Бо ибтикори Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар заминаи татбиқи Барномаи рушд ва рақамикунонии мақомоти иҷрои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026–2030, рӯзҳои 16–18 феврали соли 2026 семинар-машварати омӯзишӣ таҳти унвони “Танзими давлатии соҳаи истеҳсолоти иҷро: мушкилоти ҷойдошта ва роҳҳои ҳалли онҳо” баргузор гардид.
Чорабинии мазкур бо ҳадафи таҳкими иқтидори касбӣ, такмили донишҳои соҳавӣ, таҳлили амиқи мушкилоти амалии фаъолияти истеҳсолоти иҷро ва муайян намудани механизмҳои муассири бартарафсозии онҳо роҳандозӣ гардида, дар кори он 30 нафар кормандони сохторҳои ҳудудии Хадамот аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд иштирок намуданд.
Барномаи семинар дар асоси равиши муосири омӯзишӣ таҳия шуда, дар доираи он машғулиятҳо дар шакли лексияҳои таҳлилӣ, мубоҳисаҳои касбӣ ва омӯзиши ҳолатҳои амалӣ баргузор гардиданд. Мутахассисони соҳа ва шахсони масъул масъалаҳои мубрами танзими давлатӣ дар самти истеҳсолоти иҷро, такмили заминаи меъёрии ҳуқуқӣ, баланд бардоштани самаранокии назорати дохилиидоравӣ ва таҳкими интизоми хизматиро мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор доданд.
Дар ҷараёни семинар таваҷҷуҳи махсус ба масъалаҳои гузариши марҳилавӣ ба низоми пурраи рақамикунонӣ, ҷорӣ намудани унсурҳои ҳукумати электронӣ, такмили Системаи иттилоотии автоматикунонидашудаи Хадамоти иҷро, таъмини шаффофият ва дастрасии саривақтии хизматрасониҳои давлатӣ, инчунин баррасии босифат ва фаврии муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ зоҳир гардид.
Иштирокчиён доир ба мушкилоти амалии фаъолияти худ, аз ҷумла иҷрои санадҳои судӣ, ҳамоҳангсозии ҳамкориҳо бо дигар мақомоти давлатӣ, татбиқи технологияҳои рақамӣ ва баланд бардоштани масъулияти касбӣ пешниҳодҳои мушаххас манзур намуда, дар фазои мубоҳисаи созанда посухҳои муфассал ва тавсияҳои методӣ дарёфт карданд.
Дар натиҷаи ҷамъбасти семинар тавсияҳои амалии соҳавӣ таҳия гардида, самтҳои афзалиятноки рушди минбаъдаи низоми истеҳсолоти иҷро дар шароити муосир муайян карда шуданд.
Иштирокчиён бо Сертификати хатм сарфароз гардида, омодагии худро ҷиҳати татбиқи дониш ва малакаҳои бадастомада дар фаъолияти хизматӣ изҳор доштанд.
Баргузории чунин чорабиниҳои омӯзишӣ ҳамчун омили муҳими таҳкими фарҳанги ҳуқуқӣ, баланд бардоштани сатҳи касбият ва таъмини иҷрои босифати санадҳои судӣ, санадҳои мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдор арзёбӣ гардида, дар раванди ислоҳоти идоракунии давлатӣ ва рақамикунонии соҳа саҳми назаррас хоҳад гузошт.



