Мақсад аз баргузории озмуни мазкур баланд бардоштани сатҳу сифати фаъолияти хизматӣ, такмили маҳорати касбии иҷрочиён, густариши донишҳои ҳуқуқӣ ва соҳавӣ, инчунин муайян ва ҳавасмандгардонии кормандоне, ки фаъолияти муваффақу самарабахшро амалӣ менамоянд, ба шумор меравад.
Дар даври якуми озмун, ки аз се марҳила иборат мебошад, комиссияи минтақавӣ сатҳи дониши касбии иҷрочиёнро тавассути иҷрои саволномаи тестии соҳавӣ, ки дар асоси қонунгузории амалкунандаи соҳаи истеҳсолоти иҷро таҳия шудааст, мавриди арзёбӣ қарор медиҳад.
Дар даври дуюми озмун, дар баробари санҷиши донишҳои назариявии иҷрочиёни ғолиби даври якум, параметрҳои зерин низ баҳогузорӣ хоҳанд шуд:
- фоизи иҷрои ҳуҷҷатҳои иҷро (бо таваҷҷуҳи махсус ба парвандаҳои вобаста ба алимент);
- фоизи маблағҳои ситонидашуда (аз ҷумла, ба манфиати давлат);
- андозаи пардохтҳои иҷро ва дараҷаи риояи интизоми меҳнат.
Ғолибони озмун аз ҷониби Хадамоти иҷро мутобиқи тартиби муқарраршуда, бо ҷоизаҳо, аз ҷумла ҷоми ифтихорӣ, сипоснома, ифтихорнома, мукофотҳои пулӣ ва молӣ, ҳамчунин дигар туҳфаҳои арзишманд қадрдонӣ ва сарфароз гардонида мешаванд.






