Дар ҷаласа роҳбарият, масъулони раёсат, шуъбаҳо ва бахши дастгоҳи марказӣ, сохторҳои ҳудудии Хадамот иштирок намуданд.
Ҷаласаро сардори Хадамот, мушовири давлатии адлияи дараҷаи 3 муҳтарам Аҳтам Абдуллозода ифтитоҳ намуда, масъалаҳои мубрам дар самти баланд бардоштани сатҳи иҷрои ҳуҷҷатҳои иҷро, махсусан истеҳсолотҳои иҷро дар самти пардохти маблағи алимент, ситониш ба манфиати давлат ва татбиқи маҳдудиятҳои қонунӣ нисбати қарздоронро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Зимни ҷаласа таъкид гардид, ки масъалаи таъмини ҳуқуқҳои кӯдакон тавассути пардохти саривақтии алимент аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти мақомоти иҷро ба ҳисоб рафта, зарурати роҳандозии тадбирҳои иловагӣ ҷиҳати ҷустуҷӯ ва ҷалби қарздорони алиментӣ ба иҷрои уҳдадориҳои қонунӣ мавриди таваҷҷуҳи ҷиддӣ қарор дода шуд. Ба ин васила, дар доираи Ситоди мазкур дар муҳлати даҳ рӯзи навбатӣ бо чораҷӯии мутахассисони соҳа 2 086 872 сомонӣ тавассути таъсиррасониҳо ба манфиати модару кӯдак ситонида шуданд. Дар ин давра нисбати 21 нафар қарздороне, ки аз супоридани алимент саркашӣ намуданд, чораҳои қонунӣ андешида шуда, ба мақомоти прокуратура пешниҳодҳо ирсол гардиданд.
Яке аз самтҳои муҳиму афзалиятноки фаъолияти Хадамот - барқарор намудани маблағҳо ба манфиати давлат маҳсуб ёфта, ин масъала пайваста зери таваҷҷуҳи махсуси роҳбарияти Хадамот қарор дорад. Таъкид гардид, ки танҳо дар давоми 10 шабонарӯз сохторҳои ҳудудии Хадамот, бо истифода аз тамоми имкониятҳои хизматӣ ва механизмҳои қонунии мавҷуда, ба манфиати давлат маблағи 2 млн 267 ҳазору 950 сомонӣ ситониданд. Илова бар ин, 89 ҳазору 172 сомонӣ ҳамчун пардохти иҷро ворид гардида, нишондиҳандаҳои мазкур далели масъулиятшиносӣ, иқтидори амалӣ ва сатҳи баланди ҳамоҳангии кормандон дар иҷрои уҳдадориҳои хизматӣ ба ҳисоб мераванд.
Ҳамзамон, дар ҷаласа татбиқи муқаррароти моддаҳои 47 ва 48 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истеҳсолоти иҷро» дар самти муваққатан маҳдуд намудани баромада рафтани қарздор аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ворид намудани қарздор ба Феҳристи ягонаи давлатии қарздорон муҳокима гардид. Маълумот дода шуд, ки дар давраи сипаришуда нисбати 1240 нафар қарздорон қарорҳои дахлдор вобаста ба муваққатан маҳдуд намудани баромада рафтан аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардида, 825 нафар қарздорон ба Феҳристи ягонаи давлатии қарздорон ворид карда шуданд.
Маврид ба таъкид аст, ки ҳадафи асосии таъсиси Ситод иборат аз сафарбар намудани тамоми захираҳо ва имкониятҳои дастрас ҷиҳати баланд бардоштани нишондиҳандаҳои фаъолият дар самти ситониш ба фоидаи давлат ва таҳкими ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии модарону кӯдакон мебошад.



