Қабули Конститутсия дар марҳалаи мушкилтарин ва тақдирсоз барои миллати тоҷик сурат гирифт, даврае ки кишвари мо аз озмоишҳои сахти таърихӣ мегузашт. Он на танҳо роҳи давлатдорӣ ва соҳибистиқлолии моро муайян намуд, балки ба барқарорсозии сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ асос гузошта, ҳамчун санади тақдирсоз ба ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва ҳуқуқии ҷомеаи навбунёд руҳи тозаи созандагӣ бахшид. Бо қабули ин санади муқаддас пояҳои давлати миллӣ ва низоми демократӣ дар кишвар қадам ба қадам устувор гардида, Тоҷикистон ба марҳалаи нави таҳаввулоти ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ ворид гардид.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо иродаи озоди халқ қабул гардидааст, имрӯз барои ҳар шаҳрванд на танҳо маҷмӯи меъёрҳои ҳуқуқӣ, балки санади ифтихори миллӣ мебошад. Он баробарии ҳама шаҳрвандонро новобаста аз миллат, забон, дину мазҳаб ва мавқеи иҷтимоӣ таъмин намуда, ҳамчун рамзи ягонагӣ, ваҳдат ва адолати иҷтимоӣ шинохта мешавад. Маврид ба тазаккури хос аст, ки меъёрҳои дар Конститутсия инъикосёфта кафили риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, баробарии тамоми қишрҳои ҷомеа ва ҳифзи арзишҳои милливу давлатӣ буда, маҳз ба туфайли ин санади ояндасоз ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба сатҳи арзиши олӣ бардошта шудааст, ки ҳамин унсур Конститутсияи моро ба як рамзи ваҳдату адолат табдил ва ба он ҷойгоҳи хосаву эҳтироми шоиста бахшидааст.
Дар тӯли 31 соли амалӣ шудани Конститутсия, Тоҷикистон тавонист бо такя ба қонуни асосии худ ҷомеаи шаҳрвандӣ ва низоми давлатдории устувор бунёд намояд. Ҳамаи ислоҳоти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар маҳз дар асоси Конститутсия роҳандозӣ карда шуда, дар ҳама соҳаҳо, аз сиёсати хориҷӣ то иқтисоди миллӣ, аз маориф то фарҳанг ба дастовардҳои назаррас ноил гардидаанд. Бо роҳнамоии ин санади муқаддас, Тоҷикистон имрӯз ҳамчун давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва иҷтимоӣ дар арсаи байналмилалӣ мавқеи устувор пайдо намудааст.
Дар таҳкими ин дастовардҳо нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ниҳоят бузург аст. Маҳз бо сиёсати хирадмандона ва дурбинонаи ин абармарди майдони сиёсат Конститутсияи кишвар дар давраҳои ноустувори вазъи сиёсӣ тартиб дода шуда, он дар марҳилаҳои мувофиқ такмил ва ба талаботи замони муосир мутобиқ гардонида шудааст. Пешвои муаззами миллат Конститутсияро ҳамчун санади муқаддаси ваҳдати миллӣ ва пояи давлатдории навини тоҷикон арзёбӣ намуда, ҳамеша таъкид менамоянд, ки иҷрои талаботи ин ҳуҷҷати муҳим вазифаи муқаддаси ҳар шаҳрванди кишвар мебошад.
Зери роҳбарии бар мабнои хиради азалӣ бунёндоштаи Садри муаззами миллат Тоҷикистон ба як кишвари амну субот, соҳибистиқлол ва ҳуқуқбунёд табдил ёфта, арзишҳои миллӣ, забон, фарҳанг ва худшиносиву худогоҳии миллӣ ҷойгоҳи устувореро дар меҳвари сиёсати давлатӣ касб намудааст.
Имрӯз, вақте мо ба 31 соли қабули Конститутсия назар меафканем, мебинем, ки ин санад барои миллати тоҷик нақшаи роҳи зиндагии осоишта, адолатпарварона ва соҳибихтиёрона гардидааст. Он моро ба сӯйи фардои дурахшон – Тоҷикистонеро, ки дар он қонун волоият дораду шаҳрванд арзишманд аст, раҳнамоӣ мекунад.
Бо ифтихор метавон гуфт, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон – ин муқаддасномаи давлатдории миллӣ, рамзи ваҳдат, адолат ва ифтихори ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ мебошад. Пос доштан ва риояи Конститутсия аз ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон масъулият, садоқат ва ватандӯстии воқеиро талаб мекунад. Зеро ҳифзи қонуни асосӣ – ин ҳифзи сулҳ, истиқлолият ва ормони миллӣ мебошад.
Бигузор, маънии асосии шоҳкитоби миллат – Конститутсия – адолат, ваҳдат ва соҳибистиқлолӣ ҳамеша дар амал ва андешаи ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон ҷовидон бимонад!
Ҳабибзода Шаҳриёр Тоҳирҷон - мутахассиси раёсати рақамикунонии истеҳсолоти иҷрои Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
