Таърих гувоҳ аст, ки маҳз дар партави заҳмату талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми рукнҳои давлатдорӣ эҳё гардида, суботи комил ва ваҳдати пурраи миллӣ таъмин гардид. Рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ, таҳкими худшиносиву худогоҳӣ ва баланд шудани руҳияи ватандӯстӣ маҳз ба сиёсати хирадмандонаи Роҳбари давлат вобастагии аслӣ доранд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 9 сентябри соли 1991 соҳибистиқлол гардид ва саҳифаи нави таърихии давлатдорӣ кушода шуд. Аммо, бо сабаби ҳамлаҳои даҳшатбори сиёсӣ ва иғвоҳои дохиливу хориҷӣ кишвар ба гирдоби ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ афтод. Дар он рӯзҳои вазнин сохторҳои давлатӣ фалаҷ, қонунҳо поймол ва фазои беҳокимиятӣ ҳукмрон гардид. Бузургтарин хатари он айём аз байн рафтани давлати ҷавони тоҷикон ва пароканда шудани миллат буд.
Бо дарки вазъи буҳронӣ, вакилони мардумӣ дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд Иҷлосияи XVI Шӯрои Олиро баргузор намуданд, ки ҳамчун «Иҷлосияи наҷотбахш» дар таърих сабт шудааст. Дар ҳамин иҷлосияи таърихӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданд. Ин рӯз нуқтаи гардиши сарнавиштсоз дар таърихи миллат буд. Пешвои миллат давлатро аз нестӣ, миллатро аз парокандагӣ ва халқро аз оташи ҷанг берун оварданд.
Барқарор кардани сохторҳои давлатӣ, ба Ватан баргардонидани гурезаҳо, барқарорсозии манзилҳо, роҳҳо ва иншоотҳои харобшуда, ҳалли мушкилоти иқтисодӣ ва таъмини амнияти ҷомеа — ҳамаи ин масъулиятҳои азим буд, ки бо иродаи қавӣ ва сиёсати хирадмандонаи муҳтарам Ҷаноби Олӣ дар муддати кӯтоҳ иҷро гардид. Дар заминаи ҳамин сиёсати ваҳдатофарин имрӯз Тоҷикистон бо устувории сиёсӣ, рушди иқтисодӣ, худшиносии миллӣ ва нуфузи байналмилалӣ мутараққӣ гашта истодааст.
Мо, мардуми тоҷик хушбахттарину сарбаландтарин мардумони ҷаҳонем. Зеро давлату миллати моро шахсе роҳбарӣ менамояд, ки дорои тамоми хислатҳои неки инсонӣ, нури илоҳӣ, чашми ҳақбину дастони ростин, хиради азаливу дили бузург мебошад. Ин инсони наҷиб - Президенти маҳбуби кишвар бо меҳрубониву дилсӯзӣ ба миллати худ давлати моро аз вартаи нобудӣ раҳоӣ бахшида, Тоҷикистони ба торикистон мубаддалгаштаро ба як кишвари ободу озоду осуда табдил дода, зиндагии бомароми мо, халқи тоҷикро таъмин намуда, барои тамоми қишри ҷомеа, махсусан мо ҷавондухтарон имкониятҳои фаррохи таълиму тадрис ва кору фаъолияти арзандаро таъмин сохтааст.
Имрӯз мо аз он меболем, ки кишвари моро дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун давлати ҷавон, вале муваффақу пешрафтаву гул-гулшукуфо бо сарварии Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон медонанду мешиносанду эътироф менамоянд.
Аз ин рӯ, таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ин на танҳо як ҷашни сиёсӣ, балки рӯзи эҳтиром ва сипосгузории мардум ба Пешвои хирадмандест, ки тинҷиву амонӣ, ваҳдати миллӣ ва рӯшноии давлатдории навини моро таъмин намуд.
Дар ин рӯзе, ки рамзи ваҳдат, субот ва давлатдорист, мо ҳама шаҳрвандони кишвар вазифадорем, ки барои ҳифзу таҳкими дастовардҳои солҳои соҳибистиқлолӣ ва эҳёи арзишҳои миллӣ дар руҳияи ватанпарварӣ саҳми арзандаи хешро гузорем.
Жасмина Ализода - корманди дастгоҳи марказии Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
