаъолият оид ба ситониши маблағҳо ба манфиати давлат, шахсони вақеӣ ва ҳуқуқӣ, риояи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истеҳсолоти иҷро», «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ», татбиқи саривақтии моддаҳои 47 ва 48 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истеҳсолоти иҷро» сари вақт пешниҳод намудани маълумот дар бораи қарздорон ба Феҳристи ягонаи давлатии қарздорон ва гузоштани маҳдудият ҷиҳати баромада нарафтани онҳо аз ҳудуди кишвар, ҳалли масъалаҳои марбут ба алимент, боз ҳам баланд бардоштани нишондиҳандаҳои корӣ то ҷамъбасти сол, ситонидани маблағҳои пардохти иҷро ва вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ дастуру супоришҳои қатъӣ доданд.


