Дар доираи татбиқи иқдомҳои созандагӣ бахшида ба соли 2026 «Соли вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ» дар дастгоҳи марказӣ ва тамоми сохторҳои ҳудудии Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои ободонӣ ва созандагӣ ба таври муташаккилона роҳандозӣ гардиданд.
Бо мақсади таъмини тозагии муҳити хизматӣ, беҳтар намудани ҳолати санитарӣ ва саҳмгузорӣ дар ободонии маҳал, дар дастгоҳи марказии Хадамот ва шуъбаву бахшҳои он дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ шанбегиҳои дастаҷамъона баргузор шуданд.
Дар ҷараёни чорабинӣ ҳудуди биноҳои маъмурӣ, саҳни ҳавлӣ ва гирду атроф пурра аз партовҳо тоза карда шуда, корҳои ободонӣ, ба тартиб даровардани роҳравҳо, нармкунии бехи дарахтон ва беҳсозии муҳити корӣ анҷом дода шуданд. Ин ташаббусҳо ба беҳдошти вазъи экологӣ, зебо гардидани симои маҳал ва фароҳам овардани муҳити мусоиди хизматӣ мусоидат менамоянд.
Қобили зикр аст, ки баргузории чунин чорабиниҳо на танҳо аҳамияти амалии ободонӣ доранд, балки дар замири кормандон ҳисси худшиносиву худогоҳии миллӣ, масъулияти шаҳрвандӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва фарҳанги меҳнатро таҳким мебахшанд.
Ҳадафи асосии ин иқдом саҳмгузории фаъолона дар пешрафти кишвар, татбиқи сиёсати ободониву созандагии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва ташаккули муҳити тозаву гуворо маҳсуб меёбад.
Чунин чорабиниҳои ҷамъиятӣ дар дастгоҳи марказӣ ва сохторҳои ҳудудии Хадамоти иҷро минбаъд низ ба таври мунтазам идома дода хоҳанд шуд.



