Зимни баргузории маҳфили навбатӣ муҳтавои асарҳои поягузори адабиёти тоҷик, Қаҳрамони Тоҷикистон, олим, нависанда, муҳаққиқ, мударрис, аввалин Президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон устод Садриддин Айнӣ, махсусан “Мактаби кӯҳна” мавриди омӯзиш қарор дода шуд.
Иттилоъ дода шуд, ки устод Айнӣ 15 апрели соли 1878 дар деҳаи Соктареи тумани Ғиждувони Бухоро ба дунё омада, дар давоми зиндагии бисёр вазнини худ ба мо асарҳои зиёд мерос мондааст.
Зикр гардид, ки воқеан ҳам нақши устод Садриддин Айнӣ дар нигаҳдории забони миллӣ, адабиёт ва фарҳангу ҳастии мардуми тоҷик бузург мебошад.
Муҳимтар аз ҳама устод Айнӣ ба сифати равшанфикри замон ва адиби навовари воқеъбин дар ташхиси мушкилоти фикрӣ ва ақидагии замон саҳми муносиб гузошта, ҷиҳати ҳалли мушкилоти фикрию зеҳнӣ, ки аз хурофотпарастӣ миллату давлатро раҳонида, дар арсаи ҷаҳони қадимӣ будани миллати тоҷикро исбот кардааст.
Ӯ бо навиштани асарҳои гуногунҳаҷму пурмазмуни худ, аз қабили «Марги судхӯр», «Ҷаллодони Бухоро», «Одина», «Дохунда», «Ёддоштҳо»,
«Мактаби кӯҳна», «Намунаи адабиёти тоҷик» ва ғайраҳо ба халқу миллати тоҷик хизматҳои бузургу бебозгаштро кардааст.
Асари “Мактаби кӯҳна”-ро устод Айнӣ соли 1936 навишта, дар он лаҳзои вазнини донишомӯзии худро инъикос намудааст, ки барои толибилмони имрӯза намунаи барҷастаи ба роҳ мондани илму дониш бо истифода аз шароитҳои фароҳамовардаи давлату Ҳукумати кишвар арзёбӣ мегардад.
Зимни омӯзиши асари “Мактаби кӯҳна”-и устод Садриддин Айнӣ кормандон ба худ бардоштеро аз ҳаёт ва давраи таҳсили устод Айнӣ гирифтанд.
Лозим ба зикр аст, ки маҳфили мазкур ҳафтае як маротиба роҳандозӣ гардида, дар он кормандон китобҳои мутолиакардаи худро нақл мекунанд.



