Дар чорабинии мазкур муовини сардори Хадамот, мушовири адлияи дараҷаи 1 Ҷабборзода Динора Зуҳал, муовини сардори Раёсати муқовимат бо коррупсияи Агентӣ, майори адлия Акрамзода Ёсуман ва сардори бахши муқовимат бо коррупсияи Раёсати Агентӣ дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Рашт, майори адлия Соҳибназарзода Манучеҳр Соҳибназар ва хайати шахсии Хадамот иштирок намуданд.
Дар рафти мулоқот қайд гардид, ки коррупсия — ин зуҳуроти номатлубест, ки ба пояҳои давлатдорӣ зарар расонида, эътимоди мардумро ба мақомоти давлатӣ коҳиш медиҳад ва монеаи асосии рушди устувори ҷомеа ва таъмини адолати иҷтимоӣ маҳсуб меёбад.
Чорабинии зикргардида бо мақсади таҳкими ҳамкориҳои байнисоҳавӣ, баррасии раванди иҷрои санадҳои судӣ ва баланд бардоштани масъулияти касбии кормандони соҳа доир шуд.
Зимни мулоқот ба раванди амалисозии «Стратегияи давлатии муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда шуда, таъкид гардид, ки стратегияи мазкур ҳамчун ҳуҷҷати калидии барномавӣ, самтҳои асосии сиёсати давлатиро дар самти пешгирии зуҳуроти коррупсионӣ муайян намуда, ҷиҳати ташаккули фазои оштинопазир нисбат ба ин зуҳуроти номатлуб, таъмини шаффофият ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии кормандони мақомоти давлатӣ нақши бориз мебозад.
Дар ҷараёни вохӯрӣ таъкид гардид, ки Хадамоти иҷро яке аз рукнҳои муҳими адолати судӣ буда, фаъолияти шаффофу поквиҷдононаи он кафили таъмини волоияти қонун дар ҷомеа мебошад. Намояндагони мақомоти зиддикоррупсионӣ ба саволу дархостҳои кормандон посух дода, ҷиҳати бартараф кардани мушкилоти мавҷуда тавсияҳои муфид пешниҳод намуданд.
Чорабинии мазкур дар фазои ошкоро ва созанда анҷом ёфта, иштирокчиён омодагии худро барои боз ҳам пурзӯр намудани фаъолият дар самти хизмати давлатӣ ва муборизаи беамон бо коррупсия баён доштанд.






