Ҳар миллат дорои рамзҳоест, ки дар тӯли асрҳо онро ба ҳам меорад, муттаҳид месозад ва дар миёни дигар халқу миллатҳо муаррифӣ менамояд. Барои тоҷикон чунин рамз парчам аст – парчаме, ки аз дирафши ориёӣ сарчашма гирифта, бо шукӯҳи таърихӣ ва муҳтавои фарҳанги бостонӣ ба давлати соҳибистиқлоли мо рӯҳи тоза бахшидааст.
Акси худшиносӣ дар ранг-ранги парчами давлатӣ, ки бозгукунандаи ҷасорату матонат, ҷавонмардӣ ва муборизаи қаҳрамононаи халқи бошарафу боиззати тоҷик барои ҳуррият ва озодии меҳан мебошад, инъикос ёфта, ҳамчун ормони сабзидаи мардум ва рамзи сулҳу давлатдории миллӣ ҳисобида мешавад. Ин се ранг дар паҳлӯи ҳам гӯё таърихи деринаи тоҷиконро мисли як дафтари равшан боз мекунад: гузашта, имрӯз ва фардо. Ва нуқтаи аз ҳама зариф ва муҳими ин матои муқаддас барои ҳар фарди соҳибхираду мулоҳизакор, ин тоҷ бо ҳафт ситора – рамзи давлатдорӣ, соҳибихтиёрӣ ва саҳми ниёгони арҷманди тоҷикон дар бунёди тамаддуни бостонӣ мебошад. Тоҷ худ рамзи соҳибдавлатии тоҷикон ва ҳафт ситора баёнгари нури маърифат, маънии покии асолат, ифшокунандаи баландии камолоти рӯҳӣ ва ахлоқӣ, ки ҳамеша дар фарҳанги мо ҷойгоҳи хоса доштаанд.
Таърих гувоҳ аст, ки тоҷикон аз қадимулайём соҳиби дирафши худ будаанд – дирафши ковиён, ки рамзи озодӣ, қаҳрамонӣ, сарсупурдагӣ ва намунаи олии муҳаббат ба меҳан арзёбӣ мегардад, дар «Шоҳнома»-и безаволи Фирдавсӣ ҳамчун нишони мубориза барои адолат ва озодии мардум сабт шудааст. Парчами имрӯзаи Тоҷикистони соҳибистиқлол идомаи ҳамон рӯҳия ва ҳамон асолати миллӣ мебошад – идомаи адолатталабӣ, созандагӣ, озодихоҳӣ ва худшиносии миллӣ. Ин пайванди таърихӣ аз дирафши ковиён то парчами давлатӣ моро ба ҳам мепайвандад ва хотиррасон месозад, ки мо ворисони як фарҳанги бою бостонӣ ва миллати дорои шукӯҳу шуҷоат ва шарафу иззати азалӣ ҳастем.
Бо баробари ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ, зарурати пешниҳод ва қабули парчами нави давлатӣ, ки баёнгари арзишҳои миллӣ ва нишондиҳандаи мустақилияти давлати миллии тоҷикон бошад, ба миён омад. Парчами давлатии кишвари тозаистиқлоли Тоҷикистон дар замони бисёр ҳассоси таърихӣ, ки ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ идома дошт, санаи 24-уми ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи сарнавиштсози XVI-уми Шурои Олӣ бо пазироии якдилонаи вакилони мардумӣ ва бӯсидани матои муқаддаси парчами навини давлатӣ, ҳамчун ибрози эҳтирому садоқат ба сарзамини аҷдодӣ ва арҷгузорӣ ба фарҳангу арзишҳои миллӣ бо эҳсоси ифтихору саодати ватансозӣ қабул гардида, аз ҳамон рӯз ба тимсоли давлатдорӣ, рамзи соҳибихтиёрӣ, нишона аз тамаддуни пурифтихори ниёгон ва ҳувияту ҳуррияти комили миллӣ табдил ёфт.
