Рӯзи ироаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ, танҳо як маросими расмӣ нест, балки рӯйдодест, ки ҷомеаро дар як ҳолати ягонаи маънавию сиёсӣ муттаҳид месозад. Дар ин рӯз шаҳрвандон бо эҳсоси масъулият ва ҳамдилӣ гирд меоянд, то андешаҳо, ҳадафҳо ва самтҳои асосии рушди давлатро якҷо дарк намоянд. Ҳузури дастаҷамъона бо симои идона нишонаи эҳтиром ба давлатдорӣ ва ҳамбастагии иҷтимоиест, ки ҷомеаро дар атрофи манфиатҳои умумимиллӣ муттаҳид мекунад.
Сохтор ва муҳтавои паёмҳои ҳамасолаи Сарвари давлат дар заминаи таҳаввулоти босуръати ҷаҳонӣ шакл гирифта, ба воқеиятҳои нав мутобиқ мегарданд. Дар онҳо на танҳо натиҷаи таҳлили равандҳои байналмилалӣ инъикос меёбад, балки роҳу усулҳои ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва таъмини суботи дохилӣ муайян карда мешаванд. Дар ин замина, арзёбии вазъи сиёсии ҷаҳон яке аз масъалаҳои калидӣ буда, барои муайян намудани самтҳои минбаъдаи сиёсати кишвар аҳаммияти хос дорад ва нақши роҳнамоиро иҷро мекунад. Паёми Пешвои муаззами миллат, ки ҳадафи он раҳнамоии мардум ба сӯйи ояндаи нек ва зиндагии шоста мебошад, ҳуҷҷатест, ки раванди рушди кишварро таҳлилу пешгӯӣ менамояд.
Ҳамонгунае ки дирӯз дар Паём таъкид гардид, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои охир ба дастовардҳои назаррас дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ноил шудааст. Ин пешравиҳо, пеш аз ҳама, натиҷаи сиёсати дурандешона ва созандаи Роҳбарияти Олии мамлакат ба ҳисоб рафта, он ба таъмини суботи сиёсӣ ва таҳкими ваҳдати миллӣ дар мамлакат мусоидат намудааст. Соли 2025 ҳамчун марҳалаи муҳимми сиёсӣ арзёбӣ гардида, баргузории интихобот дар фазои орому осуда ва шаффофият дар раванди он нишонаи устувории низоми давлатдорӣ маҳсуб меёбад.
Мо хуб медонем, ки Тоҷикистони азизи мо имрӯз дар сатҳи ҷаҳонӣ яке аз кишварҳои амнтарин ба ҳисоб меравад ва Сарвари давлат дар оғози суханронии хеш аз натиҷаи бадастомадаи соли 2025 изҳори хушнудӣ намуда, ба мувофиқа расидан ва барпо намудани муносибати дӯстонаю ҳамсоягии хубро бо кишвари Қирғизистон яке аз рӯйдодҳои бузурги сол номиданд. Ҳамчунин, шартнома миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи нуқтаи пайвастшавии сарҳади давлатии се кишвар ва Эъломияи Хуҷанд доир ба дӯстии абадӣ аз ҷониби сарони давлатҳо ба имзо расид, ки барои рушди минтақа ва идомаи ҳамкориҳои судманд заминаи мустаҳками ҳуқуқиро фароҳам месозанд.
Дар Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, масъалаҳои рақамикунонӣ ва татбиқи зеҳни сунъӣ на танҳо ҳамчун самтҳои техникии рушди иқтисодиву иҷтимоӣ, балки ҳамчун падидаҳои дорои маънои амиқи тамаддунӣ ва фалсафии рушд матраҳ гардидаанд. Аз ин зовия, онҳо дар қатори дигар таҳлилҳои стратегӣ ҷойгоҳи вижа касб намуда, ҳамчун абзори гузариш аз модели анъанавии идоракунӣ ба низоми донишмеҳвар, навоварона ва устувор арзёбӣ мешаванд. Зеро, бо ташаббуси дигари Тоҷикистон қатъномаи махсуси Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид зери унвони «Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имконоти навин барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ» қабул гардид.
Ин равандҳо, ифодаи иродаи давлат дар самти ҳамгироии ақлонияти инсонӣ бо иқтидорҳои технологияҳои муосир буда, заминаи шаклгирии ҷомеае мебошанд, ки қарорҳои он бар асоси таҳлил, иттилооти дақиқ ва масъулияти иҷтимоӣ қабул мегарданд. Бо ин маънӣ, рақамикунонӣ ва зеҳни сунъӣ дар Паём ҳамчун унсурҳои калидии худшиносии нави миллӣ ва воситаи таъмини тавозуни байни анъана ва навоварӣ маънидод мешаванд.
