Иқдоми мазкур дар доираи нақшаи чорабиниҳои амалисозии Барномаи рушд ва рақамикунонӣ дар мақомоти иҷрои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026–2030 роҳандозӣ гардида, ба таҳкими низоми идоракунии давлатӣ дар соҳаи истеҳсолоти иҷро, баланд бардоштани сатҳи масъулияти хизматӣ, такмили малакаҳои касбӣ ва донишҳои соҳавӣ, инчунин густариши истифодаи технологияҳои рақамӣ равона шудааст.
Дар маросими ифтитоҳ намояндаи Хадамоти иҷро таъкид дошт, ки такмили механизми танзими давлатӣ дар соҳаи истеҳсолоти иҷро омили муҳими таъмини волоияти қонун, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқӣ, инчунин баланд бардоштани эътимоди ҷомеа ба мақомоти давлатӣ мебошад. Зикр гардид, ки дар шароити муосир, бо назардошти афзоиши ҳаҷми санадҳои иҷро ва мураккаб гардидани муносибатҳои ҳуқуқӣ, зарурати такмили равандҳои ташкилӣ-идоракунӣ ва ҷорӣ намудани усулҳои муосири менеҷмент ва рақамикунонӣ беш аз пеш аҳаммияти хос касб менамояд.
Дар доираи семинар масъалаҳои зерин мавриди баррасӣ қарор мегиранд:
- заминаҳои ҳуқуқӣ ва самтҳои асосии фаъолияти Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- риояи стандартҳои рафтор ва қоидаҳои одоби кормандони мақомоти иҷро ҳамчун Омиди муҳими рушди мақомот;
- ҳисоботи давравии соҳаи истеҳсолоти иҷро: тартиби хонапурӣ ва пешниҳоди он;
- раванди иҷро: аз оғози истеҳсолот то анҷоми амалҳои иҷро;
- фаъолияти коргузорӣ дар мақомоти иҷро: мушкилоти ҷойдошта ва роҳҳои ҳалли он;
- рақамикунонии равандҳои истеҳсолоти иҷро, татбиқи низомҳои иттилоотии соҳавӣ ва истифодаи хизматрасониҳои электронӣ;
- рӯёниши алимент ҳамчун ҷузъи низоми ҳифзи ҳуқуқи модару кӯдак: масъалаҳои иҷрои саривақтӣ ва пешбурди дурусти ҳисобот;
- низоми нави кор бо истеҳсолоти пардохти иҷро ва тарзи дурусти пешбурди он;
- механизми татбиқи моддаи 128 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи истеҳсолоти иҷро": асосҳо ва тартиби баргардонидани ҳуҷҷати иҷро;
- низоми ягонаи гардиши ҳуҷҷатҳои электронӣ: самараноки ва тартиби истифодаи он (барномаи EDO. innovation.tj);
- маҳдудияти қонунӣ нисбати қарздорон: равандиҳр ва тартиби амалигардонии онҳо;
- муроҷиати шаҳрвандон ва масъулияти кормандони Хадамоти иҷро: роҳҳои баррасии қонунии онҳо;
- рушди иқтидори кадрӣ, ташаккули фарҳанги ҳуқуқии кормандон ва ғайраҳо.
Иштирокчиён дар шакли мубоҳисаҳои озод, машғулиятҳои амалӣ ва баррасии ҳолатҳои мушаххаси корӣ масъалаҳои мавҷударо таҳлил намуда, пешниҳодҳои мушаххас ҷиҳати бартарафсозии мушкилот ва баланд бардоштани самаранокии фаъолият ироа менамоянд.
Семинар-машварат давоми се рӯз идома ёфта, аз рӯйи натиҷаҳои он таҳияи тавсияҳои методӣ ва амалии мушаххас пешбинӣ гардидааст, ки барои такмили фаъолияти сохторҳои ҳудудии Хадамоти иҷро ва татбиқи ҳадафҳои стратегии Барномаи рушд ва рақамикунонӣ дар мақомоти иҷрои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026–2030 заминаи мусоид фароҳам меорад.