Боиси тазаккури хос аст, ки бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2009 ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» тағйиру иловаҳои зарурӣ ворид шуда, мувофиқи он 24 ноябр ҳамчун Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардид. Аз он рӯз инҷониб ин сана ҳамасола ҳамчун Рӯзи Парчами давлатӣ бо эҳтирому ифтихори хоса дар саросари кишвар таҷлил мегардад. Пешвои муаззами миллат борҳо таъкид менамоянд, ки мардуми Тоҷикистон вазифадоранд зери сояи ин Парчами давлатӣ муттаҳид бошанд, манфиатҳои милливу давлатиро ҳифз намоянд, сулҳу оромӣ ва ваҳдати миллиро таҳким бахшанд ва ҷойгоҳу обрӯи Тоҷикистони азизро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баланд бардоранд.
Ҳар вақте ин парчам дар байни дигар парчамҳои кишварҳои олам парафшон мешавад, мардум на танҳо рангу нақши онро мебинанд, балки таъриху тамаддуни пурифтихори оламгир, заҳмату талош, мубориза ва ормонҳои тамоми наслҳоро эҳсос мекунанд.
Имрӯз парчам барои насли худогоҳи меҳан мадрасаи худшиносӣ, сармояи бузурги маънавӣ ва сарманшаи эҳсоси ғуруру ифтихори миллӣ буда, барои давлату миллат рамзи эҳтиром ва эътирофи байналмилалӣ ҳисобида мешавад. Он дар дасти варзишгарон, болои муассисаҳо, дар саҳни мактабҳо ва дар дили ҳар як тоҷик нишона бар он аст, ки мо дорои давлат, ҳувият ва роҳи мустақили худ ҳастем.
Ҳар боре, ки ливои муқаддаси меҳан парафшон мешавад, айнан ҳамин паёмро бар мо мерасонад, ки доштани эҳсоси шарафмандиву ифтихормандӣ аз тоҷик будан, масъулияти гарон ва рисолати бузурги ҳифзи ин давлатро дар назди наслҳои оянда доштан ва ваҳдату ҳамгироӣ, сулҳу озодиро ҳамчун мероси бузург ва арзиши олии давлату миллат ҳисобидан вазифаи ҳар як фарзанди боору номуси ин Ватани қаҳрамонзоду мардпарвар мебошад.
Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо ҷашни як рамз, балки ҷашни худшиносӣ, ваҳдат ва пойдории давлати тоҷикон аст. Дар ин рӯз мо ба худ бори дигар исбот месозем, ки парчамро бояд бо дили пок эҳтиром намуд, дӯст дошт ва аз он дифоъ кард. Номус ва шарафи онро ҳифз кардан, қадру қиммат ва манзалати онро ба хубӣ дарк намудан қадами аввалини ҳар тоҷик барои пос доштани давлат мебошад.
Парчами давлатӣ дар осмони кишвар мисли нури роҳнамост, ки моро ба сӯи созандагӣ мебарад, ба суботу пешрафт дилгарм мекунад ва ба ҷаҳониён эълом медорад, ки Тоҷикистон давлати соҳибистиқлол, воҳид, мутамаддин ва соҳибфарҳанг аст. Парчами давлатӣ ин иҷозатномаи давлатдорӣ, номусу ифтихори ҳар як тоҷики ватандӯст ва рамзи бақои давлату сарнавишти як миллат аст.
Бигзор, ҳамеша дар фазои Тоҷикистони озоду хушиқбол Парчами давлатӣ ҳамчун нишони сулҳу ваҳдат, давлатдорӣ, созандагӣ ва рӯҳияи ҷовидонаи миллати тоҷик парафшон бошад.
корманди дастгоҳи марказии Хадамоти иҷро,
ҳуқуқшиноси дараҷаи 3,
Ҳабибзода Шаҳриёр Тоҳирҷон
