Дар солҳои аввали истиқлолият, вақте ки кишвар дар гирдоби мушкилоти сиёсӣ ва иқтисодӣ қарор дошт, зарурати роҳбари қавӣ ва сиёсати ваҳдатофар ба таври ҷиддӣ эҳсос мешуд. Дар ҳамин давра роҳбарияти олии кишвар тавонист сиёсати сулҳовар ва давлатсозиро роҳандозӣ намуда, заминҳои нооромро ором, ваҳдатро барқарор ва пояҳои давлатдории навини тоҷиконро таҳким бахшад.
Имрӯз мақоми Президент ҳамчун рамзи ягонагии миллӣ амал мекунад. Ин мақом ба ҳамбастагии ҷомеа, суботи сиёсӣ ва пойдории давлат мусоидат намуда, барои рушди устувори иқтисодию иҷтимоӣ замина мегузорад. Сиёсати дарозмуддати давлатдорӣ, ки ба манфиати мардум равона шудааст, имкон дод, ки Тоҷикистон ба марҳалаи рушди босуръат ворид гардад, ҷойгоҳи худро дар арсаи байналмилалӣ тақвият бахшад ва имкониятҳои нави рушди миллӣ фароҳам орад.
Ҷашни Рӯзи Президент на танҳо рамзи эҳтиром ба роҳбарияти давлат аст, балки таҷассуми худшиносии миллӣ, ваҳдати ҷомеа ва қадрдонии саҳми сиёсати давлат дар таҳкими сулҳу субот мебошад. Ин рӯз ёдовар аст, ки ҳар як шаҳрванди кишвар дар равандҳои давлатсозӣ ҷойгоҳи муҳим дорад ва бо ҳисси масъулият метавонад ба ободии Ватани азиз саҳм гузорад.
Президент — рамзи ягонагӣ, субот ва ояндасозии кишвар буданаш на танҳо як шиор, балки воқеияти имрӯзист, ки барои рушди минбаъдаи Тоҷикистон асос мегузорад.Муовини якуми сардори Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон,
мушовири давлатии адлияи дараҷаи 3,
Сафарзода Абдураҳим Қурбоналӣ