Чорабиниро Сардори Хадамоти иҷро муҳтарам Аҳтам Абдуллозода бо сухани ифтитоҳӣ оғоз бахшида, бонувони соҳаро ба муносибати иди фархундаи баҳору зебоӣ самимона шодбош гуфтанд. Сардори Хадамот зимни суханронии худ ба мақоми волои зан-модар арҷ гузошта, таъкид доштанд, ки Модар ягона мавҷудотест, ки меҳру муҳаббаташ беҳамто ва панду насиҳатҳояш роҳнамои ҳамешагии зиндагии мост. Ӯ на танҳо сарчашмаи ҳаёт ва рамзи садоқату покӣ, балки нахустустоди инсоният ва тарбиятгари насли худшиносу ватандӯст мебошад. Нақши модари тоҷик дар ҳифзи арзишҳои миллӣ ва забони модарӣ дар ҳама давру замонҳо беназир хисобида шуда, боиси ифтихор аст.
Дар идомаи чорабинӣ Нависандаи халқии Тоҷикистон Акбар Абдулло суханронӣ намуда, доир ба нақши бузурги зан дар ташаккули ҷомеа андешаронӣ карданд. Устод бо лаҳни шево ва нутқи пурҷозиба дар васфи олиҳаи ҳусну латофат — Модар, шеърҳои тозаэҷоди худро қироат намуда, ба чорабини шукуҳу хоса бахшиданд.
Дар рафти чорабинӣ масъулини Хадамот бо маърӯзаҳои пурмуҳтаво баромад намуда, паҳлуҳои гуногуни фаъолияти бонувонро дар хизмати давлатӣ қайд намуданд.
Дар маърӯзаҳо бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки имрӯз зани тоҷик на танҳо чароғи хонадон, балки нерӯи пешбаранда ва тавонои хизмати давлатӣ мебошад. Бонувони Хадамоти иҷро бо дониши баланд, масъулияти ватандорӣ ва садоқати касбӣ дар татбиқи сиёсати давлатӣ ва таъмини адолати судӣ саҳми арзишманди худро гузошта истодаанд.
Дар фарҷоми чорабинӣ, ҷиҳати арҷгузорӣ ба фаъолияти пурсамар, дастовардҳои корӣ ва хизматҳои содиқона, занону бонувони Хадамот аз ҷониби роҳбарият бо туҳфаҳои хотиравӣ ва сипосномаҳо сарфароз гардонида шуданд. Ин иқдом ҳамчун рамзи эҳтироми хоса ба заҳматҳои бонувон ва ҳавасмандгардонии онҳо барои фаъолияти созанда дар оянда арзёбӣ гардид.



