Дар чорабинии мазкур роҳбарият ва кормандони Хадамот, инчунин намояндагони Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ иштирок намуданд.
Дар баромади худ Сардори Хадамоти иҷро, мушовири давлатии адлияи дараҷаи 3 Аҳтам Абдуллозода иброз доштанд, ки хушбахтона, имрӯз дар Тоҷикистони соҳибистиқлол тавассути сиёсати дурандешона ва хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат - меъмори тавонову сипари шикастнопазири ин сарзамин ва бо устуворию фидокориҳои ҳайати ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сулҳу суботи комил, ваҳдату якдилӣ ва зиндагии орому осудаи мардуми тоҷик танинандоз аст.
Зикр гардид, ки ҳазорсолаҳо сипарӣ мешаванд, вале Артиши миллӣ, Конститутсия, Парчам ва Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба монанди дигар муқаддасоти миллати соҳибистиқлол бо номи мубораки Пешвои муаззами миллат тавъам ва пойдору ҷовидон боқӣ хоҳанд монд.
Дар идома аҳли илму адаби кишвар бо эҳсоси баланди ифтихори ватандӯстиву хештаншиносӣ доир ба ҷойгоҳи баланди ҳомиёни Ватан дар адабиёти классику муосири тоҷик ибрози андеша намуда, аз эҷодиёти тасхиркунандаи худ пораҳои пурмазмуни шеърӣ қироат намуданд, ки ба чорабинӣ шукуҳи хоса бахшид.
Ҳамчунин, роҳбарияти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ оид ба сиёсати созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти таҳкими иқтидори мудофиавии кишвар ва нақши ҳизбиёни фаъол дар рушди давлатдорӣ ибрози назар кард.
Дар фарҷоми чорабинӣ, дар фазои идона, ба як қатор кормандони фаъоли Хадамоти иҷро рутбаҳои навбатии дараҷавӣ супорида шуданд. Ҳамзамон, ба кормандоне, ки ба сафи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз Ташкилоти ибтидоии “Вафодор” қабул гардиданд, дар вазъияти хоса шаҳодатномаҳои ҳизбӣ тақдим карда шуданд.




























