Кормандони Хадамот бо эҳтиром ба арзишҳои давлатӣ ва рамзҳои миллии кишвар, зери Парчами давлатӣ қадамҳои устувор гузошта, бо симои намунавӣ ва масъулиятшиносӣ мавқеи ватандӯстонаи худро нишон доданд.
Иштироки ҳайати Хадамоти иҷро дар ин чорабинии бошукӯҳ боз як далели арҷгузории онҳо ба рамзҳои муқаддаси давлатӣ ва дастгирии сиёсати созандаву давлатсозонаи Пешвои миллат маҳсуб меёбад.
