Дар ифтитоҳи расмии курс муовини директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбонзода Ҳилолбӣ Ҷумъахон, муовини сардори Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷабборзода Динора Зуҳал, ноиби якуми ректор оид ба таълими Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Одиназода Фирдавс Ҷалил ва директори Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии хизматчиёни давлатии Академия Ҳамидзода Шоҳрух Бозор иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар суханрониҳои ифтитоҳӣ зикр гардид, ки ба роҳ мондани курсҳои такмили ихтисос миёни хизматчиёни давлатӣ яке аз масъалаҳои муҳимтарин дар самти баланд бардоштани малакаи касбӣ, рушди донишҳои соҳавиву ҳуқуқӣ маҳсуб меёбад.
Таъкид карда шуд, ки идоракунии самаранок ва риояи талаботи қонунгузорӣ заминаи муҳимми таъмини адолати иҷтимоӣ ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон ба ҳисоб меравад.
Муовини сардори Хадамоти иҷро Динора Ҷабборзода дар суханронии худ иброз дошт, ки роҳбарияти Хадамоти иҷро ба масъалаи такмили ихтисоси кадрҳои соҳа таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, барои такмили касбият, мубодилаи таҷриба ва таҳкими масъулиятшиносии хизматчиёни кормандон мунтазам чорабиниҳои гуногуни омӯзишӣ ташкил мегарданд.
Курси мазкур аз 20 то 25 октябри соли ҷорӣ дар доираи 46 соати таълимӣ идома ёфта, ба шунавандагон дар давоми ин муддат доир ба самтҳои муҳимми фаъолияти идоракунии давлатӣ, аз ҷумла шарҳи Кодекси хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, усулҳои муосири коргузорӣ ва ҳуҷҷатнигорӣ, татбиқи стандартҳои байналмилалии ҳифзи ҳуқуқи инсон, истифодаи технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ дар фаъолияти мақомоти давлатӣ, ҳифзи ҳуқуқ ва таъмини манфиатҳои қонунии кӯдакон дар фаъолияти иҷрочиён машғулиятҳои назариявӣ ва амалӣ беҳтарин мутахассисону омӯзгорони соҳаҳои гуногун машғулиятҳои амалӣ - назариявӣ доир менамоянд.
Ташкили чунин курсҳои омӯзишӣ ба таҳкими иқтидори касбии кормандони соҳа ва рушди минбаъдаи низоми истеҳсолоти иҷро дар кишвар мусоидат хоҳад кард.






