Дар партави татбиқи сиёсати давлатии созандаву ободгаро ва дар доираи эълон гардидани соли 2026 ҳамчун «Соли вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ», дар дастгоҳи марказӣ ва тамоми сохторҳои ҳудудии Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои мушаххаси ободониву созандагӣ ба таври муназзам ва муташаккилона роҳандозӣ гардиданд.
Чорабиниҳои мазкур, ки дар заминаи эҳсоси баланди масъулияти шаҳрвандӣ ва садоқат ба арзишҳои миллӣ амалӣ мешаванд, фарогири баргузории шанбегиҳои дастаҷамъона, таъмини тозагии муҳити хизматӣ, беҳтар намудани вазъи санитариву гигиенӣ ва саҳмгузорӣ дар ободонии маҳал мебошанд. Дар ин замина, дар дастгоҳи марказии Хадамот ва шуъбаву бахшҳои он дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ корҳои тозакунии ҳудуди биноҳои маъмурӣ, саҳни ҳавлӣ ва гирду атроф аз партовҳо анҷом дода шуда, ҳамзамон роҳравҳо ба тартиб дароварда, дарахтон сафед ва муҳити корӣ ободу зебо гардонида шуданд.
Саҳмгузории фаъолона дар татбиқи сиёсати ободонию созандагии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, тарғиби тарзи ҳаёти солим, ҳифзи муҳити зист ва ташаккули фазои тозаву гуворо ҳамчун ҷузъи ҷудонопазири худогоҳии шаҳрвандӣ маҳсуб меёбад.
Бо дарназардошти аҳамияти муҳими чунин ташаббусҳо, чорабиниҳои ободониву созандагӣ дар дастгоҳи марказӣ ва сохторҳои ҳудудии Хадамоти иҷро минбаъд низ ба таври мунтазам ва бо сатҳи баланди ташкилӣ идома дода хоҳанд шуд.


