Дар маросими ҷамъбасти курси такмили ихтисос муовини директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбонзода Ҳилолбӣ, муовини сардори Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷабборзода Динора Зуҳал, ноиби якум, ноиби ректор оид ба таълими Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Одиназода Фирдавс Ҷалил ва директори Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии хизматчиёни давлатии Академияи мазкур Ҳамидзода Шоҳрух Бозор иштирок ва суханронӣ намуданд.
Зимни суханрониҳо аз ҷумла таъкид гардид, ки идоракунии давлатӣ яке аз омилҳои калидии рушди ҷомеа ва давлатдории миллӣ ба шумор меравад. Дар шароити ҷаҳони муосир, ки равандҳои глобализатсия, рақобати иқтисодӣ, пешрафти илму техника ва густариши ҷомеаи шаҳрвандӣ суръати нав касб кардаанд, идоракунии давлатӣ низ вобаста ба инкишофи ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ рушд меёбад.
Одиназода Фирдавс Ҷалил дар суханронии худ зикр намуд, ки Академия ҳамчун муассисаи пешсафи тайёрсозии кадрҳои баландихтисос ҳамеша талош дорад, то барномаҳои таълимии он ба талаботи замон ва сиёсатҳои давлатӣ мутобиқ бошанд. Омӯзиши стандартҳои миллӣ ва байналмилалӣ ба хизматчиёни давлатӣ имконият медиҳад, ки фаъолияти худро дар сатҳи нав ва бо масъулияти бештар ба роҳ монанд.
Дар навбати худ Қурбонзода Ҳилолбӣ иброз дошт, ки хизматчиёни давлатӣ, бахусус иҷрочиён, нақши калидӣ дар татбиқи қонунгузорӣ ва таъмини адолати судиву иҷтимоӣ доранд. Аз ин рӯ, такмили донишу малакаи онҳо кафолати баланд шудани сатҳи иҷрои санадҳои судӣ, санадҳои мақомоти давлатӣ ва дигар шахсони мансабдор, инчунин ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандон мебошад.
Ҷабборзода Динора Зуҳал зикр кард, ки дар давоми таъсис ва фаъолияти Хадамоти иҷро аз ҷониби Ҳукумати кишвар, бевосита Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастгирӣ ёфтани ташаббусҳои Хадамот ба таҳким ва такмили заминаҳои меъёрию ҳуқуқӣ ва ташкилию инфрасохтории соҳа мусоидат карда, сифати иҷрои санадҳои судӣ, санадҳои мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдор бо маротиб баланд гардида, ин самти фаъолият давра ба давра ташаккул ёфта, ба талаботи замони муосир мутобиқ гардонида шуда истодааст. Дар ин замина, бо дарназардошти рушди техника ва технологияи муосир, роҳандозӣ гардидани талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар самти ҳукумати электронӣ ва гузариш ба низоми рақамикунонӣ, инчунин боз ҳам беҳтар намудани сифати кор баргузории чунин курсҳои такмили ихтисос муҳим ва саривақтӣ арзёбӣ мегарданд.
Ҳамидзода Шоҳрух Бозор низ афзуд, ки курсҳои такмили ихтисос на танҳо барои баланд бардоштани савияи касбӣ, балки барои таҳкими маърифати ҳуқуқӣ ва фарҳанги хизматчии давлатӣ мусоидат мекунанд. Ин таҷриба бояд дар тамоми сохторҳои давлатӣ густариш ёбад.
Баромадкунандагон иброз доштанд, ки идоракунии давлатӣ маҷмӯи тадбирҳо, механизмҳо ва фаъолиятҳои мақомоти давлатӣ мебошад, ки бо мақсади таъмини амалӣ гардидани сиёсати давлатӣ, риояи қонун ва ҳифзи манфиатҳои умумӣ сурат мегирад.
Гуфта шуд, ки курсҳои такмили ихтисос ва бозомӯзии хизматчиёни давлатӣ бо мақсади беҳтар намудани таҷрибаи касбӣ ва ихтисосмандии хизматчиёни давлатӣ ташкил гардида, дар ҷараёни он ба шунавандагон — ходимони давлатӣ ва кормандони мақомоту идораҳо доир ба мавзуъҳои муҳимтарини идоракунии давлатӣ дар замони муосир машғулиятҳо доир карда шуданд.
Ёдовар мешавем, ки курси мазкур аз 20 то 25 октябри соли ҷорӣ идома ёфта, дар ҷараёни он вобаста ба мавзуъҳои шарҳи Кодекси хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, коргузорӣ ва ҳуҷҷатнигорӣ дар мақомоти давлатӣ, шарҳи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ”, механизмҳои байналмилалии ҳифзи ҳуқуқи инсон ва низоми онҳо, татбиқи технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ, ҳифзи ҳуқуқ ва таъмини манфиатҳои қонунии кӯдакон дар фаъолияти Хадамоти иҷро ва дигар самтҳои муҳим омӯзгорони соҳибтаҷриба дарс гуфтанд.



















