Ин иқдоми маърифатӣ бо мақсади ошноии наздик бо таърихи куҳанбунёд, мероси гаронбаҳои ниёгон ва дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар сурат гирифт. Кормандони Хадамот зимни боздид аз толорҳои бошукӯҳи осорхона, ки инъикосгари давраҳои мухталифи таърихи халқи тоҷик мебошанд, бо нигораҳои нодир, ашёҳои бостонӣ ва ҳунарҳои дастии гузаштагони мо шинос шуданд.
Дар ҷараёни тамошо, диққати асосии иштирокчиён ба гӯшаҳои таърихи қадим, асрҳои миёна ва бахши дастовардҳои замони Истиқлолияти давлатӣ ҷалб гардид. Таъкид шуд, ки ҳар як нигораи ин боргоҳи маърифат аз тамаддуни оламшумул ва фарҳанги пурғановати миллати мо гувоҳӣ дода, дар замири ҳар як хизматчии давлатӣ ҳисси ифтихор аз ватандорӣ ва эҳтиром ба муқаддасоти миллиро бедор месозад.
Роҳбарияти Хадамот зимни ин боздид қайд намуданд, ки донистани таърихи ниёгон барои ҳар як фарди ҷомеа, хусусан хизматчиёни давлатӣ, зарур ва ҳатмист. Зеро маҳз ошноӣ бо гузаштаи пурифтихор заминаи мустаҳкаме барои сохтани ояндаи дурахшон ва хизмати содиқона ба халқу Ватан мебошад.Боздид аз Осорхонаи миллӣ дар рӯҳияи кормандон таассуроти амиқ гузошта, онҳоро бори дигар ба саҳифаҳои заррини таърихи миллат ошно намуд. Чунин чорабиниҳои фарҳангӣ дар нақшаи кории Хадамот ба ҳукми анъана даромада, ба тақвияти рӯҳияи ватандӯстиву хештаншиносии аҳли кормандон мусоидат менамоянд.
Ин сафари маърифатӣ бо мубодилаи афкор ва изҳори сипос ба роҳбарияти Осорхона барои ҳифзу нигаҳдории ин хазинаи бебаҳои миллат ба анҷом расид.