Дар баробари ин, ҷойгоҳи махсус дар Паём ба ташаббусҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шудааст. Кишвари мо ҳамчун давлати ташаббускор дар арсаи ҷаҳонӣ шинохта шуда, соли 2025 Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ташаббусҳои ҷаҳонии худ ҷиҳати амалисозии қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» нахустин Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳоро мизбонӣ намуд.
Тавре зикр гардид, рӯзи 12-уми декабри соли ҷорӣ бо ташаббуси Тоҷикистон дар ҷаласаи 7-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба муҳити зист қатънома доир ба «Ҳифзи пиряхҳо ва криосфера, бахусус, дар минтақаҳои кӯҳӣ» қабул карда шуд.
Илова бар ин, ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гардидани ёдгориҳои мероси фарҳангии Хуттали қадим зимни иҷлосияи 47-уми Кумитаи мероси ҷаҳонӣ дар шаҳри Париж баёнгари эътирофи ташаббусҳои Тоҷикистон мебошад.
Он ҳам боиси ифтихор аст, ки 12-уми декабри соли ҷорӣ бо иқдоми Тоҷикистон қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар хусуси эълон кардани соли 2027 ҳамчун «Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ» қабул гардид.
Ба андешаи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пазируфтани ин ташаббусҳо ифодаи эътироф ва дастгирии ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ибтикороти созандаи Тоҷикистон оид ба масъалаҳои мубрами рӯзномаи глобалӣ ба ҳисоб меравад.
Дар Паёми Роҳбари давлат таваҷҷуҳи махсуси Ҳукумати мамлакат ба масъалаи баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ иброз гардида, таъкид карда шуд, ки бо дарназардошти имкониятҳои мавҷудаи иқтисодӣ аз 1 сентябри соли 2026 маоши вазифавии кормандони муассисаҳои маориф, аз ҷумла муассисаҳои томактабӣ ва миёнаи умумӣ 25 фоиз, дигар муассисаҳои соҳаи маориф, соҳаҳои илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ ва дигар муассисаҳои буҷетӣ, инчунин, стипендияҳо 20 фоиз ва музди меҳнати амалкунандаи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хизматчиёни ҳарбӣ ва дигар кормандони ин мақомот 20 фоиз зиёд карда шаванд, инчунин ҳадди ақалли музди меҳнат барои тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар ба андозаи 1300 сомонӣ дар як моҳ муқаррар карда шавад.
Дар баробари ин, супориш дода шуд, ки бо мақсади беҳтар намудани вазъи иҷтимоии табақаҳои осебпазири аҳолӣ аз 1 сентябри соли 2026 нафақаҳои суғуртавӣ, меҳнатӣ ва иҷтимоӣ, инчунин, иловапулӣ ба онҳо на кам аз 15 фоиз аз андозаи муқарраршудаашон индексатсия карда шаванд.
Баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми кишвар ҳадафи олии давлат ва Ҳукумати мамлакат ба ҳисоб меравад ва дар ин ҷода минбаъд низ тамоми тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд.
Нақши қонунгузорӣ дар амалӣ гардидани ҳадафҳои стратегии кишвар, таъмин намудани рушди устувору босуръат, амнияти ҷомеа ва давлат, таҳкими суботу оромӣ ва ваҳдати миллӣ дар Паём ва тарафи Пешвои миллат басо муҳим дониста шуда, таҳлили ҳамаҷонибаву пайвастаи қонунгузорӣ ва пешниҳоди тадбирҳо барои такмили он зарур ҳисобида шуд, то ҳадафҳои стратегӣ ва барномаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангӣ пурра амалӣ гарданд.
Зимнан, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид карданд, ки таъмин будани амнияти ҷомеа, суботи сиёсӣ, сулҳу ваҳдат ва волоияти қонун кафолати рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ ва баланд гардидани сатҳу сифати зиндагии мардум мебошад. Маҳз сулҳу субот, амнияту осоиш ва волоияти қонун имкон медиҳад, ки рушди босуръати иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангиву сиёсии кишвар таъмин гардида, сатҳи некуаҳволии халқ боло бардошта шавад. Агар ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ, сулҳу суботи устувор ва волоияти қонун набошад, ҳеҷ як ҳадафи неки мо амалӣ намегардад ва нақшаҳои кишвар иҷро намешаванд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид карданд, ки сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бояд вазифаи худро дар ҳимояи суботу оромии ҷомеа, амнияту осоиши давлат ва мардуми Тоҷикистон бо садоқат ба давлат ва халқ пурра таъмин намоянд. Мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм, радикализм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, қочоқи силоҳ, ҷиноятҳои киберӣ ва дигар ҷинояткориҳои муташаккили фаромиллӣ вазифаи муҳим ва ҷонии онҳо дар шароити ҷаҳони муосир мебошад.
Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дастовардҳои кишвар дар солҳои охир мавриди таҳлил қарор гирифта, таъкид шуд, ки ҳамаи ин натиҷаҳо пеш аз ҳама маҳз заҳмати аҳлонаи мардуми шарифи Тоҷикистон мебошанд.
Соли 2026 барои мардуми шарафманди тоҷик соли таърихӣ ба ҳисоб меравад, зеро таҷлил аз 35-солагии Истиқлоли давлатӣ маҳз дар ҳамин сол рост меояд. Тоҷикистон, ки куҳанбунёд аст, имрӯз 35-сола мешавад ва дар ин муддат тамоми қишрҳои ҷомеа ҷиҳати истиқболи сазовори ин санаи муқаддас заҳмат кашида, корҳои бузургро анҷом додаанд. Аз 29 ҳазор иншооту биноҳои ба ифтихори ҷашн ба нақша гирифташуда то имрӯз 26 ҳазорашон ба истифода дода шудаанд, ки беш аз 70 фоизи онҳо аз ҳисоби соҳибкорон ва шаҳрвандон мебошад.
Агар ин шумораро муфассал гуфта гузарем, тибқи ҳисоботи Кумитаи рушди маҳалли назди Преизденти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати сазовор ҷашн гирифтани 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаламрави ҷумҳурӣ 30 ҳазору 132 иншооти таъиноти гуногуни иҷтимоӣ ба нақша гирифта шуда, ба ҳолати 1 сентябри соли 2025, 24 ҳазору 642 иншоот бо таъсиси 48 ҳазору 375 ҷойҳои нави корӣ мавриди истифода қарор дода шудааст, ки 81,7 фоизи нақшаро дар бар мегирад. Дар 3 ҳазору 902 иншоот, ки 12,9 фоизи нақшаро ташкил медиҳад корҳои сохтмонӣ идома дорад.
Паём аҳамияти боз ҳам вусъат додани корҳои созандагӣ ва амалӣ гардонидани чорабиниҳои ҷашниро то рӯзи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ таъкид менамояд. Ин раванд на танҳо рамзи ифтихори миллӣ, балки ҷузъи муҳими ташаккули масъулияти шаҳрвандӣ ва давлатсозӣ маҳсуб мешавад. Ҳар як шаҳрванди кишвар ва ҳар як оила вазифадоранд, ки бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ва масъулияти иҷтимоӣ хонаву кошона, кӯчаву маҳалли зисти худро таъмир ва озода намуда, саҳми фаъол дар рушди муҳити зисти худ гузоранд.
Дар ин радиф, Пешвои миллат таъкид карданд, ки ҳар як фарди ҷомеа бояд барои пешрафти давлати худ ва ободии Ватан корҳои созандаву бунёдкорона саъю талош намуда, вориси арзандаи фарҳангу тамаддуни бостонии миллати тоҷик бошад. Чунончӣ Пешвои муаззами миллат зикр намуданд, роҳи тайкардаи мо дар зарфи қариб 35 соли истиқлол нишон дод, ки мардуми шарифи Тоҷикистон ба иҷрои корҳои бузург қодиранд, Ватани худро сидқан дӯст медоранд ва барои ҳимояи истиқлол ва озодии сарзамини аҷдодӣ ҳамеша омодаанд.
Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба таҷлили 35-солагии истиқлол пешниҳод намуданд, ки соли 2026 “Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ” ба ифтихори ин ҷашни муқаддас ва бузурги миллӣ эълон карда шавад.
Бояд гуфт, ки Паёми Пешвои муаззами миллат ёдест аз дирӯзу умедест ба фардо. Барномаест, ки бояд ҳар шаҳрванд онро омӯзаду аз рӯи он амал кунад ва боварӣ дорем, ки агар дар амал дуруст татбиқ карда шавад, шахсро ба ҳадаф мерасонад.
Чӣ тавре ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд менамоянд: «Бузургии мо дар ваҳдат аст» ва танҳо тавассути ваҳдату ягонагӣ мо метавонем ба ҳамаи нияту орзуҳои нек бирасем.
Сардори раёсати рақамикунонии истеҳсолоти иҷрои
Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон,
мушовири адлияи дараҷаи 1,
Насимӣ Н.