Ҳадаф аз баргузории озмуни мазкур баланд бардоштани сатҳи сифати фаъолияти хизматӣ, такмили маҳорати касбии иҷрочиён, густариши донишҳои ҳуқуқӣ ва соҳавӣ, ҳамчунин муайян намудан ва ҳавасмандгардонии кормандоне, ки фаъолияти муваффақ ва самарабахшро ба роҳ мемонанд, ба шумор меравад.
Даври аввали озмуни ҷумҳуриявии «Иҷрочии беҳтарини сол», ки аз се марҳила иборат буда, дар давраи моҳҳои август-ноябри соли равон гузаронида мешавад. Дар марҳилаи аввал, комиссияи озмун сатҳи дониши касбии иҷрочиёни Хадамоти иҷроро тавассути иҷрои саволномаи тестии соҳавӣ, ки дар асоси қонунгузории амалкунандаи соҳаи иҷро таҳия шудааст, мавриди баҳогузорӣ қарор медиҳад.
Дар даври дуюми озмун, дар баробари санҷиши донишҳои назариявии иҷрочиёни ғолиби даври якум, параметрҳои зерин низ баҳогузорӣ хоҳанд шуд:
- фоизи иҷрои ҳуҷҷатҳои иҷро (бо таваҷҷуҳи махсус ба парвандаҳои вобаста ба алимент);
- фоизи маблағҳои ситонидашуда (аз ҷумла, ба манфиати давлат);
- андозаи пардохтҳои иҷро ва дараҷаи риояи интизоми меҳнат.
Ғолибони озмун аз ҷониби Хадамоти иҷро мутобиқи тартиби муқарраршуда бо ҷоизаҳо, аз ҷумла ҷоми ифтихорӣ, сипоснома, ифтихорнома, мукофотҳои пулӣ ва молӣ, ҳамчунин дигар туҳфаҳои арзишманд қадрдонӣ ва сарфароз гардонида мешаванд.



